ГЕНЕРАЛҲОИ ОППОЗИТСИЯ: ТАҚДИРРО ЧӢ ТАДБИР БОЯД?!-3
Чизи муҳим дар ин қисса он аст, ки ошноҳои аз каҷравии замона ноошно гашта, дар ноҳияи Ванҷ бо ҳам сари дастурхон нишаста, сӯҳбати дуру дарозе аз сулҳу оштӣ ва ҳарчӣ зудтар расидан ба ваҳдати миллӣ доштанд. Мутаассифона соли 1996 қумондон Ҷангихон бо гурӯҳаш дар наздикии деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод аз ҷониби размандагони мухолифин ба муҳосира гирифтор шуда, ба қатл расид. Тақдири талх ва рӯзгори наҳс ба паҳлавон Ҷангихон фурсат надод, ки рӯзи васли тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллати азизашро бубинад ва бо бародараш Саламшоҳ дубора сари хони пурноз нишаста, аз ҷанги шармандавори хеш ёдоварӣ кунанд.
ЧАРО АРТИШ ТОБЕЪИ НИТ БУД, НА ИНОТ?
Чуноне қайд шуд, аввалин генерали Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саламшоҳ Муҳаббатов буд. Баъдан дар солҳои 1994- 1997 чанде аз қумондонони оппозитсия, амсоли Ризвон Садиров, Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Мирзохӯҷа Низомов, Ҳаким Қаландаров ва афроде чун Ҳабиб Сангинов (то соли 1992 полковник, сардори Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон) ва Одинабек Абдусаломов, маъруф ба Холид, ки дар Ҳукумати фирории мухолифин чанд муддат вазифаи вазири амниятро бар дӯш дошт, аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Артиши наҳзати исломи Тоҷикистон (НИТ) ба рутбаи генералӣ шарафёб гаштаанд.
Ин нукта ҷолиб аст, ки дар ҳайати Иттиҳоди нируҳои мухолифини тоҷик(ИНОТ) чанд созмон шомил буд, аз ҷумла Ҳизби демократ, «Лаъли Бадахшон», ташкилоти «Умед» (сарвараш Ҳабиб Сангинов), Маркази нируҳои демократии ИДМ, (раҳбараш шодравон Отахон Латифӣ) вале нируҳои мусаллаҳаш Артиши наҳзати ислом ном дошт, на Артиши Иттиҳоди мухолифин.
ОҲ, АЗ ТАҚДИРИ ТАЛХИ ГЕНЕРАЛҲО!
Раванди ҳодисоту таҳаввулоти тайи даҳ соли ахир дар Тоҷикистон рухдода сарнавишти собиқ генералҳои Иттиҳоди мухолифинро ба гунаҳои мухталиф рӯшан кард. Дар бораи фармондеҳи собиқ Иттиҳоди мухолифин Ризвон Садиров навиштаҳои зиёд ба чоп расидааст, танҳо ҳаминро гуфтан мехостам, ки ӯ ҳам ба мухолифин ва ҳам ба давлати Тоҷикистон хиёнат карда, номи худро чун як чеҳраи манфур ва хиёнаткор дар китоби таърихи миллат сабт кард.
Ризвон соли 1998 зимни як амалиёти махсуси анҷом додаи мақомоти амниятии Тоҷикистон дар маҳаллаи Фурудгоҳи кӯҳнаи шаҳри Душанбе ба қатл расид. Ҳабиб Сангинов дар асоси саҳмияи сӣ дар сад бо дарёфти рутбаи генералӣ ва бо фармони Президенти Тоҷикистон ба курсии муовини аввали вазири дохила нишаст ва баъдан дар як амалиёти террористӣ кушта шуд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи нирӯҳои мухолифи давлат дар ноҳияи Тоҷикобод буд, баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ мансаби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро соҳиб шуда, аввалин қумандони оппозитсия гардид, ки унвони генералиро аз давлати Тоҷикистон мушарраф шуд. У соли 2004 аз мақоми наваш раиси «Тоҷикгаз» барканор ва дар соли 2005 аз ҷониби Додгоҳи олӣ ба мӯҳлати 23 сол равонаи зиндон гардид.
Мирзохӯҷа Низомов, маъруф ба Комиссар, дигар аз фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин, ки дар собиқ сардори шӯъбаи милисаи ноҳияи Ғарм (имрӯза Рашт) буд, тибқи саҳмияи сӣ дар сади барои мухолифин ҷудошуда унвони генералиро дарёфт намуда, раиси Кумитаи гумрук (ба ҷойи мулло Абдураҳим) таъин гардид. Солҳои баъдӣ вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии ҷумҳуриро низ бар ӯҳда дошт ва имрӯз бекор ва дар нафақа мебошад.
Ҳаким Қаландаровро ҳукумати Тоҷикистон рутбаи полковник эҳдо намуда, чанд муддат муовинати раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадотро ба зимааш гузошт ва имрӯз қумондони яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифоъ мебошад.
Собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев дар охири соли 1998 аз ҷониби давлат бо рутбаи генералӣ ба вазифаи вазири ҳолатҳои фавқулодда (ба ҷойи генерал Искандаров М.) таъин гардида, 8 сол дар ин мақом хидмат кард.
Генерал-лейтенант Мирзо Зиёев чанде қабл дар ноҳияи Тавилдара ба таври мармуз ва ба қавли минбаҳои расмии давлати Тоҷикистон аз ҷониби шогирди содиқаш Неъмат Азизов, мулаққаб ба Шайх Неъмат ба ҳалокат расид. Одинабек Абдусаломов- Холид, ки узви Комиссияи оштии миллӣ буд, тайи чанд сол аст дар хориҷи кишвар умр мебарад.
Саламшоҳ Муҳаббатов тибқи ҳамон саҳмия аз соли 1998 дар вазифаи раиси Кумитаи нафту гази ҷумҳурӣ ва баъдан раиси ширкати «Сайёҳ» фаъолият дошт ва инак чанд сол боз бе вазифа буда, машғули тамрину тарбияти варзишгарон дар намуди гуштингирӣ мебошад. Ва зикри ин нуктаро ба маврид медонам, ки соли 2002- юм замоне Саламшоҳ раиси Кумитаи нафту гази ҷумҳурӣ буданд, дар мусобиқаи ҷаҳонии гӯштингирони кӯҳансол ё ба истилоҳ собиқадорон дар кишвари Юнони бостон ширкат варзида, соҳиби мақоми аввал ва нишони тиллоии чемпионат гардид.
Ин пирӯзии Саламшоҳ бозгӯи он буд, ки бо вуҷуди солҳо боз ҳамчун варзишгар аз майдони варзиш канор рафтанаш ӯ то ҳанӯз нируе дорад, ки ҳарифони ҳамсолу ҳамсони хешро пушт ба замин хобонад ва ба аҳли ҷаҳон нишон бидиҳад, ки тоҷик қодир аст дар ҳар синну сол обрӯ ва нуфузи кишвари азизашро дар ҳар гӯшаи дунё ҳимоя бикунад ва ба варзиши Тоҷикистон шӯҳрату овозаи нав зам намояд.
Чун ин таърихчаро менигоштам ба ёдам ҷараёни иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуда буд, расид. Яке аз вакилони мардумӣ дар он иҷлосия кафили мақоми Президент, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаровро интиқод намуда, ӯро барои ба иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохила, полковник Гулдастшо Имроншоев додани рутбаи генералӣ мазаммат кард.
Он вакили мардум гӯё хабар надошт, ки Тоҷикистон беш аз як сол боз давлати соҳибистиқлол буд ва ҳаққи додани унвони генералӣ дигар ба зиммаи Маскав набуд. Ва чун Акбаршоҳ Искандаров сардори давлат буд, он ҳақро дошт, ки вазири як вазорати интизомиро рутбаи генералӣ эҳдо намояд. Бубинед, имрӯз дар Тоҷикистон як дунё генерал дорем, ҳатто дар баъзе вазоратхонаҳои қудратӣ аксари сардорони Раёсатҳо генерал мебошанд.
БОҚИМОНДАҲОРО ЭҲТИЁТ БОЯД КАРД
Чун имрӯз вазъи пурташаннуҷи минтақаро мебинам андеша мекунам, бояд мо генералҳои худро эҳтиёт кунем, чӣ он афроде, ки дар канори ҳукумат ва чӣ онҳоеро, ки як замоне дар ҳайати Иттиҳоди мухолифин буданд. Генерал- қумондонҳои ду ҷониб ҳама тоҷик ва дорои эҳсосу ифтихори баланди миллӣ ва ватанхоҳӣ буданд.
Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро бадхоҳони дигар қавму миллатҳо агар дуртар бошанд, бадбахтона ҳасудону душманони тоҷик дар ҷавораш мезиянд. Бештари генералҳои собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷикро тақдири шум ва сарнавишти мӯҳлик насиб гардид ва аз сели фитнаву балои замон то кунун эмин мондаҳояшро Худо нигаҳбон бошад, ба хотире, ки онҳо ҳама тоҷик ва фарзанди ҷоннисори ҳамин хоку обанд.
Толибшоҳи САЙИДЗОДА