01:33:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Гуфтугӯи тамаддунҳо": "Талафоти ҷонии ҷанги шаҳрвандӣ дақиқ шавад"

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Профессор Иброҳим Усмонов чун ҳардафъа ин бор ҳам дар маҳфили зебои хеш "Гуфтугӯи тамаддунҳо" нафареро гули сари сабади маҷлис интихоб кард, ки дар ҳақиқат гуфтаниҳои зиёде дар дил дошт ва қисматеро ҳам аз онҳо дар миён гузошт. Маҳмадалӣ Ҳаит бешубҳа аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад.

1 guftugu 111Аслан агар аниқтар дар ин бора андешаронӣ кунем мебинем, ки номи ӯ дар даврони шӯравӣ, нимаи дуюми солҳои 80-ум ҳамчун журналисти шинохта ва баъдан яке аз фаъолони созмони мардумии "Растохез" миёни аҳли зиё ва эҷодкорони кишвар пайдо шуд ва маъруф гардид. Баъдан вақте бо эълон шудани истиқлолияти давлатӣ муборизаҳои сиёсӣ дар кишвар авҷ гирифтанд, баръало айён буд, ки ӯ дар сангари мухолифони ҳукумат аст.

Мардуми оддӣӯро ҳамчун яке аз сухангӯёни майдони "Шаҳидон" ва барандаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсии Телевизиони Мардумии Тоҷикистон, ки замоне дар ихтиёри мухолифони ҳукумат қарор гирифта буд ва баъдан минбари Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба ҳисоб мерафт, мешинохтанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ӯро низ мисли садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат аз хонаву дараш ҷудо намуд ва ӯ иҷборан ба Афғонистон ҳиҷрат кард.

Дар Афғонистон ба раҳбарияти Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиюни Тоҷик пайваст. Яке аз асосгузорони радиои мухолифин дар хориҷ аз кишвар "Садои Тоҷикистони озод" буд ва баъдан дар Ситоди Марказии Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ азҷумлаи нафароне буд, ки дар мулоқоти таърихии сарони ду ҷониби даргири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат ва шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ дар Хустдеҳи вилояти Тахори Афғонистон иштирок карда буд ва шоҳиди бевоситаи ба имзо расидани санади сарнавиштсози "Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбиву сиёсии минтақаҳои доғ" гардид.

Санаде, ки баъдан тамоми таҳлилгарону коршиносони масоили Тоҷикистон онро оғози сулҳ дар ин кишвари ҷангзада номида буданд ва имрӯз ҳам аксаран дар ҳамин андешаанд. Шояд ҳамин нуктаи муҳим бошад, ки профессор Иброҳим Усмонов мавзӯи ҷаласаи навбатии маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"-ро "Мулоҳизаҳо пиромуни Созишномаи Хустдеҳ" муайян кард ва аз Маҳмадалӣ Ҳаит, ки феълан муовини раиси ҲНИТ мебошад, хоҳиш намуд, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамин мавзӯъ фикру андешаҳои худро изҳор намояд.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар аввал чанд сухане дар бораи зиндагиномаи худ гуфта сипас дар хусуси вазъи сиёсиву низомии ҳамон давраи Тоҷикистон ва чи гуна ҷараён доштани худи мулоқоти Хустдеҳ фикру андешаҳояшро иброз дошт. Баъдан дар бораи ҳайати баландпояи низомиву сиёсие ҳарф зад, ки он бо маслиҳати раҳбарони ду ҷониби сулҳкунандаи Тоҷикистон таъсис ёфта буд ва дар ҳамин Хустдеҳ маслиҳат шуда буд, ки он чанд руз баъд ба Тоҷикистон эъзом шавад ва дар он ҷо нуктаҳои Протоколи Хустдеҳро ба ҳаёт татбиқ намояд. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳаит ин ҳайат рӯзи 16-уми декабри соли 1996 дар як чархболи ҳукуматӣ ба Тоҷикистон омад ва дар ин ҷо муштаракан бо як ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Амирқул Азимов, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба манотиқи таҳти фармони муҷоҳиддин сафар карда шуруъ намуданд ба татбиқи Протоколи Хустдеҳ.

Нахуст аз хусуси он ҳарф зад, ки чӣ гуна зарур омад ва заҳматҳо бар харҷ додан лозим шуд, ки бархе аз фармондеҳони нируҳои мусаллаҳи мухолифинро ба пазириши сулҳ мутақоид созанд. Ба гуфтаи ӯ нируҳои мусаллаҳи мухолифин дар ҳоли пешравиҳо ба самти Ховалинг буданд ва онҳо умуман намехостанд, ки дар чунин ҳолат ҷангро қатъ кунанд ва сулҳро бипазиранд.

Вале ба ҳайати баландпояи сиёсии мухолифин дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумат, ки муштаракан фаъолият мекарданд, таҳти миёнҷигарии намояндагони низомии СММ муяссар шуд, ки паёмадҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро барои бақои миллат ва давлати тоҷикон ба зеҳни ҳар як фармондеҳ ва размандаи нируҳои мухолифин талқин созанд ва онҳоро водор ба иҷроиши Протоколи Хустдеҳ намоянд.

2 guftugu 222Баъдан Маҳмадалӣ Ҳаит аз хусуси ба ҳаёт татбиқ шудани талабҳои Протоколи Хустдеҳ ёдовар шуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи чӣ гуна бе ягон шарту шароит аз ҷониби ин ҳайат озод карда шудани беш аз 100 нафар сарбоз ва афсари нируҳои низомии ҳукуматро, ки дар набардҳои 30-юми ноябр ва якуми декабри соли 1996 дар водии Рашт ба асорати нируҳои мухолифин афтода буданд, қисса карда сипас дар бораи ҳалли мушкилоти мақомоти мухталифи ҳукумат дар маҳалҳо дар масъалаи ба фаъолияти муқаррарӣ пардохтани онҳо ибрози андеша намуд.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар идомаи суханрониаш онҳоеро, ки зидди ба ҳаёт татбиқ шудани нуктаву талаботи Протоколи Хустдеҳ буданд ва бо ин мақсад кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, аз ёд набурд. Ӯ аз ҷумла дар бораи гаравгонгириҳои гуруҳи терорристии Ризвон, ки аз охири соли 1996 ва аввали соли 1997 шуруъ карда дигар на ба ҳукумат ва на ба мухолифин итоат намекард, хеле муфассал ибрози ақида намуд.

Сухангӯи ин ҷаласаи "Гуфтугӯи тамаддунҳо" Маҳмадалӣ Ҳаит дар хотима Худоро шукр кард, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки раванди сулҳ дар рӯ ба рӯ худ дошт, хиради азалии мардуми тоҷик болои ҷаҳлу нодонӣ ғалаба кард ва Созишномаи умумии сулҳи деринтизор билохира бо мадад ва миёнҷигари кишварҳои зидахл дар қазияи Тоҷикистон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба имзо расид.

Аммо дар ҳамин ҳол ӯ гилагузорӣ низ кард, ки мутаассифона, дар матбуоти даврӣ, ба хусус расонаҳои ҳукуматӣ, вақте сухан дар бораи хизматҳои онҳое меравад, ки дар барқарории сулҳу субот саҳм доштанд, арзёбӣ яктарафа, ҳамеша ба манфиати ҷониби ҳукумат, сурат мегирад. Бештар аз ин вақтҳои ахир дар қиболи баъзе аз нафароне, ки дар барқарории сулҳу суботи кишвар саҳми худро гузоштаанд, аз тариқи расонаҳо тухмату бухтонхои зиёде карда мешавад.

Дар ин маҳфил атрофи суханрониҳои Маҳмадалӣ Ҳаит баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифт. Бархе аз иштироккунандагони ин ҳамоиш баъзе аз нуктаҳои ибрознамудаи Маҳмадалӣ Ҳаитро зери шубҳа қарор доданд.

Масъалаи муҳиме, ки дар ин ҷамъомад аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов матраҳ шуд, ин масъалаи то ба ҳол аниқ ҳисоб нашудани талафоти ҷонӣ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Гуфта шуд, ки феълан дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷа низ нуқтаи назари ягонае дар масъалаи теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Бархеҳо онро 50 ҳазор нафар, иддае 100 ҳазор, баъзан 156 ҳазор нафар нишон медиҳанд.

3 guftugu 333Аммо то ба ҳол маълумоти расмие дар бораи шумораи дақиқи ҳалокшудагон дар ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ пешниҳод шуд, ки ин масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ мавриди таҳқиқоти мақомоти марбутаи ҳукумат қарор бигирад ва натоиҷи он расман эълон шавад. Ба фикри бархе аз ширкаткунандагони ин маҳфил дар ҳоли ҳозир ин корро мешавад бе ягон харҷи зиёдати тавассути ходимони ҷамоатҳои деҳот дар маҳалҳо анҷом дод. Ҳанӯз вақт аст ва аксари шоҳидони ин фоҷиаи мудҳиши ба сари миллати тоҷик омада ҳанӯз зиндаанд ва чунин як омори заруриро метавон ба даст овард.

Дар хотима ёдовар мешавем, ки маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"- и профессор Ибоҳим Усмонов инак беш аз яку ним сол аст, ки фаъолият дорад. Маъмулан дар он моҳе як маротиба намояндагони аҳли зиёи кишвар гирди ҳам омада суҳбати яке аз шахсиятҳоеро, ки дар мавзуъҳои матраҳшуда ворид ҳаст, шунида дар атрофи мавзуъ баҳсу мунозираҳое доир мекунанд.

Суҳбату баҳсу мунозираҳо бештар атрофи мавзуъҳои доғи рӯз ва ба хусус мавзӯи ҷангу сулҳи тоҷикон сурат мегиранд. То имрӯз дар ин маҳфил шахсиятҳое ҳамчун академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷҶТ, Гулрухсор Сафиева Шоираи Халқии Тоҷикистон, Давлати Усмон собиқ муовини сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, собиқ муовини раҳбари ИНОТ, Барзу Абдураззоқов коргардони маъруфи театр, Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи "СССР" ва дигарон ибрози фикру андешаҳои ҷолиб кардаанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi