21:47:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЛАБИ ТАҲҚИҚИ ОБАНБОРҲОИ НОРАК ВА ТӮХТАГУЛ

Фаъолони зистмуҳитии Узбакистон хостори таҳқиқи амнияти нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Тӯхтагул шудаанд. Бо ишора ба садамаи марговар дар нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шушенски Русия, як созмони зистмуҳитии Узбакистон ба омӯзиши ҳолати фаннии нерӯгоҳҳои барқи обии Нораки Тоҷикистон ва Тӯтагули Қирғизистон даъват кардааст.

Борий Алихонов, раиси кумитаи иҷроияи Ҷумбиши экологии Узбакистон, дар Тошканд ба хабарнигорон гуфт, нерӯгоҳҳои Норак ва Тӯхтагул тақрибан ҳамсоли нерӯгоҳи Саяну Шушенски Русия мебошанд ва фалокат дар Русия мардуми Узбакистонро нигарон кардааст. Вай афзуд, бояд ин ва ҳамаи обанбору нерӯгоҳҳои минтақа мавриди санҷиши ҳамаҷониба ва дақиқ қарор бигиранд. Сарбанди обанбори Норак баландтарин дар ҷаҳон буда, ба 310 метр баробар аст ва баландии сарбанди нерӯгоҳи Тӯхтагул дар Қирғизистон 215 метрро ташкил медиҳад.

Изҳороти фаъолони ҳифзи муҳити зисти Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як манбаъ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, садамаи пурқурбонӣ дар нирӯгоҳи Саяно-Шушенск, бузургтарин нирӯгоҳи Русия, мақомоти ин ширкатро ба таҳқиқи вазъи фаннии кулли нирӯгоҳҳои мавҷуд дар Тоҷикистон маҷбур мекунад. 

Ин мақом ба вижа таҳқиқи вазъи фаннии нирӯгоҳҳои ҳамнасли нирӯгоҳи Саяно-Шушенск, аз ҷумла нирӯгоҳҳои Норак ва Қайроқумро муҳим номида, гуфт, ки “Барқи Тоҷик” ба ин манзур як ҳайъати хос ташкил додааст. Бар асари садамаи рӯзи 17 август дар нирӯгоҳи Саяно-Шушенск дастикам 75 нафар ҳалок шуданд. 

Узбакистон ҳамчунин борҳост, мухолифаташро ба бунёди обанборҳои нав дар кишварҳои болооб изҳор доштааст. Тоҷикистон ҳадаф дорад, барои ҳалли мушкилиҳои энержии худ нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба итмом расонад. Қирғизистон барои бунёди нерӯгоҳи Қамбарота ба сармоягузориҳои азими Русия муваффақ гашт.

Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов дар чандин нишаст, аз эҳтимоли пайомадҳои манфии сохтмони ин обанборҳо ҳушдор дода, талош кардааст, Туркманистон ва Қазоқистонро низ ба мухолифат ба тарҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб кунад.

Рӯзи панҷшанбе, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар конфаронси байнулмилалии тағйири иқлим дар Женева зимни даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сармоягузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун гуфт, кишвараш ба баргузории таҳқиқи байнулмилалии ин тарҳ мухолифат надорад. Тоҷикистон камбуди об дар Узбакистонро ба сабки шӯравии истифодаи об дар зироткакорӣ ва талаф шудани он бастагӣ медиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi