18:36:11 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲМОН 2010-РО "СОЛИ МАОРИФ" ЭЪЛОН КАРД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои таҷлили Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиҷоратӣ соли 2010-ро соли маориф ва фарҳанги фаннновариҳо эълон кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин икдом ба хотири рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати фанновариҳои ҷадид дар кишвар гирифта шудааст. 


ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ҲУКУМАТ?

Дар ин мулоқоташ бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон раиси ҷумҳур дар расидагӣ ба вазъи маорифи Тоҷикистон боз ҳам ба камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар соҳаҳои мухталиф ишора намуд. Бо назардошти ин амр ва бо нияти ҷалби ҷавонони болаёқат ба сохторҳои ҳукуматӣ Раҳмон вазоратҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоии кишварро муваззаф кард, ки якҷо бо донишкадаву донишгоҳҳои кишвар рӯйхати ҷавонони донишҷӯи боистеъдодро ба сифати кадрҳои ҷавон таҳия карда, ба ҳукумат ва вазорату идораҳои давлатӣ пешниҳод кунанд. 


ВОКУНИШИ ЭРАҶ

Дар ҳамин ҳол Эраҷ як донишҷӯи тоҷик, ин иқдоми раисиҷумҳурро мусбат арзёбӣ мекунад, ба шарте, ки ба ин феҳраст на донишҷуени тасодуфӣ, хешу пайванди мансабдорон, балки ҷавонони воқеан болаёқат ворид шаванд.

Ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳи соли гузаштаи президенти Русияро ба хотир меорад, ки ба ҳукуматаш таҳияи номгӯи беҳтарин донишҷӯён ва мутахассисони оянда ва кӯмак ба онҳоро дастур дода буд. Аммо ахиран, Дмитрий Медведев иқрор кард, ки ин таҷриба то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Хонандагони сомонаи "Озодӣ" низ дар бисёре аз номаҳояшон ба таври сунъӣ аз ҳукумат дур доштани ҷавонон шиква мекарданд ва менавиштанд, ки бо ин ҳол ягон ришта дар Тоҷикистон пешрафт нахоҳад кард.


ҶАВОНОН ВА ТУНДГАРОЁН

Дар мулоқот бо донишомӯзон ва омӯзгорони тоҷик дар Душанбе рӯзи якуми сентябр Эмомалии Раҳмон бо нигаронӣ аз пайдоиши гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ дар Тоҷикистон гуфт, тайи чанд вақти ахир дар манотиқи мухталифи кишвар баъзе гурӯҳҳои тундгарои диние пайдо шудаанд, ки ҳадафи фаъолияти онҳо ҷудоиандозӣ дар байни мусулмонон мебошад. 

Ба таъкиди Эмомалии Раҳмон, ин масъала низ набояд аз мадди назари ҷавонони тоҷик дур бимонад. Зеро мақсади ин гурӯҳҳо ба сари ҷомеа, алалхусус ин қишри кишвар таҳмил кардани ақидаҳои носолим аст. Дар мулоқоти имрӯза сарвари кишвар бо таъкид ба нақши муассири ҷавонон дар рушди ояндаи кишвар гуфт, феълан беш аз 7 000 ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд. 

Дар ҳамин ҳол маълум нест, чӣ теъдоде аз онҳоро ҳукумат ба таҳсил фиристодааст ва муҳассилони донишгоҳҳои динӣ ба ин номгӯй шомиланд ё не. Ахиран маҳз таҳсилкардагони чунин донишгоҳҳо сабабгори таҳрик ва тундравиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд.


БЕКОРИИ ПАС АЗ ТАҲСИЛ

Ҳамчунин имсол барои нахустин бор тариқи стипендияи байналмилалии раисиҷумҳури Тоҷикистон мавсум ба «Дурахшандагон» 36 донишҷӯ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки дар асоси шартномаи сеҷониба давлат онҳоро баъди таҳсил бо ҷои кор низ таъмин мекунад. 

Ин дар ҳолест, ки аксари донишҷӯён пас аз хатми таҳсил ба Тоҷикистон барнамегарданд ва агар баргарданд ҳам, кори муносибе наёфта, дубора рӯ ба ҳиҷрат меоранд. Дар суханронии худ раиси ҷумхури Тоҷикистон зимни арзёбии дараҷаи дониш ва сифати таълим дар кишвар афзуд, то ҳанӯз сатҳи донишомӯзии ҷавонон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон паст будааст.


МАОРИФ ДАР ҶОИ АВВАЛ?

Бо ин ҳама Эмомалии Раҳмон гуфт, новобаста ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳукумати кишвар қабл аз ҳама ба рушди бахши маориф бартарӣ медиҳад. Чунончи, аз соли 1996 ба ин сӯ ҳукумати кишвар барои ҳимоят аз бахши маориф 13 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи бештар за 500 миллион сомониро ба иҷро расонидааст. 

Аммо ба ақидаи аксари нозирон маҳз мактабу маориф яке аз осебдидатарин соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳазорон омӯзгори ботаҷриба ба сабаби камбуди музд мактабҳо ва ҳатто кишварро тарк карданд. Ин сабаб гаштааст, ки хатмкунандагон, дар ҳоле ки худ ба омӯзиш ниёз доранд, нақши муаллимро иҷро мекунанд.

Ду афзоиши музди омӯзгорон бо сабаби амалан беҳ накардани вазъи муаллимон ин мушкилро ҳал карда натавонист.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi