22:24:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НОЗИРОНИ НИЗОМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ТАРКИ ҒАРМУ ХОРУҒ КАРДАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 36

Султони Ҳамад

Рӯзи якшанбеи 9-уми феврали соли 1997 дар ҷумҳурӣ Иди Фитр таҷлил шуд. Дар ҳамин рӯзи ид дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои ҳукумати профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар робита бо гаравгонгирии гурӯҳи Баҳром оғоз гардид, ки баъдан он бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар Душанбе идома ёфт.

/images/stories/2012/09/13_ahmadshah-masood-130912.jpgПрезидент дар ин миён рӯзи 10-уми феврал бо Сайдамир Зуҳуров, ки дар дасти гурӯҳи Баҳром гаравгон буд, дар тамоси телефонӣ шуд. Сайдамир Зуҳуров иҷрои талаби Баҳромро дар бораи ба пойгоҳи ӯ расондани Ризвон ва 40 нафар размандааш хоҳиш кард. ИТАР-ТАСС бо истинод ба Амирбеки Атобек, узви раёсати ИНОТ хабар дод, ки Иттиҳоди Мухолифин бар ин назар аст, ки агар бӯҳрони гаравгонгирӣ бо омадани Ризвон ҳаллу фасл шавад, ИНОТ зидди ба Тоҷикистон омадани Ризвон нест.

«… вагарна Тоҷикистон мисли боғи бесоҳиб мешавад»

Худи ҳамон рӯз бо мусоидати Аҳмадшоҳи Масъуд Ризвонро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварданд. Ризвон дар сӯҳбати кӯтоҳи худ бо Аҳмадшоҳи Масъуд ваъда дод, ки ҳамин ки ба Оби Гарм, ба мақари бародараш расид, гаравгонҳоро фавран озод хоҳад кард. Вале Ризвон баъди ба пойгоҳи Баҳром расидан танҳо як нафар гаравгони бемор, нозири низомии СММ Ҳенек Готфриди австрягиро озод карду халос.

Готфрид баъдан ба хабарнигорон нақл кард, ки баъди расидани Ризвон ба мақари Баҳром байни худи гаравгонгирҳо тирпарронӣ рух додааст. Дар натиҷа ду нафари онҳо ҷароҳат мебардоранд. Баҳром аз духтури СММ, ки худ гаравгон буд, талаб мекунад, ки захмиҳоро муолиҷа кунад. Духтур дар навбати худ шарт мегузорад, ки нахуст бемор Готфридро ҷавоб диҳанд сипас ӯ захмиҳоро табобат хоҳад кард. Баҳром розӣ мешавад.

Вале сӯҳбати Баҳром бо бародараш Ризвон чӣ гуна гузашт касе намедонад.Натиҷаи ин сӯҳбат ҳамин буд, журналистони дар гарав буда баъди расидани ӯ ба қароргоҳи Баҳром ултиматуми нави ин гурӯҳро пахш карданд. Яъне агар 40 нафар мусаллаҳи Ризвонро аз Афғонистон тавассути чархболҳо ба пойгоҳи Баҳром дар наздиктарин фурсат нарасонанд, ӯ тамоми гаравгонҳоро аз байн хоҳад бурд.

/images/stories/2012/09/13_atobek-130912.jpgАмон Тулеев, вазир дар умури кишварҳои муштаракулманофеъи ҳукумати Русия, ки ба Душанбе омада буд, Ризвонро барои ба Қуръон қасам хӯрдану ба аҳд вафо накарданаш маҳкум намуд. Ва пешниҳод намуд, ки ҳукумат якҷоя бо оппозитсия ин гурӯҳро несту нобуд кунанд.

Дар як сӯҳбати дигараш бо хабарнигори НТВ Амон Тулеев иброз дошт, ки дар атрофи ду лидер, яъне Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ нафарҳое ҳастанд, ки сулҳро намехоҳанд. Шодравон Искандари Хатлонӣ, хабарнигори «Озодӣ» бо ишора ба чунин гуфтаҳо хулоса мекунад, ки «сиёсатмадорони Русия торафт ба ақидае меоянд, ки ҳарчи тезтар эътилофи ҳукумат бо ИНОТ сурат бигирад, вагарна Тоҷикистон мисли боғи бесоҳиб мешавад».

Боз як ҷаласаи изтирории ҳукумат

Рӯзи 11-уми феврал дуввумин ҷаласаи изтирории ҳукумати ҷумҳурӣ дар панҷ рӯзи ахир таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар он боз ҳам бӯҳрони гаравгонгирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири роҳ надодан ба хунрезии мардуми бегуноҳ талаби Ризвон ва бародараш оиди овардани 40 нафар размандаи мусаллаҳи Ризвон аз Афғонистон пазируфта шавад.

Худи ҳамон рӯз гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Сӯҳбат асосан дар атрофи қазияи гаравгонгирӣ сурат гирифт. Ҷониби мухолифин гаравгонгириро маҳкум намуда талошҳои ҳукуматро дар роҳи бе истифодаи зӯр ҳаллу фасл кардани қазия тарафдорӣ намуд.

Ба ҳайати низомиву сиёсии мухолифин амр дода шуд, ки ба ҷуз аз Давлати Усмон, ки бояд рӯзҳои наздик дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Эрон ширкат меварзид, ҳама ба минтақаи Қаротегин равем. Зеро нафарҳои Баҳром, ба хусус мулло Абдуғаффор ва шогирдонаш метавонистанд талош биварзанд то вазъиятро дар ин минтақа ба манфиати хеш тағйир бидиҳанд.

11 феврали соли 1997 Маҳмадалӣ Ҳаит, Неъматуллоҳи Билол ва банда аз Душанбе тавассути чархбол ба Ғарм рафтем. Корманди Шӯрои Амният Абдуҳаким Шарифов ва ду муҳофизи ӯ бо номҳои Саид ва Хайруллоҳ, ки кормандони вазорати амният буданд, моро ҳамроҳӣ карданд.

Худи ҳамон рӯз аз Тавилдара Кадриддин Ғиёсов, муовини сарвазири ҳукумат, Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва журналист Муҳаммадато Султонов ба Ғарм омаданд. Онҳо корвони маводи хӯрока ва сӯзишвориро ба он ҷо интиқол дода масъалаи фаъол кардани сохторҳои ҳукуматиро дар Тавилдара ҳаллу фасл намуда буданд.

Рӯзи 12 феврал ҳайати низомиву сиёсӣ бо ҳамроҳии корманди Шӯрои Амният Абдуҳаким Шарифов бо размандагони Ғарм дар хусуси моҳияти сулҳ ва талаботи Протоколҳои ба имзорасида сӯҳбати пурмӯҳтаво доштем. Гарвгонгирии гурӯҳи Ризвонро маҳкум кардем.

Намояндагии СММ дар Ғарм корашро қатъ кард

Намояндагии ҳайати нозирони низомии СММ дар Ғарм рӯзи 13-уми феврал бо истинод ба ин ки ба сабаби гаравгонгирии гурӯҳи Баҳром вазъ дар минтақа муташанниҷ шудааст, кори худро қатъ кард ва кормандони он аз тариқи Ҷиргатол ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Ӯзбекистон, ба шаҳри Самарқанд интиқол дода шуданд. Ҳамон рӯз намояндагии ҳайати нозирони низомии СММ дар Хоруғ ҳам дафтари худро бастанду роҳи Ӯзбекистонро пеш гирифтанд.

/images/stories/2012/09/13_viktor-chernomiddin-130912.jpgХабари аз Ғарму Хоруғ рафтани нозирони низомии СММ-ро тавассути телефони маҳвораии КБСС ба устод Нурӣ расондем. Устод Нурӣ ин хабарро нигаронкунанда хонда амр намуд, ки паёми ӯро ба тамоми қумандонҳои муҷоҳидини дар дохили Тоҷикистон буда барои ба ҳолати омодабош овардани онҳо бирасонем. Худи ҳамон рӯз ба тамоми фармондеҳони муҷоҳиддини дар дохил паёми устод Нурӣ дар бораи ба ҳолати омодабош омаданро фиристодем.

Дар ҳамин ҳол дар қазияи гаравгонгирӣ Баҳром зарбудаҷали тозаеро эълом дошт, ки агар талаби онҳо дар зарфи 24 соат ҳаллу фасл нашавад, ба қатли гаравгонҳо шурӯъ хоҳад кард.

Галина Гриднева ва Сурайё Собирова аз боздоштгоҳи Баҳром тариқи расонаҳо гузориш доданд, ки ҳолати сиҳӣ ва рӯҳии гаравгонҳо хеле бад аст. Азми Баҳром дар бораи қатли гаравгонҳо дар сурати иҷро нашудани талабҳояш қатъӣ аст.

Виктор Черномирдин, сарвазири Русия, тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, ба Баҳром муроҷиат намуда ӯро ба сабру таҳаммул ва худдорӣ кардан аз амалҳои сабукфикрона даъват кард. Дар сӯҳбати телефониаш бо Эмомалӣ Раҳмон Виктор Черномирдин хоҳиш намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро бинад, ки гаравгонҳо сиҳату саломат озод гарданд.

Задухӯрди мусаллаҳони Ризвон бо мақомоти афғонӣ

Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки 40 нафар силоҳбадасти Ризвонро тавассути чархболҳо аз Афғонистон ба маҳали буду боши Баҳром биёранд. Дар ин бора ба Баҳром хабар доданд ва ӯ зарбулаҷали хешро, ки соати 20 рӯзи 11-уми феврал поён меёфт, боз то соати 18-и рӯзи 12-уми феврал тамдид кард.

Рӯзи 12-уми феврал чархболҳо аз Тоҷикистон барои овардани 40 нафар афроди мусаллаҳи Ризвон ба Афғонистон парвоз карданд. Вале он рӯз чархболҳо бе одамони Ризвон баргаштанд. Сабабашро баъзе аз расонаҳо дар он гуфтанд, ки чархболҳо ба дараи Панҷшер рафтаанд, дар ҳоле ки тарафдорони Ризвон дар Толуқон ҷамъ шуда будаанд ва ё ҳанӯз пурра ҷамъ нашуда будаанд. Сухангӯи Президенти Тоҷикистон Зафар Саидов сабаби бе размандагони Ризвон баргаштани чархболҳоро сабабҳои техникӣ гуфт.

Рӯзи 13-уми феврал чархболҳо боз ба Толуқон парвоз карданд. Дар Толуқон қабл аз саворшавӣ ба чархболҳо байни нирӯҳои интизомии Афғонистон ва размандагони Ризвон муноқишае рух медиҳад, ки он ба даргирии мусаллаҳона оварда мерасонад. Ба қавле мақомоти афғонӣ тарафдорони Ризвонро халъи силоҳ карданӣ мешаванд. Онҳо розӣ намешаванд. Афғонҳо талош мекунанд, ки зӯран онҳоро халъи силоҳ кунанд. Размандагони Ризвон муқовимати мусаллаҳона мекунанд.

Дар натиҷа панҷ нафар аз одамони Ризвон ва шаш нафар корманди мақомоти қудратии Афғонистон дар ин даргирӣ кушта мешаванд. Дар байни кушташудагони гурӯҳи Ризвон писари узви ҳайати низомиву сиёсии мухолифин Неъматуллоҳи Билол, худораҳматии Абӯбакри Неъматуллоҳ, ки ҳамагӣ ҳаждаҳсол дошт, буд.

Нафарҳои Ризвон Абӯбакри понздаҳсоларо дар як «облава» се сол қабл, замоне, ки раҳбарияти мухолифин ӯро навакак фармондеҳи кулли нирӯҳо мусаллаҳи худ таъйин карда буд, зӯран ба сафи размандагони худ ҳамроҳ кард. Ҳама талошҳои падар барои раҳоии ӯ аз ин гурӯҳ, мутаассифона, ҳатто баъди он ки Ризвонро душмани ИНОТ эълон карданд, натиҷаи мусбат надоданд. Хулоса он рӯзи пурфоҷиъа ҳам чархболҳо бе афроди Ризвон ба Тоҷикистон баргаштанд.

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 35

СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДУШАНБЕРО ТАРК МЕКУНАНД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi