02:14:50 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ваҳдати миллӣ – ҷашни фархундаю сарнавиштсоз

Тавре ки аз таърих маълум аст, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Сомониён душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд ва дар натиҷа давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард. Мардуми  тоҷик табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвар буда, дар лаҳзаҳои басоҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар медонанд.

vahdati-milli7825455.jpgДар мавриди Рӯзи ваҳдати миллӣ доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ Қаҳҳор Расулиён чунин ибрози андеша намуд: «Ҷанги солҳои 90-умро дар  Тоҷикистон бо номҳои гуногун муаррифӣ кардаанд, аз ҷумла онро ҷанги дохилӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш номиданд. Хушбахтона, он дар як муддати кӯтоҳ паси сар шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик мардумест, ки ҷангро намехоҳад, мардуми сулҳдӯсту сулҳпараст мебошад. Ин созишномаи сулҳе, ки ба имзо расид, пеш аз ҳама натиҷаи хираду ақлу  заковати азалии мардуми тоҷик ва аз он бештар роҳбарони ду ҷониб буд. Дар баробари ин дӯстони русу эронӣ, афғону қазоқу дигар, барои муваффақ шудан ба ин сулҳ ба мо кумак карданд. Ин ҷо  хидмати онҳоро мо низ бояд нодида нагирем. Яъне пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати бузурги миллати тоҷик, сарони ин миллат ва баъдан дӯстони дуру наздики мо буд, ки воқеан мехостанд дар ин сарзамин оромӣҳукмрон бошад».

Аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар мегардад. Баробари таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар мегардад.

Қаҳҳор Расулиён дар мавриди ободиву созандагии кишвар, аз ҷумла фикрҳояшро чунин баён намуд: «Дар ҷое ки ҷангу нооромӣ ва нофаҳмӣ аст, аз хонавода сар карда, то кишвар, то давлат, то қитъаҳои дигари олам ҳеҷ гуна пешравию пешрафт вуҷуд дошта наметавонад. Тамоми дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст.  бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Вақеан ҳам дастовардҳое, ки мо дорем, дар муқоиса ба солҳои пешин хеле чашмгир ва назаррасанд. Маҳз ҳамин оромӣ аст, ки мардум имрӯз ба бунёдкорӣ ва созандагӣ даст задаанд».

Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Ба қавли Қаҳҳор Расулиён ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

«Ҳар як тоҷик бояд худро шиносад, донад  ки тоҷик кӣ буд ва дар оянда бояд дар кадом сатҳқарор дошта бошад. Барои он ки мо худшинос шавем, бояд таърихи гузашта, фарҳангу тамаддуни пурбори худро омӯзем, ба умқи он сарфаҳм равем. Танҳо дар он маврид мо метавонем ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем»,- мегӯяд мусоҳиб.

Бояд гуфт, ки 18 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсоз, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi