14:23:31 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАСВИБИ "ФАВРИИ" МУВОФИҚАТНОМАИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО РУСИЯ

Порлумони Тоҷикистон "ба сурати фаврӣ" ва дар тӯли ду рӯз мувофиқатномаи ҷадиди марзӣ бо Русияро тасвиб кард.

shukurjon_zuhurovШукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони прорлумони Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 29 феврал гуфт, ки рӯзи 2 март мӯҳлати мувофиқатномаи қаблӣ анҷом меёбад ва онҳо ночор шудаанд, ки ба сурати изтирорӣ ин санадро тасвиб кунанд.

Вай зимни интиқод аз фаъъолияти ниҳодҳои зидахл гуфт, ки онҳо бояд ин санадро бамавқеъ барои баррасӣ дар ихтиёри порлумон мегузоштанд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқатномаи ҷадиди ҳамкории марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар авоили моҳи сентябри соли гузашта аз сӯйи руасои ҷумҳури ду кишвар дар Душанбе имзо шуда буд. Порлумони Русия ин санадро пештар тасвиб карда буд.

Ба ин далел ҳадс зада мешавад, ки сӯҳбати телефунии миёни руасои ҷумҳури ду кишвар дар ҳафтаи гузашта ба мавзӯъи тасвиби ин санад рабт доштааст. Зеро маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Русия хабар дод, ки дар ин сӯҳбат масоили ҳамкориҳои низомӣ матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ин санад заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишварро фароҳам мекунад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, тибқи ин мувофиқатнома, Русия ба марзбонони тоҷик дар ҳамлу нақли марзбонон ба посгоҳҳои дурдаст ва омӯзиши кодрҳои марзбонӣ кумак карда ва ёрии фаннии ройгон ва ё пулӣ ба онҳо ироа мекунад.

Вай хабар дод, ки дар чанд соли ахир дар донишгоҳҳои низомии Русия беш аз дусад афсари марзбони тоҷик омӯзиш дидаанд ва ҳоло дар суфуфи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат мекунанд. Оқои Мирзо ҳамчунин гуфт, ки бар пояи ин санад, ҷонибҳо метавонанд дар заминаи табодули иттилоъоти низомӣ ва махфӣ, муқобала бо кочоқи маводди мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Зимнан, имзои ин мувофиқатнома дар соли гузашта ихтилофи назарҳоеро ба дунбол дошт. Мақомоти Русия борҳо изҳор доштаанд, ки ба бозгашти марзбонони худ ба Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд.

Русия то соли 2005 ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистонро бар уҳда дошт. Вале ба далоили номаълум барои ихроҷ аз Тоҷикистон розӣ шуд. Сипас, сиёсатмадорҳои рус изҳор доштанд, ки барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба ин кишвар, марзбонои рус бояд ба марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон баргарданд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин замина Кремлин ба мақомоти тоҷик фишорҳои зиёде низ эъмол кардааст. Вале дар ниҳоят мувофиқатномае ба имзо расид, ки эҳтимоли бозгашти дубораи марзбонони рус ба Тоҷикистонро аз байн бурдааст.

Гузашта аз ин, салоҳияти гурӯҳи мушовирони марзбони рус, ки дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ мустақар буданд, маҳдуд карда шуд. Тибқи мувофиқатномаи ҷадид, ҳамакнун мушовирони рус ҳақ надоранд бидуни даъват дар умури марзбонии ҳамтоёни тоҷики худ мудохила кунанд. Қаблан онҳо аз чунин имтиёзе бархурдор буданд.

Ҳамчунин, теъдоди ин мушовирон коҳиш ёфта ва тибқи муқаррароти низомӣ, раҳбарии ин гурӯҳро бояд нафаре бар уҳда дошта бошад, ки рутбаи женеролӣ надорад. Аз сӯйи дигар, коршиносон ва соҳибназарони русӣ иддаъо доранд, ки ҷониби Тоҷикистон наметавонад батанҳоӣ ҳифозат аз марзҳои ҷанубии Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсудро таъмин кунад.

Шодӣ Шабдолов, узви порлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ҳарчанд марзи Тоҷикистону Афғонистон марзҳои ҷанубии Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд маҳсуб мешавад, вале махориҷи ҳифозати он танҳо ба дӯши Тоҷикистон аст.

Вай иддаъо дорад, ки кишварҳои дигари ин созмон низ бояд дар ҳифозат аз ин марз саҳм гузоранд, зеро "аз чунин имконот бархурдоранд."

Дар ҳамин ҳол, Владимир Проничев, раҳбари Идораи умури марзбонӣ ва муъовини раиси Сервиси Федероли Амниятии Русия, рӯзи 28-уми феврал дар як нишасти матбуъотӣ дар Душанбе, гуфт, ки қарор аст дар ояндаи наздик кишвараш ба марзбонони Тоҷикистон ба ҷуз аз кумакҳои машваратӣ, кумакҳои фаннӣ низ ироа бидиҳад.

Ба эътиқоди вай, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда аст ва кишварҳои минтақа омодаанд ҳар гуна ҳамалоти ногаҳонии эҳтимолӣ ба қаламрави ин кишварҳоро дафъ кунанд.

Оқои Проничев афзуд, ки истифода аз нерӯ барои муқобала бо ҳуҷуми гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба Осиёи Миёна дар чорчӯби санадҳои мавҷуда, аз ҷумла тавофуқи сарони кишварҳо дар ин маврид ва мувофиқатномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат хоҳад гирифт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi