13:27:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 34

МУРОҶИАТНОМАИ

Комиссияи Оштии МиллӢ

Ҳамватанони гиромӣ!

oshtinoma-34.jpgИнак, он рӯзе, ки тамоми тоҷикистониён интизораш буданд, фаро расид. Аъзоёни Камиссияи Оштии Миллӣ дар пойтахти Ҷумҳурӣ Душанбешаҳр ҷамъ омаданд ва ба кори худ шурӯъ намуданд. Ҳарду ҷониб аз ақли солим кор гирифтанд, ҳарду ҷониб манофеъи миллиро аз ҳама чиз муҳимтар донистанд ва ҳамдигарро бахшиданд ва ба оштии миллӣ розӣ шуданд. Дигар ҳар кас, ки миллаташро воқеан дӯст дошта бошад, ҳаргиз ба ҷанги ҳамватанӣ розӣ нахоҳад шуд, дигар касе, ки зодгоҳаш Тоҷикистон бошад, аз хунрезӣ ва нооромӣ нафрат хоҳад кард.

Тибқи Протоколи масъалаҳои низомӣ, ки 8 марти соли 1997дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, бояд нерӯҳои низомии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ба нерӯҳои низомии ҳукумати реинтегратсия шаванд, азнавсозии сохторҳои низомии ҳукумати амалӣ гардад, аттестатсияи умумии ҳайати шахсӣ ва фармондеҳони ду ҷониб гузаронида шавад.

Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ дастаҳои мусаллаҳе низ ҳастанд, ки мансубияти онҳо номаълум аст. Чунин дастаҳо бояд то 16 ноябри соли 1997 мансубияти худро ба ин ё он ба Комиссяи Оштии Миллӣ маълум намоянд.  Дастаҳои мусаллаҳе, ки то ин мӯҳлат иттилооти заруриро оид ба мансубияташон ба Камиссияи Оштии Миллӣ пешниҳод намекунанд, ғайриқонунӣ ҳисоб гардида, халъи силоҳ карда мешаванд.

Аз ҳайати чунин дастаҳои мусаллаҳ,  қотеъона талаб мекунем, ки баҳри амалӣ намудани Санадҳои барқарории сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ, монеъ нашаванд, ки ин хиёнат ба халқу ватан аст.

Комиссияи Оштии Миллӣ                                     

26.09.1997, ш. Душанбе

МУРОҶИАТНОМАИ

Комиссияи Оштии МиллӢ ба мардуми шарифи Тоҷикистон

Ҳамдиёрони арҷуманд!

Ба шарофати сулҳи саросарӣ ва оштии миллӣ қисми зиёди ҳамватанони мо ба ватани азизамон бозгаштанд. Вале як иддае аз онҳо ҳанӯз ҳам дар ғарибӣ интизори бозгаштан ба меҳан ва дидори хешу табор ва ёру дӯстон ҳастанд. Барои ба Ватан ва маҳалли зисташон овардани онҳо Ҳукумат ва Комиссияи Оштии Миллӣ вазифадор гардидаанд.

Мушкили умда ин аст, ки дар асари воқеаҳои маълуми гузашта, давлати мо ҳоло имкони таъмини онҳоро бо манзил, масолеҳи сохтмон, васоили рӯзгор, дорувор ва ғайра камтар дорад. Созмонҳои байналмиллалӣ  низ ҳалли тамоми мушкилиҳоро наметавонанд ба ӯҳда бигиранд.

Бинобар ин Комиссия Оштии Миллӣ ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, Ҳукуматҳои маҳаллӣ, тоҷирони ҳамдиёр, ки дар дохил ва  хориҷи кишваранд, сарварони идораҳову муассисаҳо, корхонаҳо эҳтиромона муроҷиат менамояд: халқи мо дар арафаи воқеаи бузурги таърихӣ, яъне ваҳдати комили миллӣ мебошад. Зудтар ба ватан овардани муҳоҷирон, ки дар байни онҳо тифлҳои хурдсол, пиронсолон, занону духтарон кам нестанд ва ба оғӯши боз ва гарми ҳамдиёрон, чеҳраҳои кушоду истиқболи самимона эҳтиёҷ доранд, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо маҳсуб мегардад. Мутаассифона, аксари онҳое, ки аз имрӯз ба баъд бозмегарданд, ҳанӯз сарпаноҳ ва ҷои зист надоранд.

Мо ба ҳамаи Шумо рӯ оварда, муроҷиат мекунем, ки дасти ёрии худро дароз кунед, то ҳарчӣ зудтар маводи сохтмонӣ, асбоби рӯзгор ва ғайра барояшон муҳайё ва ҳар оилае соҳиби кулбае гардад, аз азоби барфу борон ва сармои зимистон раҳоӣ ёбад. Ба ин васила Шумо барои ободию осудагии бародарону хоҳарони ба ҳукми тақдир дурафтодаи худ ва сарҷамъии халқи азияткашидаамон саҳми беғаразона ва инсондӯстонаи худро гузошта, кори савобу наҷибро анҷом медиҳед. Ва ин амали Шумо боиси ризои Худованд ва халқ хоҳад гашт.

Аз вилоятҳо ва ноҳияҳое, ки бо вуҷуди душвориҳои имрӯзаи иқтисодӣ имкони ёрӣ доранд хоҳиш мешавад, ки ба ноҳияҳо ва минтақаҳои осебдида ба қадри тавон кӯмак бирасонанд. Ҳамчунин аз тоҷироне, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, умедворем барои бозгаштани муҳоҷирони камбизоати ватан мусоидат кунанд. Зеро бузургон фармудаанд:                

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест. Мо боварии комил дорем, ки мушкилиҳоро якҷо паси сар намуда, Тоҷикистони азизамонро дар радифи кишварҳои ободу пешрафта қарор хоҳем дод.

Комиссияи оштии миллӢ

29.09.1997 с.

ИЗҲОРАТИ МУШТАРАКИ

 

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РАИСИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

28 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, намояндагони ИНОТ дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва Ҳукумат баргузор гардид. Дар вохӯрӣ тамоми мушкилот ва масъалаҳое, ки дар ҷараёни татбиқи Созишнома ба миён омаданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Бо дарназардошти он, ки рӯзҳои охир дар раванди татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ душвориҳо ба миён омаданд, Президент ва Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ зарур донистанд, ки як вохӯрии ошкор ва созандае гузаронанд, то ҷараёни Сулҳ ба ҳолати мӯътадил бозгардад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ бояд дар ҳама сурат афзалият дошта бошанд ва ҳеҷ гуна дасисаву иғво натавонанд монеи татбиқи Созишнома гардад. Тарафҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки иҷрои нукоти Созишнома ҳарчи зудтар ва пурра таъмин карда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф тарафҳо андешидани тадбирҳои мушаххаси зеринро зарур шумориданд:

1.Барои таъмини бехатарии намояндагони ИНОТ дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва Ҳукумат чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

2.Барои назарот аз болои ҷараёни тафтиши ҳодисаи куштори узви Комиссияи Оштии Миллӣ Отахон Латифӣ аз ҷумлаи намояндагони  Ҳукумат ва ИНОТ комиссияи муштарак таъсис дода шаванд..

3.Ба раванди ислоҳоти Ҳукумат бо роҳи ворид намудани  ИНОТ суръат бахшида шавад.

4.Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини риояи интизоми ҳарбӣ дар воҳидҳои низомӣ гурӯҳи муштараки зудамал таъсис дода шавад.

5.Марҳилаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» ҳарчӣ зудтар анҷом дода шавад.

6.Иҷрои Санади ҳамдигарбахшӣ таъмин карда шавад ва ҷонибҳо аз айбдор кардани якдигар ба воситаи расонаҳои ахбори умум худдорӣ намоянд.

7.Тарғиби фаъолияти раванди сулҳ дар ҷомеа бо роҳи ташкили барномаҳо дар телевизион ва радио, гӯшаҳои махсус дар матбуот ҷоннок карда шавад.

8.Вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, инчунин аъзои он мунтазам гузаронида шаванд.

9.Таъмини фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ аз ҷиҳати моддию техникӣ беҳтар карда шавад.

10.Бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамиъятӣ, олимони ҷомеашинос ва шахсиятҳои маъруф доир ба дастовардҳои сулҳ ва раванди татбиқи Созишномаи умумӣ семинари умумиҷумҳуриявӣ доир карда шавад.

Тарафҳо бори дигар таъкид доштанд, ки минбаъд низ ҳама гуна ихтилоф ва мушкилот бояд танҳо бо роҳи музокирот ва машваратҳо ҳаллу фасл карда шаванд. Бо дарки он, ки сулҳ барои халқи Тоҷикистон роҳи ягонаи наҷот мебошад, тарафҳо бори дигар садоқати худро ба ин раванд эълом медоранд.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ             РАИСИ КОМИССИЯИ

ТОҶИКИСОН                                        ОШТИИ МИЛЛӢ 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ                  САЙИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

ш.Душанбе, 28 сентябри соли 1998

МУРОҶИАТНОМАИ

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РАЁСАТИ ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ ОППОЗИТСИОНИ ТОҶИК

Халқи тоҷик баъди ноил ба Созишномаи сулҳ роҳи муросои миллӣ, сулҳ ва созандагиро пеш гирифта ба меҳнати бунёдкорона машғул аст. Имрӯз сулҳу амонӣ дар саросари мамлакат пойдор гашта, созишномаҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳарбию сиёсӣ бомуваффақият амалӣ мешаванд. Роҳбарияти Ҳукумат, ИНОТ ва Комиссияи Оштии Миллӣ барои ҳалли ин масъалаҳо  ҷидду ҷаҳди зиёде ба харҷ медиҳанд.

Бақайдгирии воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик ба охир расида, онҳо дар ҷойҳои муқарраршуда ҷамъ омадаанд ва қасами ҳарбӣ ёд мекунанд. Ҳоло аттестатсия ва ҷалб намудани онҳо ба сохторҳои низомии ҳукуматӣ шурӯъ шудааст.

Аҳолии ҷумҳурӣ раванди сулҳ ва ваҳдати миллиро аз дилу ҷон ҷонибдорӣ мекунанд ва барои таҳкими он мадад мерасонанд. Онҳо ба ҷараёни истиқрори сулҳ ва ҳаёти тинҷу осудаҳолона, ки ба барқарор намудани хоҷагии халқ, иқтисодиёти мамлакат ва некӯаҳволии мардум имконият медиҳад, бовар доранд.

 Мутаассифона қувваҳое ҳастанд, ки  ғояи сулҳ барояшон бегона аст. Вақтҳои охир воқеаҳои гаравгонгирӣ, террор, бандитизм ва куштори одамони бегуноҳ аз ҷониби дастаҳои ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Мақомоти салоҳиятдор бо далелҳои раднашаванда муайян намудаанд, ки ин ҷиноятҳоро дастаҳои Ёров Саидмухтор ва Ғафуров Равшан, ки на ба Ҳукумат ва на ба ҷониби ИНОТ тобеанд, содир менамоянд.

Мутаассифона як гурӯҳ ҷавонони бетаҷриба ва бехабар аз ҳукми қонун зери таъсири ин ашхос мондаанд, ки оқибати амалҳои фоҷиаангези худро дарк намекунанд. Бо дарназардошти он ки амали ношоистаи ин гурӯҳҳо ба раванди сулҳ ва ваҳдати миллӣ осеби калон мерасонанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ эълон менамоянд, ки барои маҳв намудани ин дастаҳои ғайриқонунӣ тамоми имконияту воситаҳоро доранд.

Танҳо ба хотири он ки хунрезӣ нашавад, мо ба аъзои ин гурӯҳҳо, махсусан ба ҷавонони бетаҷриба муроҷиат намуда, ба онҳо пешниҳод менамоем, ки силоҳу муҳимоти ҷангиашонро ба мақомоти салоҳиятдор супорида, ба ҳаёти осоишта баргарданд. Ҳар касе, ки аз ҳайати ин дастаҳо ихтиёран баромада, силоҳу муҳимоти ҷангиашро месупорад, ба вай кафолати амнияту озодӣ дода мешавад.

Мо ба падару модар ва хешу ақрабои онҳое, ки дар ҳайати ин дастаҳо ба куштору ғоратгарӣ машғуланд, муроҷиат менамоем, то фарзандони худро ба хонаводаашон баргардонанд. Сулҳу созишро пушти по задан, манфиати миллат ва ҳамдиёрони худро эҳтиром накардан ва дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз даст ба ҷинояту хунрезӣ олудан амалест, ки падару модарони азизи моро бояд бетараф нагузорад.

Аз ҷониби дигар қатъиян изҳор менамоем, ки агар дар давоми як ҳафта талаботи мо иҷро нагардад, ҷониби Ҳукумат ва ИНОТ маҷбур аст, ки барои маҳв намудани ин гурӯҳҳо тамоми чораҳое, ки қонун пешбинӣ менамояд, истифода барад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ                  ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ

ТОҶИКИСТОН                                     ОППОЗИТСИОНИ ТОҶИК

1 октябри с. 1998, ш. Душанбе

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi