08:02:18 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Д.УСМОН: "ҚАБУЛ НАКАРДАМ, КИ ДАР БАРИ САНГАК БИШИНАМ" - Qismati avval

-Қудрат чизе аст, ки тасмим, зиракиву шуҷоатро ҳамеша ҳамроҳи худ дорад. Агар роҳбари давлат аз ин се маҳрум бошад, ҳатман болои он давлат як балое рух мезанад. Ҳам балои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ. Вақте марҳум Раҳмон Набиев дубора раисиҷумҳур интихоб шуд, ӯ фикр мекард, ки боз ҳам мисли ҳокимияти даврони коммунистӣ барояш дастгоҳи ҳизб ҳама корҳоро иҷро мекунад ва ӯ ба ҳамон таври собиқа фақат фармон медиҳад. Аммо замона дигар буд, дигаргуниҳову навигариҳоро мехост. Он замон як даврае буд, ки мардум ва ҷомеа на ҳар рӯз, балки ҳар соат тағйир мехӯрд. Яъне ҳар лаҳза тасмим гирифтан, зиракиро истифода бурдан ва шуҷоатро нишон додан даркор буд. Агар роҳбари давлат як рӯз аз ин таҳаввулот ғофил мемонд, ба манзалати як сол қафо мондан буд.

БАҲОИ СИЁСӢ

- Ба ҳар сурат, дар қазияи фурудгоҳ Раҳмон Набиев аризаи истеъфои худро навишт ва имзо кард. Ин истеъфо аз ҷониби раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва вазири адлия қонунӣ эълон шуд. Ин як баҳои сиёсӣ буд ё чизе дигар?

-Бале, фикр мекунам ин як баҳои сиёсӣ буд. Зеро агар истеъфо қонунӣ сурат мегирифт, он гоҳ бояд ҷаласаи порлумон баргузор ва дар он ҷо таъйид мешуд. Ин салоҳиятро танҳо порлумон дошт, ки истеъфои раисиҷумҳурро дар сурати бекифоятӣ ва бесалоҳиятиаш дар иҷрои вазифа қонунӣ ё ғайриқонунӣ эълон кунад. Вале вазъият он вақт тарзе буд, ки баргузории ҷаласаи порлумон ба як кори тақрибан номумкин табдил шуда буд. Чунки кишвар дар ҳолати хеле ҳассос қарор дошт ва ин як тасмими сиёсӣ буд, албатта.

Ҳодисаи дар фурудгоҳ рухдода ин як иғво (провокатсия) буд. Ин иғво чуноне пештар ҳам зикр кардам, аз берун тарҳрезӣ шуда буд. Барои бадном кардану тезтар аз саҳна берун сохтани мухолифони онвақта. Мутаассифона, он вақт ягон изҳороти ҷиддӣ аз ҷониби роҳбарони мухолифон пахш нашуд. Ҳатман бояд ин иғво маҳкум мешуд, ки аз камтаҷрибагии мухолифон ин кор сурат нагирифт. Чунки роҳи қонунӣ вуҷуд дошт, порлумон метавонист ин корро кунад.

"АРИЗАРО ХУДИ ПРЕЗИДЕНТ НАВИШТ"

-Вақте Набиев истеъфо дод ва Шумо ҳамроҳи ӯ суҳбат кардед. Ӯ чӣ гуфт?

-Хеле пофишорӣ мекард дар аввал, ки истеъфо намедиҳад. Ҳатто шартҳои дигар ҳам гузошт, аз ҷумла гуфт истеъфо медиҳад, аммо аввал бояд Хуҷанд биравад. Аммо дар ҳолате, ки Набиев гирифтор шуд, роҳи дигаре вуҷуд надошт, магар ин ки аризаи истеъфоро бинависад. Ба фикри ман, ин ягона тасмими  дуруст ҳам барои он замон, ки аз ин бештар буғранҷ нашавад ва ҳам барои хариди ҷони худи Набиев буд, ки аризаи истеъфоро навишту имзо кард.

-Аризаи истеъфоро Набиев бо дасти худаш навишт?

-Бале, бо дасти худаш. Албатта, бо кӯмаки раиси КГБ ва вазири адлия, ки он ҷо ҳузур доштанд. Онҳо тариқи расмӣ кардан ва баъзе ҷузъиёти дигарро фаҳмониданд. Ҳамин тавр аз он ҷо мо Набиевро овардем ба боғи истироҳатии ҳукумат ва баъд аз ду соат аз онҷо рафт."

- Ғайб зад?

-Не, ғайб назад. Бохабар будам. Ягона тадбири дуруст рафтани ӯ аз Душанбе буд. Зеро муҳофизати ӯ он вақт барои ҳукумат як мушкилии ҷиддиро пеш меовард. Чунки ҳар лаҳза имкони террор шудани ӯ вуҷуд дошт ва боз як бадномии дигарро болои Иттиҳоди мухолифон изофа мекарданд ва мегуфтанд, ки аз вазифа сабукдӯш карда, оқибат куштанаш."

ҶОНИ РАҲМОН НАБИЕВ ДАР ХАТАР БУД...

-Ӯ аз тариқи Регар ба Хуҷанд рафт?

-Дигар муҳим набуд, ки ӯ аз кадом роҳ ба Хуҷанд рафт. Барои мо муҳим буд, ки саломат тарк кунад. Бисёриҳо гуфтанд, ки мо аз тарки Душанбе кардани ӯ огоҳӣ надоштем, ғофил мондем. Аммо дар асл ин тавр набуд. Худораҳматии Ҷӯрабек Аминов, муовини раиси КГБ наздам омад ва гуфт, аллакай Набиевро бурда истодаанд. Гуфтам, фикри худат чӣ аст ва то он ки ҷавоб диҳад, афзудам, фикри ман ин аст, ки бигзор равад. Зеро масъалаи таъмини амнияти ӯ мушкил мешавад ва имкони роҳандозии дасиса ва ё бештар аз он, масалан, ташкили террор истисно нест.

Дар ҳамон шабу саҳари тезутунд шудани вазъият Набиев дар қароргоҳаш тақрибан ҳузур надошт. Яъне дигар бовар надошт, ки қароргоҳаш барояш маҳалли амн нест. Аз ин рӯ дар ҷойҳои дигар меистод. Ҳоло ки аз он ҳодисаҳо бист сол мегузарад ва баъди бист сол ба он воқеаҳо бармегардӣ, ба назар чунин мерасад, ки аз ибтидои вазъият бештар созмони ҷосусии Узбакистон ва ҳамчунин созмони ҷосусии Русия ҳар лаҳзаву ҳар соат ӯро талқин мекарданд, ки ҳаёти ӯ зери хатар аст.

Онҳо нобоварии ӯро ҳар лаҳза зиёд мекарданд. Ӯро ба иғво мекашиданд, то ки шакку гумонҳои ӯ аз Ҳукумати Муросои Миллӣ бештар шавад. Фикр мекунам, ки ин фишороварданҳо ҳадафмандона буд, то ки вазъият рӯз то рӯз буғранҷтар шавад ва рӯз то рӯз бояд, ки раванди суқути ҲММ-ро тезтар мекард. Сиёсати иғвоандозӣ ва зери шубҳа қарор додани ҲММ, эҷоди нобоварӣ байни раисиҷумҳур ва ба мушоҳида мерасид.

РӮЗИ ОШИ ОШТӢ

-Баъди он ки Набиев дар иҷлосияи Хуҷанд истеъфои худро эълон кард, бо ӯ мулоқот доштед?

Дар рӯзи истеъфои раисиҷумҳур ман дар иҷлосияи Хуҷанд ширкат надоштам, чунки Хуҷандро тарк карда будам. Барои он ки ман дар онҷо амнияти худро дар хатар эҳсос кардам ва ҳатто дар нисбати ман талоши сӯиқасд низ сурат гирифта буд, ки ин як қиссаи дигар аст. Вақте ман дубора аз Маскав ба иҷлосия омадам, рӯзи оши оштӣ буд ва қумандонҳои саҳроии ҳарду ҷониб ҳам дар он маърака ҳузур доштанд. Дубора ба ман муяссар шуд, ки Набиевро бубинам. Албатта, аз дур.

-Вонахӯрдед, салому алейк накардед?

-Не. Агарчӣ барои ман дар ин дастархони оши оштӣ дар паҳлуи Набиев ҷой карда буданд. Онҳо ҷойи нишастро тавре муқаррар карда буданд, ки дар як тарафи курсии Набиев Сангак менишаст дар тарафи дигараш ман. Ман ин пешниҳодро қабул накардам. Хеле пофишорӣ карданд, аммо ман нарафтам. Ман қабул накардам, ки дар бари Сангак бишинам.

ИҶЛОСИЯИ 16 ВА БОЗИИ УЗБАКИСТОН

-Дар иҷлосияи Хуҷанд Набиев истеъфо додан намехост, аммо онҳое, ки барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ даст ба муборизаи мусаллаҳона зада буданд, чаро президентро дар мақомаш барқарор накарданд?

-Замоне ки иҷлосияи 16 дар Хуҷанд идома дошт, қонунҳои бозӣ дигар шуда буд. Шояд, ки аз аввал ҳам ҳамин тавр буд. Чунки аз аввал, ки Узбакистон бозигари асосӣ дар саҳна буд, дар фикри иваз кардани Раҳмон Набиев буд ва ӯро қабул надошт. Он замон қудрат дар дасти Фронти халқӣ қарор дошт ва дар ҳайати Фронти халқӣ ҳам намояндаҳои шимол хеле кам буданд. Агар мо иштироки Сафаралӣ Кенҷаев ва Амирқул Азимов, ду мӯҳраи аслӣ дар ин фронтро истисно кунем, ки як миқдор нерӯи мусаллаҳро дар атроф доштанд, дигар 80 дарсади нерӯҳои Фронти халқӣ аз Кӯлоб буд. Яъне қудрат аз дасти шимолиҳо рафта буд.

Ба ҳамин хотир Узбакистон мардуми шимолро як навъ боварӣ дода буд, ки дар қудрат будани кӯлобиҳо як мӯҳлати кӯтоҳ аст ва мо бояд аввал вазъиятро ором созем, оппозитсиюнро аз байн бубарем ва пас аз оромӣ боз бигардем қудратро дубора ба шимолиҳо бидиҳем. Ва ба ин чиз шимолиҳо ва элитаи онҳо низ мутақоид шуда буд. Аз ин ҷиҳат буд, ки дигар аз Набиев ҳимоят ва кӯшиш барои барқарории ӯро накарданд. Ба ин ваъда шимолиҳо бовар карданд. Бозигарони асосии ҳамонвақтаи шимол Абдуллоҷонов, Ҳомидов ва Тӯраев шахсиятҳое, ки дар қудрат ворид буданд, худашон орзуи ҷойи Набиевро доштанд. Ҳам бо Тӯраев, ҳам бо Ҳомидов, ҳам бо Абдуллоҷонов Узбакистон дар алоҳидагӣ бозӣ мекард. Аслан бисёртар Сайфиддин Тӯраев матраҳ буд, чунки Сайфиддин Тӯраев бо Сангак Сафаров иртиботи зич дошт.

ХУҶАНДУ КӮЛОБ: ИТТИФОҚ Ё ИХТИЛОФ?

- Тибқи нақша баъд аз се-чор моҳе, ки ҲММ барҳам мехӯрд, вазъият ором ва мухолифин саркӯб мешуданд, бояд як Шӯрои давлатӣ таъсис меёфт. Дар раъси ин Шӯро яке аз ин се нафар меомаданд. Салоҳият ва қудрати раисиҷумҳур ба ин Шӯро вогузошта мешуд. Тариқу нақшаи бозӣ дар аввал ҳамин тавр буд. Барои татбиқи ин нақша русҳо дигар мухолифат карданд ва бо  роҳбарияти нави ҳукумат, ки дар Хуҷанд интихоб шуда буд ҳамкориро ба роҳ монданд?

-На, бубинед барои татбиқи ин нақша баъзе корҳо сурат гирифт. Масалан, ҳамин террори Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов. Инҳо фикр мекарданд, ки бо террор шудани ин ду нафар нерӯҳои Фронти халқиро, ки умдатан аз ҷануб ҳастанд метавонанд, осон маҳор кунанд. Аммо раванди ҳодисот бисёр тез буд. Ҳам Узбакистон ва ҳам Руссия таваққӯъ надоштанд, ки раҳбарони мухолифон зинда мемонанд, нерӯҳои мухолиф метавонанд, ки муқовимат кунанд. Узбакистону Русия фикр мекарданд, ки агар пеши роҳи нерӯҳои нави сиёсиро нагиранд, онҳо метавонанд бо мухолифони Узбакистону Русия бипайванданд.

Ҳатто як ихтилофе ҳам баъдтар миёни русҳову узбакҳо рух дода  буд. Русҳо мегуфтанд барои ин тасмимро гирифтан яъне ташкили Шӯрои давлатӣ ҳоло барвақт аст. Ихтилофи ин ду кишвар рӯшан шуд. Пас аз шаш моҳи ҳокимият байни шимолу ҷануб ва ин ду кишвар ихтилоф кушоду равшан намоён шуд. Дигар ошкору ниҳон барои қудрат мубориза мебурданд. Иттифоқи Хуҷанду Кӯлоб пас аз шаш моҳ дигар ба ихтилоф мубаддал гашт. Русҳо кӯшиш карданд аз ҷаноби Раҳмонов, ки он вақт хеле фаъол ва имконоти амалаш ҳам зиёд аст, ҳимоят намоянд.

РУСИЯВУ УЗБАКИСТОН БОЛОИ НАБИЕВ ХАТ КАШИДАНД...

- Ба назари Шумо чаро Русияву Узбакистон Набиевро дастгирӣ накарданд, аммо кӯмаки худро аз Фронти халқӣ дареғ надоштанд?

-Ҳар як ҳокимият ду реша ва ду пуштвона дорад. Яке аз онҳо хориҷӣ дигаре дохилӣ аст, ки хеле муҳим аст. Зеро агар машруияти як ҳокимият дар дохил мавҷуд набошад, пуштибонии хориҷӣ ҳеҷ кор карда наметавонад. Як таҳрики муваққатӣ аст. Шаш моҳи аввале, ки Раҳмон Набиев раисиҷумҳур буд, давраи санҷиш ва имтиҳони асосии раёсати ӯ буд. Аммо ин муддат кофӣ буд, то маълум шавад, ки Набиев кишварро идора карда наметавонад. Ман дар назар дорам, то амиқ шудани бӯҳрон ва то ташкили ҲММ-ро. Баъд аз амиқтар шудани бӯҳрони идориву раҳбарӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 1992 ҳам Узбакистон ва ҳам Русия болои Раҳмон Набиев хат кашиданд.

ПОКИСТОН ВА СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН

- Бархеҳо бар ин назаранд, ки имзои созишнома миёни Тоҷикистон бо Покистон ҷиҳати эҳдоси нерӯгоҳи Роғун барои таҳрики ҳаводиси Тоҷикистон ва тезтар аз қудрат рафтани Набиев сабаб шудааст...

-Дар ибтидои истиқлолият роҳбарони ҷумҳуриҳо хатоҳои зиёде мекарданд. Аз он ҷумла, аз иштибоҳоти роҳбарияти Тоҷикистон дар он ибтидо ҳамин буд, ки як чунин тасмими носанҷида ва зудро гирифт. Зеро имзои ин санад муқобили манофеи геополитикии ҳам Узбакистон ва ҳам Русия буд, ки он вақт дар корҳои дохилии Тоҷикистон дасти тамом доштанд. Сармоягузорӣ аз тарафи Покистон бо сохтмони Роғун барои Русия - вориси Шӯравии пешина, ки ин қадар душманӣ бо Покистон дошт, аслан қобили қабул набуд.

Зеро русҳо, яъне Шӯравӣ шикасташ дар ҷанги Афғонистонро аз дасти Покистон медид, чунки пойгоҳҳои низомии муҷоҳидини афғон дар Покистон қарор доштанд ва кӯмакҳо тавассути Покистон ба муҷоҳидини афғон меомад. Узбакистон ҳам бар ин назар буд, ки манофеи миллиаш бо иҷрои ин тарҳ зери хатар қарор мегирифт. Бешубҳа, имзои ин созишнома яке аз сабабҳои асосии бӯҳронӣ шудани авзоъ дар Тоҷикистон ва аз сари қудрат рафтани Набиев шуд. Имзои ин созишнома барои Тоҷикистон манфиат дошт аммо пеш аз вақт буд.

-Дар ҳодисаи истеъфои Набиев кӣ ҳарфи охирро мегуфт: Мулло Абдуғаффор ва ё Исмат?

-Исмат ин ҷо як иҷрокунандаи амрҳои Мулло Абдуғаффор буд. Ҳис мешуд, ки Исмат аз Мулло Абдуғаффор итоат мекунад."

МУЛЛО АБДУҒАФФОР, ХАТИБИ МАСҶИД ВА ҲАМКОРӢ БО КГБ

-Гуфта мешавад, ки МуллоАбдуғаффор бо бархе аз идораҳои вижаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ҳамкорӣ мекардааст ва барои иҷрои амалиёти истеъфои Набиев соҳиби подош ҳам шудааст...

-Мулло Абдуғаффор дар замони Шӯравӣ хатиби масҷид буд. Дар замони Шӯравӣ хатибҳои масҷидҳо воқеан ҳам бо Кумитаи амнияти давлатӣ ҳамкории зич доштанд. Истисно нест, ки марҳум Мулло Абдуғаффор алоқае бо ин хадамот ё ки бо ягон шахсияте аз хадамот, ки бевосита бо худи Маскав барномаҳоро тарҳрезӣ мекард, дошта бошад. Аммо мо дақиқан гуфта наметавонем. Зеро мо далел надорем, ки Абдуғаффор барномаи Русия ва ё Узбакистонро иҷро карда бошад. Вале он вақт ҳама ба чунин хулоса омада буданд, ки монеи асосии феълӣ дар кишвар худи раисиҷумҳур аст. Раисиҷумҳур намехоҳад, ки авзоъро ислоҳ кунад. Ҳар касе ҳам чӣ иқдоме дар муқобили раисиҷумҳур мекард, аз ҷониби нерӯҳои мухолиф қобили қабул буд.

- Аммо ба ҳодисаи истеъфо назари Абдуллоҷонов, ки ин замон як навъ умедвор шуда буд ва омодагӣ барои ин курсиро медид чӣ гуна буд?

-Дақиқан дар ёд надорам, ки Абдуллоҷонов чӣ тавр қабул кард. Вокунишаш, албатта, манфӣ набуд. Назараш ҳамин буд, ки Набиев натавонист, кишварро идора кунад. Зоҳиран чунин ба назар мерасид.

Абдуқаюми Қаюмзод, “Озодӣ


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi