04:19:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сталин: «Лаврентий, не дури, Айнӣ не виновен!» - I

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Айниро дар соли 1937 кӣ аз марг наҷот дод?

Зиндагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанди бостонӣ аз соли 1923 то соли 1949 аз нигоҳи эҷодӣ хеле бобаракат бошад ҳам, аммо аз тазодҳои зиндагӣ орӣ набудааст. Ӯ барои шинохти миллати мо, бунёди давлати тоҷикон дар ҳайати Шӯравӣ ҳам бо қалам ва ҳам бо сухан заҳамоти бузурге анҷом медиҳад.

ayni-stalin 4885555Ба фишорҳои сангини душманон ва нотавонбинон устод С.Айнӣ истодагарӣ намуд. Ҳамчун нависандаи тавоно, муаррихи донишманд ва фарҳангии комил миёни роҳбарони олии сиёсии Шӯравӣ шинохта ва эътироф гардид. Сухани устод дар марҳалаҳои басо ҳам ҳассоси таърихӣ ба ҳайси миллати воҳид эътироф гардидани тоҷикон вазну тамкини зиёде дошт. Чун ҷабрдидаи таърих дар ифшои ҳақиқат боҷуръат ва далер буд, тарсе надошт. Сарсупурадаи миллат буд.

Соли 1937 бо рӯйи кор омадани "тройка"-и сталинӣ душманон нияти ҷисман нобудсозии устод С.Айниро дар Самарқанд тарҳрезӣ карда, номи ӯ дар рӯйихати "душманони халқ" ҷой гирифт. Дар паси дарҳои чармини Комиссариати халқии умури дохила ( НКВД) Лаврентий Берия ҳукми қатли Садриддин Айниро бо ҷурми "душмани халқ" имзо мекунад. Бахти ин фарзонамард баландӣ кард…

Дар ҳавлиаш, наздик ба Регистон маҳбуси хонагӣ шуд. Кӣ устод Айниро аз марг наҷот дод? Баъди номаи озодӣ гирифтан устод Айнӣ Самарқандро то чанд вақте тарк насохт, зеро ин маконро дӯст медошт, дар он се нафар фарзандонаш-Холида (1923), Камол (1928) ва Лутфия (1933) ба дунё омаданд.

Зиндагии устод С.Айнӣ дар ин макони муқаддас ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Перомуни он айёми пуртаҳлукаи зиндагии устод Айнӣ, соли 2009 ба муаллифи ин сатрҳо даст дода буд, ки бо Камол Айнӣ- фарзанди устод С. Айнӣ, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданд, мусоҳибае анҷом бидиҳад. Ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд тасмими кӯчондани хонаи устод С. Айниро, ки он чун осорхона боқӣ мондааст, ба ҷойи дигар доштанд.

Дар мусоҳиба овардани баъзе далелҳои К.Айнӣ аз таваҷҷуҳ дур монда буд, ки он аз аҳамият холӣ нест. Дар мусоҳиба суҳбати мо асосан сари осорхонаи устод Айнӣҷараён дошт ва хотирнишон намудани воқеаҳои ба сари устод Айнӣ омадаро, дар соли 1937, Камол Айнӣ аз аҳамият холӣ надонист. Инак, мусоҳиба бо иловаҳо ба диққати хонандагони "Рӯзгор" пешкаш мегардад.

-Муҳтарам Камолиддин Садриддинович, овоза аст, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд гӯё осорхонаи устод С. Айнӣ, қиблагоҳатон бо сабабҳои бозсозии шаҳр валангору ба қисмати дигари шаҳр кӯчонда мешудааст. Ин овозаҳо оё ҳақиқате доранд ва шумо, шахсан, онро чӣ гуна таҳаммул кардед?

- Бояд ба шумо арз кунам, ки кӯчондани осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд борҳо шуда ва ин гапи нав ҳам нест. Ин осорхона барои мо, пайвандони домулло Айнӣ хеле ҳам азизу гиромӣ мебошад. Осорхона- хонаи мо буд ва хуни нофи мо дар он рехтааст. Дар замони зинда будани қиблагоҳамон, домулло Айнӣ, кӯшишҳои кӯчондану валангор сохтани ҳавлии мо дар Самарқанд шуда буд. Умри банда ба 83 дака хӯрдааст, аксар воқевҳои он даврро қисман фаромӯш кардаам, вале он чи  ки ба сари қиблагоҳ, домулло Айнӣ, дар он солҳо омаду пасон ба ман ҳикоят карданд, ҳаргиз фаромӯш нашудааст. Гӯё ки ин дирӯзакак бошад.

Дар тақдири поянда мондани ҳавлии мо се шахсияти таърихӣ - Усмон Юсуфови тоҷикасл, ки дар вазифаи Раиси Президуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор кардааст, Шароф Рашидов- нависанда ва котиби якуми Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон, шогирди бовафои домулло Айнӣ ва Абдулаҳад Қаҳҳоров- раиси вақти Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон (ин суҳбати алоҳидаро мехоҳад) саҳми бузург доранд. Акнун вақте расидааст, ки ҳамон воқеаҳоро бе пардапӯшона, он чи ки аз сари домулло Айнӣ дар Самрқанд гузаштааст, кушоду равшан бояд гуфт. Набояд мулоҳизае сурат бигирад. Банда, ҳамчун фарзанди устод Айнӣ ба ин ҳуқуқи маънавӣ ҳам дорам.

Лозим медонам аз рӯзгори хеш ёддовар шавам. Падарону бобоёни мо тоҷикзодагони асили Шофиркони Бухороянд. Тафсилоти зиндагии домулло Айнӣ дар "Ёддоштҳо" пурра инъикос ёфтааст. Ҳамагон хуб медонанд, ки қиблагоҳ то ба дараҷаи мударриси мадрасаи бонуфузи Бухоро - Мири Араб расиданд. Аз замоне, ки худро шинохтанд, барои ояндаи қавмҳои тоҷик, эҳёи давлатдории тоҷикон бо ҳукумати амирӣ даст ба гиребон буданд. Метавонист чун мударрис тамоми умр хомӯш бимонад, вале домулло Айнӣ шахси бедор буд.

Барои бедории миллат кадом асарҳоро навишт, инро ҳама медонанд. Амир ба бедоршудагон, худогоҳон тамғаи "ҷадид" (яъне нав)-ро зӯран часпонд. Соли 1918 амир бародари домулло Айниро кушт, дар арафаи инқилоби болшевикии Бухоро домулло Айниро муҷозоти сангин дод, хушбахтона, домулло Айнӣ зинда монд ва зиндагиро баъди қисман шифо ёфтан дар Самарқанд ихтиёр кард. Падари мо, домулло Айнӣ, дар он вақт пулу сарват надошт, вале ёрону дӯстонӣ хеле зиёд буданд, ки ӯро дар чорроҳаи тақдир танҳо нагузоштанд.

Ба домулло Айнӣ шарикдарси мадрасагиаш Мирзо Муҳиддинови тоҷик, шахси хеле маъруфу донишманд, ки баъдан чун ношири тавоно, директории нашриёти халқҳои СССР дар Самарқанд фаъолият кардааст, дасти кумак дароз мекунад. Бо пули қарзи М. Муҳиддинов домулло Айнӣ аз кӯчаи хеле таърихии шаҳри Самарқанд-Қӯрғонча ҳамин ҳавлиро мехарад. Ҳамон вақт ин хона таърихи беш аз садсола дошт.Соҳибони ҳавлӣ аввалҳои инқилоби болшевикӣ аз Самарқанд фирор намуда буданд ва домулло Айнӣ чун мусулмони мутаддаин пули хонаро ба хешовандони соҳиби хона медиҳад. Ба ростӣ, дар Самарқанди он замон назири ин ҳавлӣ хеле кам буд: дар ҳавлии калони он ду бино қомат рост карда, яке аз он бо нақшу нигорҳои хеле қадима зебу зиннат ёфта, дар равоқҳои барҳавои он шоҳбайтҳои хеле пурмазмуне бо рангҳои мухталиф кошинкорӣ шуда, ба ҳусни ҳавлӣ ҳусни нав зам карда буд.

Падари бузургвори мо дар ин ҳавлӣ баъди ҷарроҳиҳои пай дар пай сиҳатии комил ёфтанд ва фаъолияти ҷамъиятиву нависандагиашро бо неруи нав дома бахшиданд. Таърихи милати мо башорат медиҳад, ки ҳамон солҳо Бухорову Самарқанд бо печидагиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гашта буд. Тоҷиконро зӯран ӯзбек мекунонданд. Агар касе сарпечӣ менамуд, ба вай мегуфтанд, ки: "Ба кӯҳистон, ба назди тоҷикон бадарға мекунем, рӯзатон сиёҳ ва аҳволатон табоҳ мегардад".

Тоҷикон аслан мардуми шаҳрнишин ҳастанд ва ҳамин Бухорову Самарқандро 2500 сол пеш бобокалонҳоямон бунёд карда, ба мо мерос гузоштаанд. Шаҳрнишинон зиндагӣ дар кӯҳистонро он қадар намепарастанд, бинобар он бо зӯрӣ ва таҳдид дар паспорти тоҷикон ӯзбек нависонда шуд. Қиблагоҳ баъдан ба ман қисса намуданд, ки дар он шабу рӯз агар касе дар Самарқанд бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад, аз вай ҳатман ҷарима меситониданд. Аммо, хушбахтона, онҳо миллати моро аз байн бурда натавонистанд. Имрӯз дар Бухорову Самарқанд мисли мову шумо бо тоҷикӣ ҳарф мезананд, ки ин мояи ифтихор аст.

Дар ҳамон шабу рӯз тағоии мо Вадуд Маҳмудӣ, ки 23 сол доштанд, дар паҳлуи домулло Айнӣ қарор мегирад. Ӯ аз ҳар нигоҳ шахси босавод буд, дар ду мадраса хонда ва якчанд забонро хуб медонист. Вазифаи ишғол намудаи Вадуд Маҳмудӣ дар ҳукумати давр раиси комиссияи ақаллиятҳои миллӣ, бахусус тоҷикон дар ҳайати ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт. Вай одами инқилобӣ ва сиёсӣ маҳсуб меёфт ва қиблагоҳ дар симои тағоии мо пушту паноҳи худро медид. Вадуд Маҳмудӣ танҳо буду тамоми мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд. Ва дар ҳамин соли 1923 таъқиби домулло Айнӣ ва Вадуд Маҳмудӣ оғоз ёфт. Тағоии мо бо ҷурми тоҷикпарастӣ ва тамғаи "хиёнат ба давлат" аз вазифа барканор ва ба шаҳри Уфаи Русия бадарға гардид.

-Бо бадарға шудани тағоии шумо рӯзгори устод, киблагоҳатон чӣ гуна шуд? Оё таъқиботи эшон сурат гирифт?

-Домулло Айнӣ дар он айём ранҷҳои зиёде кашиданд. Пантуркистон бадарғаи устод Айниро талаб менамоянд. Домуллоёни тоҷики Самарқанд аз ин воқеа ба шӯр омада, ба ҷонибдории устод Айнӣ садо баланд мекунанд. Ин ҳаракатро, домулло "Исёни домуллоҳои Самарқанд" мегуфт. Буданд тоҷиконе, ки аз тарси ҷон алайҳи домулло Айнӣ " кетсун", яъне равед, бадарға шавад гуфта, шиор менадохтанд.

Ман намедонам, ки чӣ тавр шуд, ки падари бузургвор аз ин ҳодис дар канор монд. Домулло мегуфтанд, ки пантуркистон дар ҳамон шабу рӯз бо ман дурӯягӣ нишон дода, дар наздам сархам ва ҳарфе гуфта наметавонистанд, зеро ман забони ӯзбекиро аз эшон хубтару беҳтар медонистам, Навоиро дар асл барояшон қироат карда, таърихро барояшон мисли рӯз рӯшан месохтам. Шояд ана ҳамин ҳамадонии ман онҳоро безобита сохта буд, ки маро дар ғоибам сиёҳ ва шахси хатарнок меҳисобиданд.

Падари бузургвор мегуфтанд, ки барои бастани забони пантуркистон ба навиштани асарҳояш бо забони ӯзбекӣ мепардозанд.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi