15:52:04 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Д. САТПАЕВ: «ӮЗБАКИСТОН НООРОМСОЗИ МИНТАҚА»

Баъди ҳодисаҳои Хонобод Ӯзбакистон будуни мувофиқаи пешакӣ бо ҳамсояҳо дар сарҳадҳояш бо Қирғизистону Тоҷикистон ба сохтмони деворҳои бетонӣ ва кандани хандақу чуқуриҳо пардохт. 

Шиддатнокии вазъ дар сарҳадҳо ба мавзӯи муҳокимаҳои коршиносҳои байналмиллалӣ табдил ёфт ва онҳо боз ба махсусияти сиёсати хориҷии Ӯзбакистон дар минтақа тавваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Хабарнигори «Фарғона. Ру» бо сиёсатшиноси маъруф, директори «Гурӯҳи арзёбии хаттарҳо» Досим Сатпаев вохӯрд. Ба ақидаи ин коршинос, Ӯзбакистон садди асосӣ дар роҳи интегратсия ва ҳамкориҳо дар минтақа мебошад.

«Фарғона. Ру»: Деворҳое, ки имрӯз Ӯзбакистон дар сарҳадаш бо Қирғизистон бунёд мекунад, ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва маблағгузорҳои эҳтимолӣ чӣ гуна таъсире хоҳанд гузошт?

Досим Сатпаев: Ба андешаи ман, аллакаӣ бисёриҳо ба чунин амалҳои ҷониби Ӯзбакистон одат кардаанд ва бубахшед, минахобонии сарҳадҳо бо Тоҷикистон дирӯз оғоз нашудааст. Ҳодисаҳои гуногун дар сарҳадҳо доимо ба вуҷуд меомаданд. Аз ин сабаб амалҳои имрӯзаи Ӯзбакистон ҳеҷ касро ба ҳайрат намеоранд. Ӯзбакистон дар сиёсати хориҷии худ бештар на ба барқарорсозии муносибатҳои шарикӣ, балки ба изолятсия аз ҳамсояҳо такя менамоянд ва бисёр мабалғгузорҳои, ки дар Осиёи Марказ фаъолият мекунанд, аз ин проблемаҳо огоҳанд.

Рости гап, аксарияти маблағгузорҳо ба муносибатҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳатто эътибор ҳам намедиҳанд. Онҳо бештар ба сиёсати инвеститсионӣ дар дохили кишвар мароқ зоҳир мекунанд. Вале дар дохили худи Ӯзбакистон ҳам вазъият он қадар хуб нест ва маблағгузорҳоро бештар ҳамин чиз ба ташвиш меорад. Деворсозиҳою хандақкашиҳои Ӯзбакистон дар сарҳадҳояш бо Қирғизистон барои инверсторҳо сюрприз ба ҳисоб намеравад. Онҳое, ки дер боз дар ин ҷой кор мекунанд ва аз вазъият огоҳӣ доранд, ба ин чиз одат кардаанд.

Бояд гуфт, ки ҷаззобияти инвеститсионии Осиёи Марказӣ ба назари қисми асосии маблағгузорҳо он қадар пурқувват нест. Албатта, маблағгузорҳо пеш аз ҳама ба соҳаи ашёи хом майл доранд: ин ҳам ба ширкатҳои ғарбӣ ва ҳам осиёӣ тааллуқ дорад. Аз ҷумла, ҳоло Чин фаъолияти худро дар Ӯзбакистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигари минтақа фаъол кардааст. Дар гумон аст, ки маблағгузорҳо ба соҳаҳои дигари иқтисосодиёт иштиёқ зоҳир намоянд, зеро сиёсати иқтисодии баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле ғалатӣ аст. Аввалан, Ӯзбакистон барқарор кардани иртиботи мӯътадили тиҷоратию иқтисодиро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намекунанд.

Зиддиятҳои гуногун ва баҳсу мунозираҳо дар мавриди бастани сарҳадҳо, ки аксар вақт бо ташаббуси Ӯзбакистон ба вуҷуд меоянд, баёнгари ин гуфтаҳост. Тошканд, масалан, доимо ҳамсояҳоро муттаҳам мекунад, ки бо айби онҳо проблемаҳои гуногун бо вуҷуд меоянд ва аз ҷумла мегӯянд, ки террористҳою экстремистҳо бо қаламрави ӯ аз хоки онҳо ворид мешаванд. Баъдан, дар дохили худи Ӯзбакистон ҳам сохтори иқтисодӣ барои маблағгузарон он қадар ҷаззоб намебошад. 

Сиёсати пешгӯинашаванда, идораи фармонфармоиву маъмурӣ писанди инвесторҳо нест ва ҳамчунин сӯми ӯзбакӣ ба қатори асъорҳои конвертатсияшаванда намедарояд. Дар натиҷа бисёрии маблағгузорҳо фаъолона рӯй ба Қазоқистон меоранд, аз ҷумла онҳое ҳам, ки пештар дар Ӯзбакистон кор мекарданд. Ҳарчанд дар Қазоқистон ҳам вазъияти иқтисодӣ он қадар хуб нест. Дар ин ҷой ҳам давлат нақши худро пурзӯр мекунад ва кӯшиш менамояд, ки дар равандҳои иқтисодӣ тамзимгари асосӣ бошад, ки ин он қалар хуб нест.

Агар дар маҷмӯъ сухан перомуни Осиёи Марказӣ равад, бо таассуф метавон гуфт, ки мо ҳатто имкониятҳои мавҷударо истифода бурда наметавонем. Яъне захираҳои бузурги ашёи хом ва инфраструктураро, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ мерос мондааст. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ ҳамчун механизми воҳид кор намекунад, зеро фазои ягонаи иқтисодӣ бунёд нашудааст. Ҳамин боис гаштааст, ки Қазоқистон ҳоло ба Осиёи Марказӣ камтар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бештар кӯшиш менамояд, ки бо Русияву Белоруссия Иттиҳоди гумрукӣ барпо намояд, (Иттиҳоди мазкур бояд аз 1-уми январи соли 2010 амал кунад). 

Ба назари ман, Қазоқистон аз ташаббусҳои интегратсионии дохили минтақа дилхунук шудааст ва ҳоло бештар ба ҷониби Ғарб майл дорад. Маълум мешавад, ки ҳатто барои Қазоқистон ҳам ҷаззобияти инвеститсионии Осиёи Марказӣ камтар шудааст, махсусан дар шароити бӯҳрон.

«Фарғона. Ру»: Ҳоло дар муносибатҳои байниҳамдигарии Қазоқистону Ӯзбакистон кадом дигаргуниҳои вақт ба мушоҳида мерасанд?

Д. Сатпаев: бояд гуфт, ки муносибатҳои Қазоқистону Ӯзбакистон аз муносибатҳо бо Тоҷикистон Қирғизистон фарқи ҷиддӣ доранд. Барои он ки сарҳад бо Қазоқистон делимитатсия шудааст ва ҳоло раванди демаркатсия давом дорад. Лекин Ӯзбакистон сиёсати ғалатии тиҷоратиро роҳандозӣ кардааст. Бисёр вақт якҷониба сарҳадҳоро мебандад, ки ин бо сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ зарари калон мерасонад. Онҳо сабабҳои инро ҳар хел шарҳ медиҳанд. 

Минҷумла мегӯянд, ки аз тариқи сарҳадҳо террористҳою экстремистҳо убур мекунанд ва ҳамчунин импорти молҳои Қазоқистону Қирғизистон ба истеҳсолкунандагони ӯзбакистонӣ зарбаи сахт мезадааст. Ҳарчанд аз ин амали онҳо худи фермерҳои узбакистон зарар мебинанд, зеро онҳо фурӯшандаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ барои Қазоқистону Қирғизистон ба ҳисоб мераванд. Ин ҷой канӣ мантиқ? Бастани сарҳадҳо манфиатҳои шаҳрвандҳои моро ҳимоя намекунанд, балки бар зарари онҳост ва аз ҷумла ба ӯзбакистониҳое, ки дар назди сарҳадҳои мо ба тиҷорат машғуланд, халал мерасонанд.

«Фарғона. Ру»: Худро изолятсия кардани Ӯзбакистон бо ҳаллу фасли масъалаҳои Афғонистон чӣ таъсире мерасонад?  

Д. Сатпаев: Ӯзбакистон аз байни кишварҳои Осиё Марказӣ бештар кӯшиш менамояд, ки дар танзими проблемаҳои дохилии Афғонистон нақши ҷиддӣ дошта бошад. Ӯзбакистон нақшаи «Шаш ҷамъи се»-ро пешниҳод кард, то НАТО ҳам дар гуфтушунидҳо иштирок дошта бошад, вале Чину Русия ба он муқобил баромаданд. Ӯзбакҳо гумон мекунанд, ки танҳо онҳо барои пешниҳоди ғояҳо перомуни танзими проблемаҳои дохилии Афғонистон захираву имкониятҳои муайян доранд ва бидуни ҷалби кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ боз Русияву Чин метавонанд ин корро кунанд. Аммо дар маҷмӯъ Ӯзбакистон доир ба Афғонистон мавқеъи хоси худро дорад. 

Зиёда аз ин, чунин эҳсос мешавад, ки вазъияти Афғонистон ҳар қадар бадтар бошад, ин барои Ислом Каримов ҳамон қадар хубтар аст, махсусан вақте вай бовар кунондан мехоҳад, ки танҳо Ӯзбакистон барои минтақа сипарест аз хатари эҳтимолии ҷунбиши «Толибон». Ҳол он, ки Ӯзбакистон дар масоили наркотрафик, ҳифзи сарҳад ба Тоҷикистон ҳам кӯмаки ҷиддие намерасонад. Аз он, ки дар он ҷой сарҳадбонҳои Русия бошанд, ҳамкориҳои мақомҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ӯзбакистон беҳтар аст. 

Зеро аз наркотрафик тамоми минтақа зарар мебинад. Вале Ӯзбакистон сиёсати дигарро роҳандозӣ мекунад. Вай дарҳояшро мебандад ва гӯё гуфтанист, ки ин проблемаҳоро худатон ҳал кунед. Ин ҷой ҳам канӣ мантиқ? Ӯзбакистон гӯё талош дорад, ки проблемаҳои Афғонистонро ҳал намояд. Лекин баробари ин намехоҳад бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад: аз тариқи сарҳад гузаронидани молҳоро иҷозат намедиҳад, дар мубориза бо наркотрафик фаъолона ҳамкорӣ наменамояд. Ва боз мехоҳад иштироки худро дар СПАД мутаваққиф созад, ташаббусҳои СҲШ-ро доир ба Афғонистон фаъолона дастгирӣ намекунад. Ӯзбакистон «худаш бо худаш» аст. Ва сиёсати Ӯзбакистон-«ба ман халал нарасонед, ман бо шумо ҳамкорӣ кардан намехоҳам»- ба мавқеъи дастаҷамъона доир ба мушкилоти Афғонистон таъсири манфӣ мерасонад.

Фарғона. Ру: Қазоқистон бояд кадом мавқеъро ишғол намояд, то, аз як тараф, ҳам бо Ӯзбакистону Қирғизистон муносибатҳои мӯътадили дипломатӣ дошта бошаду аз тарафи дигар, ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодиаш халал ворид нагардад?

Д. Сатпаев: Мо танҳо ба Ӯзбакистон нигоҳ карда, наметавонем дар як ҷой беҳаракат истем. Қазоқистон бо Тоҷикистону Қирғизистон дар алоҳидагӣ ҳамкорӣ дорад, шӯроҳои байни давлатӣ созмон дода шудаанд.

Зиёда аз ин, Қазоқистон дар ин кишварҳо фондҳои муайяни маблағгузорӣ ташкил кардааст. Албатта, бизнеси Қазоқистон инвеститсияи худро ихтисор мекунад, вале ба ҳар ҳол он дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳузур дорад. Бояд ин муносибатҳоро дастгирӣ кард, зеро варианти дигаре вуҷуд надорад. Албатта, мумкин аст тамоман аз минтақа рӯй гардонем ва диққатро пурра ба Иттиҳоди гумрукӣ бо Русияву Белорусия равон созем ва ё ҷиддан ба интеграсия бо Ғарб майл намоем, вале ин барои Қазоқистонмуфид нест. Мо як қисми минтақаем. 

Ва минтақа танҳо аз як худи Ӯзбакистон иборат нест. Аз чаҳор кишвари боқимондаи минтақа-Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар оянда Қазоқистон ҳадди ақал метавонад бо дутои онҳо муносибатҳои хуби иқтисодию тиҷоратӣ дошта бошад. Ба фикрам, ин барои ҳама муфид аст. Қирғизҳо ва тоҷикҳо интизори инвеститсия мебошанд ва барои Қазоқистон муносибатҳои хуб дошта бо ин кишварҳо аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистон ва Қирғизистон истеҳсолкунандаҳои бузургтарини гидроэнергитика дар минтақа ба шумор мераванд. 

Вале ҳаллу фасли баъзе аз масъалаҳо, масалан масоили транзит ва захираҳои об бидуни Ӯзбакистон хеле душвор аст. Агар Ӯзбакистон ҳам пайваст шавад, бисёрии проблемаҳо босамартар ҳал мешаванд. Албатта, бе Ӯзбакистон ҳам ҳал мешавад, лекин сусттар. Агар Ӯзбакистон нахоҳад, чӣ илоҷ, бо онҳое кор хоҳем кард, ки ба ин омодаанд. Ба андешаи ман, сиёсати Қазоқистон дар минтақа дигаргун нахоҳад шуд. Албатта, интегратсияи Осиёи Марказӣ самти авлавиятнок намешавад, вале муносибатҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон идома меёбанд, ҳадди ақал дар доираи он лоиҳаҳои иқтисодие, ки алҳол амалӣ мешавад.

«Фарғона. Pу»: Баҳои шумо ба вазъияти имрӯза чӣ гуна аст ва дурнамои он чӣ хел хоҳад буд?

Д. Сатпаев: Ба фикри ман, ҳарчанд ин ҳузнангез садо медиҳад, Ӯзбакистон яке аз омилҳои асосии нооромсоз дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Зеро сиёсати изолятсияи ин давлат ба безарар кардани хатарҳо халал мерасонад ва ба коҳиш додани онҳо мусоидат намекунад. Бо гунаҳкор кардани ҳама дар терроризму экстремизм ин проблемаҳо аз байн намераванд. Сиёсати дохилии Ӯзбакистон бесамар боқӣ мемонад, сатҳи қашшоқӣ хеле баланд ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар паст аст. Ва решаҳои экстремизму терроризм аз ҳамин ҷой ғизо мегиранд, мушкилотро худи Ӯзбакистон таҳрик медиҳад. 

Проблемаи дигар захираҳои об аст. Албатта, мумкин аст ба Тоҷикистону Қирғизистон фишор овардан ва онҳоро муттаҳам бар он кардан, ки мехоҳанд обро фурӯшанд. Бубахшед, онҳо боз чӣ кор ҳам карда метавонанд, агар ӯзбакҳо интиқоли газро кам кунанду баҳона пеш оранд, ки шумо қарзҳоятонро намепардозед? Дар ҷавоб тоҷикҳо изҳор мекунанд: мо обро пулакӣ мекунем, зеро ин ҳам сарвати табиӣ аст ва бо он нархе, ки мо муайян мекунем, онро бихаред. Аз ин рӯ набояд бо айбдоркуниҳои ҳамдигар машғул шуд, балки муколама кардан лозим. Лекин проблемаи муҷтамаи обу энергия боз ба мавқеъи Ӯзбакистон вобаста аст. 

Мо наметавонем корсорсиуми обу энергия таъсис диҳем, зеро Ӯзбакистон доимо, «ақидаи хос»-и худро дорад. Боз як ҷиҳати муҳим перомуни ҷаззобияти инвеститсионии минтақа. Дар маҷмӯъ маблағгузорон ҳавасманди суботу оромии минтақаанд. Ин барояшон муфид аст. Вале, агар дар дохили минтақа доимо ихтилофҳо ба вуҷуд оянд, бисёрии инвесторҳо, ки мақсади дар ин ҷой кор карда доранд, аз нақшаҳои худ даст мекашанд. Ва онҳое меоянд, ки танҳо дар бахши ашёи хом кор кардан мехоҳанд. Барои онҳо фарқе нест-онҳо метавонанд ашёи хомро бо истифода аз хатҳои мавҷудаи интиқоли нафту газ бароварда фурӯшанд, ин эшонро қонеъ мекунанд. 

Дар ҳар ҳолат онҳо фоида ба даст меоранд. Вале барои мо маблағгузорҳо дар бахши кишоварзӣ лозиманд, ба мо инноватсия, технологияҳои нав лозим аст. Лекин он инвесторҳое, ки инҳоро ба мо дода метавонанд, эҳтиёткортаранд, барои онҳо ояндаи пешгӯишаванда, муносибатҳои мӯътадили гумрукӣ ва асъорҳои устувору конвертатсияшавандаи миллӣ лозим мебошанд. Дар кишварҳои мо чунин шароит вуҷуд надорад. 

Ва гар Ӯзбакистон сиёсати имрӯзаи дохилию хориҷии худро дигар накунад, минтақа барои он маблағгузорҳое, ки ба ин ҷой метавонанд технологияҳои навро ворид созанд, ҷаззоб нахоҳад шуд. Фақат онҳое хоҳанд омад, ки минтақаи моро макони ашёи хом меҳисобанду халос. Мо ҳамчун музофоти дурдасти тамаддуни Ғарбу Шарқ боқӣ хоҳем монд. Ӯзбакҳо пахтаю газашонро мефурӯшанд, мо нафту газ, уран ва ғайраро. Тоҷикҳо кӯшиш мекунанд, ки обро фурӯшанд.

Мефаҳмед, ҳамаи ин хариду фурӯш захираҳои табиӣ аст. Лекин агар мо хоҳем, ки рақобатпазир бошем, бояд соҳаи инноватсиониро инкишоф диҳем. Вале агар дар минтақа ҳамкорӣ вуҷуд надошта бошад, ин мушкил аст.

«Фарғона. Ру»: Аз ин кӣ бурд мекунад? 

Д. Сатпаев: Аз ин ҳамсояҳои мо Русияву Чин бурд мекунанд ва ҳамчунин кишварҳои дигаре, ки мумкин аст барояшон ҳамчун манбаъҳои ашёи хом боқӣ мондани кишварҳои Осиёи Марказӣ маъқул бошад. Барои онҳо рақибҳои дигар чӣ лозим?

«Фарғона. Ру»: Ҳангоми чунин аз ҳам ҷудо будани лидерҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оё раисии Қазоқистон дар САҲА босамар буда метавонад?

Д. Сатпоев:
дар тӯли як соли боқимонда дигаргунии зиёде ба вуҷуд омад. Бар замми ин, раисӣ дар САҲА як чизи расмиятӣ аст ва аз он натиҷаи зиёдеро набояд интизор шуд. Раисии Қазоқистон дар САҲА мумкин боиси тавваҷҷӯҳи аъзои он ба Осиёи Марказӣ гардад. Лекин агар мо проблемаҳоямонро худамон ҳал карда натавонем, кӣ ба мо кӯмак мекунад? Агар мо умедвор шавем, ки САҲА ва ё созмонҳои дигар ба мисли СММ, НАТО, СПАД, СҲШ проблемаҳои моро ҳал мекунанд, иштибоҳи калон аст. Онҳо метавонанд бо машварату пул ба мо кӯмак кунанд. Ҳамаи мушкилотамонро мо бояд худамон ҳал кунем. Аммо бидуни ҳамкориҳои дохилӣ ва бе хоҳиши тарафҳо ин амри муҳол аст. 

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi