04:56:38 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мақомот мегӯянд, парвандаи Зайд Саидов махфӣ нест

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон махфӣ шудани парвандаи Зайд Саидовро рад мекунанд. Сӯҳроб Қоҳирӣ, сардори бахши робита бо ҷомеаи Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон ба мо махфӣ будани парвандаи Зайд Саидовро рад кард.

zayd-saidov 18062013Вай гуфт, тибқи қавонини ҷорӣ, парвандаҳое, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, махфӣ ё сиррӣ буда наметавонанд, зеро коррупсия сирри давлатӣ шуда наметавонад. Ва тибқи конвенсияи СММ низ парвандаҳои ҷанбаи коррупсионидошта махфӣ буда наметавонанд. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, дар мавриди парвандаи Зайд Саидов сирри тафтишотӣ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" навиштааст, ки ҳамакнун ва баъд аз як моҳи боздошти зерҳимояташ огаҳ шудаанд, ки ба парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст. Аз ҷониби дигар, вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, онҳоро намегузоранд, то бо зерҳимояашон мулоқоти якбаяк дошта бошанд. Ба гуфтаи вакилони мудофеи Зайд Саидов, ҳангоми мулоқоти онҳо бо зерҳимояашон, як ё ду муфаттиш ширкат мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, рӯзи 18 июн зимни нишасти кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Зайдов гуфт, ки рӯзи гузашта дар як сӯҳбати шифоҳӣ бо эшон, Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонси мубориза бо корупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки парвандаи Зайд Сайдов мӯҳри махфӣ дорад. Аммо ҷаноби Табаров мегӯяд, ки то ба ин ҳол онҳо ҳеҷ як ҳуҷҷати расмие нисбати махфӣ  будани парвандаи мазкур дарёфт накарданд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, парвандаи Зайд Саидов мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон наметавонад махфӣ эълон шавад. Чунки Зайд Саидов хизматчии давлатӣ набуд ва ҳеҷ иттилоъе дар маврид сирри давлатӣ низ дар ҷараёни баррасии парвандааш наметавонад ошкор шавад. Ба ин далел, вакили мудофеъ мӯътақид аст, ки парвандаи Зайд Саидов наметавонад мӯҳри махфӣ дошта бошад.

Ҳамчунин вакилони дифоъи Зайд Саидов аз дағалона поймол шудани ҳуқуқи конститутсионии вай дар мавриди эҳтимоли бегуноҳӣ аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон ва расонаҳои расмӣ шикоят кардаанд. Интизор меравад то нимаи дувуми рӯз Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ду муроҷиатнома қабул намояд.

Исҳоқ Табаров ҳамчунин гуфт, ки сардори муфаттишони парвандаи Зайд Саидов дар ибтидо бо ҳар баҳона иҷозатнома барои мулоқот бо зерҳимояашро бо таъхир медод, вале акнун бо додани иҷозатнома ҳамзамон муфаттишонро низ водор мекунанд дар ҷараёни мулоқот ширкат кунанд.

Ба гуфтаи оқои Табаров, «ширкати муфаттишон дар ҷараёни мулоқоти ҳимоятгар бо зерҳимоя ба ҷараёни суолу ҷавобу посухҳои озод таъсири манфӣ мерасонад, ки аслан қонун ба ин иҷоза намедиҳад. Се рӯз қабл, масалан, адвокати дигар Шуҳрат Қудратов бо Зайд Саидов дар СИЗО мулоқот дошт, аммо дар ҳузури ду муфаттиш суолу ҷавоб кард.»

Ба қавли Исҳоқ Табаров, моддаи 53, қисми 4-и Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ кафолати мулоқоти як ба як ва маҳрамонаи вакили мудофеъ бо зерҳимояро додаст. Вакили дифоъ ҳамунин меафзояд, ки дар чанд рӯзи ахир бемории меъдаи Зайд Саидов хуруҷ кардааст, вале бо вуҷуди муроҷиати пайвастаи вакилони дифоъ, сардори гуруҳи муфаттишони парванда иҷозаи вуруди пизишки бемориҳои меъдаро ба назди Зайд Саидов намедиҳанд: «Инак як моҳ мешавад, ки Зайд Саидов дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, вале имкони муоинаи тиббӣ ба ӯ дода нашудааст.»

Соҳибкори маъруф Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз тасмими  таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод ва гуфт, ин ҳизб марказгаро хоҳад шуд. Рӯзи 11 май додситонии пойтахт манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз намуд. Худи ҳамон рӯз Оҷонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷсохтмонбайналмилал”, ки низ марбут ба Зайд Саидов дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза” – баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо рӯзи баъдаш раиси Оҷонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов гуфт, ки алайҳи худи соҳибкор ҳеҷ гуна парванда боз нашудааст.

Зайд Саидов, ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, ин парвандаҳоро “сиёсӣ ва марбут ба ибтикори таъсиси ҳизби нав” номид ва гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Тоҷикистон  бармегардад. Субҳи 19 май ӯ билофосила баъди бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Як рӯз баъд маҷлиси вакилони Душанбе мақоми дахлнопазирии ӯро лағв кард. Рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳукми ҳабси думоҳаи Зайд Саидовро содир намуд. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯву тарафдоронаш ин парвандаро сиёсӣ меноманд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi