20:23:11 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 11

 

 

ЭЪЛОМИЯИ РОҲБАРИЯТИ ИНОТ

 

Ҳайати Роҳбарии Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозит-сиони Тоҷик бо қаноатмандӣ эълом медорад, ки ниҳоят дар натиҷаи кӯшишҳои пайгирона ва заҳмати фаровони ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон татбиқи «Потокол оид ба масъа-лаҳои низомӣ» ба марҳалаи ниҳоӣ расид. То имрӯз ҳайати шахсии размандагони ИНОТ пурра номнавис ва ба ҳисоб гирифта шуда, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Аслиҳа, тех-никаи ҳарбӣ ва  муҳимоти онҳо низ ба ҳисоб гирифта шуд ва дар ҷойҳои алоҳидаи дилпур муҳофизат ва нигоҳдорӣ мешавад.

 

Аз ҳисоби размандагони ИНОТ ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи доимии ҶТ таъсис ва онҳо ба  қисмҳои дахлдори сохторҳои қудратии Тоҷикистон шомил шуданд. Ва бо ҳамин марҳилаи дуюми «Протокол оид ба масоили низомӣ» ба анҷом расида, ба таври ошкоро эълом медорад, ки дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ барҳам дода шуданд.

 

Роҳбарияти ИНОТ тақозои онро дорад, ки тибқи Созишномаи умумӣ ва Протоколи 17- июни  соли 1999, ҳокимияти Тоҷикистон баъди пахши эъломияи мазкур дар муддати як ҳафта манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷумбишҳои сиёсии шомили ИНОТҲизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, созмони мардумии «Лаъли Бадахшон» ва воситаҳои ахбори умуми онҳоро бекор мекунанд ва заминаро барои иштироки ҳатмии онҳо дар маъракаҳои сиёсии дар пеш будараъйпурсӣ ва интихоботҳои Президент, парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ муҳайё созанд.

 

Роҳбари Иттиҳоди Неруҳои

Оппозитсиони Тоҷик                                              Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Душанбе,  3 августи 1999

                 

Дар робита ба нашри ин Эъломияи роҳбарияти ИНОТ ҷаласаи Комиссияи Оштии Миллӣ баргузор гардид, ки дар он ин иқдоми ҷониби Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар натиҷа аъзоёни КОМ иброз доштанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳое фароҳам омаданд, ки ба анҷом расидани марҳалаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» - ро ифода мекунанд ва эъломияи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба онҳо мувофиқат менамояд. Дар ин ҷаласа матни Муроҷиатномаи КОМ ба муносибати эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ тасдиқ карда шуд. Бинобар сабаби аҳамияти таърихӣ доштанаш қарори ин ҷаласа ва матни Муроҷиатномаи КОМ - ро манзури шумо мегардонем:

 

ҚАРОРИКОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

Комиссияи Оштии Миллӣ гузориши раҳбари ИНОТ мӯҳ-тарам Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар бораи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ шунида, қарор мекунад:

 

1. Дар ҷумҳурӣ ҳолатҳое фароҳам омадаанд, ки ба анҷом расидани марҳалаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масаъла-ҳои низомӣ» - ро ифода мекунанд ва эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба онҳо мувофиқат менамояд.

 

2.Муроҷиатномаи КОМ ба муносибати эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ (замима мешавад) тасдиқ карда мешавад.

 

3.Аз ҳукумат ва ИНОТ хоҳиш карда шавад, ки фаъолияти худро дар бобати амалӣ кардани сулҳи устувор тибқи Созишно-маи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27. 06. 1997) ва Протоколи татбиқи хулосаи гурӯҳи кории ҳукумат ва ИНОТ (17. 06.1999) пайгирона идома диҳанд.

 

4.Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмо-нов Э.Ш. хоҳиш мешавад, ки ин қарорро дастгирӣ кунад.

 

Раиси Комиссияи

Оштии Миллӣ                                                                                С.А. Нурӣ                          

 


МУРОҶИАТНОМАИ

 

КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

ба муносибати эъломи барҳам дода шудани дастаҳои  мусаллаҳи ИНОТ

 

Дар раванди сулҳи мо воқеаи муҳиме ба амал омад – имрӯз марҳалаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масъа-лаҳои низомӣ» ба анҷом расиданд. Раҳбарияти ИНОТ тиб-қи Созишномаи умумӣ ба  таври расмӣ барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи худро эълон намуд ва онро ҳукумати Тоҷикистон пазируфт. Ин воқеаи ниҳоят муҳими таърихӣ дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Зеро эълон шудани лағви дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия далели он аст, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон ҳарчи амиқтар густариш ёфта барои ҳаёти осоишта дар ватани азизи мо шароити мусоид фароҳам омадааст.

 

Барҳам дода шудани ин дастаҳои мусаллаҳ эътимоди мардуми сулҳхоҳи моро ба ояндаи нек зиёдтар мегардонад ва бешубҳа барои осудагию ободии кишварамон мусоидат ҳоҳад кард. Ин рӯзро марду-ми тоҷик дер боз интизор буд. Зеро ба ҳама маълум аст, ки дар як ватан ва барои як халқ вуҷуд доштани нерӯҳои мусаллаҳи ба ҳам зид амри ғайритабиист. Мо ҳам як мақ-сад дорем, ки он иборат аз бунёди Тоҷикистони ободу му-тараққӣ ва мустақил мебошад ва эъломияи имрӯза роҳи моро барои расидан ба ин мақсад наздиктар мекунад.

 

Вазифаи асоситарин ва виҷдонии ҳамаи мо дар шароити кунунӣ таъмину таҳкими ваҳдату ҳамдигар-фаҳмии халқи  Тоҷикистон мебошад. Ин кор ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки силоҳ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғай-риқонунӣ вуҷуд надошта бошанд. КОМ бо қаноатмандӣ зикр мекунад, ки роҳбарияти ИНОТ изҳор намудааст, ди-гар ҳеҷ кадом гурӯҳи мусаллаҳе ё шахси силоҳдоре, ки ҷиноят содир мекунад ва силоҳро ғайриқонунӣ нигоҳ медорад, наметавонад худро ба номи ҷонибдор аз оппозит-сия аз ҷазо наҷот диҳад. Ҷинояткор пуштибон надорад, вай дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Таъмини қонунро мақомҳои дахлдори ҳокимият танзим менамоянд.

 

Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, мақомоти олии давлат борҳо эълон карда буданд: шаҳрван-доне, ки силоҳи худро ихтиёран месупоранд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 2 декабри соли 1994 ба ин кор асоси мустаҳкам гузошт ва пас аз нашри он шаҳрвандон миқдори зиёди сило-ҳи худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Вале му-таасифона, як теъдод шаҳрвандон то ҳанӯз ғаӣри қонунӣ силоҳ нигоҳ медоранд, ки он ба амнияти шаҳрвандони дигар хатари ҷиддӣ дорад. Ин силоҳҳо барои тарсонидани мардум, ғорат, террор ва дигар амалҳои зишт истифода бурда мешавад.

 

Имрӯз мо ба ақлу заковати ҳар кадоми шумо, ҳамватанони азиз, муроҷиат мекунем: оё худкушӣ, ҳам-дигаркушӣ, хонабардӯшӣ, фарзандонро аз падару модар ятим, зиндаҷудо кардан, падару модарро дар ғами фарзанд сиёҳпир кардан бас нест? Биёед якҷоя пеши ин бадбах-тиҳоро гирем. Дар ин роҳ, дар қадами аввал, аз силоҳҳои ғайриқонунӣ халос шавем. Аз онҳое, ки силоҳи ғайриқонунӣ доранд, даъват мекунем, ки дар мӯҳлати 20 рӯз силоҳҳои худро ба мақомоти марбут ихтиёран  супоранд ва бо ин садоқати худро ба халқу ватан ва сулҳ, ба зану фарзанд, падару модар ва ҳамаи пайвандонашон собит кунанд.

 

Таъкид мекунем,ки ҳанӯз ҳам барои ихтиёран супоридани силоҳ ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудан имконият мавҷуд аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодаанд ҳама гуна силоҳҳоро аз шаҳрвандон бемамониат қабул намоянд. Бо эълони ба анҷом расидани марҳилаҳои якум ва дуюми Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ барои халъи комили силоҳ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин акнун дарки масъулият ва таъмини волоияти қонун бояд ба сатҳи баланд бардошта шавад. Ин барои озодии комили шахс шароити амалӣ фароҳам месозад.

 

Эълони барҳам додани дастаҳои низомии оппозитсия маънои онро дорад, ки ИНОТ аз созмони ҳарбию сиёсӣ ба созмони сирф сиёсие мубаддал хоҳад шуд ва ин ҳолат заминаро барои фаъолияти ҳизбу созмонҳои шомили он фароҳам хоҳад сохт. Ин имкон медиҳад, ки раъйпурсии умумихалқӣ, интихоботи парламенти нав ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва дар фазои озод баргузор шавад.

 

КОМ ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро даъват мекунад, ки бо дарки масъулияти бузурги таърихии худ барои пойдории сулҳу оштии миллӣ ва тақвияти раванди демократӣ фаъолона кӯшиш кунанд, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсондӯстонаи Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ намоянд, барои нигоҳ доштани фазои ороми сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии халқ қувваю ғаӣрати худро дареғ надоранд. Биёед шароити бузургеро, ки таърих барои шукуфоии кишвар фароҳам сохт, аз даст надиҳем.

 

Итминони комил дорем, ки бо муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният ватани азизи худро ба кишвари мутараққӣ ва саодатманди демократӣ табдил хоҳем дод. Ҳар фарди Тоҷикистон, ҳизбу созмонҳо ва ба хусус ҷонибҳои масъул барои сулҳи пойдор дар кишвари азизамон тамоми чораҳоро биандешанд,  то ки оромиву амнияти кишвар, ҳар узви ӯ таъмин ва хатари дубора сар задани дасисаҳо аз байн равад.

 

Ҷанг гузаштаи бебозгашти мост ва аммо мардуми мо, ки даҳшатҳои ҷангро бисёр дидааст бар он мекӯшанд, ки ҳатто оддитарин ҳодисаи ҳамдигарно-фаҳмӣ ба амал наояд. Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди Тоҷикистон тарафдори сулҳу оромии кишвараш мебошад, барои ҳамин ҳам биёед ҳама чун як тан барои ин мақсади нек мубориза барем. Пойдории сулҳ аз ҳар кадоми мо – мардуми Тоҷикис-тон вобаста аст.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2680----lr-10.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi