ПЕШИ ХУДОВУ МИЛЛАТ ҲАМА БОЯД ТАВБА КУНЕМ
Баҳси Барзу БО муҳиддин кабирӢ раиси Ҳнит
Барзу: Ин субҳ бори дигар ба ҳолати шок даромадам. Рӯзномаеро кушода мехонам. вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳини маросими кушодашавии кадом як литсеи наве, вақте, ки вориди маҷлисгоҳ мешавад, гимнеро, ки аллакай садо медод, хомӯш мекунанд. Ӯ ақаллан сабр намекунад, ки гимн ба итмом бирасад ва баъд вориди толор бишавад. Баъдан ба минбар баромада аз он ҷо ба таҳқири занони сатрпӯш шурӯъ мекунад. Ӯ онҳоро бо алфози қабеҳ таҳқир мекунад ва ҳатто маймун мегӯяд.
Масъала на ин ҷост, ки он зан чӣ гуна либос пӯшида буд, балки гап дар сари он аст, ки ӯ занаст ва дар гирду атрофи ӯ бачаҳо истодаанд. Бачаҳои мактабхон. Мутаассифона, он ҷо як нафаре ёфт нашуд, ки аз шаъну шарафи зан дифоъ кунад. Дар ин робита ман аз Шумо пурсиданиям, ки Шумо чӣ нуқтаи назар доред оиди чунин рафтори Вазири маорифи кишвар, ки ба фикри ман ҳам динро таҳқир кардаасту ҳам ҳуқукҳои инсониро помол намудааст?
Кабирӣ: Ман ҳам ин маводро хондам. Барои ман ин чизи нав набуд. Зеро қаблан ҳам чунин рафтор нисбати хоҳарон ва заноне, ки сатрпӯш ҳастанд ё ҷавононе, ки риш доранд, содир шуда буд ва чунин суханҳо ва ё ибораи дағал, дурушт садо дода буд. Вале ин бори аввал аст, ки чунин суханон ба матбуот кашонда мешаванд. Қаблан вақте, ки мо дар бораи рушду нумӯи радикализми дунявӣ сӯҳбат мекардем, (мутаассифона, дар Тоҷикистон радикализми динӣ ҷои худро ба радикализми дунявӣ дода истодааст), ба мо мегуфтанд, ки шумо масъаларо аз ҳад доғ ва аз ҳад зиёд муболиға мекунед.
Дар Тоҷикистон радикализми дунявӣ вуҷуд надорад. Танҳо радикализми динӣ вуҷуд дорад. Вале дигар имрӯз ҷомеъа огоҳ шуд ва нишонаҳои радикализми дунявӣ дар кишвари мо аз ҳама ҷо сар зада баромада истодаанд. Дигар ин ибораҳои дағалу дуруштро нисбати зан модар мо аз телевизион мешунавем, мо аз расонаҳо мехонем ва аз забони масъулини баландмақоми давлатӣ мешунавем. Дигар касе гуфта наметавонад, ки дар ҷомеъаи мо радикализм нест. Ҷои таассуф аст, ки радикализми динӣ ва дунявӣ ҳарду баробар қадам зада истодаанд. Ва яке сабаби пайдоиши дигаре мешавад. Эҳтимол дорад, ки радикализми динӣ боиси пайдоиши радикализми дунявӣ шуда бошад ва эҳтимол дорад, ки ин бебандубориҳои радикализми дунявӣ оқибаташ боз пайдоиш ва тақвияти радикализми динӣ шавад.
Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки мо касоне, ки андешаи созанда доранд, касоне, ки тарафдори дунявият ва ё дини мӯътадил ҳастанд, андешаи динии мӯътадил ва андешаи секулярии мӯътадил ҳастанд, инҳо натавонистанд шиорҳоро, рамзҳоро аз дасти радикалҳо бигиранд. Ман ошкор мегӯям, оқои Барзу, ин айби ману Шумо ҳаст. Мо ҳарду инҷо нишастаем. Агар қабул кунед ин ҷо камбудии ман ҳаст, ки натавонистем аз дасти ифротиҳои динӣ шиорҳоро бигирем ва дар ин ҷо камбудии Шумо ҳаст, ки натавонистед аз дасти ифротгароҳои дунявӣ шиорҳоро бигиред.
Барзу: Сад дар сад розӣ ҳастам.
Кабирӣ: Ва инак онҳо дар майдони дин пештозонанд. Худашонро метарконанд ва бо ҳамроҳии худ дигаронро. Онҳое ҳастанд, ки таҳқир мекунад, мекушанд бо номи ислом. Ва дар майдони дунявиҳо низ боз ҳам тасмимгиранда намояндаи расмӣ имрӯз онҳое ҳастанд, ки таҳқир мекунанд, манъ мекунанд, маҳдуд мекунанд. Мову Шумо табдил шудем ба тамошобин, ба мусоҳиб, мусоҳибагиранда ва ҳамон тавре, ки дар мақолаи қаблиатон навишта будед як хомӯшӣ ва бетафовутии ҷинояткорона (ҷиноякоронаро ман аз худам илова мекунам. Муҳиддин Кабирӣ) шумо ин ибораро надоштед, Шумо бештар дар бораи бетафовутӣ сӯҳбат мекардед. Мегуфтед, ки ҳама бетафовут шуданд. Вале ман мегӯям, ки ин то ҳаде ҳаст, ки дигар аз ҷониби андешаманд ин қадар хомӯш нишастан, майдонро ба фоидаи ифротиёни ҳарду тараф тарк кардан ин ҷиноят дар назди фарҳангу миллат аст.
Барзу: Оё ҳоло вазифаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ин нест, ки аз ин мардуми ҳуқуқҳояш помолшаванда бо истифода аз матбуоти даврӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарафдорӣ кунад? Охир, каси дигари ин кор мекардагиро ман намебинам, такягоҳашон шумоед?
Кабирӣ: Бубинед Барзу. Аз ин бармеояд, ки Шумо болои айсбергро дидаед. Тоза вориди ин масъала шудаед, пештар хабар надоштед. Ду-се сол пеш вақте, ки хоҳарони дар Донишгоҳи миллӣ таҳсилнамударо барои сатрашон берун карданд аз донишгоҳ, онҳо 15-16 нафар ба ман муроҷиат карданд. Гуфтанд, ки Шумо ҳизби динӣ ҳастед, вазифаи шумо ҳаст дифоъ кардан аз ҳуқуқи диндорон ва онҳое, ки сатр мепӯшанд. Ва мо ҳам тибқи дархости онҳо рафтем бо масъулини Донишгоҳ ва масъулини вазорат вориди баҳс шудем ва хоҳиш кардем, ки ба хоҳарон иҷозат диҳанд, ки таҳсилашонро идома диҳанд ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо кардем. Баъдан чӣ шуд? Моро муттаҳам ба он карданд, ки ин қазияи сирф диниро ба қазияи сиёсӣ табдил додем. Гӯё ба нафъи ҳизб кор карда истодаем.
Аз пеши худ проблема сохта истодаем. Мо аз ин дар тааҷҷуб шудем. Ин корро мо аз пеши худ накардем. Ба мо муроҷиат карданд ва мо масъулияти худро ҳамчун вакил, ҳамчун намояндаи як ҳизби сиёсӣ иҷро кардем. Ҳамин нукта оғози сардшавии муносибати мақомоти давлатӣ бо ҳизби мо шуд. Ҳоло ҳам мо вазифаи эмонӣ ва ҷонии худ медонем, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон, ба хотири амният ва тинҷии ҷомеъа боз ҳам ҳадиақал хоҳиш кунем аз масъулин, ки чунин муносибатро нисбати диндорон, ба хусус касоне, ки мехоҳанд либос ё намуди зоҳирии динӣ дошта бошанд, нисбати онҳо чунин амалҳо нашаванд. Вале метарсам аз он ки боз моро гунаҳкор ба он мекунанд, ки мо дахолат ба умури давлатӣ карда истодаем ва ин масъалаҳоро сиёсӣ мекунем.
Барзу: Маро нобиноии ваҳшиёнаи он иддаъ одамон мекушад, ки ба фикри ман, эҳсоси худҳифзкуниро гум кардаанд. Ба ҳар яки мо Худованд эҳсоси худҳифзкуниро додаст. Мо мебинем, ки ҳар як иқдоми ба ин монанд чи гуна вокунишҳоро ба бор меорад, инсонҳоро чӣ гуна ба ғазаб меорад. Мо мебинем, ки кӯчаҳоро ба чӣ табдил медиҳанд, мо мебинем, ки одамҳоро ба кӣ табдил медиҳанд, бо иқтисодиёт чӣ кор мекунанд ё аллакай бо он чӣ карданд? Ба замми ҳамаи ин таҳқир кардани инсонҳое, ки акнун танҳо ба ҳамин дин умед доранд, ба фикри ман оқибаташ хеле бад аст.
Оё шумо чунин фикр надоред? Вақте, ки ба иззати нафси як зан мерасанду намегузоранд рӯмолашро бандад, чунин рафторро бо фарҳанг ҳам интизор будан мумкин аст. Шумо навакак гуфтед, ки барои бад шудани аҳвол дар байни диндорон мо ҳарду гунаҳкор ҳастем. Ман шуморо хуб дарк мекунам. Лекин хидмати Шумо арз кунам, ки соҳае, ки ман намояндагиашро мекунам, он ҳам ҷабрдида ҳаст. Дин ва фарҳанг дӯш ба дӯш қадам мезанад. Онҳо аз ҳам ҷудо нестанд. Ва вақте, ки якеро аз байн бурданӣ мешаванду дигареро ба ҳолати нобудӣ расонданӣ мешавад, дар баъзеҳо инстинкти ҳайвони ваҳшӣ боло мегирад. Ин бӯйи мурдор дар ҳавои мо сайр дорад. Мо ин чизро ҳис мекунем. Барои чӣ дигарон ҳис карда наметавонанд?
Кабирӣ: Ман фикр намекунам, ки онҳо ҳис накунанд. Қисми зиёд ҳис мекунанд. Вале ҳамон қисми зиёде, ки ҳис мекунанд, мисли ману шумо хомӯширо ихтиёр кардаанд. Бетафовутиро ихтиёр кардаанд Муҳимаш ин аст, ки «ман нагӯяму душман нашавам». Ин хеле мавқеи аҷибе ҳаст. Аз тарафи дигар бубинед, вақте, ки болои ин ҳама мушкилоте, ки дар ҷомеъа ҳаст, иқтисод заъиф, мардум маҳдудият доранд, барқ нест, ҳама мушкилот болои сари мардум омад. Ягона такягоҳи мардум ин маънавиёт ва фарҳанг буд, ки дар симои дин, шеър адабиёт, театр таҷассум меёбад. Ва ҳамон тавре, ки Шумо гуфтед инҳо ҳам оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул оварда истодаанд ва талоши дар қабзаи худ гирифтани дин ва фарҳангро ҳам карда истодаанд.
Чӣ натиҷа мешавад? Натиҷааш он мешавад, ки мехоҳанд як фарҳанги тамаллуқкорӣ ва хӯшомадгӯйро ба ҷои фарҳанги асил ва воқеии миллат ба вуҷуд биёранд. Аз тамаллуқкорӣ ва хушомадгӯӣ як фарҳанг ба вуҷуд омадааст. Насле рӯйи кор омада истодааст, ки ғайр аз тамаллуқу хушомадгӯйӣ дигар хеҷ чизро намедонад. Ба ҷои дине, ки мустақил бошад, як дине биёранд, ки ҳамеша дар хидмат ва он ҳам тамаллуқкор бошад. Боз ҳам мехоҳанд масъулини динӣ, ниҳодҳои динии ҳамеша муттаҳаму ҳамеша хидматгору тамаллуқкорро ба вуҷуд биёранд. Башарият метавонад ҳама чизро тоқат кунад. Камбуди ғизо, камбуди гармӣ, камбуди шароити зиндагӣ. Вале ҳеҷ гоҳ таҳқирро наметавонад таҳаммул кунад.
Таҳқир дер ё зуд ҷавобашро медиҳад. Фарқ надорад он аз ҷониби кӣ ва дар кадом ҳаҷм анҷом мешавад. Барои ман норавшан аст ин ҳама таҳқире, ки хуб дар сӯҳбатҳо буд, ҷойи худаш, вале ахиран дар расонаҳо ба таври расмӣ болои мардум фурӯ мерезад, ман намедонам, ки ба чӣ хотир аст ва ба чӣ далел? Чун бубине, ки сӯҳбати мо бо Шумо дар мавзӯи намунае аз ин таҳқирҳо шурӯъ шуд, ман аз он метарсам ва воқеан як каме нигарон ҳастам, ки як талошҳое шуда истодааст барои як бори дигар ба муқобили ҳам гузоштани ду андеша, андешаи дунявӣ ва динӣ.
Миллати мо дар солҳои аввали истиқлолият бузургтарин зарбаро хӯрд. Аз рӯи чӣ? Аз рӯи он ки баъзеҳо тавонистанд ин ду андешаро дар муқобили ҳам гузоранд. Ҳол он ки миллати мо дар тӯли таърихи худ исбот кард, ки ин ду андеша на танҳо метавонад ҳамзистӣ кунад, балки ҳамкорӣ карда метавонад. Якдигарро пурра мекунад. Тамоми шуаро, нависандаҳо, аҳли фикру андешаи мо, ҳатто ҳокимони мо дар гузашта ин дуро дар паҳлӯи ҳам доштанд. Такя ба ин ду мекарданд. Дину давлат. Ҳамон тавре, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳномааш» гуфтааст:
Чуноне, ки дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>