САФАРИ АҲМАДИНАЖОД БА ТОҶИКИСТОН, ФАСЛИ ТОЗАЕ ДАР МУНОСИБОТИ ДУШАНБЕ-ТЕҲРОН ХОҲАД БУД
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Давлат Назрӣ сафари расмии қарибулвуқӯъи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, оғози фасли ҷадиде дар равобити дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон донист.
Давлат Назрӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Форс», бо тайиди тавофуқи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон дар бораи замони сафари расмии Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати олирутбаи кишвараш ба Душанбе афзуд: «Ин сафар дар рӯзҳои 4-5 –уми сентябр, тақрибан ҳамзамон бо маросими таҷлил аз бистумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон возеҳ гуфт, ки ба ҳамин манзур Алиакбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати олирутба, ба манзури фароҳам кардани мақомоти лозима барои сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, дар поёни моҳи август ба таври расмӣ ба Душанбе сафар мекунад.
Ба гуфтаи вай, тибқи тавофуқот ва барномаҳои муқаддамотии ироашуда, аз сӯи дастгоҳи дипломатияи хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯи раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳи вай бо президент ва мақомоти олирутбаи Тоҷикистон ва баҳсу музокира дар бораи таҳкими муносиботи дуҷониба, имзои чандин санади ҷадид, дар заминаи тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамчунин қабули тадобире дар ҷиҳати тақвияти равобити дӯстонаи Теҳрон ва Душанбе, бахшҳое аз барномаи сафари Аҳмадинажод ба Душанбе аст.
Вай изофа кард, ки дар ин сафар Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон, ба иттифоқи бархе аз мақомоти расмии ду кишвар, дар маросими роҳандозии фози аавали нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2», ки бо сармоягузории Теҳрон ва бо мусоидати мутахассисони Эрон сохта шудааст, ширкат мекунанд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин нерӯгоҳро, ки дар 120 километрии ҷануби ин кишвар дар ҳоли эҳдост, ки намуди барҷастаи ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон донист ва афзуд: «Эҳдо ва баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ, роҳро барои тавсеъа беш аз беш ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши барқ ва саноеъ ҳамворатар хоҳад кард».
Вай тасреҳ кард, ки: «Нерӯгоҳи Сангтӯда бо 2 баробар қиммат бар 220 миллион доллар, ки 180 миллион доллари он аз сӯи Эрон ва 40 миллиони дигар тавассути Тоҷикистон таъмин шуда, дар марҳалаи ба анҷом расонидани сохтмони он аст, ки пас аз баҳрабардорӣ ба муддати 12 сол дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт, то асли сармоя ва суди худро аз маҳалли фурӯши барқи ин нерӯгоҳ ба даст оварад».
Вай мӯътақид аст, ки бо сохтани ин нерӯгоҳ, ки қарор аст солона ҳудуди як миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид кунад, бахши қобили таваҷҷӯҳи аз мушкили камбули барқи Тоҷикистон дар фаслҳои мухталифи сол ҳал хоҳад шуд.
Давлат Назрӣ, ҳамчунин бо ишора ба тасмими мақомоти Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи такмили тунели «Истиқлол» гуфт: «Дар ин замина низ мақомоти ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки бо сармоягузории шаш миллион доллар (ки Эрон ва Тоҷикистон ҳар яке 3 миллион доллар аз ин маблағро таъмин хоҳанд кард), амалиёти насби таҷҳизоти таҳвия ва рӯшноии тунели «Истиқлол» такмил шуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад».
Вай бо ишора ба ин ки ин тунел Шимол ва Ҷануби Тоҷикистонро ба вижа дар фаслҳои тӯлонии сарди сол ба як дигар мепйвандад, таъкид кард, ки ин тарҳ низ маҳсули талоши мутахассисони эронӣ буда, иҷрои тавофуқоти ахири ду кишвар дар заминаи такмил ва баҳрабардорӣ аз ин пуружа, нишона ва намуди дигари аз ҳамкориҳои мутақобила ва судманди Теҳрону Душанбе дар тайи бистсоли истиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд.
Манбаъ: Хабаргузории «Форс»