12:35:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВУРУДИ НОГАҲОНИИ МАЪМУРОНИ ДАВЛАТӢ БА ДАФТАРИ ҲНИТ

Гурӯҳе аз маъмурони давлатӣ рӯзи ҷумъа бидуни огоҳсозии қаблӣ ба дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолиф дар ин кишвар, ворид шудаанд. Ин ҳодиса пас аз намози ҷумъа сурат гирифта ва масъулони ҳизб мегӯянд ҳадафи маъмурон дар оғоз зоҳиран мусодираи диску наворҳое будааст, ки бархе афроди ғайриҳизбӣ дар дохили муҳавватаи дафтари ҳизб мефурӯхтанд.

 

saidumar_huseyniСаидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ба Би-би-сӣ гуфт теъдоди маъмурон 10 то 20 нафарро ташкил медод ва онҳо худро кормандони пулису амният, додситонӣ ва кумитаи дин муъаррифӣ кардаанд. Онҳо дар оғоз диску сидӣ ва дивидиҳои ҳовии мавъизаҳои рӯҳониён ва филмҳои мазҳабиро аз фурӯшандаҳо мусодира карда ва барои "санҷиши истондордҳои қонунии забту фурӯш" бо худ бурдаанд.

 

Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд фурӯшандагони ин мавод ба ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч иртиботе надоранд ва аз онҳо қаблан ҳам хоҳиш шуда буд, ки навору дискҳои худро дар берун аз муҳавватаи дафтари ҲНИТ фурӯшанд. Вале бо гузашти замон онҳо дубора ба фурӯши диску наворҳои худ дар дохил пардохтаанд. Баъд аз мусодираи диску наворҳо, маъмурон ҳамчунин бо фаъолони ҲНИТ ба гуфтугӯ нишаста ва онҳоро бори дигар огоҳ кардаанд, ки дар дохили муҳавватаи дафтари ҳизб намоз нагузоранд.

 

Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд маъмурони давлатӣ ҳамчунин прутукуле дар мавриди имоми масҷиди ҲНИТ таҳия карда ва гуфтаанд, ки ин қазия дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Як мақоми пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ҳамаи корҳое, ки маъмурони умури дохилӣ анҷом доданд, бар асоси қонун сурат гирифтааст.

 

Ин мақоми пулис аз бурдани номаш худдорӣ кард, вале гуфт, ки бар асоси қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки соле қабл тасвиб шуда буд, намозгузорӣ дар дохили дафтари ҳамагуна муассисот мамнӯъ аст. Вай гуфт: "Дар ин қонун гуфта шудааст, ки намозгузорӣ бояд танҳо дар ҷойҳои муқарраршуда сурат бигирад. Дар асоси мусаввабаи шаҳрдории Душанбе ҷойҳои барои намозгузорӣ муқарраршуда танҳо манзилҳои хусусӣ, масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ мебошанд."

 

Ин мақоми пулис афзуд, ки кормандони умури дохилӣ мавориди нақзи қонуни динро сабт карда ва парвандаро ба додгоҳ мефиристанд ва додгоҳ қазияро баррасӣ мекунад. Ба ин тартиб, интизор меравад қазияи "намозгузорӣ дар дафтари ҲНИТ" низ ба додгоҳ ироа шавад.

 

Дар ҳамин ҳол, рейд ё вуруди ногаҳонии гурӯҳе аз маъмурони давлатӣ ба дафтари ҲНИТ ҳарчанд дар оғоз ба баҳонаи "мусодираи диску наворҳои машкук" сурат гирифта, вале бо таваҷҷуҳ ба ин ки онҳо худро аз ниҳодҳои мухталифи давлатӣ муъаррифӣ кардаанд, аз иқдоме созмонёфта ҳикоят мекунад. Ин рӯйдод дар ҳолест, ки тайи моҳҳои ахир баҳсу ихтилофоте миёни ин ҳизби умдаи мухолиф ва Кумитаи дини Тоҷикистон бар сари намозгузорӣ дар дохили муҳавватаи дафтари ҳизб вуҷуд дорад.

 

Кумитаи дини Тоҷикистон дар истинод ба қонуни баҳсбарангезе, ки дар соли гузашта тасвиб шуда ва интиқодоти густардаи гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башарро ба дунбол дошт, аз фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ хостааст, ки дар дафтари ин ҳизб намоз нагузоранд. Вале фаъолони ин ҳизб, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, мегӯянд, ки бардошти онҳо аз қонун дигар аст. Ба гуфтаи Саидумари Ҳусайнӣ, қонун мегӯяд, ки "дар фалон ҷойҳо намоз хондан мумкин аст, вале намоз хондан дар ҳеч маконеро мамнӯъ накардааст."

 

Бо ин вуҷуд, дар пайи музокира бо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон, фаъолони ин ҳизб тасмим гирифта буданд "аз роҳи табиъӣ" шумори намозгузорон дар масҷиди ҳизби худро коҳиш диҳанд. Оқои Ҳусайнӣ дар ин бора гуфт: "Мо аз намозгузорон хоста будем, ки ба масоҷид раванд ва мехостем батадриҷ танҳо афродеро иҷозаи вуруд ба дафтари ҳизб диҳем, ки корти узвияти ҳизбро доранд."

 

"То ин дам шумори намозгузорон дар дохили муҳавватаи ҳизбамон камтар шуда буд. Тақрибан 50 дарсад аз занон ва ягон 30 дарсад аз мардон камтар шуд. Мо мехостем ин кор ба таври табиъӣ анҷом шавад ва хуб ҳам пеш мерафт. Вале рӯйдоди дирӯз бароямон ғайримунтазира буд."

 

Ҳизби наҳзати исломӣ аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат дар Тоҷикистон ва танҳо ҳизби мазҳабии расмӣ дар Осиёи Миёна аст. Бо ишора ба фаъолияти расмии ин ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон, бархе аз нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки ин кишвар дар масири демукросӣ қарор дорад. Вале мунтақидони сиёсатҳои Президент Раҳмон мӯътақиданд, ки вай танҳо ба хотири намоиши демукросӣ ин ҳизбро иҷоза дода, вале дарвоқеъ фазоро барои фаъолиятҳои густардатарии ин ҳизб ва аҳзоби дигари мухолиф танг кардааст.

 

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар авохири даҳаи 1980 таъсис шуд ва аз ҳамон оғоз бо ҳизби кумунист, ки дар замони Шӯравӣ қудрати биломунозеъеро дар ихтиёр дошт, ба мухолифат пардохт. Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози истиқлоли Тоҷикистон, ихтилофот миёни исломгароён ва тарафдорони ҳизби кумунисти вақт, ки оқои Раҳмон низ шомили он буд, шиддат гирифт ва як ҷанги дохилии панҷсоларо ба дунбол дошт.

 

Давлати Президент Раҳмон дар оғози ба қудрат расидани вай фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард, вале дар пайи тавофуқоти сулҳи соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи давлат, ки бахши аъзаме аз онон пайравони ҲНИТ буданд, ночор шуд қудратро бо онҳо қисмат кунад.

 

Ҳамакнун, бо гузашти 13 сол аз имзои қарордоди сулҳ, ҳеч як аз чеҳраҳои мухолифони собиқ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар маносиби муҳимми давлатӣ боқӣ намондаанд. Талилгарон бо ишора ба нуфузи рӯзафзуни ин ҳизб мегӯянд дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ бахши аъзаме аз мардум ба ҳимоят аз ин ҳизб раъй додаанд, вале орои умумӣ тақаллуб шуда ва танҳо ду намояндаи он тавонистаанд ба порлумон роҳ ёбанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3406-2010-10-23-09-08-09.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi