01:37:19 12-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: «СУЛҲ ИН ДОДАНИ ИМТИЁЗ БА ГУРӮҲЕ НЕСТ»

 

Расо 15 сол қабл, рӯзи 19 апрели соли 1994 дар пайи ду ҳафта гуфтушуниди хеле ҳам душвор ва ҷиддии даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав тарафҳои сулҳкунанда нахустин санади музокирот Протокол дар бораи таъсиси Комиссияи муштарак оид ба ҳалли проблемаи марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбурӣ аз Тоҷикистонро қабул карданд.  

Агарчи то расидан ба сулҳи комил лозим омад, ки тӯли беш аз се соли дигар садҳо ҳуҷҷатҳои ҷиддитаре қабул шаванд, вале роҳро ба суйи гуфтушунидҳои сермаҳсултар ва сулҳу субот маҳз ҳамин санади нахустин кушод. Зеро он нишон дод, ки тарафҳо ба хотири дарёфти сулҳу субот дар пайраҳае қадам мезананд, ки он ба ҳамдигар гузашт кардан ном дорад. Баъдҳо тарафҳо дарк карданд, ки гузаштан аз худ дар асл ин бақо бахшидан бахуд будааст.


Ба муносибати ин санаи фаромӯшношуданӣ як силсила мусоҳибаҳои Султони Ҳамадро, ки асосан аз даврони музокироти сулҳи байни тоҷикон қисса мекунанд, пешкаши шумо муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор менамоем. Нахустин шуда мусоҳибаи ӯро бо яке аз роҳбарони ҳайати ҳукуматӣ дар музокироти сулҳи байни тоҷикон мӯҳтарам профессор Иброҳим Усмонов пешкашатон менамоем. Мусоҳиба расо ду сол пеш анҷом шудааст. Вале он то ба имрӯз дар ҳеҷ куҷое ба нашр нарасидааст ва инак бори нахуст дар сомонаи «Рӯзгор» ба табъ мерасад.


Устоди гиромӣ, барои чӣ баъди ба даст даровардани истиқлолият дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷангҳои шаҳрвандӣ ба вуқӯъ напайвастанду танҳо дар Тоҷикистон ҳамин фоҷиъа рух дод?

Ман имрӯз ба ҳайси сиёсатмадор не, ба ҳайси муаррих сухан гуфтан мехоҳам. Барои ҳамин баъзе саволҳои шуморо тағйир дода ҷавоб диҳам, шумо, маъзур доред маро.Ҷанги шаҳрвандӣ дар аксарияти минтақаҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ё дар арафи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин ё он васила ба вуҷуд омад. Ё омаданӣ буд, пешгирӣ карданд. Исёни донишҷӯёни Тошканд ва кушта шудани қариб 30 нафар ҷавонон ва аз Тошканд табъид шудани ҷавонон ба вилоятҳои ӯзбекистон. Ҷанги байни ӯзбекҳо ва туркҳои масхадӣ дар водии Фарғона, ҷанги байни ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар водии Фарғона, ҷанги байни худии инқилобмонанди қирғизҳо, ки то ҳозир давом дорад, террори демократҳо ва дар майдони варзиш кушта шудани онҳо дар Ашқобод ва оқибати он ба сарнавишти Ашқобод, ҷанги байни арманиву озарӣ дар масъалаи Қарабоғ ва сарнавишти то имрӯз номуайяни Қарабоғ, ҷанги шаҳрвандӣ дар Гурҷистон ва оқибатҳои он, ки то имрӯз давом дорад, ҷанги шаҳрвандӣ дар Молдава, ки он то ҳозир давом дорад, ё воқеаҳои Тотористон, аввалин кишваре, ки истиқлолиятхоҳ буд аз Русия ва сарнавишти вай, ҷанги сепартистии чеченҳо ва натиҷаи он, ки қариб ҳамаи мардуми Чечен террорист эълон шуданд ва амсоли ин далел аст, ки ҷанг танҳо дар мо набуд, дар дигарҳо ҳам буд.

Ман хурсандӣ кардан намехоҳам, ки дигарҳо ҳам ҷанг доштанд. Ман фақат ҳақиқати таърихро ёдоварӣ кардан мехоҳам. Ҷанги мо як ҷанги дар мафҳум барои ман нофаҳмо аст. Ин ҷанги миллӣ набуд, ҷанги сиёсӣ набуд, ҷанги динӣ набуд, намедонам чӣ ҷанге дар ин миёна пайдо шуданаш мумкин, ки бошад. Агар ҷанги сиёсӣ мебуд, пас бояд ду қувваи бо ҳам қатъии сиёсӣ мавҷуд мебуданд. Вале демократҳо ба андеша ба коммунистҳо наздиканд, онҳо ҳамроҳи нерӯҳои Иттиҳоди исломӣ буданд ва на ҳаркасе, ки дар ҳукумат буд, коммунист ҳам буд. Ин динӣ набуд, зеро диндорон дар ҳарду ҷониб ҳам буданд, ҳарду тарафро ҳам ҳимоя мекарданд. Ин масъалаи миллӣ набуд, тоҷикон ба муқобили ҳеҷ миллат наҷангиданд, балки ба муқобили худ ҷангиданд.

Пас ин ҷанг, шояд ҷанги мақомталошӣ буд, ё чизе ба ин монандтар буд. Аслан ин ҷангҳо бояд ниҳоят зуд ба анҷом расанд. Бадбахтона, ин ҷанг дар мо зиёд давом кард. Аз ҷанги дуюми ҷаҳон зиёдтар давом кард ин ҷанге, ки дар Тоҷикистон ба роҳ кашидем. Агар аз моҳи майи соли 1992 то анҷоми кори Комиссияи Оштии Миллиро дар назар дошта бошем, ин ҳамин хел як фосилае шуд. Пас ман гуфтанӣ ҳастам, ки ин ҷанг хоси ҳама буд ва дар мо шакли номуайяни ин ҷанг омада буд. Вале шукр, ки мо сулҳ кардем ва ин сулҳро ҳамаи халқи Тоҷикистон кард ва ин сулҳро онҳое, ки аз номи халқ, аз номи ҳукумат ба ин гуфтушунидҳо вакил шуда буданд, онҳо карданд. Ин сулҳро онҳое карданд, ки дар маҳалҳо ба оташбас нигоҳ карданд ва ниҳоят тасмими ин сулҳро ду роҳбар гирифтанд, ки барои ҳамин чиз меарзад, ки ба ҳамаи одамҳое, ки зикрашон рафт, миннатдорӣ кард.

Дуруст аст. Ба ҳар ҳол бар мегардем ба ҳамон давраи музокирот. Бо вуҷуди ҳамин қадар сол идома пайдо кардани ҷанг, билохира ҷонибҳо маҷбур шуданд, ки ба сари мизи музокирот бишинанд. Чи омилҳо онҳоро маҷбур кард, ки масъаларо аз тариқи гуфтушунид ҳал бикунанд?

Мо дар бораи омилҳои эҳсосотияш зиёд гуфтаем. Дар бораи он, ки миллати мо таърихи бузурги фарҳангӣ дорад, фарҳанги бузург дорад ва ин ҷангҳо кори мо не, касби мо не, лиҳозо мо ба ҷангҳо ба зуди хотима додем, ва дуруст аст, ки ин омилҳо ҳам буданд. Аз ҷониби дигар омили ватанпарварии миллати тоҷик ҳам буд, омили дигар, зарурати пешгирии хатари аз байн рафтани давлати мо буд. Вале омилҳои табиӣ, омилҳои воқеии ин чизро ҳам мо бояд мадди назар бигирем. Агар вазъияти зиндагии мардуми тоҷик берун аз хоки худ монанди имрӯза мебуд, мо ба сари гуфтушунид ба ин наздикӣ наменишастем. Монанди имрӯза чӣ гуна аст? Ҳозир тоҷикон одат кардаанд, ки дар кишварҳои дигар зиндагӣ кунанд. Дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, дар Урупо ва ҳатто дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд.

Тоҷикони Тоҷикистонро дар назар дорам. Агар ҳамин ҳолати одатшуда мебуд он вақт, сулҳи мо барвақт шурӯъ намешуд. Он вақт ҳолати мурғи хонагиро доштем. Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ, ҳатто қабл аз ин, дар даврони ҳукумати подшоҳӣ ҳам дар ватан зистанро одат карда буданд. Аз ватан берун рафтан монанди кӯдаке, ки ду дақиқа кӯча равад, аз тарси модараш боз мегардад, ана ҳамин хел ҳолати хонанишинӣ дар мо ҳукмрон буд. Ҳар касе, ки аз Тоҷикистон берун рафт, гарчи озодии бештар дошт, имконияти бештар дошт, пулу моли бештар дошт, хатар аз сараш дур буд, лекин дилаш мекафид аз ғуссаи он, ки дар хонаам чи шуд. Хонааш вайрон шуда буд. Вақте рафтанаш дида буд, ки хонааш вайрон шуда буд. Вақти рафтанаш дида буд, ки агар наравад, ӯро куштанашон мумкин аст, лекин боз дар ҳамон ғарибӣ ғами хонаам чи шуд аз сари ӯ дур намегардид.

Мақсади ба ватан бозгаштан дар ӯ пайдо мешуд. Ғуссаи дили онҳое, ки дар ватан боқӣ монда буданд, аз ғами онҳое, ки ҳиҷрат карда буданд, зиёдтар буд. Инҳо ҳам онҳоро бозгашташонро мехостанд. Ман шоҳид ҳастам, шоҳиди зинда ва ба чашми худ дидам, ки масалан аз Қӯрғонтеппа то шаҳри Душанбе– даҳ пости тафтишкунанда буд. Сарфи назар аз ин мардум аз Қӯрғонтеппа, аз Шаҳртуз хеста ба Душанбе омада, тавассути радио ақрабои худро дар онсӯи дарё суроғ мекарданд, даъват мекарданд, хабар медоданд ба онҳо, ки чи гап аст. Яъне ин буғзи дил аст, буғз аст. Яъне мардум дар ҳарду тарафи дарё, дар ҳар куҷое, ки буданд, дилашон буғз мекард. Ва роҳбарият инро эҳсос мекард, раҳбарияти ҳарду ҷониб. Ин аст як омиле, ки тарафҳоро ба ҳам шинонд.

Аз тарафи дигар дар дохили кишвар, ҷиҳати иқтисодӣ ниҳоят бад буд. Масъалаи иқтисодӣ, таъмини мардум бо нон, бо маош имкон надошт, ёрӣ даркор буд. Наметавонист ин вазъият боз тӯл кашад. Агар ин вазъият тӯл мекашид, имконияти аз байн рафтани ин ҳукумат ба миён меомад. Аз тарафи дигар ҳукумат дар Тоҷикистон натавонист дастгирии умумӣ пайдо кунад. Дар амал (де-факто) Тоҷикистон ба қисматҳо тақсим шуда буд. Ҳатто Суғд аз марказ ҷудо шуд. Суғд, ки ҳам ақида ва ҳамрайъи ҳукумати мазкур буд, ҳамон ҳам амалан ҷудо шуда буд. Воқеаи соли 1993 дар ёдатон ҳаст, ки дар Зарафшон купрӯкро тарконданд. Депутатҳо ба иҷлосия моҳи декабри соли 1993 наомаданд ва амсоли ин. Яъне ин хел парокандагиҳо ба вуҷуд омада буд. Пеши ин роҳро гирифтан даркор буд.

Ва роҳарияти дар Хуҷанд таъйин шуда ҳам, аз ҷониби қувваҳои дигар тазйиқ меёфтанд. Воқеаи соли 1996 дар Хуҷанд рух додаро ба хотир биёред. Дар минтақаи Қаротегин вазъият тамоман носолим буд. Ҳатто дар водии Вахш ҳам вазъият чандон солим набуд. Водии Ҳисор ҳамин хел буд. Он роҳбарони ҳисорӣ, ба ном роҳбарҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ ба муқобили ҳукумате, ки худашон дар сохтмонаш иштирок карданд, нерӯву қувва бардоштанд. Ин чизҳо хоҳед нахоҳед тарафҳоро водор кард, ки андеша кунанд. Ҳам тарафи ҳукуматро ва ҳам тарафи мухолифинро барои андеша вомедошт. Ва хушбахтона, омилҳои байналмилалӣ ҳам пайдо шуданд. Баъди изҳороти Нурулло Ҳувайдуллоев дар моҳи июни соли 1992 дар Хуҷанд дар бораи авзои Қӯрғонтеппа, баъди сару садоҳо баровардани кишварҳои ҳамсоя ба ин воқеаҳо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз тирамоҳи соли 1992 ба Осиёи Миёна омада буданд. Қабл аз ҳама дар ин сафар ҳадафашон Тоҷикистон буд.

Ва гузорише, ки онҳо тайёр карданд, ба Созмони Милали Муттаҳид ихтор дод, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунад. Барои ҳамин аз соли 1993 Созмони Милали Муттаҳид ба ин чиз ҷиддитар машғул шуд. Русия ва Эрон. Такягоҳи ҳукумат ва мухолифин. Мухолифин бидуни Эрон қуввае надоштанд. Ҳукумат бидуни Русия қуввае надошт. Инро бояд гӯем, эътироф ҳам кунем. Дар Эрон чизе пайдо шуд, ки таваҷҷӯҳи Русия даркор буд ба он. Пас ҳамфикрии Эрону Русия дар масъалаи худашон ва иртибот ба худашон ва ба онҳое, ки сарпарастӣ мекарданд ба вуҷуд омад. Ин омилҳо сабаб шуданд, ки музокирот оғоз гардад.

Музокирот дар Маскав оғоз гардид. Чаро дар Теҳрон не, дар дигар ҷо не, маҳз дар Маскав?

Дар марҳилаи аввал дар ин чизҳо Русия фаъолтар буд нисбат ба Эрон. Русия бештар ҳавасманд буд, ки ҳамин сулҳ ҳарчи зудтар анҷом ёбад. Чунки сохтори мавҷудаи давлати Тоҷикистон ба фаҳмиши Русия наздиктар буд. Сохторе, ки эрониҳо мехостанд, ҳанӯз дар Тоҷикистон қудрат надошт, ки барои ҷамъбаст кардан, барои ба сулҳ овардан талоши онҳо бештар шавад. Барои ҳамин Русия бештар ҳавасмандӣ зоҳир кард. Русия аз пешниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кард, бинобар музокирот дар он ҷо оғоз шуд. Аз тарафи дигар ба ҳисоб гиред, ки чун Эрон бо Амрико чандон иртиботи хубе ҳам надошт ва Созмони Милали Муттаҳид ин як шӯъбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъзан ба назар мерасад, дар ҳамон ҳолатҳо Эрон барои худ лозим надонист, ки ҳамроҳи инҳо мустақиман ба сулҳ оғоз кунад. Марҳилаи аввалро ман дар назар дорам, барои ҳамин ҳама чиз тавассути Русия ҳал шуд ва албатта бо ризоияти Эрон. Чун кори сулҳ дар онҷо шурӯъ шуд, маҷлиси аввал ҳам дар ҳамон ҷо доир гардид.

Шумо аз ҷумлаи яке аз роҳбарони ҳайати музокиракунандаи ҳукуматӣ будед. Мехостам дар бораи чӣ гуна ҳамон ҳайат ҷамъ шуду чӣ гуна эъзом гардид ва аввалин мулоқоти шумо бо ҳайати мухолифин дар Маскав чӣ гуна гузашт, ҳарф мезадед?


Хуб. Ман аз он шурӯъ мекунам, ки тақрибан дар нимаҳои моҳи март ҷаноби Достиев маро даъват карда гуфтанд, ки музокирот оғоз мешавад. Онҳо шахси дуюми Тоҷикистон буданд дар он вақт. «Мо мехоҳем, ки гурезаҳои худро ба ватан баргардонем». Пеш аз ҳама ният ҳамин буд, ки гурезаҳои худро ба ватан баргардонем. «Шумо дар ҳамин мулоқот иштирок мекунед ва ба ҳайати ҳукуматӣ роҳбарӣ мекунед». Ман он вақт муовини раиси радиои Тоҷикистон будам. Ман гуфтам, ки «намедонам аз он тараф киҳо ҳастанд, ақидаи ман мутлақо ба ақидаи онҳо мувофиқат намекунад, ман имкони дар ин иштирок карданро надорам». Достиев кӯшиш карданд, ки бовар кунонанд, ки нашуд. Гуфтанд, ки бирав. Рафтам. Рӯзи дигараш Раҳмонов, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, даъват карданд.

Боз ҳамин масъала ва гуфтанд, ки «гумон накун, ки ҳамаи мо ҳамдигарро дӯст медорем. Онҳо ҳам моро дӯст намедоранд, мо ҳам онҳоро дӯст намедорем. Лекин мо ҳамаамон ба ҳар ҳол як ҷои умумии дӯстдоштание дорем, ин Тоҷикистон аст. Аз ин зиёдтар бадтар шуданаш мумкин нест. Хоҳиш мекардам, ки агар роҳбар шудан намехоҳед, ба ҳайат ҳадди ақал дохил шавед, бо ҳайат равед, ку бинем чӣ мешавад. Авзои иҷтимоиямон, авзои иқтисодиамон чандон хуб нест, шояд шурӯъи музокирот ба ҳалли ин проблема як кӯмак расонад. Ин тарафи масъала ҳам ҳаст». Гуфтам хуб. Чун ду нафар шуданд ва роҳбари асосӣ ҳам ба ин чиз дахолат карданд ва ман гуфтам, ки меравам.

Дигарҳо ҳам фикр мекунам ба ҳамин шева ҷамъ шуданд. Ҳайати ҳукуматии мо чи хусусият дошт? Дар байни мо се-чор нафар барои музокирот ҳамчун шахсиятҳои сиёсӣ даъват шуданд. Гумон мекунам ин Шукурҷон Зуҳуров, ман, Амирқул Азимов, Баҳодур Абдуллоев ва Сайид Салимов буданд. Ғайр аз ин чанд нафари дигар ҳамчун намояндаҳои маҳалҳо ва ақалиятҳои миллии Тоҷикистон дар мо ҷалб шуданд. Масалан, прокурори вилояти Суғд, як каси дигар аз вилояти Хатлон, як кас аз водии Ҳисор, як кас аз намояндаҳои Бадахшон ва як нафар ҳам аз намояндаҳои қавми ӯзбек Раҳим Ҳошимов ба ин ҳайат дохил шуданд. Ҳайати мо ба ҳамин шакл ташаккул ёфт ва баъд рафтем Маскав.

Тарафи дигар камтар буданд. Шаш нафар буданд. Ду нафар роҳбар ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҷаноби Ҳимматзода иштирок накарданд ва таҳти роҳбарии шодравон Латифӣ мухолифин ба сари мизи музокирот нишастанд. Шурӯъи музокирот на ба манфиати мо буд. Рӯзи сеюми апрел Олег Панфилов дар «Независимоя газета» як мақолае чоп кард ва ба таври худ барои мардуми Маскав ҳайатҳоро шиносонд. Аз ҷумла ӯ он ҷо гуфт, ки дар ҳайати Тоҷикистон асосан коммунистҳо ҷамъ омадаанд. Ном гирифт аз ман, Амирқул, Баҳодур, Сайид Салимов. Ҳатман коммунист ҳам будем. Ман узви бюрои сиёсии ҳизби коммунист будам. Вақте, ки аз ҷониби мухолифин ёдоварӣ мекард, мегуфт, ки инҳо депутатҳои собиқ, вазирҳои собиқ. Воқеан ҳам ҳамин хел вазифа замоне доштанд. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода депутат, Отахон Латифӣ муовини сарвазир , Худойбердӣ Холиқназаров якчанд моҳ вазири умури хориҷа шуда кор карда буданд. Намояндаи «Растохез» вазири нақлиёт буд. Маъзарат мехоҳам, номаш дар ёдам нест.


Бозоралӣ Сафаров.


Бале, Бозоралӣ Сафаров. Олег Панфилов аз вазифа ва ваколатҳои онҳо, ки замоне доштанд, мегуфт. Аз мо ваколат доштанд, лекин инро намегуфт. Ин барои Русия даркор буд, зеро барои Русияи замони Елтсин коммунист ин бади бад, аз ин бадтараш мумкин набуд. Ин ба он маъно буд, ки агар намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ана ҳамин коммунистон бошанд, ин ҳукумат ҷои дастгирӣ надорад. Ба ҳамин шакл шурӯъ шуд музокирот. Хуб душвор буд бо ҳамдигар мулоқот кардан, ҳамдигарро шинохтан, ба ҳамдигар гап задан. Ҳатто гап задан душвор буд, рӯ ба рӯ шиштан душвор буд. Ҳамин тавр шурӯъ шуд дар Маскав ба ҳамин минвол.

Шукр, ки шурӯъ шуд, шукр, ки ҳамдигарро шинохтем ва ҳамдигаршиносии мо имкон дод, ки ба ақрабо фаҳмонем, ки онҳо ҳам одамони бад нестанд. Боварӣ дорам, ки он тараф ҳам ҳамин гапро мегуфтанд. Ақрабо ба хешу ҳамдеҳаву ҳаммасҷиду ба дигарҳо мегуфтанд, ки роҳи сулҳро ёфтан даркор. То кай мо ин хел мегардем? Ҳамин хел халқ бовариаш зиёдтар мешуд.

Бале, шумо музокиракунандаҳо аз аввалинҳо будед, ки дар доираи танг ҳам бошад, оштӣ кардед, сулҳ кардед. Ин яке аз натоиҷи ин даври музокирот буд. Боз чӣ дастовард дошт ин даври музокирот?

Мо рӯзномаи музокиротро муайян кардем. Дар дувоздаҳ рӯзе, ки дар Маскав кор кардем, коре, ки карда тавонистем, гуфтем, ки бояд музокироти мо аз се масъала иборат бошад. Се гурӯҳи масоил иборат бошад: якум масоили гурезаҳо, дуввум масоили гурӯҳи ҳарбӣ, сеюм масоили давлатдорӣ аст. Ва гуфтем, ки ин чунин маъно надорад, ки як гурӯҳи масъалаҳоро ҳаллу фасл мекунем ва баъд ба гурӯҳи дуюм мегузарем. Гуфтем, ки ҳарсеи ин масъалаҳоро баробар ба ба анҷом мерасонем, ҳарсеашонро дар як вақт татбиқ мекунем. Гуфтем, ки мо дар бораи гузашта ҳарф намезанем. Ҳар он чи, ки дар бораи гузашта гап задан даркор буд, қаблан гуфтем.

Дашном додем, қаҳр кардем, гила кардем, норозигӣ кардем, баромада рафтем. Перес Баллон, ки аввалин намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар музокирот буд, гуфт, ки «мо ҳар қадар, ки дар музокирот давраҳои қадимро ба ёд биёрему аз ҳамдигар норозигӣ кунем, ҳамон қадар пеш намеравем. Яъне мо дар якҷо боқӣ мемонем. Имрӯз, ки дилро холӣ кардед, дигар ба он масъалаҳо боз намегардед. Ман ба шумо имкон намедиҳам, ки шумо дигар ба он чиз боз гардед». Мо гуфтем, ки дуруст аст, ҳамин хел ҳам аст. Мо, тарафи ҳукумат, дар давраи аввал хостем, қабл аз ҳама гурезаҳоро боз гардонем. Як матлаб ҳам тайёр кардем, як қатъномае барои бозгардонидани гурезаҳо. Аввал аз понздаҳ банд иборат буд. Баъд се банд шуд. Ва ҳеҷ чиз ҳам дар он тақрибан намонд.

Ҳамонро қабул кардем. Азбаски дидем ҳеҷ ҳуҷҷат пайдо намешавад, Ливию Ботта, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд, марҳум академик Усмон Холдоров, ки ҷузъи ҳайати ҳукуматӣ буданд ва ба ҳайси намояндагӣ аз Бадахшон дар онҷо иштирок доштанд, як муроҷиатномаеро барои қабули тарафҳо пешниҳод карданд, ки бояд мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» аз ҷанг осеб набинад. Ин ба музокирот ҳеҷ дахл надошт. Лек як ҳуҷҷате буд, ки онро қабул кардем. Ва аввалин бор мо тамдид кардем сулҳи Тоҷикистонро барои муддати шаш моҳ.

Гуфтем ки дар тӯли шашмоҳи дигар тарафҳо аз ҷанг даст мекашанд, то ки мо имконияти музокиротро бинем, ки чи кор кунем. Чизи асосие, ки гуфтем, ин буд, ки дар ҳоле, ки садои тир аст, музокира намешавад. Аз ин сабаб мо, ки музокира шурӯъ кардем, бояд садои тир набошад. Ин аввалин муваффақиятҳои мо дар давраи аввал буд.

Дар даври дуюми музокирот, ки дар Теҳрон гузашт, чандон пешравие ба назар нарасид. Вале якчанд моҳ баъд, дар машварати Теҳрон дар моҳи сентябри ҳамон сол аввалин Созишнома дар музокирот, Созишномаи оташбаси муваққатӣ ба имзо расид. Ин таҳаввулоти хуб чӣ гуна даст дод?

Бале. Гап дар сари он аст, ки Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид, ки ҳамин хел ном дорад, дар мулоқоти давраи дуюм, дар моҳи июн дар Теҳрон тайёр шуда буд. Дар ҳамин мулоқот ҳамчунин андеша дар бораи таъсис додани як комиссияи муштараки назорат бар оташбас ҳам ба вуҷуд омада буд. Вале мо онро имзо карда натавонистем. Сабаб чӣ буд? Агарчи ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҷаноби Ҳимматзода дар музокирот иштирок надоштанд чун даври аввал, вале дар ҳамон ҷо, дар берунҳо буданд. Бародарон мерафтанд ҳамроҳашон, албатта гуфтугӯ карда меомаданд. Ҳатто як чизи тайёршуда ҳам баъди сӯҳбати онҳо аз миён мерафт.

Шарт ба миён монданд, ки мо 23 нафариро аз ҷумлаи маҳбусон ва асирон бояд иваз мекардем. Рӯйхаташ ҳам тайёр шуд. Гуфтанд, ки ҳамин рӯз имзо мекунем ва ҳамин рӯз татбиқи ин шарт шавад. Шумо равед мардумеро, ки дар маҳбасҳо ҳастанд, озод кунед. Мо гуфтем, ки барои мо ду моҳ вақт даркор. Чунки иҷлосияи Маҷлиси Олӣ даъват кардан даркор, барои он мардум амнистия эълон кардан даркор, ҳамон чанд нафаре, ки ҳаст баъд онҳоро баровардан даркор. Гуфтанд, ки агар ин хел бошад, аввал равед амнистия кунед, онҳоро бароред, баъд мо ин Созишномаро имзо мекунем. Яъне Созишномаи тайёр ба имзо нарасид. Давраи сеюми мулоқот дар Исломобод ба моҳи октябр таъйин шуда буд. Вале ҷониби Эрон намехост ҳуҷҷате, ки дар Эрон таҳия шудааст, дар Исломобод ба имзо бирасад. Барои ҳамин аввалин бор як ҳайат дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд.

Ин ҳайат моҳи сентябр дар Эрон ҷамъ омада буд. Ман он вақт дар Ленинград будам, дар ҳайат ҳам набудам. Ва аввалин бор ба ин ҳайат ҷаноби Абдумаҷид Салимович Достиев роҳбарӣ карданд ва барои ҳамин ҳам аз ҷониби дигар Тӯраҷонзода иштирок карданд, қаблан расман иштирок намекарданд. Ба сатҳи роҳбарии мо боварӣ надоштанд. Ва дар онҷо, дар Эрон он оташбаси муваққатӣ имзо шуд. Аҳамияти ин ҳуҷҷат дар он аст, ки то ин ҳуҷҷат набуд, мо дар бораи давом кардани сулҳ гап задан наметавонистем. Дар он ҷо гуфта шуда буд, ки мо ҳамагуна амалиёти террористиро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сарҳад ва ҳам берун аз сарҳади Тоҷикистон рад мекунем.

Иҷрои созишномаи моро як комиссияи муштарак назорат мекунад. Ба комиссияи муштарак намояндаи Созмони Милали Муттаҳид роҳбарӣ мекунад. Ба ин комиссияи муштарак намояндагони тарафи ҳукумат ва тарафи оппозитсион дохил мешавад. Ҳар қазовате, ки дар масъалаи бархӯрдҳои дохили кишвар ин комиссия мекунад, ана ҳамон ҳуқуқи дараҷаи аввал дорад, яъне имтиёз ба ҳамон аст, на гапи ҳукумат дуруст аст, на гапи мухолифин, балки гапе, ки комиссия гуфт. Ана ҳамин навъ ҳуҷҷат имзо шуд. Вале асоси татбиқи ин ҳуҷҷат аз Покистон шурӯъ шуд.

Ва якумин кореро, ки ин Комиссияи муштарак кард, ин табодули асирони низомӣ бо маҳбусони сиёсӣ буд. Шумо дар ин бора ягон чиз гуфта метавонед?

Бале, ман як чизро мегӯям, агар гуфтаи ман саҳве дошт, ин саҳв ба гардани ҷаноби Шабистарӣ, ки ман аз забони вай шунидам. Ҷаноби Шабистарӣ воқеан барои табодули аввалин асирони мо ва аввалин маҳбусон саҳми хубе дошт. Аслан ку, дар гирудори сиёсии мо онҳо дилсӯхта буданд, ҳамроҳи мо буданд. Шабистарӣ гуфтанд, ки тибқи протоколе, ки имзо шуд, ҳукумат онҳоеро, ки бояд аз ҳабс мебаровард, баровард. 27 нафар бо пешниҳоди мухолифин на дар Хуҷанд, на дар Душанбе, на дар Қӯрғонтеппа, балки дар Хоруғ ин табодул бояд 6 ноябр ба амал меомад.

Гуфтанд, ки ҳамроҳи одамҳое, ки ҷудо карда буданд, омадам ба Хоруғ. Лекин аз тарафи Афғонистон ба онҳо ҷавоб надоданд, наомаданд, гуфт. Ва рӯзи 7 ман худам маҷбур шудам, ки ба Афғонистон равам. Аз марз гузарам, он ҷоро пайдо кунам. Бародароне, ки аз онҳо вобаста буд бозгашти мардуми асир, онҳоро бовар кунонам, ки табодул сурат бигирад. Инаст он чизе, ки ман мехостам дар бораи ин табодул бигӯям.

Ташаккур. Бисёриҳо даври панҷуми музокиротро, ки дар се марҳила дар Ашқобод гузашт, хеле мушкил арзёбӣ кардаанд. Оё шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?

Ин давраи мушкил не, ин давраи нокомӣ, ин хел гӯем осонтар мешавад. Моҳи июл Президенти Тоҷикистон ва роҳбари мухолифин дар Эрон вохӯрданд. 19-уми июл як созишнома ба имзо расид, ки дар он гуфтем, ки форуми машваратии халқҳои Тоҷикистонро таъсис медиҳем. Дар ҳамон ҷо зикр шуда буд, ки давраи минбаъдаи музокирот давраи хотимавӣ мешавад. Баъд 17 август як протоколе ба имзо расид, «Дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон».

Дар ин протокол гуфта шуда буд, ки давраи панҷум давраи ниҳоӣ аст. Бо ин давра мо музокироти сулҳро ба охир мерасонем, протоколҳоро имзо мекунем ва ба ҳамкорӣ шурӯъ мекунем. Бояд ин давра аз сентябр шурӯъ шавад, ҳамин хел як пешниҳоде ҳам буд. Як муддат ҷонибҳо дар масъалаи мавзее, ки бояд дар он музокирот барпо мешуд, дар ақидаҳои гуногун буданд. Мухолифин ва Созмони Милали Муттаҳид Венаро ба ҳайси шаҳре, ки бояд дар онҷо ин даври панҷум гузарад, пешниҳод карданд. Ҳукумат инро дастгирӣ накард. Мо гуфтем, ки дар яке аз шаҳрҳои минтақа, яъне Осиё Миёна. Ниҳоят Ашқобод пазируфта шуд. Аз 30 ноябри соли 1995 то 20 июли соли 1996 75 рӯз дар Ашқобод дар се марҳала музокирот ба амал омад. Убайдуллоев роҳбар буданд, Талбак Назаров роҳбар шуданд ва баъди он Талбак Назаров то охира рафтанд, ҳеҷ пешравие набуд.

Чанд иллат дошт. Аввалан Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин дар масъалаи ҳарбӣ дар минтақаи Рашт бартарӣ пайдо кард. Ва гумон дошт, ки ин бартариро ба охир бурда расонданаш мумкин аст. Хуб, агар ин тараф то Сичароғ расида бошад, Душанбеаш чанд қадами дигар буд. Он тараф то Тавилдара расида бошад, барои гузаштан ба Кӯлоб дар миён як кӯтали Каранак аст, дар ин минтақа чизи дигаре нест. Ва ба пешниҳодҳо аз баландии ҳамон мавқеъ нигоҳ мекарданд. Ҳатто ба пешниҳоди Перес Баллон дар моҳи феврал, ки сулҳ дар ҳолате мешавад, ки Иттиҳоди нерӯҳои ҳарбӣ-сиёсӣ тақсим шавад ба иттиҳоди нерӯҳои ҳарбӣ ҷудо, сиёсӣ ҷудо.

Баъд инро ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамчун хиёнат ба манфиати Созмони Милали Муттаҳид дар ин музокирот маънидод кард. Дар ин давра нерӯҳои дигар сиёсие, ки ҳамроҳи ҳукумат набуданд, эҳсос карданд, ки кадом як тағйироте дар пеш аст, на бояд аз ин тағйирот дер монанд. Изҳороти Шодмон Юсупов ба вуҷуд омад, ки дар бораи он, ки платформаи Алма Ато ҳеҷ иртиботе ба нерӯҳои демократӣ надорад. «Мо ҳастем демократ, агар намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ин фикрро ба ҳисоб нагирад, пас мо аз болои он даъво мекунем то ба мақомҳои дигар ва онро ҳам шарики ҳукумат ҳисоб мекунем». Изҳороти ҷаноби Нурӣ аз моҳи январи соли 1996 ба Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амалҳои ғайриинсонии ҳукумати Тоҷикистон пайдо шуд.

Ман чизҳои асосӣ-асосиашро мегӯям. .Чизҳои хурди бисёре буданд, масъалаи Сичароғу Қаротегину ин чизҳои дигаре ҳам буданд. Боз соли 1996 воқеаҳои Хуҷанд шурӯъ шуданд, аввал митинг дар назди бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд тарафдорони Абдуллоҷонов ва моҳи июн исёни Худойбердиев дар минтақаи Душанбе-Қӯрғонтеппа ба вуҷуд омад, яъне ин ҳама, ман гумон мекунам, ки ба тарафи мухолифин як навъ нерӯ ато кард ва барои ҳамин дар гуфтушунид ақибкашиҳо ба вуҷуд омад.

Роҳбарони мухолифин мисле, ки ин вазъиятро ба манфиати худ истифода мебурданд?

Бале, масалан, изҳороти Маҳмуд Худойбердиевро онҳо дар байни мо паҳн мекарданд. Яъне мо тавассути онҳо мефаҳмидем, ки изҳоротҳо паҳн шудааст. Масалан, як дафъа Латифӣ мусоҳибаи Ислом Каримовро бо Портников гуфтанӣ радиожурналист паҳн кард, ё мусоҳибаи Маҳмуд Худойбердиевро гирифта паҳн кард. Хуб, ин хел чизҳо буд. Яъне ин маънои онро надорад, ки иртибот ҳам шояд ба вуҷуд омада бошад. Онҳо худро пурқувватар, қудратноктар эҳсос мекарданд. Вақте, ки талошкунандаҳои вазифа, ё мансаб, ё мақом худро бартарӣ медиҳанд, сулҳ душвортар мешавад. Вақте, ки соҳибҳо бартарӣ медиҳанд, онҳо як навъ гузаште кардан метавонанд.

Довталабонро ҷои гузашташон нест Барои ҳамин гумон мекунам, ки инҳо сабаб шуданд, ки музокирот ба дарозо бикашад. Аз тарафи дигар ҳукумат ҳам дар масъалаи форум чандон ҷиддӣ набуд. Форуме, ки мо ташкил кардан мехостем, ин бештар хусусияти машваратӣ дошт. Форуме, ки онҳо пешниҳод карда буданд, анҷумани халқҳои Тоҷикистон, он чизи машвартӣ не, хусусияти институтсионӣ дошт. Барои ҳамин ҳам пешниҳоди мо қабул намешуд. Лекин як иқдоми бисёр ҷиддие аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамон вақт шуд. Моҳи феврал, мо гуфтем, ки агар мушкилие ҳаст, агар ба дигар мардуми Тоҷикистон сӯҳбат кардан мехоҳед, марҳамат биёед, мо иҷлосия ғайринавбатӣ даъват мекунем, иштирок кунед. Созмони Милали Муттаҳид аз ин фикр дастгирӣ кард.

Иттиҳоди оппозитсион ҳам гуфтанд, ки хуб, мо ҳам мувофиқ ҳастем, меоем, фақат мо намегӯем, ки дар кадом поя меоем. Барои мо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва замонатгариаш даркор нест, кафолатро Созмони Милали Муттаҳид бояд ба мо диҳад, даъватро онҳо ба мо кунанд, мо меоем. Шумо медонед, ки 11 марти соли 1996 ҳамин хел иҷлосия шуд. Созмони Милали Муттаҳид аз онҳо даъват кард. Ду муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид омаданд, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва нозирони сулҳи мо омаданд, лекин Иттиҳоди мухолифин наомаданд.

Мулоқоти Хустдеҳ музокироти сулҳи тоҷиконро аз бунбаст баровард. Ин аст нуқтаи назари аксари таҳлилгарони масоили сиёсӣ. Аз ин пеш мулоқот дар сатҳи олӣ дар Кобул ҳам шуда буд, фарқ байни ин ду мулоқот аз чӣ иборат буд?


Тавре гуфтед, мулоқоти аввали Раиси ҷумҳур ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион моҳи майи соли 1995 дар Кобул баргузор шуда буд. То ин як фосилаи бештар аз ним сол тарафҳо бо ҳам музокира накарданд. Зеро тарафи мухолифин аз интихоботҳое, ки дар Тоҷикистон гузаштанд, розӣ набуд, аз қабули Конститутсия розӣ набуд. Яъне масъалаи ҷиддитар шудан ва хатари аз байн рафтани ин музокирот ба амал омад. Барои ҳамин ҳам дар мулоқоти Кобул ин пеш аз ҳама иштироки роҳбари давлат бо шахсиятҳои фарҳангии минтақаҳои даргир ва роҳбарони созмонҳои гуногуне, ки то охирҳои замон Шӯравӣ буданд, ба ҳамин шева сурат гирифтанд. Бинед, онҷо Давлат Худоназар, Тоҳир Абдуҷаббор буданд. Ба он ҷо намондагони минтақаи Ғарм ҳам ҳамроҳи ҳукумат рафтанд. Созмони Милали Муттаҳид нақш надошт дар ин чиз. Дар ҳамин сӯҳбат ҳадафи асосӣ иҷро шуд. Як изҳороте қабул карданд ва гуфтанд, ки идомаи музокирот ин роҳи расидан ба сулҳ аст.

Чун музокирот худаш қатъ шуда буд, ҳамин сухан, ҳамин ҳуҷҷат нақши барозанда дошт. Ҳамин гап кофӣ буд барои минбаъди кор. Баъди ин тавре, ки гуфтед, дар Эрон, ду мулоқоти дигар шуд ва баъд ба шакли ғоибона як протокол имзо карданд ва як чизи муҳим акнун ба амал омад дар ҳамин миён. Тавре, ки ишора кардем, музокироти давраи панҷум, давраи Ашқобод натиҷае надод. Ҳукумат роҳи дигари расидан ба сулҳро суроғ кард. Гарчи ман шунидаам, ки ин роҳе, ки ман ҳоло дар борааш гап мезанам, як сол пеш аслан барои Раиси ҷумҳур тарҳ шуда буд, лекин ман ба он ақида моилам, ки баъди нокомӣ дар Ашқобод суроғи роҳ шурӯъ шуд. Яъне ба роҳбари мақомҳои қудратӣ супориш шуд, ки илоҷи гуфтушунид ва ҳамкориро бо роҳбарони дастаҳои мусаллаҳи минтақаи Қаротегин пайдо кунанд. Яъне ҳалли авзоъи дохилӣ бо роҳи дохилӣ.

Ва медонед, ки 15-16 сентябр ҳамин гуна мулоқот дар Ғарм ба амал омад. Мирзохӯҷа Низомов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, намояндаи мулло Абдуллоҳ гарчи худаш набуд, Шайх ё дигарҳо ҳам ҷамъ омаданд ба онҷо. Аз мо Сайидамир Зуҳуров, Амирқул Азимов, Зафар Икромов, Баҳодур Абдуллоев ва дигарҳо рафтанд. Аз Созмони Милали Муттаҳид генерал Аббаза дар ин сӯҳбат иштирок дошт. Ва як Созишнома ба амал омад. Ман инро як дафъа гуфтам дар як музокирот баъзе сару саддоҳо буд, лекин боз такрор мекунам, раҳбарияти сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон аз ин хабардор набуд. Ман медонам, ки фикри шумо дигар аст, лекин ин фикри ман аст. Ман далелашро ба он гуфтам, ки бадеҳатан ба Афғонистон даъват шудани Низомов, бадеҳатан ба Душанбе фиристода шудани Давлат Усмонов ва дигарҳо.

Ва бадеҳатан розӣ шудан ба музокироти рӯ ба рӯ дар ҳамин рӯзҳои наздик аз ҳамин чиз маншаъ мегирифт. Ва баъди ҳамин роҳбарияти ҳарду ҷониб тасмим гирифтанд, ки бояд ҳарду вохӯранд. Тасмим гирифтанд, ки 17 -уми октябр дар Маскав ҳардуяшон мулоқот мекунанд. Вале Эрон гуфт, ки пеш аз он ки Маскав раванд, як сӯҳбатаке бояд дар Теҳрон барпо шавад. Барои ин гурӯҳи корӣ таъсис доданд аз ду ҷониб. Ҷаноби Ҳимматзода роҳбари тарафи мухолифатро доштанд, ман роҳбари тарафи ҳукуматро. Аз 8-уми октябр то 15 – уми октябр дар Теҳрон мо фикр кардем, мулоқот кардем. Ва аз ростӣ аввалин бор сиёҳнависи низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳаҷми фишурда, дар якуним саҳифа дар ҳамон ҷо пайдо шуд.

Шояд фикрҳои умумӣ байни Эрону ҷаноби Нурӣ ё ҷаноби Нурӣ ва дигар ҳаммаслаконашон анҷом наёфта буд, ки ҷаноби Нурӣ ба Эрон наомаданд ва мулоқоти Маскав ҳам инкор шуд. Накарданд ин корро. Мо бо ҳамин ҳолати нимкола мисли мурғи нимбисмил, он матолиберо, ки тайёр кардем, «парафироват» кардем. Яъне дар ҳошияаш ману ҷаноби Ҳимматзода ва Герд Дитрих Меррем имзо кардему гирифтем бо худ, рафтем ба ватан. Аз ҳамон вақт масъалаи, он ки мулоқот шавад, масъалаи доғ меистод. Дар ҳамон шабу рӯз чанде аз размандаҳои и дастаи Мирзо Зиеёв аз кӯтали Каранак ҳам убур карда ба кони тиллои Шугнов расида буданд.

Бале, ин баъди имзои ҳамон Созишнома буд, ки ин даргириҳо дар худи Рашт ҳам шурӯъ шуданд, бисёр намояндаҳои ҳукумат, намояндагони мақомоти низомии онҳо ба асорат афтиданд.

Аз ҳамон Хумдон то совхози Ғарм як ҷанг буд. Барои ҳамин зарурати зудтар анҷом додани мулоқот ба вуҷуд омад ва Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки омодааст, дар ҳар куҷое, ки ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ лозим донад, мулоқот кунад. Ва ба ҳайси ҷои мулоқот Хустдеҳ интихоб шуд. Ба Хустдеҳ рӯзи 10-11 тарафҳо омаданд ва дар Хустдеҳ аввал ҳама ҷамъ шудем. 5-6 дақиқа, президенти Афғонистон Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам буданд. Баъди мулоқоти бисёр кӯчаки мо роҳбарияти тарафҳо севвуним соат ду ба ду сӯҳбат карданд. Чӣ гуфтанду чӣ не, инаша худашон медонанду Худо. Инаша ман ҳеҷ намедонам. Ва ман овозаҳои гуногунро шунидам.

Худам ҳеҷ чиз нашунидам, ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, ки чӣ буд. Баъди он роҳбарҳои гурӯҳи кории тарафҳо ман ва Давлат Усмонро даъват карданд гуфтанд, ки асноди заруриро тайёр кунед, мо хонем. Протоколро пагоҳ имзо мекунем. То соати як онҳо худашон нишаста буданд, ҷаноби Нурӣ ва ҷаноби Раббонӣ, ҷаноби Аҳмадшоҳи Масъуд, ҷаноби Президент. Се ҳуҷҷат тайёр шуд. Як Протокол дар бораи минтақаи доғ, ки моҳияти ин протокол ҳамин, ки сарҳад байни нерӯҳои оппозитсион ва ҳукумат Каранак аст. Дар ду тарафи Каранак метавонад постҳо гузошта шавад, ҳукуматӣ ва тарафи дигар. Оппозитсион ба ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак мекунад, то ки ҳукумати худашонро таъсис диҳад дар минтақаи Қаротегин, дар минтақаи Тавилдара ва дар ҳама ҷои дигар. Ва онҳо бояд кӯмак кунанд, ки ҳукумати маҳаллӣ бояд таъсис шаваду амал кунад, таъсир нарасонад ба ин чиз. Протоколи дигар протоколе, ки баъдтар дар Маскав ба номи Протоколи 23 декабр ба имзо расид.

Он протокол асосаш он чизе, ки мо дар моҳи октябр дар Теҳрон тайёр кардем, ҳамонро мо дар онҷо аз нав тасвиб кардем, Мо расман эълон кардем, ки мо сулҳ мекунем. Ҳатто ҷаноби Раббонӣ вақти хайру хуш ба ҷаноби Нурӣ гуфтанд, ки Сайид Абдуллоҳ, дар Тоҷикистон бӯи сулҳ аст, бо нашавад, ки монанди Афғонистон тахриб шавад ва монанди мо ҳама дар ба дар бошед. Ин чизро ман худам шунидам ва инро ман сулҳворона мегӯям, ки чунин буд. Бозгаштем ҳамон рӯзи 11 бегоҳ. Рӯзи 12 бояд иҷлосия мешуд. Президент ба ман фармуд, ки ҳамроҳи мудири шӯъбаи ҳуқуқӣ нишинаму як фармони Президентро дар бораи он, ки ҳамин шаб аз соати нол-ноли рӯзи 12-ум дар Тоҷикистон сулҳ аст.

Ман ҳамон чизро тайёр кардам. Соатҳои даҳ буд. Ба ман фармуданд, ки ту худат рав, ба телевизион ва худат ҳаминро хон. Соатҳои даҳуним ёздаҳи шаб буд дар телевизион хондам, ки баъди як соат дар Тоҷикистон сулҳ фаро мерасад. Медонед, ин чӣ ид аст барои мардум! Ва рӯзи 12 –ум вақте ки иҷлосия шурӯъ шуд, ҳамон рӯҳияи ид, ҳамон рӯҳияи ҷашн буд, ки Тоҷикистон ба роҳи сулҳ даромад. Ва президент боз як бори дигар таъкид карданд, ки ман оштӣ кардам. Касе ки муқобилият мекунад, касе ки ба ин сулҳи мо халал расондан мехоҳад, вай душмани мост!

Баъди ба имзо расидани Шартномаи Хустдеҳ як гурӯҳ ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби мухолифин бо роҳбарии Давлат Усмон ва Амирқул Азимов дар минтақаи даргириҳо фаъолият карданд. Шумо дар бораи фаъолияти ҳамин ҳайат чӣ мегӯед?

 Ман асосашро гуфтам барои шумо. Асосаш он буд, ки азбаски мо сулҳро эълон кардем, мо ин гурӯҳро барои он фиристондем, ки мардум бинанд, ки намояндагони ҳарду ҷониб ҳастанд, мо дигар душман нестем. Мо минбаъд якҷоя кор мекунем ва якҷоя ҳамдигарро дастгирӣ мекунем. Вақте, ки протоколи Ғарм имзо шуд, пас аз як ҳафтааш ман рафтам ба Ғарм. Ва аз Тоҷикобод ба Ғарм ба мошин омадам ва аз Ғармам то Душанбе ба мошин омадам. Ҳеҷ кас бо ман набуд. Ман ҳеҷ вақт бо худ силоҳ нагирифтам, иншоаллоҳ, минбаъд ҳам намегирам. Лекин ман дидам, авзои мардумро, эҳсос кардам, ки гарчи ҳанӯз душман буданд бо ҳам, вале ҳамон меҳри валад ғолиб омада буд.

Меҳр ҳам пайдо шуда буд дар чашм. Ин гурӯҳе, ки омаданд барои татбиқи амалии Протоколи Хустдеҳ, корҳоеро низ карданд. Масалан, дар масъалаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд дастгирӣ шаванд аз ҷониби мухолифат, ҳукуматдорон ба омадани намояндагони мусаллаҳи мухолифин дар деҳаҳо муқобилият накунанд, постҳо бояд миқдораш кам карда шаванд, постҳои нодаркор аз миён бардошта шаванд, байни гурӯҳҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи оппозитсион як навъ робита ба вуҷуд биёяд, ин ҳайати муштарак мусоидат кард.

Сабақи асосии сулҳи тоҷикон кадом аст, барои миллат, барои мардум, барои минтақа?

Пеш аз ҳама барои тоҷикон сабақи асосӣ ин аст, ки ҳам ҷанг ва ҳам сулҳ нишон дод, ки барои халқ на дар инаш ва на дар онаш фоидаи моддӣ ва фоидаи маънавӣ нест. Халқ дар ҳардуяш ҳам азоб мекашад. Пас бояд ба ҷанг роҳ надод. Ҷанг набошад зарурати сулҳ пайдо намешавад. Ҷанг зояндаи сулҳ аст. Мардум диданд, ки дар натиҷаи ҷанг дар ба дар шуданд, фарқаш нест, ки куҷоӣ. Як рӯз инҷоӣ ва як рӯзи дигар дигарҷоияш дар ба дар шуданд. Ин ҳақиқати ҳаёт аст. Мавлоно гуфтааст:

Потиҳӣ гаштан беҳ аз кафши танг,
Миннати ғурбат беҳ дар хона ҷанг.


Яъне ҷанг одамро дар ба дар кард. Мардуме, ки дар аввал гуфтам, хонагишудаи тоҷик, имрӯз мардуми ҷаҳонӣ шуд. Дар назари баъзеҳо ин ифтихор менамояд, дар назари ман не. Агар панҷ нафар даҳ, панҷоҳ, панҷсад, ҳазор нафар тоҷики босавод ё сарватманд ба хориҷа рафта дар он ҷо кор карду чизе ёфту ба ин ҷо фиристонд, ин боиси ифтихори ман аст. Лекин одам агар барои нон хӯрдан берун равад, ман бо ин ифтихор намекунам, аз ин ифтихор нест.

Мутаассифона, мо лекин ҳамин хелӣ шудем. Намедонам чанд ҳазор одами мо берун аз мамлакат аст. Агар навиштаи матбуот рост бошад, ҳар сол онҳо ба мо ду миллиард доллар пул меоранд ва буҷети мо як миллиард доллар аст. Ду миллиард дорад бошад, ҳадди ақал онҳо 700-800 ҳазор нафар ҳастанд, ки ин қадар пулро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аз ин 700-800 ҳазор нафар аксарияти кӯлаш он бечораҳое ҳастанд, ки нон мекобанд, ё барои дар инҷобудаҳо нон медиҳанд. Инро бозгардондан даркор аст. Тоҷикистон дар инҷо барои бозгардондан заминаи корро ба вуҷуд орад. Кор он аст, ки маошаш барои зиндагии одам расад. Инро номашро кор мегӯянд.

Дигараш кор нест. Сабақи сулҳи мо он аст, ки мо метавонем ҳамдигарро бад надида зиндагӣ кунем, мо метавонем ба муқобили ҳамдигар ҷанг накарда зиндагӣ кунем. Вале ин мутлақо ба ҳеҷ кас бояд имтиёз надиҳад, ки дигарашро таҳқир кунад, дигарашро аз баландӣ нигарад, дигарашро нодида гирад. Ба ҳеҷ кас, сарфи назар аз он, ки чи мавқеъ дар иҷтимоъ, чи мавқеъ дар сиёсат ва чӣ мавқеъ дар зиндагӣ дорад. Чунки ҳаргоҳ, ки ин чиз пайдо шуд, боз натиҷааш ба ҷанг мебарад, боз натиҷаи дигараш ҷанг, имрӯз не, рӯзи дигар, имсол не, соли дигар. Чӣ фарқ аст, ки ин ҷанг ба сари мо меояд, ё ба сари фарзандони мо меояд.

Ё ба сари набераҳои мо меояд, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд. Пеши роҳи инро фақат бо ҳилм гирифтан даркор аст, фақат бо муносибати нек ба ҳамдигар, бо боварӣ ба ҳамдигар гирифтан даркор аст. Ба хешу ақрабо албатта бояд бовар кард. Лекин ба ҳамкасбу, ҳамфикру ҳамватан ҳам бовар кардан даркор аст. Ин сулҳро ба вуҷуд меорад. Инаст сабақе, ки ман барои Тоҷикистон мебинам. Сабақи дигар барои Тоҷикистон пеш аз ҳама сабақи талхаш. На бояд ба ҳам ҷанг кунанд, ки зарурияти сулҳашон пайдо шавад. Албатта аз сулҳи якдигар чизе омӯхтан мумкин аст. Масалан, аз сулҳи мо одоби музокираро омӯхтан мумкин аст, одоби ватандориро омӯхтан мумкин аст, одоби миллатдӯстиро омӯхтан мумкин аст, одоби гапи дигарро шунидан омӯхтан мумкин аст, одоби ватанро вайрон накардан, сабақ гирифтан мумкин аст. Инҳо сабақи бисёр муҳиманд.

Ин чизро омӯхтан даркор. Масалан дар Афғонистону дар Ироқ сулҳ нест. Сулҳ ин вақте, ки ду ҷониби ҷангкунанда ба ҳамдигар иттифоқ мекунанд, ин сулҳ аст. Бе иштироки онҳо каси дигар ба инҷо нерӯи худро ворид кунаду гӯяд, ки биё инҷо зиндагӣ кун, ин сулҳ нест, ин ҳамон оташи зери хокистар аст, ки вай ҳар лаҳза пои одамро месӯзад, аз вай сулҳро суроғ намекунанд. Медонед, як ҳуҷҷат аст, ки мову шумо журналистон камтар аз он ёдоварӣ мекунем, Санади ҳамдигарбахшӣ, дар Маскав қабул шуд, ҳар ду роҳбар имзо карданд.

Дар он гуфта шуда буд, ки мо ҳамдигарро барои гуноҳҳое, ки нисбат ба ҳамдигар кардем, мебахшем. Мо аз мардуми худ узр мехоҳем, ки ба сари онҳо ин бадбахтиҳоро овардем, мо дигар онҳоеро, ки ватанро ба он роҳ мебаранд, ба онҳо имкони кор намедиҳем, пеши роҳашонро мегирем ва ҳар касеро, ки гузаштаро бо таъна ёдоварӣ кард ва барои ҷанг ёдоварӣ кард, маҳкум мекунем. Ин бузургтарин ҳуҷҷат аст. Ҳар касе, ки сулҳ кардан мехоҳад ин ҳуҷҷати моро донистанаш даркор аст.

Устод, оё таҳдидҳое мавҷуданд ба ҳамин сулҳи мо, таҳдидҳои дохилӣ, таҳдидҳои берунӣ? Ва аз ин таҳдидҳо худро чӣ гуна бояд эмин нигоҳ дорем?

Ҳастанд таҳдидҳо. Барои мухолифини собиқ, дар байни шарикони пештарашон ҳам ашхоси пайдо шуданд, ки имрӯз ҳамкор нестанд ва ҳам фикр нестанд. Интихоботҳо ва воқеаҳои гузашта инро нишон дод. Барои ҳукумати имрӯза дар байни шарикони пештара одамҳое ҳастанд, ки ба вай мувофиқ нестанд, инро ҳам дастгирӣ намекунанд. Барои ҳарду ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар беруни кишвар қувваҳое, нерӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамон ҷиҳати пештара, ҳамон мухолифати пештараро барқарор кунанд. Онҳо обро лой карда худашон моҳӣ гирифтан мехоҳанд.

Аз вазъият истифода бурда, худашон омадан мехоҳанд. Як роҳи халосӣ ҳаст. Қонунро риоя кардан даркор аст. Қонунро, чизи қонуншударо не. Аввал ин, ки қонунро ба сифати қонун қабул кардан даркор аст. Ҳеҷ чизи иловагӣ ба қонун барои ҳеҷ кас даркор нест. Риояи қонун ана ҳамин чизи оддитарин аст. Вале дар ин чиз дар мо камтар мушкилӣ ҳаст. Аз ҳама ҷониб. Ҳаминро ҳал кунем, шояд сулҳи мо пойдор мешавад.


Ташаккури зиёд, устод.
                                                                                                   

                                                                                                       Мусоҳиб Султони Ҳамад 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi