05:10:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 28

Султони Ҳамад

Ин аснодеро, ҳамакнун пешаши Шумо муштариёни гиромӣ мекунем, 23- декабри соли 1996 дар Маскав аз сӯи Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расида буданд. Бояд гуфт, ки баъди имзои ин ҳуҷҷатҳо мардуми кишвар боварӣ ҳосил карданд, ки рӯзи фарорасии истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон наздик аст.

С О З И Ш Н О М А И

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик С.А.Нурӣ баъд аз анҷоми мулоқот дар Масква 23 декабри соли 1996

/images/stories/2012/05/28_shukurjon-rahmon-nuri.jpgПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бурзурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик дар мулоқоти худ дар Масква 23 декабри соли 1996 ба чунин созиш расидаанд:

Музокироти байни тоҷикон ва иҷрои санадҳои дар рафти онҳо ба имзо расида бояд дар тӯли 12 – 18 моҳ аз рӯзи имзои ин Созишнома ба анҷом расонида шаванд;

бо назардошти он ки бо имзои ин Созишнома марҳилаи сифатан наве дар амри ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ оғоз мегардад, қарори сиёсӣ қабул намудаанд, ки дар давраи гузариши зикршуда Комиссияи Оштии Миллӣ ташкил дода шавад. Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ намояндаи оппозитсияи тоҷик хоҳад шуд. Ба ҳайати музокирот супориш дода шудааст, ки дар рафти давраи оянда, ки 5 январи соли 1997 дар Теҳрон оғоз мешавад, шумора ва ҳайати шахсии Комиссия, вазифа ва салоҳиятҳои мушаххаси онро муайян бикунанд;

эълони авфи умумӣ ва ҳамдигарбахшӣ дар нисбати шахсоне, ки дар муқовимати низомию сиёсӣ аз соли 1992 саркарда то лаҳзаи қабули санади авф иштирок доштанд, зарур дониста шавад;

дар кӯтоҳтарин муддат асирони ҳарбӣ ва маҳбусон пурра иваз карда шаванд ва аз Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи салиби сурхи байналмиллалӣ хоҳиш карда шавад, ки ба амалӣ гардидани иқдоми башардӯстонаи мазкур мусоидати лозима намоянд;

аз лаҳзаи имзои ин Созишнома оташбас ва қатъи дигар амалиёти душманона дар тамоми даври музокироти байни тоҷикон эълон карда шавад;

ба мақсади барқарор намудани сулҳ дар кишвар онҳо ба ҳайатҳои музокирот дастур доданд, ки онро то якуми июли соли 1997 бо имзои санадҳое, ки дар Протоколи 17 августи соли 1995 дар бораи принсипҳои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба анҷом расонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппосизиони тоҷик ба ҳукуматҳои Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, дигар давлатҳои нозир дар музокироти тоҷикон, инчунин ба Дабири кулли СММ Б. Бутрос Ғолӣ ва Намояндаи мухсуси он Г.Меррем барои меҳмоннавозӣ ва мусоидат ба мулоқот дар Москав изҳори сипосгузорӣ менамоянд.

П Р О Т О К О Л

ДАР БОРАИ ВАЗИФА ВА САЛОҲИЯТҲОИ АСОСИИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

/images/stories/2012/05/28_sulh-hadyai-khudo-28125.jpgБо оғози марҳилаи сифатан нави дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тибқи Созишномае, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст, тарафайн тасмим гирифтаанд, ки Комиссияи Оштии Миллиро дар давраи гузариш таъсис бидиҳанд.

Вазифаҳои асосии Комиссия иборат аст аз дарёфти оштии миллӣ бо роҳи татбиқи мувофиқатномаҳое, ки дар ҷараёни музокироти байни тоҷикон ҳосил шудаанд, ба вуҷуд овардани фазои эътимод ва ҳамдигарбахшӣ, ба роҳ андохтани муколимаи густурда бо нерӯҳои мухталифи сиё-сии кишвар ба хотири истиқрор ва таҳкими созиши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон.

Бо ин мақсад ба зиммаи Комиссия гузошта мешавад:

- танзими механизми назорат ва таъмини иҷрои созишномаҳои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат тавассути тарафайн дар якҷоягӣ бо дигар мақомоте, ки бо ин мақсад таъсис ёфтаанд;

- андешидани чора барои бозгашти бидуни хавф ва шарофатмандонаи муҳоҷирон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, расонидани кӯмак дар барқарорсозии манзилҳои истиқома-тӣ, муассисаҳои саноативу кишоварзӣ, ки бар асари ҷанг хароб шудаанд;

- танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умуми.

Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ дар давраи гузариш вазифа ва салоҳиятҳои зеринро анҷом медиҳанд:

- ба райъпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ;

- таҳия ва ба тасдиқи Парламент, ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар сурати лозима ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани ин қонун;

- дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

- ислоҳи ҳукумат аз тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия (ИНОТ) дар сохторҳои ҳукумати иҷроия, шумули вазоратҳо, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо риояи таносуби саҳми тарафайн дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва бо дарназардошти усули намояндагӣ аз маҳаллҳо;

- роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, амал кардан барои ислоҳи сохторҳои қудрат ва мақомоти прокура-тура;

- назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсоне, ки зӯран боздошт шудаанд;

- қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи Қонуни авф, ки бояд аз ҷониби Парламент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шавад;

- танзими механизми табдили ҷунбишҳои низомию сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ;

-ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар музокироти байни тоҷикон.

Иҷрои қарорҳои аз ҷониби Президент ва Комиссияи оштии миллӣ қабулшуда барои мақомоти ҳукуматӣ хатмист.

Фаъолияти Комиссяи Оштии Миллӣ дар ҳамкории наздик бо Намояндагии нозирони СММ ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Комиссияи Оштии Миллӣ баъд аз даъвати Парламенти нав ва ташкили мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти худро қатъ мекунад.

Ин Протокол қисми таркибии Созишномае мебошад, ки рӯзи 23 декабри соли 1996 аз тарафи Э.Ш.Раҳмонов, С.А.Нурӣ ва Г.Д.Меррем ба имзо расид.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э.Ш.РАҲМОНОВ

РОҲБАРИ ИТТИҲОДИЯИ НЕРӮҲОИ ОППОЗИСИОНИ ТОҶИК С.А.НУРӢ

НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН ГЕРД ДИТРИХ МЕРРЕМ

23 декабри соли 1996

(Аз китоби «Пайки оштӣ (санадҳо). тартибдиҳандагон профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Иброҳим Усмонов, Душанбе 1998, саҳ. 14-18).

МУРОҶИАТНОМАИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ ШАРИФОВИЧ РАҲМОНОВ ВА РОҲБАРИ ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ ОППОЗИСИОНИ ТОҶИК САЙИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

Ҳамватанони азиз!

Мо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дарду машаққат ва орзуву омолӣ шуморо бо ҳам дида, масъулияти хешро дар назди шумо ва наслҳои оянда дарк карда, ибтикори роҳбарии Русия ва намояндагии СММ дар Тоҷикистонро пазируфта, расман дар Масква вохӯрдем. Дар ин шаҳр ҳанӯз моҳи апрели соли 1994 музокироти байни тоҷикон дар роҳи сулҳ ва оштиии миллӣ оғоз ёфта буд ва имрӯз бо қабули Созишнома ва Протокол ин кори хайр анҷом ёфт. Мо тасмими сиёсӣ гирифта, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис намудем. Ният дорем якҷоя чунон ислоҳоту дигаргуниҳои демократиро амалӣ созем, ки онҳо муқовимати низомиро пурра аз байн баранд ва гуногунақидагии сиёсӣ меъёри умури иҷтимоӣ гардад.

Мо ба Шумо, тоҷикону тоҷикистониёни дар асари низоъу ҷанги бародаркуш фироригашта муроҷиат менамоем:

- дар солҳои охир ба иллати ҷанг ва адами ҳусни тафоҳум аз коста гардидани муносибат ва эҳтироми ҳамдигар Ватанамон харобу мардуми он саргардон шуд:

- халқи тоҷик ки бо заҳматқаринию ҳимматбаландӣ ва меҳмоннавозиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт, дастнигари дигарон гашт:

- Тоҷикистон, ки мамлакати сарватманд ва аз имкони хӯрондану пӯшондани даҳчандаи нуфусаш бархӯрдор мебошад, ба сабаби ин ҳодисоти мудҳишу нохуш ва фирорӣ шудани иддае аз ҳамдиёрон имконоти моддии хешро ҳарчи бештар аз даст медиҳад;

- илму фарҳанг ва маорифи тоҷик ба сабаби дар хориҷ будани иддае аз муаллимон, донишмандон, камии сармоя имрӯз гирифтори вазъи басе ногувор аст.

Бо вуҷуди он ки аз соли 1993 инҷониб теъдоде аз ҳамдиёрони фирорӣ ба кишвар баргаштаанд, вале мутаассифона, то кунуни шуморае аз ҳамватанон ҳанӯз ҳам дар кишварҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил, Афғонистон ва мамлакатҳои дигар дар ғурбату сахтӣ умр ба сар мебаранд, ки дилҳоро реш-реш мегардонад.

Имрӯз баъди имзои Созишнома ба Шумо эълон медорем:

- мо ҷангу муқовимати мусаллаҳонаро ҳамчун василаи барҳам хӯрдани якпорчагии кишвар ва пароканда шудани миллати тоҷик маҳкум мекунем. Боварӣ ҳосил кардем, ки барои ба мақсад расидан ҷангро истифода бурдан гуноҳ аст. Аз ҳамин рӯз умед дорем, ки оштии миллӣ тадриҷан дар амал татбиқ мегардад. Бо умеди осоиштагии мардум ва шукуфоии Ватан ва бо мақсади наҷиби зудудани кинаву адоват аз синаҳо бояд сидқан бикушем, ки ҳамагуна мухолифатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо роҳи мусолеҳатомезӣ сиёсӣ ба амал бароварда шаванд.

Ватан-Модар якто – Тоҷикистон. Онро наметавон қисмат намуд. Онро бояд дӯст дошт ва обод кард! Аз ин рӯ ҳамаи Шуморо даъват менамоем, ки ба Ватан бозгардед. Мамлакат, манзил, хешу ақрабо ва волидайну фарзанд, ҳамаи аҳли диёр нигарони баргаштани шумо мебошанд. Имрӯз зиндагӣ аз нигоҳи маишӣ ва маданӣ ниҳоят душвор аст. Онро ҳамаи мо метавонем дар якҷоягӣ, бо кӯмаку дастгирии ҳамдигар беҳбуд бахшем.

Аз ҳамватанони сармоядори берунмарзи хоҳиш мекунем, ки шароити сулҳи дар мамлакат ба дастомадаро ғанимат шуморида, барои ободии Ватанамон саҳмгузорӣ кунанд.

Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем хоҷагии халқи кишварро эҳё намоем, ислоҳоти иқтисодиро пайгирона давом диҳем, фарҳангамонро ғанӣ гардонем ва бо сари баланд ба ҷомеаи ҷаҳони бипайвандем.

Ин ҳама ҳамкорӣ ва дастгириҳо метавонанд омили муҳими пойдор шудани сулҳ дар сарзамини мо гарданд. Сулҳи Тоҷикистон бозгӯяндаи оромии минтақа хоҳад буд.

ЭМОМАЛИ РАҲМОНОВ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САЙИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

РОҲБАРИ ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ ОППОЗИСИОНИ ТОҶИК

(Аз китоби «Роҳи сулҳ» (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон), мураттиб профессор Иброҳим Усмонов, Душанбе, 1997, саҳ. 76-78).

Идома дорад

Дар ин мавзӯъ: РАҲМОН ВА НУРӢ: БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФ ҶАНГ КАРДАН ГУНОҲ АСТ!




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi