05:31:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ӮЗБАКИСТОН ИН БОР БА ХАТТИ БАРҚИ «КАССА-1000» ЧАШМ АЛО КАРДААСТ

Бунёди нерӯгоҳи Роғун ҷузъи калидии тарҳи интиқоли барқ ба Покистон маҳсуб мешавад. Рӯзномаи "Довн" (Dawn) чопи Покистон гузориш додааст, ки Ӯзбакистон бо тарҳи хатти интиқоли нерӯи барқи «КАССА-1000» аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон мухолифат кардааст. Ӯзбакистон гуфтааст ин тарҳ мухолифи қонунҳои байнулмиллалӣ аст.

ДАРДИ БЕДАРМОНИ ӮЗБАКИСТОН

islam karimovИн рӯзнома дар сойти интернетии худ аз таърихи 13 март нигошта, ки аз манобеъи мутталеъ огоҳ шудааст, Ориф Каримов, сафири Ӯзбакистон дар Покистон ҳафтаи гузашта бо масъулини вазорати об ва инержии Покистон мулоқот карда ва дар робита ба мавзуъ, номаи "нохушнудии" давлати худро ба онҳо ироа кардааст. Гуфта мешавад, ки сафири Ӯзбакистон дар Покистон ба мақомоти ин кишвар гуфтааст, ки на танҳо Ӯзбакистон, балки Қазоқистон ва Туркманистон низ бо ин тарҳ мухолифанд, зеро Тоҷикистон гузориши таъсири бунёди нерӯгоҳи Роғунро бар муҳити зисти минтақа ба таъйиди ин кишварҳои ҳамсоя нарасондааст.

Коршиносон мегӯянд, Ӯзбакистон, ки дар ҳама заминаҳои рушди Тоҷикистон мухолифат меварзад, дар ин навбат ба бунёди як тарҳи байнулмилаие, ки саҳми Тоҷикистон дар он бештар аст, даст ба эътироз дароз кардааст. Коршиносон мегӯянд, агар Узбакистон пештар дар мавзеъгириҳояш худро пирӯз мепиндошт, акнун ба гирдоби мағлубият ворид шудааст.

Зеро бунёди хатти барқи КАССА-1000 ва ниругоҳи Роғун тарҳи геополитикӣ ва аз доираи манофеъи кишварҳои абарқудрат аст, ки дигар мухолифатҳои Ӯзбакистон барои он беаҳмият шудааст, вале сиёсатбозони ин кишвар боз ҳам ба манзури мавҷу¬дияти худ домони ҷанги иттилоъотиро раҳо намекунанд.

Тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Покистон бо ҳазинаи умумии беш аз 6 миллиард дулор қарор аст нирӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғо¬нистону Покистон интиқол бидиҳад. Рӯшан аст, ки ин хатти барқ барои интиқоли барқи нирӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ва нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, бавижа нерӯгоҳи Роғун пешбинӣ шудааст – ҳамон Роғуне, ки дардаш кобуси хоби шаби Ислом Каримов аст. 

ХАРА – ХАНДА,  БУЗА – БОЗӢ

Рӯзномаи "Довн" менависад, Ӯзбакистон дар ин нома аз Покистон хостааст аз кишварҳои минтақа – Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кунад, то мувозинати байнулмиллалиро риоят кунанд. Ин рӯзномаи покистонӣ мегӯяд, Ӯзбакистон ба манзури ташвиқ ба худдорӣ аз ширкат дар тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон пешни¬ҳод кардааст Покистон бунёди се нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Свот дар қаламрави худро рӯи даст бигирад, ки Ӯзбакистон омода хоҳад буд дар ин амр кумаки молӣ кунад.

Ба навиштаи рӯзнома, Ӯзбакистон ба манфиатҳои иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва кишоварзии бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Свот таъкид кардааст. Хеле аҷиб менамояд: Ӯзбакистоне, ки худаш ба зӯр шиками мардумашро сер мекунад, ба кишвари дигар барои бунёди нерӯгоҳҳо пул медодааст. Ин ваъдаи бепояи Ӯзбакистон мақоли «Хара ханда буза бозӣ»-ро мемонад. Ҳақ ба ҷониби коршиноси тоҷик Раҷаби Мирзост, ки мегӯяд:

«Ӯзбакистон дигар танҳо коре, ки карда метавонад, ҳамин аст, ки ҷанги иттилоотиро бо росту дурӯғ идома медиҳад. Вагарна мавқеъгирии Ӯзбакистон дигар на ба нафъи кишварҳои абарқудрат, на ба фоидаи кишварҳои минтақа ва на ба зиёни Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки ин барои ҳама рӯшан аст». 

Аз сӯйи дигар, Покистон ҳамасола ба 7-8 миллиард мегаватт нерӯи барқ ниёз дорад ва ин мушкил бо бунёди як-ду нерӯгоҳи хурд дар қаламрави ин кишвар дар панҷ-даҳ соли оянда ҳал нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, Покистон ҳатман бояд барқро аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ кунанд. Зеро агар ин кор имконпазир мешуд, сиёсатмардони он кишвар ҳам ҳамин қадар ақл доранд, ки дар кишвари худ нерӯгоҳ бисозанд.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи сохтмони хатти интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Афғонистон ва Покистон борҳо аз мавзӯъоти меҳварӣ дар музокироти мақомоти кишварҳои Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон будааст ва онҳо бар аҳамияти ин тарҳ таъкид кардаанд.

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАМСОЯҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон дар ҳафтаи гузашта, татбиқи тарҳи CASA-1000, дар меҳвари ҳама гуфтугӯҳои мақомоти Тоҷикистону Покистон қарор дошт. Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик таҳияи асноди марбут ба ин тарҳ комилан анҷом меёбад ва ба дунболи ин, музояда барои бунёди CASA-1000 эълон хоҳад шуд. Дар ҷараёни татбиқи тарҳ бояд дар тӯли 750 километр хатти баландшиддати интиқоли барқ сохта шавад.

Покистон ҳанӯз ду даҳсола пеш ба захираҳои энержии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда буд. Аз ҷумла, дар соли 1990 ин кишвар барои тарҳи сохтмони Роғун 500 миллион доллар ваъда дод, аммо бо шурӯъи нооромиҳо дар Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар, мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард. Аммо ҳоло Исломобод бо ҷуръат мехоҳад дар бахши энержии Тоҷикистон саҳми мустақим дошта бошад.

Вазири хусусисозии Покистон Саид Навид Қамар дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, Покистон ба сохтмони Роғун таваҷҷуҳ дорад ва омода аст дар ин роҳ кӯмакҳои фаннӣ бирасонад.

Ҳазинаи ин хатти 550 килувотӣ 680 милюн доллар буда ва аз миёни созмонҳои байналмилалии молӣ Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро барои сармоягузории ин тарҳ эълом кардааст. Созишномаи миёни Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон дар мавриди тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи мавсум ба “CASA-1000” дар моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломободи Покистон аз ҷониби Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расида ва дар моҳи январи соли гузашта аз сӯйи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд.

Дар зарфи ду соли ахир ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтааст. Аммо энержӣ ва иртиботот аз бахшҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон мебошад. Тибқи иттилоъи Сафорати Покистон дар шаҳри Душанбе, давлати ин кишвар дар соли 2008 барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон, бандари ҷадиди Гвадарро фаъол карда буд. Аммо гуфта мешавад, то ҳол васоили идораи контейнерҳо дар ин бандар бекоранд, зеро аз Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ контейнере ба ин бандар ворид намешавад.

Тоҷикистону Покистон барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи иртиботии Ишкошими Тоҷикистон ва Чатроли Покистон тавассути дараи Вахон ҷиддан талош хоҳанд кард. Дар Прутоколи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Покистон ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвозҳо дар масири Душанбе-Исломобод таъкид шудааст.

Тавре дида мешавад, равобити Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳояш ва мамолики ҷаҳон бар асоси сиёсати дурусти ҳукумат болотар аз чашмдошти Ӯзбакистон густариш меёбад, ки ин низ хоре дар пойи Каримов аст. Ва саранҷом хулосаи яке аз коршиносони ҷаҳонро, ки бар пояи даъвоҳои беохири Ӯзбакистон ба тадқиқи масъалаҳои обу энержии Осиёи Марказӣ машғул шудааст, бо беҳтарин бахши хулосааш пешкаши шумо мекунам.

Страун Стевенсон, вакили порлумони Аврупо, соли гузашта аз раҳбари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо супориш гирифт, ки масоили обӣ ва ҳамкорӣ дар бахши обии Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, гузорише таҳия кунад ва ӯ пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ ва таҳқиқи амиқи масъала, дар 350 саҳифа натиҷагириашро хулоса кард. Оқои Стевенсон навиштааст: "Ин муноқиша ҷониби пирӯз нахоҳад дошт.

Узбакистон бахше аз низоми ягонаи интиқоли барқ дар Осиёи Марказӣ буд, вале аз он берун шуд. Узбакистон баъзан марзҳояшро баста, тиҷорати байнимарзиро бо бунбаст рӯ ба рӯ мекунад». Бале, чунин аст. Бештарин коршиносони ҷаҳон ин гуна мавзеъгириҳои давлати Ӯзбакистонро як навъ хушунат ва худхоҳии пурғаразона унвон кардаанд.

Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА, шореҳи сиёсӣ барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi