САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 19
ВОХӮРИҲО, ДИДОРҲО, МУЛОҚОТҲО
Таи фаъолияти ду солу 9 моҳаам ба ҳайси раиси Комиссияи Оштии Миллӣ дар баробари раҳбарӣ ба фаъолияти ин мақоми муштараки эҷодгари сулҳу субот дар кишвар ҳамзамон ҳамчун сарвари ин ниҳод ва инчунин роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик садҳо вохӯриҳову дидору мулоқотҳо доир намудаам, ки бешаку шубҳа ҳар кадоми он дар истиқрору таҳкими сулҳу оштии миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муайяне бозидаанд.
Вохӯрӣ, дидору мулоқотҳои банда, ки дар мақари фаъолияти КОМ, собиқ бинои меҳмонхонаи «Вахш» доир гардидаанд, аз рӯи моҳияту шаклу мундариҷаи баргузориашон, аз рӯи мансубияти мусоҳибонам ба ин ва ё он қишри ҷомеа, касбу кор, масъулият, шартан агар бигирем, ба се навъ ҷудо мешаванд. Аввалан ман мулоқотҳоеро дар назар дорам, ки онҳо бо мардуми оддӣ, бо шаҳрвандони муқаррарии кишвар, сурат мегирифтанд. Ин гуна дидору мулоқотҳо асосан дар рӯзҳои аввали ба кор оғоз кардани КОМ бештар баргузор мегардиданд.
Ҳазорон нафар аз мардуми оддӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба хотири он ба идораи КОМ меомаданд, ки аз мусолиҳаи ба дастомада изҳори ташаккур намоянд ва барои таҳкими сулҳу оштӣ дар кишвар дасти дуо бикушоянд ва аз банда дархост намоянд, ки Сулҳро чун мардумаки чашм азиз дорем ва ҳифз намоем. Аз сабабе, ки дар он рӯзҳо хоҳишмандони мулоқот бо банда аз ин тоифаи мардум хеле ҳам зиёд буданд, онҳоро рӯзе се – чор маротибагӣ гурӯҳ - гурӯҳ, яъне 50 – 60 нафарӣ қабул мекардам. Дар ҳар як мулоқотам ба онҳо кӯтоҳакак мақсаду мароми КОМ, ИНОТ – ро иброз медоштам. Як ё ду нафар аз ҷумлаи ҷамъомадагон ба сухан баромада, фикру дархостҳои худро ироа мекарданд.
Дар чунин мулоқотҳо ман бо чашми сар медидам ва бо гӯшҳои худ мешунидам, ки мардум чӣ гуна ташнаи сулҳанд, чӣ гуна барқарории амну суботро дар кишвар хоҳонанд. Албатта буданд дар байни онҳо ашхосе, ки барои ҷустану ёфтани дармону даво ба дарду андӯҳи мушаххаси хеш қадам ба ин даргоҳ ранҷа мекарданд. Яке дар ҷустуҷӯи фарзанди мафқудуласари хеш буду дигаре хоҳиши озодии пайвандашро аз маҳбас мекард. Саввум дар талоши бозпас гирифтани манзили ғасбшудааш кӯшишҳо ба харҷ медод. Арзи доди онҳо бо таваҷҷӯҳи зиёд шунида мешуд. Барои расондани кӯмак тибқи имконоти мавҷуда аз ҳисоби масъулини КОМ мутасаддиён таъин мегардиданд. Кӯшиш мекардем то ҳадал имкон муроҷиин ноумед бозпас нагарданд.
Вохӯри, дидору мулоқотҳо бо шаҳрвандони муқаррарӣ, ки дар байнашон аз зиёиёни эҷодкор сар карда то уламои кироми дини мубини Ислом буданд, бароям хеле ҳам муҳим ва муфид буд. Бори дигар мутмаин шудам, ки роҳи интихоб кардаи мо – роҳи Сулҳу оштӣ, бо вуҷуди фарозу нишебиҳояш, ягона роҳест, ки моро ба кӯи мурод мебарад. Мулоқотҳо, дидору вохӯриҳоям бо намояндагони созмонҳои байналмиллалии зидахл дар раванди музокироти Сулҳи байни тоҷикон, аз ҷумла Намояндаи Вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, сафирони фавқулодда ва мухтори кишварҳои аъзои гурӯҳи «Тамос», намояндаи «Бунёди Оғохон», намояндаи «Агроаксияи Олмон» ва ғайраву ҳоказо самти дигари фаъолиятамро дарбар мегирифт.
Дар ин мулоқоту дидорбиниҳо қабл аз ҳама масъалаи иҷроиши нуктаҳои Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар дар маркази таваҷҷӯҳ буд. Ба хусус мулоқотҳоям бо Намояндаи Вижаи ДК СММ дар Тоҷикистон, ки маъмулан ҳар ҳафта дар як рӯзи муайян сурат мегирифтанд, дар татбиқи Созишномаи умумӣ нақши мусбате бозӣ карданд. Мушкилоту монеаҳое, ки дар раванди Сулҳ буруз мекарданд, ҳамеша мавриди баррасии мулоқотҳои тӯлонии ману ҷаноби Герд Дитрих Меррем, Ян Кубиш, Иво Петров, ки яке паси дигар ба навбат масъулияти Намояндаи Вижаи ДК СММ – ро дар Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти КОМ ба ӯҳда доштанд, қарор мегирифт.
Албатта дар бораи саҳми ин дипломатҳои варзида дар барқарории Сулҳу субот дар Тоҷикистон дар мавридаш дар бобҳои оянда сухан хоҳем гуфт. Вале дар ин ҷо бояд бигӯем, ки дидору мулоқотҳо бо ин шахсиятҳои сиёсӣ дар ҷараёни барқарории Сулҳ, аниқтараш дар раванди татбиқи талаботи Созишномаи умумии Сулҳ нақши созанда бозиданд. Дар бисёре аз лаҳзаҳои душвори раванди татбиқи асноди Сулҳ маҳз натоиҷи ин мулоқотҳову дидорбиниҳо роҳро ба сӯи пеш ҳамвор мекард.
Зеро маҳз дар ҳамин гуна сӯҳбатҳо мо пешниҳодҳои худро оиди ин ва ё он масъала ва ё мушкилоти бурузкарда ироа мекардем, барои бартараф кардани монеаҳо дархости расондани маслиҳату машварат мекардем. Аксаран ин гуна дархостҳои мо беҷавоб намемонданд. Мо қариб ҳамеша маслиҳати мутахассиси ин ва ё он соҳаро дарёфт мекардем. Барои мисол бо хоҳиши мо борҳо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқшиносии кишварҳои мутараққӣ ба Тоҷикистон омада, дар хусуси тарзи таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дар мавзӯи дин дар ҷомеаи демократӣ ва ғайра дар назди аъзои Комиссияи Оштии Миллӣ бо сӯҳбату лексияҳои худ суханронӣ карданд, ки баъдан ин гуна суханрониҳо ба маҳсулнокии фаъолияти аъзои КОМ таъсири мусбат гузоштанд.
Вохӯриву мулоқотҳои бо сафирони кишварҳои аъзои «Гурӯҳи Тамос» ва сафирони дигар давлатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ доранд, ҳамчунин пайваста ва муттасил сурат мегирифтанд ва онҳо низ дар раванди истиқрори Сулҳу оштӣ нақши мусбат мегузоштанд. Дар ҷараёни мулоқотҳо бо сафирон асосан сухан аз боби таҳкими раванди Сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону кишварҳое мерафт, ки мусоҳибонам намояндагиашро мекарданд. Ҳамеша кӯшишҳо ба харҷ медодам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯ кунанд, густариш ёбанд.
Гурӯҳи дигари силсиламулоқотҳоям дар Душанбе асосан аз вохӯриву дидорбиниҳое иборат буд, ки бо намояндагон, сиёсатмадорон ва давлатмардони баландпояи ин ва ё он кишваре сурат мегирифт, ки бо мақсаду мароми мухталиф ба пойтахти давлатамон ташриф меоварданд. Ман аз мулоқотҳое, ки бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби дуктур Камоли Харрозӣ, Федератсияи Русия Игор Иванов, Ҷумҳурии Қирғизистон Муродбек Имомалиев, Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Токаев, Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия ҷаноби Геннадий Селезнев, Имоми исмоилиёни тамоми ҷаҳон, аълоҳазрат Оғохони IV.
Масъулини Бонки исломии – тараққиёт, Бунёди Байналмиллалии асъор, Созмони байналмиллалии Ҳилоли Аҳмар, хусусан сафирони Федератсияи Русия ҷаноби Евгений Белов, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Саид Расули Мусавӣ, ва сафирони чунин кишварҳои абарқудрате ҳамчун ИМА, Ҷумҳурии Халқии Чин, намояндагони Япония ва дигар роҳбарони баландпояи созмонҳои байналмиллалӣ доштам, ҳамеша бо некӣ ва як самимияте ёд мекунам.
Зеро дар ҷараёни ҳар кадоми ин мулоқотҳо ман баръало эҳсос мекардам, ки ҳамсӯҳбатҳои ман чи гуна аз пешрафти раванди истиқрори Сулҳу оштӣ дар кишвари мо хушнуд ҳастанд ва чи гуна мехоҳанд барои боз ҳам таҳким ёфтани он мусоидат намоянд. Ман дар ин мулоқотҳоям бо онҳо аксари он проблемаҳоро, ки дар раванди Сулҳ халал эҷод мекарданд ё худ мебоист ҳаллу фасл бишаванд, матраҳ мекардам ва ҳамчунин хоҳиш мекардам, ки дар бартараф кардани онҳо ба мо мусоидат намоянд. Ҳаёт нишон дод, ки ҳамсӯҳбатҳои ман бо ваъдаҳои худ оиди дастгирии сиёсиву иқтисодии раванди Сулҳи тоҷикон то ҳадди имкон вафо карданд.
Барномаи тараққиёти СММ дар Тоҷикистон дар нашрияи солонаи худ таҳти унвони «Тараққиёти миллии Тоҷикистон дар соли 1997» овардааст, ки дар 5 соли ҷанг дар Тоҷикистон 30981 хонаи истиқоматӣ, 282 мактаб, 31 муассисаи томактабӣ, 205 беморхона, 247 кӯпрук, 1893 километр роҳи мошингард, 911 километр хатти барқ, 1253 километр хатти алоқа, 332 ҳазор гектар замини кишт қобили истифода набуданд. Барои он, ки ҳаёт ба маҷрои муқаррарии худ баргардад, ҳамаи инро аз нав барқарор кардан даркор буд. Тоҷикистони нав аз ҷанг беруншуда ҳанӯз тавони онро надошт, ки ҷароҳатҳои ҷанги шаҳрвандиро ба танҳоӣ даво созад. Барои анҷоми чунин корҳо маблағу инвеститсияи кишварҳову сармоядорони хориҷӣ зарур буд. Вале барои кишварҳову сармоягузорони хориҷӣ пеш аз ҳама зарур буд, ки мутмаин бишаванд сулҳи тоҷикон бебозгашт аст.
Зеро масъалаи бозгардондани маблағҳо таваҷҷӯҳашонро на камтар аз рушду нумӯи иқтисодиёти Тоҷикистон ба худ ҷалб мекард. Бинобар ин дар мулоқотҳои хеш ман ҳамеша онҳоро мутмаин месохтам, бовар мекунондам, ки сулҳи байни тоҷикон устувор аст ва он амали бебозгашт аст. Тоҷикистон кишвари аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок сарватманду ғанӣ аст. Захираҳои фаровони қувваи корӣ дорад. Бо истифода аз ин неъматҳои Худовандӣ дар як муддати кӯтоҳ метавонад ба қатори кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дохил шавад. Аксари ҳамсӯҳбатҳоям ба санаду далелҳои дар мулоқотҳо ироа намудаи ман эътимод мебастанд.
Ба фикри ман муҳимтарин бардошти онҳо аз ин сӯҳбатҳо ин буд, ки ҷанг дар Тоҷикистон дигар ба ҳукми таърих даромад. Ҷонибҳои дар гузашта мутахосим дигар ба ҳеҷ ваҷҳ алайҳи якдигар ба муқовимати низомӣ нахоҳанд пардохт.Марҳилаи наве дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии тоҷикону тоҷикистониён арзи ҳастӣ намуд. Марҳилаи ҳамдигарфаҳмӣ, бо роҳи музокирот, бо роҳҳои сиёсӣ ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда. Дар ин сӯҳбатҳо ҳамеша аз хусуси аҳамияти барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон барои амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ёдовар мешудам.
Дар ҳақиқат, ҷангу ҷидолҳои давомнок дар Афғонистони ҳамсоя батадриҷ вазъиятро дар дигар кишварҳои минтақа хеле ҳам нигаронкунанда сохт ва билохира оташи даргириҳоро дар Тоҷикистон фурӯзон кард. Расидан ба Сулҳ дар Тоҷикистон аз густариши босуръати қочоқи силоҳ, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар минтақа ба таври чашмгире ҷилавгирӣ намуд. Истиқрор ва таҳкими Сулҳ дар Тоҷикистон роҳро барои муборизаи самаранок бурдан алайҳи ин падидаҳои номатлуб ҳамвор хоҳад кард. Ҳаёт нишон дод, ки ин гуна вохӯриҳо, мулоқоту дидорҳо натиҷаҳои мусбате дар пай доштаанд.
Чунончи, танҳо як мисол меорам. 16 декабри соли 1997 Шӯрои Амнияти СММ дар иҷлосияи 52 – уми худ изҳороте қабул намуд, ки дар он Дабири Кулли Созмони Миллал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард то аз 1 январи соли 1998 сар карда ҳаҷми расондани кӯмаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон зиёд намоянд. 30 январи соли 1998 Бонки ҷаҳонӣ баҳри кӯмак барои аз нав барқароркунӣ ва азнавсозии водии Қаротегину минтақаи Вахё ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ қарз ҷудо намуд. Ин қарз ба мӯҳлати 40 сол дода шудааст.
Аз ин маблағ 5,1 миллион доллар барои барқарор кардани 15 кӯпрук ва 4 км роҳи Душанбе - Хоруғ, 2,3 миллион доллар барои барқарор кардани мактабу беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, 1,9 миллион доллар барои барқарор кардани сохтори хоҷагии қишлоқ ва соҳаи барқи ҷумҳурӣ мебоист сарф карда мешуд. 600 ҳазор доллари боқимонда бошад барои харидани тухмӣ ва нуриҳои азотӣ пешбинӣ шуда буд. Ин қарз аз моҳи марти соли 1998 сар карда дар давоми ду сол бояд истифода мешуд.
Ва бубинед, ки дар ин муддат дар минтақа чӣ гуна корҳо ба анҷом расидаанд. Тибқи маълумотҳое, ки дар расонаҳои хабарӣ дарҷ гардидаанд, дар ин минтақа аз ҳисоби татбиқи лоиҳаи мазкур ба маблағи 11 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ (як миллион доллари он ҳиссаи маблағии Ҳукумати Тоҷикистон ва 500 ҳазор доллар гранти Ҳукумати Швейсария мебошад) 317 иншооти харобгардида барқарор карда ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла: купрӯкҳо ва роҳҳо – 37 иншоот ба маблағи 5 миллиону 735 ҳазор доллари ИМА, дар соҳаи маориф – 106 иншоот ба маблағи 1 миллиону 320 ҳазор доллари амрикоӣ барои зиёда аз 35 ҳазор хонанда, дар соҳаи тандурустӣ – 40 иншоот ба маблағи 832 ҳазор доллари амрикоӣ барқарор карда шуд, ки метавонад дар як вақт ба 1439 бемор хизмати тиббӣ расонад.
Дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ – 25 иншоот ба маблағи 691 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шуд. Дар соҳаи таъмини барқ – 67 иншоот ба маблағи 1 миллиону 231 ҳазор доллари ИМА, аз он ҷумла 140 км хати интиқоли барқ ва 85 подстансияю трансформаторҳо барқарор карда шуданд. 42 иншооти соҳаи обёрӣ ба маблағи 441 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шуд, ки дар натиҷа 279 км каналҳо метавонанд 15 ҳазору 700 гектар заминро обёрӣ намоянд. Таи се соли татбиқи лоиҳа ( солҳои 1998, 1999 ва 2000) ба 5356 хоҷагии деҳқонӣ 4659 тонна картошкаи тухмӣ, 303 тонна гандуми тухмӣ, 977 тонна нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, 299 тонна сӯзишвориву рӯғанҳои молиданӣ, 75 адад дорупошак ба маблағи 1 миллиону 226 ҳазор доллари ИМА тақсим карда дода шуд.
Деҳқонони минтақа танҳо дар ду соли татбиқи лоиҳа (солҳои 1998 ва 1999) 3651 тонна гандум ва зиёда аз 26 ҳазор тонна картошка ба даст оварданд. Дар ин муддат аз ҳисоби машғул шудан ба корҳои кишоварзӣ зиёда аз 32 ҳазор нафар одамон, аз он ҷумла 645 шахси собиқ мусаллаҳ бо кор таъмин карда шуд.
САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 18
(идома дорад)
Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3531----lr-19.html