16:04:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТУРСУНМУРОД ТУРСУНОВ: АВВАЛИН ШУДА КИРҒИЗҲО САНГПАРТОӢ ВА БАЪДАН ТИРКУШОӢ КАРДАНД

Суҳбати навбатӣ бо Турсунмурод Турсунов, ходими пешбари Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих дар масъалаи мушкилоти Ворух.

1 tursunmurod tursunov 451278- Ин шабу рӯз масъалаи Ворух проблемаи калидии мардуми тоҷик гардидааст. Чун хурду бузург мехоҳад аз қазияи Ворух огоҳ бошад. Шумо муҳаққиқе ҳастед, ки атрофи ин масъала таҳқиқот бурдаед ва чанд сол боз қазияи Ворухро муҳаққиқон ба хусус муаррихон таҳқиқ мекунанд. Фикру андешаи Шумо дар робита ба қазияи Ворух...

- Қазияи Ворух пас аз суқути ИҶШС ва ҳатто пештар аз он вуҷуд дошт. Задухӯрди байни тоҷикону қирғизҳо соли 1982 дар қишлоқи Ворух - Тангӣ ва соли 1988 дар Матча- Актатир ба қайд гирифта шуда буд. Дар соли 1989 ин ҷанҷолҳо ба зиддияти халқиятҳо оварда расонд, ки он тамоми соли оянда давом кард. Баҳори соли 1991 задухӯрдҳо аз нав авҷ гирифтанд. Тоҷикон ба истифодаи қирғизҳо додани 10 ҳазор гектар заминро талаб мекарданд. Ҳамин тавр, дар рафти он роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон яке дигареро гунаҳгор мешуморид ва ин норизогӣ то имрӯз давом дорад. Бо вуҷуди муҳоҷирати як қисми сокинон (асосан ҷавонони тоҷик) -и Ворух ба маркази вилояти Исфара дар тӯли даҳсолаҳо, аҳолии Ворух аз солҳои 1870, то 1990 20 маротиба афзуда, солона 1,5-2,0% зиёд мешавад. Ва имрӯз шумораи аҳолии Ворух 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 99,99 %-и онҳо тоҷикон ва 0.01%-и онҳо қирғизҳо мебошанд.

Дар рӯзҳои 28-29 апрели соли 2021 дар маҳалли нуқтаи тақсимоти оби Головной дар болооби дарёи Исфара, дар наздикии шаҳри Исфара бо сабаби он, ки тоҷикон хостанд барои тақсимоти холисонаи об камераҳои назоратӣ насб кунанд, боиси дар аввал сангандозӣ ва баъдан тиркушоии ҷониби Кирғизистон ва сар шудани ҷанг байни ду кишвар шуд. Ҷониби Тоҷикистон ба он ҷавоб гардонд, ки дар натиҷа, талафоти ҷонӣ аз ҳарду тараф ба амал омад. Тӯли солиёни зиёд аст, ки пас аз суқути ИҶШС масъалаи обу замин дар меҳвари баҳси сокинони Ворух ва вилояти Боткенти Қирғизистон қарор мегирад ва борҳо боиси талафоти ҷонии сокинони Ворух гардидааст. Дар муноқишаи охирин тибқи омори пешниҳоднамудаи ҳукумати шаҳри Исфара 15 хона ба Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 то ба Ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 то ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ 29 хона пурра ва қисман хароб гардидааст. Дар умум 55 манзили сокинони наздимарзӣ зарар дидааст.

Воқеаҳои рӯзҳои 28-29 апрели соли 2021 аввалин амали ҷавобии Тоҷикистон ба рафтори ҷониби Кирғизистон буд. Дар ҳуҷҷатҳо хотиррасон карда мешавад, ки нуқтаи тақсимоти оби “Головной” тибқи харитаҳои солҳои 1924-1927 ва инчунин соли 1989, ин иншоот пурра моликияти Тоҷикистон буда, аз соли 1968 инҷониб барои обёрӣ ва обтаъминкунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон истифода мешавад. Тавре ки воқеаҳои дар Ворух рухдода (қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон) нишон медиҳанд, Қирғизистон нисбат ба қаламравҳои баҳснок ва тақсимнашуда шадидан хашмгин аст. Маҳз Ҷумҳурии Қирғизистон моил ба ҳалли низоъҳои марзӣ бо роҳи зӯрӣ мебошад, ки онро сокинони маҳаллии Қирғизистон ва инчунин марзбонони қирғиз низ борҳо амалӣ кардаанд, чун имрӯз, ки борҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дар ду тарафи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ташаббус нишон доданд. Исбот кардани заминҳои баҳсӣ, ба кӣ тааллуқ доштан ва марзбандӣ шудани онҳо асоси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои замони шӯравӣ таҳлили хеле чуқуре мехоҳад, ки ба ин масъала бояд ҳайати Комиссияи байнидавлатӣ машғул шаванд. Аз он ки масъала бисёр ҳассос аст, ҳамагуна таҳлили сарсарӣ метавонд, боиси ихтилофи лафзӣ ва амалӣ шавад.  

- Назари коршиносонро дар робита ба ин қазия чи гуна шарҳ медиҳед?

- Коршиносон аз ҳар ду ҷониб андешаҳои мухталиф доранд. Аксаран ҷониби Кирғизистон ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор медонанд. Аммо асли воқеа дигар аст. Аз наворҳо, аз гуфтаи шоҳидони воқеа маълум мешавад, аввалин шуда кирғизҳо сангпартоӣ ва баъдан тиркушоӣ карданд.

Сиёсатшинос Азамат Темирқулов ҳукумати Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки Тоҷикистон мехост як душмани хориҷӣ дошта бошад. Ин андешаи беасоси ӯ ягон далел надорад. Дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босуботро бо шарикони анъанавии худ – давлатҳои иштирокдори  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ меҳисобад ва бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар доираи Иттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо саъй хоҳад намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсаташро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳад бурд. Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон бар пояи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд тақозо мекунад.

Ё ба гуфтаи сиёсатшинос Игор Шестаков, ҳалли мушкилот бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ дар воқеъ танҳо бадтар кардани мушкилот аст, ки метавон ба ин андеша розӣ шуд.  

Раиси ҳайати Шӯрои равобити байналмилалӣ ва амнияти Қирғизистон сиёсатшинос, Эдил Осмонбетов мақомоти Тоҷикистонро иғвогар ва низои марзро ба нақша гирифта донист. Аммо ин иддаои ӯ баръакси ҳол аст. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки мақомоти ин кишвар кӯшиш намекунанд, ки масъала тавассути гуфтушунид ҳал шаванд. Аммо нахустин шуда, Прездинети Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон С. Жапаров телефонӣ суҳбат карда, ҳалли масъаларо бо роҳи дипломатӣ пешниҳод намуд.

Марс Сариев андешаи беасос дорад, ки “ҷониби Тоҷикистонро то андозае нерӯи сеюм иғво карда бошад. Ман як бозингари ҷаҳонро дар назар дорам. Аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки ба зудӣ ҳама чиз маълум хоҳад шуд”.  

Коршиноси мустақил Евгений Радионов мавқеи ҷуғрофии Ворухро холисона таҳқиқ намуда, баҳои оқилона медиҳад ва қайд мекунад, ки “Бо назардошти хусусиятҳои таркиби миллии сокинони водии Фарғона, ҳама муҳаққиқон ва сиёсатмадорон ба чунин хулоса мерасанд, ки ҳама гуна даъвоҳои ҳудудии кишварҳо ба ҳамдигар оқибатҳои пешгӯинашаванда доранд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба ҳукумати Қирғизистон ва амалҳои он таҳаммулпазирӣ, оқилӣ ва эҳтиёткорӣ зоҳир мекунад. Аммо, рафтори номуносиби доираҳои ҳукмрони Қирғизистон дар посух метавонад ба вазъи бебозгашт оварда расонад, ки ба ҳарду халқи бародар зарар расонад”.

Ба андешаи Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон “Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст”.

Воқеан, дар фазои иттилотӣ ҷониби Қирғизистон тавонист, ки ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор барорад ва аксарият ба он бовар карданд.  

- Ворух ба назари Шумо анклав (минтақаи шахшуда, бекорхобида) аст, чун иддае бар ҳамин назар мебошанд?

- Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов, қайд мекунад, ки Ворух анклав набуд. Онро Кирғизистон ба анклав табдил доданӣ аст. Ҳамзамон собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин шуда ба нутқи эродкардаи сардори КДАМ Ҷумҳурии Кирғизистон К. Ташиев ҷавоб гардонд, андеша дорад, ки Ворух анклав нест ва набуд.

Зикри ин нукта ба маврид аст, ки санадҳои меъёрие, ки дар бойгонии Русия мавҷуданд, мавқеи Тоҷикистонро асоснок карданд. Онҳо ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва нишон медиҳанд, ки қаламрави Ворухи ноҳияи Исфара ҳеҷ гоҳ дар қаламрави Қирғизистон анклав набуд, балки ба шаҳри Исфара пайваст аст. Анклав (аз лот. inclavo - бо калид маҳкам мекунам) қаламрав ё қисме аз қаламрави як давлатест, ки аз ҳар тараф бо қаламрави давлати дигар иҳота шудааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои нав кашфшуда ва харитаҳои топографӣ, Ворух ба ин таъриф мувофиқат намекунад. Агар ба харитаҳо назар афканем, анклав набудани Ворух дақиқ мешавад. Дар ягон харитаи топографии Округи ҳарбии Туркистон (то соли 1992 вуҷуд дошт) Ворух ҳамчун анклав қайд карда нашудааст.

Дар харитаҳои топографӣ ва дигар харитаҳо то соли 1975, ба шарофати мавҷудияти кунунии Оқсой, ҷониби Қирғизистон Ворухро анклав ҳисоб мекунад, ҳол он, ки маҳалли Оқсоқ дар ин минтақа нишон дода нашудааст ва вуҷуд надорад.

Дар ҳуҷҷатҳои Прокуратураи генералии СССР вобаста ба таҳқиқи муноқишае, ки дар ин минтақа 31 декабри соли 1974 оғоз ёфтааст, на деҳаи Оқсой, балки деҳаи Танги Ворух зикр шудааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки маъмурияти деҳаи Оқсой доштанд, то соли 1975 ҳеҷ як сокине ба қайд гирифта нашудааст, ки дар ин деҳа таваллуд шудааст, аз ин рӯ, ин деҳа бо сокинони қирғиз то соли 1975 вуҷуд надошт. Аз ин бармеояд, ки деҳаи Оқсои Қирғизистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соли 1974 дар натиҷаи муноқишаи байни аҳолии деҳаи Ворух ва якчанд оилаҳои қирғизҳои сокини деҳаи Ворух Танги пайдо шудааст.

- Ҷангу хунрезӣ танҳо харобию зиён ба миён меорад ва чаро ин нуктаро бародарони қирғизи мо дарк намекунанд?

- Мақсади Қирғизистон аз баромадҳо, гуфтугӯи тунд, гунаҳгор донистани ҷониби Тоҷикистон ба манфиати худ ҳал кардани қазия мебошад. Мехоҳад фикри ҷомеаро ба он равона кунад, ки Ворухро аз Қирғизистон нишон диҳад ва минтақаи Лайлакро, ки 14 %-и ҳудуди Кирғизистонро ташкил медиҳад, аз бунбасти нақлиётӣ озод кунад. Ҳамзамон дастрасӣ ба сарчашмаи обро дошта бошад. Ин ҳадафҳо онҳоро водор мекунад, ки новобаста аз оқибатҳои харобиовару зиёновари ҷанг вазъро мушкилзо кунанд. Агар мо рафти воқеаҳо холисона назар андозем, равшан мешавад, ки сабабгори низои марзии навбатӣ кист. Дар охири моҳи марти соли 2021 Қирғизистон артиши худро ба марзҳои Тоҷикистон, ба ноҳияи Баткент бо баҳонаи гузаронидани омӯзиш интиқол дод. Раиси КДАМ-и Қирғизистон К. Тошиев ва Президент Садир Жаппоров иваз кардани Ворухро бо заминҳои худи Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Қирғизистон аст, пешниҳод карданд. К. Тошиев Тоҷикистонро таҳдид кард, ки дар дарёи Хоҷабокирғон обанбор месозад ва шаҳри Хуҷанд ва дигар навоҳии вилояти Суғдро беоб мегузорад ва баъд масъалаи сарҳадро ҳаллу фасл мекунад. 17 апрел бошад кирғизҳо бегуфтушунид корҳои таъмириро дар маҳалли нуқтаи тақсимоти оби Головной дар болооби дарёи Исфара оғоз карданд, то ки минбаъд онро аз они худ кунанд. Бо мақсади пешгирии ҳадафҳои Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон дар ҳудудҳои худ ба насби камераҳои назоратӣ шурӯъ кард. Воҳидҳои махусуси Қирғизистон бо либоси мулкӣ ба таҳрики низоъ машғул шуда, дар аввал санг андохтанд ва баъд ба тиркушоӣ сар карданд. Ҳамаи ин бо сабаби пиёда кардани ҳадафҳо ва бо омодагии пешакӣ сурат гирифт.

- Чаро ба якборагӣ тамоми кишвар ба ҷӯш омад, манзур аз тамоми навоҳии ҷумҳурӣ гурӯҳ – гурӯҳ сокинон барои дифоъ аз Ватан баромадан ин нишони дӯстдории Ватан аст ё мардуми мо ҳам ҳатман мехоҳанд дар ҷавоб ба ҳамсоягони худ бархӯрди дурушт дошта бошанд?

- Воқеан, вақте хабарҳои нохуш аз марз расонаӣ шуд, аз аввалинҳо нафароне, ки хостанд аз Ватан дифоъ кунанд, ҷавонмардони баору номуси Масчо, Кӯлоб ва Айнӣ буданд. Ва минбаъд дигар сокинони гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои дифои марзу буми сарзамин садо баланд кардан ва омодагии худро иброз доштанд. Чуноне аз таърих бармеояд, тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ ба сари дигар миллат теғ набардоштааст. Танҳо аз Ватану меҳани худ дифоъ кардааст. Аз он, ки ҳамсояи мо кирғизҳо борҳост, ба сари ҳамсояи худ теғ мекашанд, санг меандозад, ғуруру номуси миллӣ боло гирифт ва ҷавонмардони мо баҳри ҳифзи марзу бум камар бастанд. Алломаи машриқзамин Иқболи Лоҳурӣ мефармояд, ки:

Пушти по зан тахти Кайковусро,

Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро.

Рафтори ҳаммеҳанони худро на бархӯрди дурушт бо ҳамсоя, балки нишони меҳру муҳаббат ба ватан, ватандорӣ, ҳимояи номус ва ғурури миллӣ медонем.

-Хадамоти кишварҳои абарқудрат дар низоъи сарҳадӣ ягон нақш доранд ва чигуна ба назари Шумо ва манфиати онҳо дар чист?

- Баҳси марзии Тоҷикистону Кирғизистон берун аз Осиёи Марказӣ дар расанаҳои хориҷӣ матраҳ шуд. Имкон дорад, ки аз ин баҳсҳо бо мақсади пиёда сохтани мақсадҳо дигарон истифода баранд. Соли 2014 аз даст доштани қувваи сеюм изҳори назар шуда буд. Дар баҳси сарҳадии рӯзҳои 28-29 апрели соли 2021 баъзан аз даст доштани нерӯи сеюм ишора мешавад. Қирғизҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ироа карданд, ки аз пушти онҳо Россия қарор дорад. Аввалин шуда, Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи худро муайян кард ва тарафҳоро ба гуфтушунид ва ҳалли дипломатии масъала даъват намуд. Баъдан, Россия низ мавқеи худро муайян карда, иброз намуд, ки дар ҳалли қазия ҳайсияти миёнаравро иҷро мекунад. Ва бисёриҳо нуқтаи назар доранд, ки агар Россия ворид шавад, вазъи ба сари Озорбойҷону Арманистон ва ё Укараинро ба сари халқҳои тоҷику кирғиз таҳмил мекунад. Хушбахтона, бе дахолати кишвари сеюм созишномаи оташбас имзо шуд ва итминон дорем, ки масъала бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо мекунад. Қарор аст, ки то рӯзи 9 майи соли 2021 зиёд аз 112 км хатти сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон демаркатсия ва делимитатсия карда шавад.  

- Ин бархӯрд чӣ паёмад дорад ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ?

- Ин бархӯрд агар идома меёфт, боиси талафот ва хисороти зиёди моливу ҷонӣ мешуд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир намемонд. Ба сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, равобит ва дигар омилҳои инсонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҷанг ҳеҷ вақт бе хисорот намешавад ва ин алббата на танҳо ба тарафҳои даргир, балки ба дигар ҳамсояҳо низ таъсир мерасонад. Таърихи инсоният шоҳид аст, ки кулли ҷангҳо ва муниқишаҳо бо сулҳ анҷом пазируфтааст. Дар асри XXI - асри рушди техникаву технология роҳи ҳалли масъала на тариқи ҷанг, балки бо роҳи дипломатӣ бояд бошад. Зеро дар шароити густариши яроқҳои наву муосир аз ҷониби кишварҳои абарқудрат боис ба он мешавад, ки кишвар ё минтақае бо сабаби нофаҳмиҳо ба асри санг баргардад. Аз ин рӯ, ақли солим бояд ғолиб ояд ва дар ҳалли дилхоҳ муноқиша аз дипломатия ва гуфтушунид кор гирифта шавад.

-Ҳатто ин мушкилот ба муҳоҷирони мо дар Россия ҳам таъсир расонид, пас агар идома ёбад, эҳтимол низоъ идома ёбад?

- Қазияи сарҳадии рухдода ба муҳоҷирони меҳнатӣ низ таъсир расонд. Дар аксар маврид халқҳои тоҷику қирғиз дар як коргоҳ бо ҳам кору фаъолият мекунанд. Баҳсҳои иттилотие, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни сокинони ду кишвар рӯй дода истодаанд, шаҳрвандони ду кишварро бетараф намегузорад. Ин боиси хушунату бадбинӣ гардида истодааст. Хушбахтона, дар марз вазъият бо талошу дастгирии сарони кишварҳо ҳалли муваққатии худро пайдо кард. Аз хабарҳои охир маълум мешавад, ки демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад қатӣ амалӣ мешавад ва дар оянда боиси ҷангу низоъу муноқишаҳои сарҳадӣ намегардад.  

- Ба назари Шумо ҳалли масъалаи сарҳад дар чист?

- Бо назардошти ҳолатҳои рухдода ва эҳтимолияти дигар воқеот Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд аз сар задани ҳар гуна муноқиша ва иғвоҳои иттилоотӣ пешгирӣ кунанд, то ҳисси бадбинӣ дар байни ду кишвар ба амал наояд ва аз он дигар нерӯҳо истифода накунанд. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо роҳи дипломатии ҳалли қазияҳо ва муноқишаҳо метавонад ба сулҳу аминият ва ҳамдигарфаҳмӣ овард. Роҳбарияти олии ду кишвар: Тоҷикистон ва Кирғизистон дар назди дар назди халқҳои тоҷику қирғиз масъулияти таърихӣ доранд ва бояд ин асолати хешро хамаҷониба дар амал татбиқ кунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амнияти минтақа ва ҷаҳон равона карда шудааст ва итминон дорем, ки ба мушкилоти сарҳадии байни ду кишвар дар наздиктарин фурсат нукта гузошта мешавад.

Дар аксар масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дидгоҳи муштарак доштан, дорои манфиатҳои муштарак будан, барои ҳалли мушкилоти байнидавлатӣ талош намудан ва барои беҳбуд бахшидани ҳамаи робитаҳо кӯшиш ба харҷ додан доиман дар сиёсатҳои ҳарду мамлакат дида мешавад. Ин омилҳои калидӣ ва анъанаи ҳамсоядорӣ онҳоро канори ҳам нигоҳ дошт ва оянда низ нигаҳ хоҳад дошт.

Ҳамзамон дақиқ кардани хати сарҳад ва аломатгузории он ҳатмист. Аммо мушкилот дар он аст, ки масалан дар Хоҷаи Аъло сокинон паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам ва ҳатто дар як ҳавлӣ як сокини Тоҷикистон ва як сокини Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Бояд сокинони ду кишвар аз хатти сарҳад дуртар кӯчонида шаванд ва хати сарҳади давлатӣ демаркатсия ва делимитатсия карда шуда, ба баҳсҳои сарҳадӣ нуқта гузошта шавад, то боиси ихтилофоти минбаъда ва талафоти моливу ҷонии сокинони ду кишвар нагардад.

- Дар ин мавзӯъ гуфтание буд, ки мо напурсидем?

- Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли самаранокӣ проблемаҳои муҳимтарини таъмини муносибатҳои тарафайн асосҳои мустаҳками институтсионалӣ - Шӯрои Ҳамоҳангсозии Байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оиди ба таври комплексӣ дида баромадани масъалаҳои муносибати дутарафа, Комиссияи Байниҳукуматӣ оид ба демилитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатҳоро таъсис доданд.

Афзалияти алоқаҳои сиёсии байни ду давлат дар мустаҳкам намудани амнияти минтақавӣ, мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстонаи минбаъда инъикос меёбад. Диққати асосӣ ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, институтҳои молиявӣ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар онҳо иштирок доранд, равона карда шудааст.

Ба роҳбарияти олии ду кишвар дар ҳалли қазияи марзӣ ва оромиву амнияти минтақа ва ҷаҳон барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор сулҳу дӯстӣ байни халқҳои ҷаҳон, бахусус байни халқҳои ҳамсояи тоҷику кирғиз ба таври домӣ танинандоз гардад.

Мусоҳиб Умед Пудинаев, масъули матбуоти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi