АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА: «РАВОБИТИ АДАБИЮ ФАРҲАНГӢ — РУКНИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ДӮСТИИ ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН»
Дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бунёд ва дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта мешавад. Дар ин бора имрӯз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
«Тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни 15 боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд», — навиштааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар мақолаи наваш бо номи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон».
Дар зер матни пурраи ин мақола пешниҳоди хонандагон карда мешавад.
Тоҷикон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодири худ дар тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, бо ин роҳ шуҳрати бештар касб кардаанд. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, як қисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.
Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дӯстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдилию бародарӣ даъват намуда буд. Ин пиндори башардӯстонаро минбаъд гузаштагони мо идома дода, бо аксари қавму қабилаҳо, дину мазҳабҳо бо эҳтиром муносибат менамуданд ва рафоқатро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин асос тоҷикон бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус бо халқи бародари ӯзбек, дӯстии мустаҳкам барпо намудаанд, ки он аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштааст.
Дар ҳақиқат, тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХУ боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.
Махсусан, Мир Алишер Навоӣ дар бештари осораш, аз ҷумла дар асарҳои худ “Хамсат — ул — мутаҳаййирин”, “Маҷолис — ун — нафоис”, қасидаи “Туҳфат- ул — афкор” ва як қатор достонҳои “Хамса” бузургӣ ва фазилати устодаш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуда, ба ӯ ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст. Ҳамчунин, дар пайравии устодаш дар даҳ ғазал назираи ҷавобия навишта, аз тарафи Мавлоно Ҷомӣ баҳои баланд гирифтааст.
Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла, ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат- ул — афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ӯ дар як муддати кӯтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст. Чуночи:
Ҳомии дини набӣ, Ҷомӣ, ки ҷоми фақрро
Дошта дар каф лаболаб аз шароби Кавсар аст.
Равзаи ройи мунираш гулшане дон, к-аш зи лутф
Қатраи рухсораи ҳар барг меҳри анвар аст.
Оҷиз аз теъдоди авсофи камоли ӯст ақл,
Анҷуми гардун шумурдан кай тариқи аъвар аст…
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш – Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ӯро дар рисолаи “Нафаҳот — ул — унс”, якчанд достони “Ҳафт авранг” ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст. Мавлоно, инчунин, дар мукотибаҳои худ доир ба шахсияти Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, диди зебоипарастонаю назари некбинонаи шоирро махсус зикр мекунад. Қисме аз андешаҳои арзишманд ва ниҳоят халлоқонаи худро Ҷомӣ тавассути ашъори орифона ва ҳикматдӯстонаи пур аз лутфу иҳоми баланд, аз ҷумла рубоӣ ифода мекардааст.Дар ин рубоиҳо адиби нозукбину эҳсосманд садоқату дӯстии хешро бо пероҳани назми саршор аз муҳаббат ифода намуда, дар рубоие, ки аз шаҳри Ҳалаб ба ҷавоби рубоии Мир Алишер Навоӣ фиристодааст, менависад:
Ин руқъа на руқъа, мояи ҳар тарабест,
Таҳсилу нишоту айшро хуш сабабест.
З- ин сон, ки бувад мухтасару пурмаънӣ,
Гӯё зи “Ҷавоҳир – ул –калам” мунтахабест.
Баъди шинос шудан ба мазмуни мактуб ва ин рубоӣ Мир Алишер Навоӣ ҷавобе омода карда, бо таъбиру ибораҳои саршор аз меҳру муҳаббат самимияти хешро нисбат ба устодаш чунин ифода менамояд:
Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,
То з – ин ду кадом хубтар кард хиром:
Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ?
Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?
Дар ин рубоии инсондӯстона шоири некусияр устодаш Абдураҳмони Ҷомиро ба “хуршеди ҷаҳонтоб” монанд намуда, мақсади худро содаю возеҳ баён мекунад.
Мир Алишер Навоӣ, бешак, дар бештари асарҳояш бо чунин меҳру муҳаббат аз устодаш ёд оварда, ба андешаи орифонаю ҳикматписандонаи вай баҳои баланд додааст. Махсусан, дар асараш “Маҷолис — ун — нафоис” ба шахсияти Мавлоно Ҷомӣ дахл карда, аз ҷумла менависад: “Офтобе, ки бо раъйи оламорояш ба ин замона ифтихор ва ба аҳли замона шарафи беинтиҳо муяссар аст ва дарёе, ки ба табъи гуҳарзояш ҷайби ин даврон аз ҷавоҳир пур гардидааст, ҳазрати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки то ҷаҳон ҳаст, натоиҷи хотири маъруфашон аз аҳли ҷаҳон ва то сипеҳри гардун аст, фавоиди дили кушодашон аз халоиқи даврон кам мабод. Назми латоифи он кас чунон зиёд аст, ки барои овардани яке ҳам ҳоҷат нест. Ҳатто агар номи китобҳояш дарҷ шаванд, ба ин авроқ намегунҷанд ва агар дуррҳои мусаннафоташ зикр гарданд, баҳри гардун ба туғён меояд…»
Чунин эҳтирому қадрдшиносӣ аз тарафи Мир Алишер Навоӣ ва ба “офтоб” ва “дарё” ташбеҳ додани мартабаи устоди бузургвораш нишонаи дӯстӣ ва бародарии фарзандони ду халқ – тоҷику ӯзбек буда, аз камоли маърифати ин ду адиб дарак медиҳад. Маълум мешавад, ки Мир Алишер Навоӣ бо ҳама масруфияти давлатиаш ба осори Ҷомӣ мароқи хосса зоҳир карда, ба мазмуну муҳтавои гаронбаҳои устодаш аз наздик шинос буда, бо завқи том онҳоро мутолиа менамуда ва ба ҳар кадомаш баҳои сазовор медодааст.
Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд». Ин андешаи устод Айниро пасон академик Муҳаммадҷони Шакурӣ идома дода, менависад: «Ба ин маънӣ дӯстию ҳамкории Ҷомӣ ва Навоӣ аз бисёр ҷиҳатҳо муборизаи якҷояи халқҳои тоҷику ӯзбекро дар роҳи адолати иҷтимоӣ, дар роҳи идеалҳои олии ҷамъиятию эстетикӣ ифода намудааст».
Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳаййрин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.
Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ, инчунин, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чи дар назми ӯзбек ва чи дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд. Пас аз он ин анъана дар эҷодиёти шоирони асрҳои ХVI- ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар — Отун, Гулханӣ, Ҳозиқ, Аҷзӣ, Айнӣ ва дигарон мақоми хос пайдо кардаанд.
Ин ду шоиру мутафаккир — Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дӯстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои ҳамдигар шод гардида, ҳамеша мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар гузаронда, баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медодаанд. Борҳо чунин шудааст, ки онҳо маслиҳати ҳамдигарро пазируфта, дар пайи иҷрои он талош кардаанд. Масалан, бо пешниҳоди ин шогирдаш Мавлоно Ҷомӣ се девони худро номгузорӣ карда, ба онҳо номҳои муносиб гузоштааст.
Доир ба дӯстии адибони тоҷику ӯзбек, бахусус Ҷомӣ ва Навоӣ ховаршиноси маъруфи ҷаҳонӣ Е. Э. Бертелс таҳқиқоти бунёдии худро бо номи “Навоӣ ва Ҷомӣ” ба забони русӣ таълиф карда, онро соли 1965 ба табъ расондааст. Дар ин асари калонҳаҷм муҳаққиқи барҷаста доир ба замони ин шоирон, мавқеи адабии ду донишманд ва робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Дӯстии Навоӣ ва Ҷомӣ шояд аз охирҳои соли 1469, баъди ба Ҳирот омадани Навоӣ оғоз шуда, Навоӣ Ҷомиро ба сифати шайхи худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад. Аммо Ҷомӣ то ба охир на танҳо ба сифати пири тариқат ба Навоӣ вафодор мондааст, балки дар як муддати кӯтоҳ бо вай дӯсти самимӣ гашта, шогирди худро дӯст доштааст ва ба ҳунари шеърдонию шеърфаҳмии вай баҳои баланд додааст.”
Дар ҳақиқат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, шариату тариқат, одаму одамгарӣ осори гаронбаҳоро ба мерос мондаанд, ки аз онҳо аҳли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафоқату дӯстии онҳо таҳсин хондаанд. Ба қавли адабиётшинос А. Афсаҳзод “осори илмӣ ва адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чун ситораҳои рахшони осмон фурӯзон буд ва то ҳоло анвори он кам нашуда меояд”.
Ба ғайр аз ин, Мир Алишер Навоӣ ба шогирди устоди худ Камолиддин Абдулвосеъ дастур додааст, ки дар бораи шахсият ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ рисолае таҳия намояд. Ин пешниҳодро ӯ бо камоли меҳр писандида, рисолаи “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ”- ро таълиф намудааст, ки дар шинохти шахсияти ирфонию адабии шоир ва муносибати дӯстонаи ин ду нобиғаи Шарқ – Ҷомӣ ва Навоӣ нақши беназир дорад. Вай дар як муддати кӯтоҳ бо камоли меҳр зиндагӣ ва рӯзгори шоирро бо тафсил шарҳ дода, мақоми ӯро дар адабиёту ирфон ва дигар илмҳои замонаш васеъ тавзеҳ кардааст.
Мавлоно Ҷомӣ ба ғайр аз Алишер Навоӣ ба шоирони дигари ӯзбек – Лутфӣ ва Муҳаммад Солеҳ ҳаққи устодӣ доштааст. Ба Лутфӣ нозукиҳои таълифи ғазалро омӯзонда, ба Муҳаммад Солеҳ илми фасоҳат ва балоғатро таълим додааст. Лутфӣ дар охири ҳаёташ ҳатто ба забони тоҷикӣ байте навишта будааст, ки бо ишораи Навоӣ онро Ҷомӣ ба анҷом расондааст.
Ҳамин хислатҳои неки дӯстонаи адибони номбурдаро шоирони баъдӣ идома дода, ба он сифатҳои нав ҳамроҳ кардаанд. Махсусан, адибони ӯзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллои Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф кардаанд.
Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст.
Устод Айнӣ бо адибони ӯзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ӯзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Махсусан, дар тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар қатори адибони барҷастаи тоҷик аз сухансароёни тоинқилобии ӯзбек, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр умр ба сар бурдаанд, ёд карда, нахустин шуда, доир ба шарҳи ҳол ва осори онҳо маълумот додааст. Вай дар ин тазкираи комили худ доир ба осори гаронбаҳои Мир Алишер Навоӣ ва эҷодиёти Лутфӣ, Муҳаммад Солеҳ, Акмал, Гулшанӣ, Нодира, Машраб ва дигарон баҳои баланд дода, намунаҳои ашъори тоҷикӣ ва ӯзбекии онҳоро оварда, нақшашонро дар рушди адабиёти ҳар ду халқ таъкид намудааст. Масалан, вай дар бораи Машраб маълумот дода, аз ҷумла менависад: “Машраби Намангонӣ – исмаш Бобораҳим аст. Дар соли 1123 ҳиҷрӣ дар Қундуз ба фатвои уламо ва ҳукми Маҳмудбии Қатаған шаҳид карда шуд. Девони туркии Машраб мавҷуд аст. Уламо ва зуҳҳодро сахт танқид мекунад…”
Чунин таҳлил ва баррасии нақди ашъори адибони ӯзбекро устод Айнӣ идома дода, доир ба аксари адибони ҳавзаи Мовароуннаҳр, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар офаридаанд, ахбори воқеӣ пешниҳод кардааст.
Дар баробари ин, устод Айнӣ ду асари бунёдии дигар дар бораи ду адиби ӯзбек — Муқимӣ ва Алишер Навоӣ таълиф карда, нақши онҳоро барои адабиёт ва фарҳанги тоҷику ӯзбек рӯшану барҷаста муайян кардааст. Вай соли 1943 рисолаи “Муқимӣ ва давраи ӯ” ва соли 1948 рисолаи “Мир Алишер Навоӣ” — ро ба забони ӯзбекӣ ба табъ расондааст. Пасон вай асари дуюмашро ба забони тоҷикӣ низ аз нашр баровардааст.
Ҳамзамон, устод Айнӣ соли 1940 “Хамса” – и Навоиро ба забони ӯзбекӣ чоп намуда, ба “Хамса” – и талхискардааш муқаддимаи муфассал навишта, нақши Мир Алишер Навоӣ ва Мавлоно Ҷомиро дар рушди адабиёт ва ирфон, инчунин, дӯстии ин ду халқ возеҳ шарҳ медиҳад.
Гузашта аз ин, устод Айнӣ ба бисёр аз адибони ӯзбек ҳаққи устодӣ дошта, аксари онҳо дар хотироташон аз муҳаббат ва меҳрубонии ӯ бо самимият изҳори назар кардаанд ва дар ин бора хотироти худашонро ба табъ расондаанд. Ҳамчунин, дар пайравии устод С. Айнӣ асар офарида, мактаби адабии ӯро таҳким бахшидаанд. Махсусан, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом аз мактаби устод гузашта, соҳиби дастовардҳои зиёде гардидаанд. Доир ба ин масъала муҳаққиқи робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек М. Қӯшҷонов қайд мекунад: «Устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ дӯстони хеле наздик буданд. Онҳо зуд-зуд бо ҳам мулоқоту суҳбат мекарданд. Айнӣ ба Тошканд сафар мекард ва Абдулло Қодирӣ ба Самарқанд меомад. Абдулло Қодирӣ дар асарҳояш борҳо аз Айнӣ ёд мекунад ва ҳамчунин, устод Айнӣ дар асарҳояш номи Абдулло Қодириро зуд-зуд зикр кардааст».
Устод Айнӣ, инчунин, донандаи хуби забони ӯзбекӣ буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ бошад, мақолаҳои зиёди устод Айнӣ ба забони ӯзбекӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон чоп шуда, дар онҳо адиб халқи заҳматкаши ӯзбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст.
Ҳамин анъанаи неку писандида ва дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояро баъдан ду шахсияти барҷастаи фарҳангу сиёсат — Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмунҳои баланди инсондӯстона ва башардӯстона ҳамроҳ намудаанд.
Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов нахустин маротиба соли 1949 бо ҳам шинос шуда, ба сифати раисони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои худ баҳри тарғиби ғояҳои ягонаи дӯстию бародарӣ дар якҷоягӣ камари ҳиммат бастанд. Шароф Рашидов лаҳзаҳои аввалини шиносоии худро бо шоири номдори тоҷик чунин ба қалам додааст: «Мирзо Турсунзода аз худи ибтидо ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ӯ марди серғайрату фаъол буд, доираи фикраш хеле васеъ буд ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш ҳис карда мешуд».
Пас аз ин шиносоии онҳо ба дӯстиву бародарӣ табдил ёфтааст. Инчунин, дар мувофиқа бо якдигар робитаҳои адабиро густариш додаанд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 1958 дар шаҳри Тошканд Конференсияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқоро доир менамоянд. Вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Шароф Рашидов ба фаъолияти дӯсташ, адиби тоҷик – Мирзо Турсунзода баҳои баланд дода, аз ҷумла навишта буд: «Равобити эҷодии Мирзо Турсунзода, алоқаи шахсиаш бо аҳли адабиёти тараққипарвари мамлакатҳои Африқою Осиё аз бисёр ҷиҳат корро сабук кард. Фаъолияти пурҷӯшу хурӯш ва обрӯю эътибори калони ӯ барои муҳайё шудани муҳити якдигарфаҳмӣ ва дӯстии иштирокчиёни он асос гардид».
Ҳамин боис шуд, ки ҳар ду адиб ба мавзӯи байналмилалӣ рӯ оварда, нахустин шуда дар адабиёти сермиллати шӯравӣ ин масъаларо тарғиб карданд ва шеъру достонҳои алоҳидаро ба ин мавзӯи ҳассоси он замон бахшидаанд. Бо таъсири силсилаи шеърҳои ҳиндустонии устод Мирзо Турсунзода адибони ӯзбек, аз ҷумла Шароф Рашидов ва Зулфия, ба мавзӯи байналмилалӣ даст заданд ва мисли адиби тоҷик ба муваффақият ноил гардиданд. Дар пайравӣ ба дӯсташ Шароф Рашидов солҳои 1955 — 1956 повести худро бо номи «Таронаи Кашмир» аз чоп баровард, ки дар заминаи афсонаи қадими мардуми Кашмир таълиф гардида буд. Рӯ овардани нависанда ба таронаи кашмириён садоқати адиби ӯзбекро нисбат ба халқҳои Шарқ, бахусус мардумони сарзамини Ҳинд, ифода намуда, ба онҳо пайғоми сулҳу амонӣ, ваҳдату садоқат ва меҳру вафоро мерасонд. Дар «Таронаи Кашмир» ду неру: хайру шар амал намуда, бо ҳам дар набарданд ва дар ин пайкор оқибат қувваи некӣ бар бадӣ ғолиб меояд. Бо ин тарзи тасвир адиб халқҳои Шарқи мазлумро ба озодӣ даъват карда, ақидаҳои истиқлолхоҳиро тараннум менамояд.
Повести «Таронаи Кашмир» миёни аҳли васеи хонандагони шӯравӣ ва берун аз он маҳбубият пайдо намуда, ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, тарҷума гардид. Мирзо Турсунзода соли 1958 дар рӯзҳои баргузории Конференсияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо ин повестро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, аз нашр баровард.
Устод Мирзо Турсунзода дар муқаддимаи тарҷумаи худ доир ба ҳунари нависандагӣ ва хидмати шоёни дӯсташ чунин навишта буд: «Вақте ки ман «Таронаи Кашмир» — и Шароф Рашидовро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам, худамро хушбахт медонистам. Вай маро бо меҳрангезӣ ва шеърияти худ тасхир кард. Покизагии қиссаро ман ба худи муаллиф нисбат медиҳам, ки ӯ тамоми ҳаёти худро ба хизмати содиқонаи халқ бахшидааст».
Дӯстиву ҳамкории Шароф Рашидов ва Мирзо Турсунзода намунаи барҷастаи дӯстии ду халқ маҳсуб ёфта, солҳои 60-70-уми қарни ХХ ба рафоқату бародарӣ табдил меёбад. Вохӯриву суҳбатҳои самимии онҳо дар атрофи илму адаб, шеъру шоирӣ, равобити адабиву фарҳангии ду халқи бародар, таъсирпазирии онон аз ҳамдигар ва дигар масъалаҳо на танҳо дар вазъи расмӣ, балки сари як пиёла чой дар хонаҳои якдигар низ дар Душанбеву Тошканд сурат мегирифтааст.
Онҳо дар ҳамкорӣ боз чаҳор Конференсияи нависандагони Осиёву Африқоро баргузор намуданд, ки охиринаш тирамоҳи соли 1976, яъне як сол қабл аз фавти Мирзо Турсунзода, дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Гузашта аз ин, ҳамкории сиёсиву иҷтимоии Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов дар доираи Кумитаи шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ ҷараён мегирифт. Нахустин конференсияи якдилии се қитъаи олам соли 1966 дар пойтахти Куба – шаҳри Гавана баргузор гардид, ки дар кори он аз 82 мамлакати дунё иштирокчиён омада буданд. Ҳам Мирзо Турсунзода ва ҳам Шароф Рашидов тӯли солҳои зиёд яке аз фаъолтарин иштирокчиёни ин ва дигар конференсияҳои якдилии мардумони се қитъа ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамин дӯстии самимӣ бо шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва хидматҳои шоистаи ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ, адиби тавонои ӯзбек Шароф Рашидов ва асарҳои пурмазмуну баландғояи вай дар қалбу зеҳни халқи тоҷик ҷой гирифта, мардуми мо меҳнати шоистаи ин нависандаи маҳбубро қадр менамоянд ва ба шахсияташ эҳтироми хосса доранд.
Шароф Рашидов дар баробари ходими ҷамъиятию сиёсӣ будан, яке аз адибони номии халқи бародари ӯзбек дар қарни ХХ ба ҳисоб меравад. Вай чун адиби мубориз ва собитқадам қалами худро дар ҳама навъҳои адабӣ санҷида, дар асарҳояш муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замонро ба тасвир кашидааст. Маҳсули эҷодиёти фарохдомани ӯ аз се бахш: назм, наср ва осори публитсистӣ иборат мебошад.
Фаъолияти адабии худро Шароф Рашидов аз назм оғоз намуда, нахустин маҷмӯаи ашъори худро соли 1945 бо номи «Хашми ман» аз чоп баровард. Дар ин маҷмӯа дар баробари шеърҳои бахшида ба ҳаёти колхозӣ, шеърҳои дар солҳои ҷанг навишташуда, ба монанди «Ҷанговар», «Қасос», «Хотираи қаҳрамон», «Духтар аз Белград» ва ғайра ҷой дода шудаанд, ки рӯҳи баланди ватандӯстона доранд. Минбаъд вай дар баробари эҷоди шеър ба наср рӯ оварда, дар ин ҷода асарҳои калонҳаҷми бадеӣ таълиф намуд. Романҳои «Ғолибон» (1951), «Зӯртар аз бӯрон» (1958) ва «Балоғат» (1971) дар умум асари сегона (трилогия) буда, нависанда воқеаҳои солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро дар пайвандии ҳам ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ин романҳотақдири халқи ӯзбек дар давраҳои муайяни таърихӣ тасвир шуда, хислатҳои неки заҳматписандӣ, бунёдкорӣ ва инсондӯстияшон таҷассум ёфтаанд.
Романи «Ғолибон» ба корномаи меҳнатии деҳқонони ӯзбек баҳри аз худ кардани заминҳои навкорам бахшида шудааст. Пешорӯи хонанда дар симои Ойқиз, Олимҷон, котиби райком Ҷӯрабоев, муҳандиси рус Смирнов образҳои зиндадил, фаъол ва рӯҳафзое ҷилвагар мешаванд, ки баҳри пешрафту ободонии ватани худ фидокорона заҳмат кашида, ба иттифоқи якдигар тамоми монеаҳоро сарбаландона паси сар менамоянд.
Дар романи «Зӯртар аз бӯрон» низ ҳамин қаҳрамонон амал мекунанд, аммо муборизаи онҳо бо образҳои манфӣ, чун раиси колхоз Қодиров, Алиқули савдогар ва Ғафури азмаҳбасбаргашта, баҳри сохтани ҳаёти нав боз ҳам шадидтар мешавад. Нависанда печутоби роҳҳои зиндагӣ, бархӯрди хислатҳо, низои ғояву ҷаҳонбиниҳоро бо як маҳорату ҳунари томи бадеӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Дар романи «Балоғат» таҳаввули қаҳрамонони асари сегона бо пирӯзии пурраи ҳаёти нав ба анҷом мерасад.
Шароф Рашидов соли 1974 романи нави худро бо номи «Мавҷи муқтадир» ба табъ расондааст, ки ба мавзӯи қаҳрамонии синфи коргари ақибгоҳ дар солҳои ҷанг бахшида шудааст. Қаҳрамони марказии роман Пӯлод Содиқовро бо сабаби мувофиқ набудани вазъи саломатӣ ба фронт равон намекунанд ва ӯ барои фаъолияти меҳнатӣ ба сохтмони зарбдори «Ғалаба — ГЭС» меравад. Дар ин сохтмони барои хоҷагии халқ, махсусан соҳаи пахтакорӣ, зарур вай дар қатори ҳамкорони худ, чун Анвар, Рустам, Никитин рӯз аз рӯз пухта мегардид ва камол меёфт.
Дар ин роман низ нависанда фаъолмандии иҷтимоии қаҳрамони асосиро дар ҷараёни бархӯрду низои ғоявӣ бо образҳои манфӣ, аз ҷумла котиби сеюми райком Тӯрахонов нишон додааст, ки ҷанбаи иҷтимоӣ ва гуманистии асарро боз ҳам амиқтар кардааст.
Повести «Амри дил» (1983), ки охирин асари адиб мебошад, дар бораи муборизаҳои қаҳрамононаи партизанҳо бо фашистон нақл мекунад. Ҳамаи ин повесту романҳо, ки дар онҳо маънии инсондӯстонаву эҷодкоронаи замонҳои гуногун тасвиру инъикос ёфтаанд, дар адабиёти сермиллати шӯравӣ рӯйдоди муҳими адабиву фарҳангӣ ба шумор мераванд.
Ба қалами Шароф Рашидов киносенарияи «Китоби ду дилдода» (бо ҳаммуаллифии В. Виткович) низ таълиф гардидааст. Киносенарияи мазкур дар асоси достони машҳури адиби тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан» навишта шудааст. Ҳамзамон, дар пешгуфтори он муаллифон қайд кардаанд, ки «… ғайр аз достони Бедил мо ривоятҳо, сурудҳо ва миниатюраҳои осиёимиёнагиро истифода намудем. Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки дар қаринаи сужет, мусиқӣ ва нигораҳои филм оид ба робитаҳои таърихии санъати Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ҳикоят намоем».
Киносенарияи мазкур ифодагари он аст, ки дар ҳақиқат, Шароф Рашидов на танҳо аз мазмуну мундариҷаи ин достон ба хубӣ огоҳ аст, балки сарчашмаҳои таърихию ривоятии адабиёти тоҷикро ҷиддӣ омӯхта, бо образҳои ҷовидонаи осори шифоҳӣ ва хаттии тоҷикӣ шинос мебошад ва бо муҳаббату самимияти хосса дунёи рангини ошиқони дилфигорро тасвир месозад.
Шароф Рашидов ба сифати публитсист низ маъруф буда, муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, байналмилалӣ ва проблемаҳои муҳташами кишварашро дар ин жанр ифода менамояд. Дар мақолаҳои сершумори худ, аз ҷумла «Оид ба публитсистикаи бадеӣ», «Ҳамеша дар ёди мо», «Устоди хирадманд», «Кори бузурги адабиёт», «Салом, Москва», «Мулоқоти бародаронаи фарҳангҳои бародар», «Комёбиҳои мо, вазифаҳои мо», «Ибтидои роҳ» ва ғайра оид ба масъалаҳои мухталифи адабиёт, сиёсат ва иҷтимоиёт ибрози андеша кардааст. Мақолаҳои публитсистии вай дар маҷмӯаҳои «Ҳукми таърих» (1950), «Парчами дӯстӣ» (1967) гирд оварда шудаанд. Мазмуну муҳтавои публитсистикаи ӯ хеле фарох буда, онҳо ба масъалаҳои дӯстии байни халқҳо, ҳамзистии миллатҳо ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвараш бахшида шудаанд.
Тоҷикон бо муҳимтарин асарҳои бадеии Шароф Рашидов натанҳо тавассути забони русӣ, балки ба забони модарии худ низ ошноӣ доранд. Аз солҳои 50-ум сар карда, қариб кулли осори ӯ дар тарҷумаи Мирзо Турсунзода («Таронаи Кашмир»), Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҳошим, Анора Остонова («Ғолибон»), Фотеҳ Ниёзӣ («Зӯртар аз бӯрон»), Мутеулло Наҷмиддинов («Мавҷи муқтадир») ва дигарон дастраси хонандаи тоҷик гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Шароф Рашидов аз ҷиҳати мавзӯъ, сужет, образҳо, тасвири маишат на танҳо ба зиндагии халқи ӯзбек, балки ба тарзи зисти тоҷикон низ қаробат дорад, зеро мазмун ва рӯҳи онҳо ба ҳаёти ҳар ду халқи дӯсту ҳамсоя бисёр наздик мебошад.
Ҳамин мактаби дӯстию рафоқат ва равобити адабию фарҳангиро адибони насли ҷавон идома дода, дар пайи чунин ҳамкориҳо дар рушди адабиёт ва санъат нақши арзанда гузоштанд. Махсусан, шоирон Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Гулназар ва дигарон на танҳо дар мавзӯи дӯстии тоҷику ӯзбек шеъру достонҳо таълиф кардаанд, балки дар тарҷумаи осори аксари шоирони ӯзбек иштироки фаъол карда, дар муаррифии онҳо ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Нависандагони тоҷик Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Адаш Истад, Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад ва дигар адибони тоҷик дар мавзӯи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек очерку ҳикоя, қиссаву роман навишта, бо аксари адибони шинохтаи ӯзбек робитаи дӯстона ва эҷодӣ доштанд. Махсусан, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Шавкат Ниёзӣ, Адаш Истад ба сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Фарғона рафта, бо хонандагону донишҷӯён вохӯриҳо доир мекарданд ва ба онҳо дар боби дӯстию бародарӣ, ваҳдату осоиштагӣ сухан гуфта, оид ба асарҳои худ маълумот медоданд. Ҳамзамон, асарҳои адибони ӯзбекро бо забони тоҷикӣ тарҷума карда, хонандагони тоҷикро бо сарнавишти халқи ӯзбек, ҳаёту рӯзгори онҳо ошно менамуданд.
Дар баробари ин, борҳо асарҳои сухансароёни тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва асарҳои шоирону нависандагони ӯзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба муносибати рӯзҳои адабиёт ва санъати Ӯзбекистони бародар солҳои 80- уми асри ХХ дар ду маҷмӯа — “Чароғи фурӯзон” ва “Чашмаи хурӯшон” асарҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп гардидааст.
Дар ҳақиқат, баргузор шудани даҳаҳои адабиёт ва санъат миёни халқҳои тоҷику ӯзбек аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба ҳукми анъана даромада, якчанд маротиба Рӯзҳои адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидаанд, ки онҳо дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек нақши назаррас бозидаанд. Ин рӯзҳо ба тантанаи ҳақиқии дӯстии халқҳо табдил ёфта, дар аксари марказҳои илмию адабӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар чорабиниҳо ва вохӯриҳо доир шуда, мардум аз ҳунару истеъдоди адибону ҳунармандони тоҷику ӯзбек завқ бурдаанд. Ба шарофати ҳусни тафоҳум ва назари некбинонаи ҳар ду ҷониб ин анъана аз нав эҳё шуда, соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон доир гардиданд, ки он аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба хубӣ истиқбол гардиданд.
Бояд гуфт, ки нақши тоҷикон ва ӯзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар бағоят бузург мебошад. Ҳар ду халқ ба “Шашмақом” умри дубора бахшидаанд. Тавассути фарзандони фарҳангпарвари тоҷику ӯзбек мусиқии “Шашмақом” рушд карда, дар ҳар ду кишвар мақом ва ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Дар санъати шашмақомхонӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, ки донандагони хуби мактаби бузурги мақомхонӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар тарбияи даҳҳо сурудхонони ӯзбек нақш доранд ва мактаби мусиқӣ ва мақомхонии онҳо дар Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Хева, Фарғона, Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Исфара то ба ҳол побарҷо буда, аз равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои аҳли ҳунари ин ду халқ дарак медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки нақши Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар тарбияи кадрҳои соҳаи санъати тоҷик назаррас буда, аз ҷумла Ҷӯрахон Обидов, Аслиддин Низомӣ, Фароғат Азизӣ, Холаҳмади Маҷид, Абдувалӣ Абдурашидов, Қудратулло Ҳикматов ва чанде дигарон аз дастпарварони ин муассисаи таълимӣ мебошанд, ки дар соҳаи санъати касбии тоҷик ҷойгоҳи хосси худро доранд.
Дастаҳои ҳунарии ду ҷумҳурии ҳамсоя ва инчунин, аҳли санъати тоҷику ӯзбек ҳамеша бо якдигар робитаҳои зичи ҳасана барпо намуда, аз мактабҳои ҳунарии ҳамдигар баҳраҳо гирифтаанд. Ҳамкориҳои ансамблҳои “Баҳор” (Ӯзбекистон) ва “Лола” (Тоҷикистон), санъаткорони ӯзбеку тоҷик аз қабили Ортиқ Отаҷонов, Муноҷот Юлчиева, Шералӣ Ҷӯраев, Ботир Зокиров, Фаррух Зокиров, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва дигаронро ба ёд овардан кофист, ки аз робитаи фарҳангии ду халқ дарак медиҳанд.
Дар соҳаи синамогарӣ низ ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон намунаи барҷастаи робитаҳои амиқи эҷодии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар мебошад. Ин ҳамкориҳо аз охири солҳои 30- юми асри ХХ оғоз шуда, ба фаъолияти коргардонии Комил Ёрматов – фарзанди халлқи тоҷик алоқаманд аст. Нахустин филмҳои кӯтоҳметражро дар бораи тоҷикон ва ӯзбекон вай ба навор гирифта, дар ҳамон солҳои ниҳоят мураккаб пешкаши тамошобинон карда буд. Пасон, Комил Ёрматов бевосита ба рушди синамо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон машғул шуда, ин соҳаро дар кишвари ҳамсоя то охири умраш равнақу ривоҷ дод ва шогирдони зиёдеро ба воя расонид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синамогарони шинохтаи кишвар Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Маргарита Қосимова, Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов ва дигарон дар рушди синамои касбӣ саҳми беандоза дошта, дар бисёр филмҳои худ ҳунармандони тоҷику ӯзбекро даъват карда, нақшҳои асосиро ба намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ тақсим мекарданд. Ҳунарпешагони шинохта, аз қабили Ато Муҳаммадҷонов, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Ӯлмас Алихоҷаев, Рустам Саъдуллоев, Шуҳрат Эргашев ва дигарон дар филмҳои ин коргардонҳо нақши асосиро бозида, шуҳрати синамои тоҷику ӯзбекро баланд бардоштаанд. Баъзе аз ин филмҳо соҳиби ҷоизаҳои баланд ҳам шудаанд. Дар ин самт низ дӯстию рафоқати ду халқ равшан ба чашм расида, нишонаи арҷ гузоштан ба санъат ва ҳунари ҳамдигар мебошад.
Боиси хушнудист, ки ба қарибӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев кинорежиссёри шинохтаи тоҷик Бақо Содиқро, ки солҳои охир дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард, соҳиби шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардонид. Мухлисони ин синамогари тоҷик аз ин кори хайр шод шуда, тавассути шабакаи иҷтимоӣ дар лайкҳои худ Бақо Содиқро табрик карда, ба ӯ саломатӣ ва барори кор хоста, ин амали хайрро нишонаи қадрдонӣ ва оғози ҳусни нияти дӯстонаи ду роҳбари давлат ва ду халқи ба ҳам бародар маънидод намуданд. Умедворем, ки устод боз ба Душанбе омада, дар наворгирии филмҳо ба шогирдонашон раҳнамоӣ мекунанд.
Ин дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолияту озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳи сифатан нав касб намуд. Дар фосилаи беш аз чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, ду кишвари дӯст робитаҳои ҳасанаи ҳамсоягиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида, дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Махсусан, дар солҳои 90 — уми асри ХХ дар соҳаи илм, адабиёт ва фарҳанг анъанаҳои пешин идома ёфта, корҳои зиёди дастаҷамъӣ дар ду кишвар баргузор гардидаанд. Бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баргузор намудани солномаи устод Айнӣ Кумитаи Айнӣ мавзӯи “Садриддин Айнӣ ва Алишери Навоӣ” — ро ба нақша гирифт ва ин чорабинии илмӣ бо иштироки олимони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст баргузор гардид. Ҳамчунин, дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи хотиравӣ доир ба ёдбуди Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Самарқанд адибони тоҷик иштирок карда, аз маҳорат ва истеъдоди ин адиб, ки аввал ба забони ӯзбекӣ шеъру мақолаҳо таълиф мекардааст, ёд намуда, нақши ӯро дар рушди ду адабиёт ба некӣ ёдоварӣ намуданд.
Дар ҳамин давра баъзе ҳунармандони тоҷик дар саҳнаву театрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон консерти ҳунарӣ ва эҷодӣ баргузор карда, иддае аз овозхонони машҳури Ӯзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо бо барномаҳои ҳунарӣ баромад карда, садои дӯстӣ ва оҳангҳои дилкаши бародариро дар фазои мамлакатамон паҳн намуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои фарҳангӣ аз муҳаббат ва дӯстии ин ду халқ дарак дода, риштаҳои бародариро устувортар мегардонанд.
Асоси ин ҳама муваффақиятҳо, бе шаку шубҳа, сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ буда, тоҷикон ва ӯзбекҳо ин сифатҳои олиро ба дигарон тарғиб мекарданд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя менамуданд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзӯъҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ӯзбекҳо ба шумор меравад. Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар тӯли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ӯзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек пурмаҳсул давом кардааст».
Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати ташрифи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати адабпарваронаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабӯтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,
узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»