10:41:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ҚАЙСАР: «ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ БУЗУРГИ ЭНЕРГЕТИКӢ МЕГАРДАД»

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёӣ, бахусус Ҷумҳурии Исломии Покистон беш аз пеш густариш меёбад. Покистон яке аз аввалин кишварҳост, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 эътироф карда, 12 июли соли 1992 намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон беш аз 20 ҳуҷҷати ҳамкорӣ, бахусус дар бахши иқтисоду тиҷорат ба имзо расонида шудааст.

Гардиши мол дар соли 2008 байни ду кишвар 1, 7 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки он назар ба соли 2007 -ум 37, 7 % афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли 2009 бошад гардиши мол миёни ду давлат ба 3 миллион доллар расидааст. Ба Тоҷикистон аз Покистон асосан маводи сохтмонӣ- семент, гилхок, мева ва сабзавоти тару тоза, доруворӣ, матоъҳои пахтагӣ ва сунъӣ ворид карда мешавад.

 

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон бошад нахи пахта, алюминиуми аввалия, ангиштсанг, меваҷот, меваи хушк, асбобҳои рӯзгор ва ғайра содир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Алӣ Осиф Зардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки охири моҳи июли соли равон ҷараён гирифт, дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи ду давлат саҳифаи нави ҳамкориро кушод. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Покистон Алӣ Осиф Зардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади муҳими байнидавлатии ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Аз ҷумла Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро Сарони ҳар ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Осиф Зардорӣ ба имзо расониданд. Инчунин, барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон ва протоколи мубодилаи тасвибномаҳо ба Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи дастгирӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо имзо карда шуд. 

Тибқи аҳду паймони ба даст омада, дар Тоҷикистон бояд намояндагии Бонки миллии Покистон кушода шуда, он ҷиҳати ҷалби сармояи покистонӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Доир ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Покистон, ки 14 август таҷлил мегардад, бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Халид Усмон Қайсар мусоҳибае орост:

-Ҷаноби Сафир, қаблан мегуфтед, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Покистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 ба расмият шинохт. Дар муддати 17 сол ду кишвар робитаҳои худро ҳамаҷониба густариш медиҳанд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон аз нигоҳи ман дар пояи баланд қарор дорад. Сафари нахустини расмии Президенти Покистон Алӣ Осиф Зардорӣ ба Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. 

Дар тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлат қадами устуворе гузошт. Инчунин, қаблан Сарони ҳар ду кишвар ду маротиба дар доираи баргузории Саммити ЭКО дар Теҳрон ва Саммити СҲШ дар шаҳри Екатеринбурги Русия дидору мулоқот намуда буданд. Мулоқоти шахсии роҳбарони давлатҳоямон шаҳодати тавсеа ёфтани равобити ҳасана ва мутақобилан судманд байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон аст. 

-Мулоқоти сегона ва чоргонаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки чанде пеш дар Душанбе доир гардид, дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи иқтисодии кишварҳо ва таъмини амнияту субот дар минтақа чӣ нақши муҳим гузошта метавонад?

-Ба ақидаи ман мулоқотҳои сеҷониба ва чорҷонибаи Сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон, Покистон ва Русия дар Душанбе қадами ҷиддие дар тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ гардида, барои густариш додани равобити минтақавӣ иқдоми муҳим мебошад. Дар шароити имрӯза бо назардошти имкониятҳои соҳаи алоқа ягон давлат худро аз имкониятҳои пешрафту рушд канор гирифта наметавонад. 

Имрӯз ба ҳар як дигаргунии дар минтақа рух дода, аҳамияти калон дода мешавад. Хусусан, дигаргуниҳое, ки дар кишварҳои ҳамсоя рух медиҳанд барои Покистон диққатҷалбкунанда аст. Ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон барои Покистон ва Тоҷикистон роҳи пешрафти иқтисодию фарҳангиро боз менамояд. Тоҷикистону Покистонро танҳо дараи танги Вахон, ки дарозиаш 14 километрро ташкил медиҳад, аз ҳам ҷудо менамояд. 

Вазъи ноустувори Афғонистон ба рушди тиҷорату ҳамкорӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва шароити дигари ҳамкории самарабхши мамлакатҳои мо монеъ мешавад. Русия ҳамчун мамлакати пешрафта дар густариши ҳамкории минтақавӣ ва мӯътадил гардонидани вазъияти Афғонистон ва тамоми минтақа нақши муҳим бозида метавонад. 

- Ҷумҳурии Покистон дар мавриди густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна тадбирҳоро меандешад?

-Ҳукумати Покистон барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Масалан, ба қарибӣ Покистон тартиби гирифтани раводидро хеле осон карда, мӯҳлати додани онро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле кӯтоҳ намуд. Ба ақидаи ман Тоҷикистон ва Покистон барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бояд Созишномаи дахлдор имзо кунанд. Ҳамчунин, пешниҳод карда мешавад, ки бо ин мақсад дар бораи хариду фурӯши озодонаи мол Созишнома имзо карда шавад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад молҳои худро ба воситаи бандари Гвадари Покистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ барорад. Мо дар ин бора бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳду паймон кардем. Инчунин, айни ҳол нақшаи сохтмони роҳҳои мошингард дар байни ҳар ду кишвар баррасӣ карда мешавад. Ҷониби Покистон пешниҳоди худро дар ин бора ба ҷониби Тоҷикистон ба миён гузошт. Покистон ҳамчунин, соли гузашта пешниҳод карда буд, ки байни ҳар ду кишвар роҳи ҳавоӣ кушода шавад.

-Таваҷҷӯҳи Покистон дар рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон чӣ гуна аст?


-Лоиҳаи «CASA-1000» -сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар ҳоли татбиқ мебошад ва мумкин аст, ки то охири соли 2013 ба анҷом расонида шавад. 

Покистон пешниҳод кард, ки ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи энергетика кӯмаки техникӣ расонад. Мо медонем, ки дар Тоҷикистон захираи обу энергетика хеле фаровон аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда ба давлати асосии истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил гардад. Покистон вобаста ба дараҷаи рушди соҳаи иқтисодиёти худ тӯли солҳои охир аз нарасидани нерӯи барқ танқисӣ мекашад. 

Бинобар ин мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика рушд ёбад. Дар робита Покистон хоҳони ҳар чӣ бештари густариши сектори энергетикии Тоҷикистон аст ва умедворем, ки барномаҳои муштараки мо дар ин соҳа саривақт татбиқ ва иҷро хоҳанд шуд. Покистон хоҳони ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафти мардуми Тоҷикистон мебошад. 

-Кушодани роҳи ҳавоӣ байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар, яке аз самтҳои афзалиятноки ривоҷи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Покистон ба шумор меравад ва дар ин самт Сафорати Покистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кадом тадбирҳоро меандешад?

-Ман ба гуфтаи Шумо розиам. Кушодани роҳи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Покистон гарави асосии рушди муносибатҳои мамлакатҳоямон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, мудофиа, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ғайра аст. Ҳайати Покистон бо мақсади шиносоӣ бо шароити ҳамкорӣ моҳи июни соли 2008 ба Душанбе омада буд ва пешниҳод кард, ки байни ҳар ду давлат роҳи ҳавоӣ кушода шавад. 

Дар ин бора кишварҳои мо ҳанӯз соли 1992 Созишнома имзо карда буданд, вале он ҷомаи амал напӯшид. Ширкатҳои ҳавонавардии Покистон мувофиқи принсипи тиҷоратӣ фаъолият менамоянд. Ва ҳавопаймоҳо танҳо дар мавриди фолида ба даст оварданашон ба кашонидани мусофирон машғул мешаванд. Сарони давлатҳо низ ин масъаларо дар Душанбе муҳокима карданд ва умед аст, ки дар оянда роҳи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Покистон кушода мешавад.

-То ҷое мусаллам аст мардумони тоҷику покистониро аз замонҳои қадим равобити муштараки илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад. Ба назари Шумо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ кадом имкониятҳои истифоданошуда вуҷуд дорад, ки омили пешрафти робитаҳои фарҳангӣ гашта метавонанд?

-Агар дар хотир дошта бошед 5 майи соли равон дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Маркази омӯзишии Покистон ифтитоҳ гардид. Марказ бо таҷҳизот ва технологияи муосир ва дигар аёниятҳо таҷҳизонида шудааст. Ман ин ҷо бояд як нуктаро зикр намоям, ки мо дар ин масъала як асрро аз даст додем. Вале муносибатҳои динию фарҳангии мо аз асри 13-и мелодӣ оғоз меёбад. Ҳадафи Покистон барқарор сохтани муносибатҳои деринаи илмию фарҳангӣ аст. 

Покистон бо ин мақсад барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва урду, таҳсил дар курсҳои ҳарбӣ, курсҳои дипломатӣ ва ғайра барои бародарони тоҷик стипендияҳо муқаррар менамояд. Умедворем, ки сол то сол шумораи бештари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин курсҳо таҳсил хоҳанд кард.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi