19:21:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФАРИ ҲАЙАТИ ОЛИРУТБАИ ПОКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Вазири ҳамлу нақли Покистон имрӯз дар раъси як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба манзури пайгирии иҷрои тарҳи CASA-1000 ва эҷоди масири ҳамлу нақли байни ду кишвар, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

/images/stories/2011/08/08_maqomi-pokistoni_8.8.2011.jpgТиқи хабаргузории «Форс» Арбоб Оламгирхон – вазири ҳамлу нақли Покистон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳи вай, дар сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон, зимни дидор бо мақомоти олирутбаи ин кишвар, дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи сиёсат ва иқтисод, ба вижа ҳамлу нақл, баҳс ва табодили назар хоҳад кард.

Дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Точикистон бо судури иттилоияе зимни тайиди ин хабар эълом кард: «Иҷрои шудани тарҳи эҷоди масири ҳамлу нақле, ки битавонад дар оянда ду кишварро аз тарафи вилояти Бадахшони Афғонистон бо якдигар муттасил кунад, масъалаи меҳварии мавриди баҳс дар ин музокирот унвон шудааст.

Гуфта мешавад мавзӯи сохти ҷодаи байни Тоҷикистон ва Покистон аз тариқи роҳи Вахон дар қаламрави Бадахшони Афғонистон дар ин нишаст матраҳ хоҳад шуд.

Дар ин иттилоия омадааст: «Дар музокирот ин мақоми покистонӣ бо мақомоти тоҷик, ҳамчунин ду тараф дар бораи тарҳи сохти шабакаи фишори қавии интиқоли барқ, Роғун, Кобул, Пишовар бо зарфияти солонаи интиқоли 8,6 миллиард киловатт соат барқ низ гуфтугӯ мешавад.

Роҳу барқ меҳвари аслии музокироти ҳайати покистонӣ бо мақомоти Тоҷикистон

Ин шабака қарор аст, дар чорчӯби тарҳи созмонҳои байналмилалии мавсум ба CASA-1000 ва ба манзури интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон иҷроӣ шавад.

Бинобар хабари расмӣ, баррасии масоили марбут ба сафари Осиф Али Зардорӣ президенти Покистон ба Тоҷикистон, ки барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар мобайнҳои моҳи сентябр ба Душанбе сафар хоҳад кард, аз меҳварҳои муокироти Оламгирхон бо мақомоти Тоҷикистон эълон шудааст.

Чандин сол аст, ки талоши Исломобод ва Душанбе барои эҷоди масири ҳамлу нақл байни ду кишвар ва ҳамчунин сохти шабакаи интиқоли барқ, ҳамчунон идома дорад. Аммо бо далели мухолифати бархе аз ҳамсоягони Тоҷикистон, то кунун ҳеҷ пешрафте дар иҷро ва таҳқиқи ин ду тарҳи муҳими минтақавӣ ҳосил нашудааст.

Таҳлилгарон боздиди Сайид Навиди Қамар – вазири об ва барқи Покистон дар феврали соли гузаштаро нуқтаи гардиши музокироти тарафайн барои ниҳоӣ кардани ин масъала унвон мекунанд.

Ин мақоми покистонӣ дар сафар дар пайи музокирот бо мақомоти Душанбе, аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун дар 110 километрии шарқи Тоҷикистон боздид карда ва ба тарафи тоҷик итминон дода, ки кишвараш ба қарордодҳо ва таъаҳудоти қаблии худ дар мавриди мушорикат дар иҷро шудани тарҳи сохти шабакаи фишори қавии интиқоли барқ аз ин нерӯгоҳ поянда аст.

Мақомоти зирабти ду кишвар ҳамчунон пеш аз ин тавофуқ карда буданд, ки Покистон бахше аз махориҷи ин тарҳро таъмин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон низ дар сафари авохири соли гузашта ба Покистон бори дигар тавофуқномаеро дар ин замина бо мақомоти покистонӣ имзо кард.

Норизоиятии Ӯзбакистон аз тавофуқи Тоҷикистон бо Покистон

Пас аз гузашти чаҳор рӯз аз сафари соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, Ориф Каримов сафири Ӯзбакистон дар Исломобод дар як дидори шитобзада бо мақомоти вазорати об ва барқи Покистон, зимни эълони норизоиятии Тошканд, аз тавофуқи Душанбе ва Исломобод, хостори ҳамкории Покистон бо Ӯзбакистон дар бахши ҳамлу нақл ва барқ шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи англисзабони «Dawn» чопи Покистон, сафир аз як пешниҳодҳои Тошканд дар мавриди ҳамкорӣ дар сохти як нерӯгоҳи бузурги барқӣ дар Покистон ва ҳамчунин интиқоли нерӯи барқ аз кишвараш ба Покистон бо қиммати муносибро матраҳ кард.

Аммо Ҷовиди Муқим, устоди донишгохи миллии Тоҷикистон ва таҳлилгари масоили равобити минтақавӣ мегӯяд: «Бо андак инъикос дар масоили сиёсат ва иқтисоди минтақа, дар меёбем, ки Ӯзбакистон ҳеҷ гоҳ наметавонад дар заминаи таъмини нерӯи барқи минтақа, ҷойгузини Тоҷикистон шавад».

Ин таҳлилгар дар гуфтугӯ ба хабаргузории «Форс» афзуд: «Дар ҳоли ҳозир Ӯзбакистон барқи тавлиди худро ба қиммати 7,8 сент ба Афғонистон, ки дар ҳамсоягии марзҳои ин кишвар қарор дорад, содир мекунад ва агар ин барқро ба Покистон содир кунад, баҳои он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».

Ба гуфтаи вай, ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон барқи тавлидии дар нерӯгоҳҳои барқии обии худро бо қиммати 3,5 сент ба Афғонистон содир мекунад ва дар сурати сохтани нерӯгоҳҳои ҷадид, қиммати барқи содиротии Тоҷикистон ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт, ҳол он ки, бахши умдаи барқи Ӯзбакистон дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад ва ба ҳамин далел хазинаи тавлиди он низ бисёр болотар аст.

Ба эътиқоди ин таҳлилгар, тарҳи CASA-1000, ки як тарҳи минтақавӣ аст ва бо мусоидати бонки ҷаҳонӣ иҷро хоҳад шуд, бахши қобили таваҷҷӯхе аз мушкилоти Тоҷикистон, ба вижа Афғонистон ва Покистонро ҳал хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, эътирози мақомоти Тошканд танҳо бо аҳдофи сиёсӣ ва ба манзури ҳифзи бозори барқи минтақа дар дастони худ ва ҷилавгирӣ аз эҷоди заминаҳои муносиб барои рушди иқтисоди Тоҷикистон сурат мегирад.

Талош барои иҷрои тарҳи CASA-1000, бо рағми мухолифати Тошканд

Аммо ин савол матраҳ аст, ки агар фишорҳои Ӯзбакистон идома ёбад ва замони сохти нерӯгоҳи Роғун ҳамчунон ба дарозо бикашад, Тоҷикистон чӣ хоҳад кард?

Сафири Тоҷикистон дар Покистон ахиран ба манзури фароҳам кардани муқаддамоти лозима барои сафари Зардорӣ ба Душанбе, зимни тарҳи ин мавзӯъ бо мақомоти вазорати об ва барқи Покистон, эълон кард, ки Тоҷикистон ҳатто бидуни роҳандозии нерӯгоҳи Роғун ин тавонро хоҳад дошт, ки бо сохтани нерӯгоҳҳои дигар, дар таъаҳудоти худ дар заминаи судури барқ ба Афғонистон ва Покистон амал кунад.

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо ишора ба ниёзи Покистон ба ҳудуди 8 миллиард киловатт соат барқ дар сол, иҷрои тарҳҳои минтақаии монанди CASA-1000- ро дар ростои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ донист.

Коршиносон бар ин назаранд, ки нишасти чаҳорҷонибаи сарони Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ба бисёре аз ин саволот посух хоҳад дод. Зеро Русия низ пештар омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ эълом карда буд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, баррасии тарҳи сохти як масири ҳамлу нақл байни Покистон ва Тоҷикистон, ки битавонад ин кишвари Осиёи Марказиро ба бандари обии Карочӣ мунтасил кунад, аз дигар мавзӯъоте ҳаст, ки дар ин дидор матраҳ хоҳад шуд.

Дар тарҳи CASA-1000, ки тавассути ширкати канадагӣ таҳия шудааст, бо хазинаи беш аз 700 миллион долларӣ хатти 750 километрии интиқоли барқи фишори қавии Қирғизистон, Тоҷикистон, ба Покистон аз қаламрави Афғонистон сохта хоҳад шуд.

Кӯшиши мақомоти покистонӣ ва тоҷик барои тавсеаи равобити дуҷониба дар ҳоле аст, ки ба далели адами вуҷуди имконоти зерсохти ҳамлу нақли роҳҳо ва роҳи оҳани байни ду кишвар, арзиши мубодилоти тиҷоратӣ байни Исломобод ва Душанбе, ҳудуди сад миллион доллар аст.  

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi