07:49:30 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сухан дониста гӯ то дӯстро душман нагардонӣ

(Ҷавоб ба мусоҳибаи Сайҷалол Сияҳаков ба хабарнигори нашрияи «Хатлон» таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодгариҳои ҲНИТ»)

Мусоҳибаи Сайҷалол Сияҳаковро бо хабарнигори нашрияи «Хатлон» таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодгариҳои ҲНИТ» аз сайти Akhbor. com. хондам. Дар он мусоҳиба дар баробари шахсиятҳои ҲНИТ чанд нуктае низ дар бораи ман -Султони Ҳамад, ҳамчун собиқ корманди амният ироа шудааст. Ман дар ин ҷо танҳо дар бораи он нуктаҳои ин мусоҳиба посух мегӯям, ки шахсан ба ман рабт доранд.

Чаро ба Афғонистон паноҳанда шудам?

1 sultoni-hamad-986451122Дар бораи сабаби ба Афғонистон ҳиҷрат карданамро ман борҳо дар мақолаву китобҳоям навиштаам. Дар мусоҳибаҳоямон бо хабарнигорон ин мавзуъро хеле муфассал гуфтаам. Дар як ҷаласаи маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор устод Иброҳим Усмонов ҳамчун сухангӯ дар бораи матбуоти мухолифин дар даврони ҳиҷрат маърӯза кардам. Дар қисмати саволу ҷавоби ин ҷаласа аз ман бештар сабаби ба Афғонистон ҳиҷрат карданамро пурсиданд. Журналист Раҷаби Мирзо аз ин маҳфил гузорише таҳия карда буд ва он гузориш дар ҳафтаномаи «Рӯзгор» соли 2014 ба нашр расида буд. Иқтибосе аз ҳамин мақола меорам. Журналист аз забони ман чунин навиштааст, ки дуруст аст: «Гуфтам, ки замони оғози даргириҳо сардори шӯъбаи ноҳиявии амният дар Қабодиён будам. Вақте вазъ дар минтақаи Қурғонтеппа муташанниҷ гашт, аҳлу оилаамро ба назди хешу табор ба ноҳияи Ҷиликӯл оварда, мехостам ба ҷои кор баргардам. Аммо роҳҳо баста буданду пурхавф ва ман натавонистам дубора ба Қабодиён биравам. Бо сардори раёсати амнияти вилояти Қурғонтеппа полковник шодравон Аҳмад Ёғибеков, ки дар ноҳияи Ҷилликӯл буд, вохӯрдаму вазъиятро таҳлил кардем. Ӯ амр кард, ки ба ҳеҷ куҷо нараваму вазифаи хидматии худро дар ин ҷо анҷом бидиҳем. Вале вазъият дар Ҷилликӯл низ муташанниҷ шуд. Гуруҳҳои силоҳбадасти номаълум даст ба қатлу куштор ва ғорати амволи мардум заданд.

Як рӯз гурӯҳеро кушта дарёфтанд, ки дар байнашон ман ҷасади сардори раёсати амнияти вилояти Қурғонтеппаро шинохтам. Ин ҳолат маро водор намуд, ки ҳамроҳи мардум ба Афғонистон паноҳанда шавам. Зеро имкони кушта шудани ман ва аҳли оилаам он замон вуҷуд дошт. Яъне ман аз ночорӣ ба Афғонистон рафтам. Ин маънии онро надорад, ки дар байни мухолифин маро самимонаву пурмеҳр пазируфта бошанд. Шаку гумонҳои зиёде дар байни раҳбарони сатҳи миёна буд, ки ман як гумоштаи мақомот ҳастаму вазифаи худро иҷро мекунам. Аз ин рӯ, гурӯҳҳое ҳам буданд, ки қасди ҷисман нобуд карданамро доштанд. Танҳо бо дастгириҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки ин ҳолатҳо рафъ гардиданд...».

САМНИТ: ҳақиқат ва туҳмат

То ин ки возеҳтар шавад бояд бигӯям, ки дафтари раҳбарони мухолифин дар Афғонистон дар шаҳри Толуқон ҷойгир шуда буд. Банда бо аҳли оилаам, яъне зану шаш фарзандам, ки калониаш 17 солаву хурдиаш 4-сола буд, дар байни муҳоҷирон, дар шаҳри Кундуз зиндагонӣ мекардем, ки байни ин ду шаҳр қариб навад километр масофа ҳаст. Дар Кундуз ягон созмони байналмилалӣ набуд. На эрониҳо буданду на арабҳо. Ҳама дар Толуқону Хонободу Мазори Шариф буданд. Муҳоҷирини тоҷикро дар Кундуз аксаран мардуми таҳҷоӣ кӯмак мекарданд. Албатта гоҳ-гоҳ кумакҳои Комиссиариати СММ оиди паноҳандагон ва дигар созмонҳои хайриявии кишварҳои исломӣ, азҷумла Эрон, Покистон, Арабистони Саъудӣ тавассути Кумитаи муҳоҷирони НИТ (Наҳзати Исломии Тоҷикистон), на ҲНИТ (дар Афғонистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вуҷуд надошт) ба муҳоҷирони Кундуз ҳам мерасид. Он созмонеро, ки дар Афғонистон амал мекард, НИТ ва ё ҷунбиши НИТ мегуфтанд. Раҳбарияти мухолифин фаъолияти ҳама аҳзоби дигарро ба хотири пешгирӣ аз нифоқу парокандагӣ дар муҳоҷират дар минтақаҳои муҳоҷирнишин манъ карда буд. Далели қотеъ ҳамин калимаи дар мусоҳиба истифодакардаи Сайҷалол Сияҳаков САМНИТ (Созмони амнияти муҳоҷирини наҳзати исломии Тоҷикистон) мебошад. Агар дар Афғонистон ҳизб мебуд САМҲНИТ мегуфтанд. Воқеан, вақте САМНИТ-ро раҳбарияти НИТ дар миёнаҳои соли 1993 таъсис доданд, ба ҳама эълон карданд, ки ин кор ба хотири таъмини амнияти муҳоҷирин аст. Ягон вазифаи дигаре бар дӯш надошт. «Афғонистон як кишвари ҷангзадааст ва то он даме, ки дар ин ҷо ҳастем, бояд амнияти муҳоҷирин таъмин карда шавад»- мегуфт Саид Абдуллоҳи Нурӣ. Ману Сайҷалол Сияҳаков, танҳо кормандони КГБ будем, ки бо аҳли хонаводаамон дар Кундуз зиндагӣ мекардем. Аз мо, ҳамчун аз собиқ кормандони амниятӣ хоҳиш карданд, ки аз таҷрибаи худ истифода бурда, дар таъмини амнияти мардуми муҳоҷир кумак кунем. То он ҷое, ки тавонамон мерасид, аз донишу таҷрибаи хеш истифода бурда, дар таъмини амнияти мардум саҳм гирифтем. Дар ин ҷо, дар Кундуз, ягон эронӣ набуд, ки ба мо кадом як амре бидиҳад. Ё ба кори мо раҳбарӣ кунад. Кори таъмини амнияти мардум чандон душвор набуд. Худамон аз уҳдааш мебаромадем. Масалан дар Кундуз аз ҳисоби муҳоҷирин даҳ-дувоздаҳ нафар пайраҳадор буд, ки онҳо шабонарӯзӣ дар атрофи хаймаҳо гашта, гапу хабарҳоро фаҳмида, амнияти мардумро таъмин менамуданд. Ягон одами ношиносро бинанд ӯро пурсуҷӯ мекарданд. Барои ин ба онҳо маош медоданд. Маошро раҳбарияти НИТ медод. Банда ба ғайр аз шунидани ахборот ва машварат додан ба пайраҳадорон боз ба шунидани ахбороти радиоҳои Тоҷикистону хориҷӣ машғул будам. Натиҷаи онро ва хулосаҳои худро моҳе як маротиба ба Кундуз рафта ба устод Нурӣ дар зарфи ду-се соат ахборот медодам. Тамом. Дигар ман бо касе суҳбат намекардам. Эрониеро бо номи Муродӣ на танҳо надидам, балки умуман нашунидаам. Ҳамин гуна одам вуҷуд дошт ё не, намедонам. Буданд арабҳову эрониҳои кӯмакрасон. Аммо мо вазифадор набудем, ки бо онҳо сару кор бигирем. Ин вазифаи раҳбарияти мухолифин буд. Бо эрониҳо танҳо боре дар Ҳирот вохӯрда мулоқот кардам. Тафсилоти суҳбатамро бо онҳо дар Ҳирот баъдтар хоҳам гуфт. Аммо дар Кундузу Толуқон, росташро гӯям, хориҷиҳо аз ман ҳазар мекарданд, ман аз онҳо. Зеро на онҳо ба ман бовар доштанд, ва на ман ба онҳо. Бояд бигӯям, ки дар Кундуз ҳам аз ҷумлаи тоҷикони муҳоҷир ва ҳам мардуми афғон, махсусан онҳое, ки бо муҳоҷирин ба гунае сару кор доштанд, ҳама медонистанд, ки ману Сайҷалол Сияҳаков собиқ кормандони КГБ будем. Барои ҳамин бо мо он қадар наздик намешуданд. Аксаран бо шубҳа ба мо менигаристанд. Арабҳову эрониҳои ба қавли худашон кумакрасон бошанд, ҳатто аз он одамҳое, ки бо мо сару кор доштанд аз ҷумлаи муҳоҷирин, аз онҳо ҳазар мекарданд. Чӣ расад ба худи мо. Ҳамин тариқ ин навиштаи Сайҷалол Сияҳаков: «Замоне, ки ман муовини роҳбари САМНИТ будам, «Холид» ва Султони Ҳамад борҳо аз ман хоҳиш намуда буданд, ки бо Муродӣ вохӯрам ва ба гуфтаҳои ӯ розӣ шавам. С.Ҳамад доим мегуфт, ки «агар дар ҳамкорӣ бо оғои Муродӣ розӣ шавӣ, болои доллар мегардӣ..», на танҳо дурӯғ, балки туҳмати маҳз аст. Аввалан чӣ тавре болотар гуфтам, ки ман эрониеро бо номи Муродӣ надида будам ва суҳбате ҳам на ба танҳоӣ ва на бо касе бо ӯ накарда будам. Дуввум ман раҳбари мухолифин набудам, ки ба касе, ба хусус ба муовини раиси САМНИТ, чӣ тавре, ки худашро Сайҷалол Сияҳаков ном мебарад, амр бидиҳам, ки бо хориҷие вохӯраду супоришҳояшро иҷро кунад. Ман як корманди амниятие будам, ки бо амри тақдир ба мулки бегона бо ҳамроҳии ҳазорҳо нафар ҳамватанонам барои ҷони худу аҳли хонаводаамро наҷот додан, муҳоҷир шуда будам ва ба хотири таъмини амнияти онҳо кореро, ки аз дастам меомад, дар он ҷо кардам. Агар касе аз хориҷиҳо ба мо пул медод, шояд ман ҳам мисли дигарон дорову сарватманд мешудам. Соҳиби хонаву дар, мошинҳои қимматбаҳо мешудам. Фарзандонам дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд. Ҳамон вақту имрӯз ҳам маълум буду ҳоло ҳам маълум аст, ки ман чӣ гуна зиндагӣ доштаму дорам. Аз сабаби дар як хонаи танг зиндагӣ кардан як писарам маҷбур шуд бо аҳли хонаводааш ҷилои ватан кунад. Ҳоло дар Россия бо ду фарзанди хурдсолаш дар ғарибӣ ҳаст. Беҳтарин муттахассиси соҳаи дизайн дар журналистикаи тоҷик буд. Инро ҳама дастандаркорони ин соҳа хуб медонанд. Ҳоло қаровули шабонаи як мағоза.

Асрори дурӯғу буҳтон

Сайҷалол Сияҳаков дар як ҷойи мақолааш менависад: «Илова бар ин, дар 1 ҳафта қариб 4-маротиба Султони Ҳамад схемаву нақшаҳои махфӣ, тартиби ҷалбкунӣ, вазъи сиёсии ҶТ ва дигар давлатҳои СССР, инчунин дигар маълумотҳои хоси мақомоти амниятро дар варақаҳои алоҳида тарҳрезӣ намуда, дар торикии шаб, тавассути автомобил ҳамроҳ бо ман ба назди Муродӣ рафта, ба ӯ пешниҳод мекард. Аз ман хоҳиш мекард, ки то аз назди Муродӣ баргаштан дохили мошин бимонам ва берун набароям».

Дар байни муҳоҷирин чӣ гуна сир метавониста бошад? Сирри давлатӣ? Сирри ҳарбӣ? Ягон корхонаи махфии давлатӣ дар он ҷо набуд, размандаҳои мухолифинро ҳам дар он ҷо намедидед, ки нақша ва ё фикру ақидаашонро бифаҳмед. Ҷойи буду боши онҳо берун ва дур аз кампҳои муҳоҷирин буд, ки ба онҳо на ман, на Сайҷалол Сияҳаков дастрасӣ надоштем. Чӣ гуна сирри махфиро, кадом нақшаҳои набударо Султони Ҳамад ба касе ё давлате додааст? Кадом «маълумоти хоси мақомоти давлатиро» ба касе додаам? Аз кӣ ман маълумот мегирифтам, ки ба касе медодам? Ман хуб мефаҳмидам, ки кунҷковии аз ҳад беш боиси шубҳаи раҳбарони мухолифин мешавад. Ва ин хеле бароям хатарнок буд. Чанд маротиба маро дар раҳу рӯ барои собиқ коркуни КГБ буданам парронданӣ шуданд. Инро Сайҷалол Сияҳаков бо чашми сар дида буд, шоҳиди зинда буд. Чаро инро намегӯяд? Ман хеле дар ҳайратам!

Сайҷалол Сияҳаков хубтар аз дигарон медонист, ки ман танҳо бо устод Нурӣ сару кор доштам. Ҳатто бо Холид ҳам боре оиди масоили амниятӣ суҳбат накардам. Сайҷалол Сияҳаков мегӯяд, ки ба ӯ ҳамчун ба собиқ коркуни КГБ роҳбарони мухолифин бовар надоштанд. Худатон як фикр кунед, чӣ тавр мумкин будаст, ки ба як собиқ коркуни КГБ бовар накунанду ба дигараш бовар кунанд. Албатта ба ман ҳам бовар надоштанд. Маҳз ба ҳамин хотир, барои эҳтиёт, бо дигарон ҳам бе зарурат мулоқот намекардам. Алалхусус бо хориҷиёни кумакрасон. Пас чӣ гуна иттилотро ба устод Нурӣ пешкаш мекардам? Ягона манбаи дарёфти иттилоот дар Афғонистон радио буд. Танҳо хулосаи ахбороти радиоҳои Тоҷикистону хориҷиро моҳе як маротиба ба устод Нурӣ пешкаш мекардаму халос. Ва онҳоро тарзе пешкаш мекардам, ки майли устод Нурӣ ба бастани сулҳ боз бештар шавад. Қазияи хонумонсӯзи миллат бо роҳи мусолиҳа ҳаллу фасл гардад. Шумо хоҳ бовар кунед хоҳ не, Худо ҳозир аст, банда рисолати таърихии худро дар ҳамин медидам. ИншоАллоҳ, ки Худо беҳтар медонад. Ва ин хидмат фақат барои Худо буду барои ин миллат. Дигар ҳама вақт дар Кундуз дар назди хонаводаам будам. Радио гӯш мекардам.

Кӣ бовар мекунад, ки дар шароити Афғонистон дар як ҳафта чаҳор маротиба роҳи навад километраи байни Кундузу Толуконро шабона дар мошин рафта биёӣ? Дар Афғонистон як қоида нонавиштааст, ки онро ҳама хуб медонанд ва риоя мекунанд. Касе шабона ҳатто аз як деҳа ба деҳаи дигар бе зарурат сафар намекунад, чӣ расад ба як ҷои дур. Инро ҳама медонанд. Дуздҳову раҳзанҳо маҳз шабона ба дуздиву ғоратгарӣ машғул мешаванд. Ба мо чӣ зарурат буд, ки ба ин роҳи дур (навад километр!!) шабона равем? Фарз кардем агар ба хонаи касе ҳам равем, чаро шаб равем? Чаро рӯз наравем? Кӣ садди роҳи мо мешуд агар рӯз равем? Баъдан ман ҳеҷ гоҳ бо Сайҷалол Сияҳаков шабона ба ҳеҷ куҷое нарафтаам. Ҳеҷ гоҳ. Вай кӯдаки ман набуд, ки ӯро бо худ бурда дар мошин монда, худам корамро иҷро карда, баъд боз гирифта меомадам? Он ҳам, ӯ ки муовини раиси амният будааст!? Буданд дар паҳлӯи мо дигар нафарҳое, ки омадаи хидмат буданд, мошин ҳам доштанд. Мо агар мехостем аз онҳо истифода мекардем. Ин ҳама гапҳо танҳо дуруғу туҳмату буҳтон ва воҳимае беш нестанд. Ба Толуқон, ба назди устод Нурӣ ман ҳамеша рӯзона рафтаам. Ҳеҷ гоҳ ҳамроҳи Сайҷалол Сияҳаков шабона ба ҳеҷ куҷое нарафтам. Зеро боре сабақи фаромӯшнашудание гирифта будем. Аввалҳои ҳиҷратамон дар Афғонистон буд. Боре ҳини бозгашт аз Толуқон дар роҳ мошини мо вайрон шуд. Ҳамроҳи ман дар мошин дигар нафарҳо низ буданд. То мошинро таъмир кардем, ки шаб шуд. Маҷбур будем, ки шабона ба тарафи Кундуз ҳаракат кунем. Дигар илоҷе надоштем. Дар наздикиҳои Кундуз як гуруҳи дуздон ба мобайни роҳ баромада бо таҳдиди силоҳ моро маҷбур карданд, ки биистем. Амр карданд, ки аз мошин фароем. Тани мо ва тамоми мошинро талошӣ карда чизе, ки доштем, гирифтанду раҳоямон карданд. Аз ҳамон дам то охири ҳиҷрат дар Афғонистон дигар ягон маротиба ба ҷое шабона сафар накардем.

Ҳабси хонагӣ ва асрори сафар ба Эрон

Акнун дар масъалаи «гузаштани курсҳои 2-моҳа, 6-моҳа ва кутоҳмуддат». Худо ҳозир аст ман ба Эрон ҳангоми дар Афғонистон буданам танҳо як маротиба сафар кардам. Он ҳам бо аҳли оилаам. Ин кор чунин сурат гирифта буд. Дар яке аз ҷаласаҳои раҳбарони мухолифин охирҳои моҳи марти соли 1994 Ризвон Садиров, фармондеҳи нируҳои мусаллаҳи мухолифин аҳли ҳамон ҷаласаро таҳқир кард. Ҳама, азҷумла, раҳбарони мухолифин хомӯшона таҳқири ӯро гӯш карданд. Рости гап, ман натавонистам, таҳаммул кунам, бо нармӣ ба ӯ гуфтам, ки ин кораш дуруст нест. Ӯ дарғазаб шуда ба тарафи устод Нурӣ нигоҳ карда гуфт: «Устод, Шумо ба худ ҷосуси КГБ-ро мушовир гирифтаед. Ман хеҷ гоҳ ба ин одам бовар надорам. Ин тамоми сирру асрори моро ба КГБ-и Тоҷикистон мефурӯшад. Шумо чӣ гуна ба ин одам бовар кардаед? Ман дар Тоҷикистон чанд нафари инҳоро бо дастони худам куштам, маҷбур мешавам, ки дар ин ҷо низ ин корро кунам». Хулоса, устод Нурӣ дар ҳамин ҷаласа ба Абдуғаффори Худойдод, ки қозии наҳзат буд, амр медиҳад, ки изҳороти фармондеҳ Ризвон Садировро ба инобат гирифта, тафтишотро алайҳи ман оғоз кунад. «То анҷоми тафтишот Султони Ҳамад аз ҳама корҳо озод ва ҳамеша бояд дар хона бошад», гуфт устод Нурӣ. Ҳамин тавр аз моҳи март то моҳи августи соли 1994 ман дар Кундуз дар Кампи Боғи Ширкат дар ҳабси хонагӣ будам ва гоҳ -гоҳе барои саволу ҷавоб ба назди қозӣ Абдуғаффор ба Толуқон даъват мешудам. Дар натиҷаи тафтишот, саволу ҷавоби зиёд баёнотҳои бисёр навиштан бегуноҳии ман исбот шуд. Исбот шуд, ки ман ҷосуси КГБ-и Тоҷикистон набудаам. Ман тавонистам, ки бо далелҳоям қозиро қонеъ кунам, ки ман ҷосус нестам. Қозӣ ҳукм баровард, ки ман ҷосус нестам. Аз ин ҳукми қозӣ Ризвон Садиров норозӣ шуда талоши суиқасд ба ҷони ман кард. Инро дӯстони дар наҳзат будаам, азҷумла Давлат Усмон, фаҳмиданду ба ман маслиҳат доданд, ки зану фарзандонамро гирифта ба ягон шаҳри дигари муҳоҷирнишини Афғонистон, ки аз Кундузу Толуқон дур бошад, биравам. Дар Кундузи Афғонистон ду фарзанди калониам хонадор шуда буданд. Воқеан, писари калониам домоди ҳамин Сайҷалол Сияҳаков аст. Писарам бо келинам ҳоло ҳам бо ҳам зиндагонии хубе доранд. Духтари калониамро низ дар Афғонистон ба шавҳар дода будам. Ман онҳоро дар Афғонистон мондаму ҳамроҳи зану фарзандони хурдиам бо кӯмаки Давлати Усмон роҳи Кобулро пеш гирифтам. Дар Кобул бо мактуби Давлат Усмон ба назди қумандон Бисмиллоҳхон, ки он вақт сардори фурудгоҳи Багром буд (ба наздикӣ чанд муддат пеш вазири корҳои дохилии Афғонистон ҳам буд) рафтам. Мактубро додам. Хонду гуфт: Шумо муҳоҷири тоҷик ҳастед? Гуфтам? Бале. Гуфт: Куҷо рафтаниед? Гуфтам: Ҳирот. Гуфт: Пас шумо маҷонӣ меравед. Гуфтам нафаҳмидам. Гуфт ройгон меравед, яъне бепул. Амри Омир соҳиб аст. (шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро дар назар дошт). Ҳамон рӯз дар як ҳавопаймо ману зану фарзандонам ба Ҳирот омадем. Дар Ҳирот манзили Раиси Кумитаи Муҳоҷирини тоҷикро, ки Қаландар ном дошт, пайдо кардам. Чанд муддат бо кӯмаки ӯ дар Ҳирот зиндагонӣ намудем. Баъдан яке аз писаронам дар Ҳирот бемори вазнин шуд.Табибони Ҳирот гуфтанд, ки мо шароити табобати ӯро дар ин ҷо надорем. Агар илоҷаш шавад ба Эрон бибаред, дар он ҷо шароит хуб аст. Ман аз духтурон пурсидам, ки ба Эрон чӣ тавр мешавад биравем, гуфтанд, ки ба Консулгарии Эрон, ки дар Ҳирот ҳаст, муроҷиат кунед. Ман ҳамин корро кардам. Ана дар ҳамин ҷо ман бори аввал бо эрониҳо дар Афғонистон мулоқот кардам. Хоҳиш кардам, ки дар табобати писарам ба ман мусоидат кунанд. Тақрибан тӯли як ҳафта камтар ё зиёдтар аснод тайёр шуд ва баъдан аз тариқи марз расман ба Эрон рафтем. Дар он ҷо низ намояндаи наҳзат буд. Ҳоло номашро фаромӯш кардаам. Хулоса, он бародар мусоидат кард, ки дар яке аз бемористонҳои Машҳад кудакам муолиҷа шавад. Аммо хатари дубора авҷ гирифтани бемориаш вуҷуд дошт. Дар ин байн устод Нурӣ, ки дар Теҳрон буд, маро бо аҳли оилаам ба Теҳрон даъват кард. Дар як хонае, ки ӯ иҷора гирифта буд, ҳамроҳи хонаводаам чанд муддат зиндагонӣ кардем.

Бозгашт ба Афғонистон ва ширкат дар музокирот

Моҳи апрели соли 1995 буд.Устод Нурӣ гуфт, ки «Ризвон худро ҳамчун душмани миллат ошкор кард. Дигар алайҳи мо қиём кардааст. Ҳоло бо 400 нафар тарафдоронаш дар қалъаи Баҳораки Бадахшони Афғонистон аст. Аз сӯи дигар мо бо ҳукумати Тоҷикистон тарҳи Созишномаи сулҳро баста истодаем. Шояд моҳи май дар Кобул мулоқоти ману Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баргузор гардад. Агар Шумо ҳам дар ин мулоқот ширкат кунед, хуб мешавад». Розӣ шудам. Қабл аз он ки ба Афғонистон бо аҳли хонаводаам баргардам, дар Теҳрон бо ман нафаре, ки худро аз вазорати хориҷаи Эрон муаррифӣ кард (номашро ба ёд оварда наметавонам), суҳбат намуд. Гуфт, ки агар хоҳиш дошта бошам, метавонам дар Теҳрон бимонам. Маро ба ҳайси тарҷумон аз забони русӣ ба форсӣ метавонанд дар вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба кор қабул кунанд. Гуфтам, ки ду фарзандам дар Афғонистон ҳастанд. Онҳо дар як вазъияти ногувор қарор доранд. Мо аҳли хонавода бояд якҷо шавем. Гуфт: Пас метавонед, ки хонаводаатонро дар ин ҷо бигузореду рафта аз Афғонистон дигар фарзандонатонро биёред. Гуфтам, ки завҷаам ба хотири бачаҳои дар Афғонистон будаамон намехоҳад ин ҷо бимонад, барои ҳамин зану кӯдакҳоямро бо худ мебарам. Агар лозим шаваду зарурат бошад боз якҷоя бармегардем. Хулоса, ман аҳли хонаводаамро гирифта, моҳи апрели соли 1995 аз Эрон боз аз роҳи Ҳирот ба Афғонистон омадем. Дигар ман ҳеҷ гоҳ аз Афғонистон ба Эрон на қабл аз ин ва на баъд аз ин сафар надоштам. Танҳо ҳамин як маротиба сафар кардаму халос. Аммо баъди ба Ватан баргаштан аз Тоҷикистон се маротиба ба Эрон сафар кардам. Бори аввал моҳи январи соли 1997 бо хоҳиши Котиби Шӯрои Амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов банда ҳамчун муовини раҳбари ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин, ки ба Тоҷикистон таҳти миёнҷигарии СММ барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ омада буд, ба Теҳрон барои мутақоид сохтани раҳбарони дар Эрон будаи мухолифин бо ин мақсад, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон бебозгашт асту ҳукумат дар бастани сулҳ самимӣ аст ва мухолифин низ ҳарчи тезтар бояд ба имзои Созишномаи Сулҳ омода шаванд, рафта будем. Яъне ҳамин фикрро бояд ба раҳбарони мухолифин талқин мекардем, ки кардем. Дар ин сафар маро боз Маҳмадалӣ Ҳаит, Маҳмадюсуфи Ҳаким ҳамроҳӣ карда буданд. Сафари дигар аз Тоҷикистон ба Эрон 10 сол баъд, соли 2007, ба хотири ширкат дар Намоишгоҳи Байналмилалии китоби Теҳрон ва гирифтани мусоҳибаҳо аз масъулини эронӣ дар бораи нақши Эрон дар раванди сулҳ ба муносибати 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи Сулҳ ба вуқуъ пайваст. Ман дар як ҳайати 40 нафара ба Эрон рафта будам. Бори саввум соли 2012 дар як ҳамоиши байналмилалии журналистон бо ҳамроҳии муфассири сиёсӣ Рашид Ғани Абдуллоҳ иштирок кардем. Натоиҷи сафарҳоямро дар мақолаву мусоҳибаҳоям дар матбуот дарҷ кардаам. Агар матбуоти ҳамон солҳоро бихонед, ҳатман пайдо мекунед. Дар бораи сафари нахустинам ба Эрон, яъне сафаре, ки аз Афғонистон, сурат гирифта буд, дар тарҷумаи ҳолам ҳангоми барқарор шудан ба ҷои кори пештараам, ба КГБ ҳанӯз соли 1999 навишта будам. Яъне ман ягон сафари аз Афғонистон ба Эрон доштаамро аз касе пинҳон накардаам. Ин буд қиссаи «гузаштани курсҳои 2-моҳа, 6-моҳа ва кутоҳмуддат».

Акнун дар идома бихонед, ки баъди ин сафар бо ман тақдир чӣ кард?

Ҳамин тариқ банда баъди бозгаштан аз Эрон ҳамроҳи хонаводаам чанд муддат дар шаҳри Ҳирот истиқомат кардам. Баъдан бо хоҳиши устод Нурӣ аз Ҳирот тавассути тайёра ба Кобул ва аз Кобул тавассути чархбол ба Толуқон рафтем. Дар Толуқон устод Нурӣ маро огоҳ кард, ки ҳамчун узви ҳайати мухолифин ман дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде баъд дар Кобул баргузор мешавад, бояд иштирок кунам. Миёнаҳои моҳи майи соли 1995 ҳамроҳи устод Нурӣ ва аъзои дигари ҳайати мухолифин дар як чархбол аз Толуқон ба Кобул омадем. 17-19-уми майи 1995 дар ин ҷо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо устод Нурӣ баргузор шуд. Мулоқоти ҳарду лидер дар қасри Раиси Ҷумҳури Афғонистон устод Раббонӣ чашм ба чашм мегузашт. Аъзои ҳарду ҳайат бошад бо ҳам дар долонҳо суҳбату мулоқотҳо мекарданд. Ман низ бо чанд узви ҳайати ҳукумат, азҷумла вазири амният Сайдамир Зуҳуров суҳбати кутоҳе доштам. Мақсади асосии ин суҳбатҳо ҳарчи тезтар хотима додан ба ҷанги бародаркуш ва барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар буд.

Баъди анҷоми мулоқоти мазкур то моҳи июл чанд муддат дар Кобул мондем.

Баъди сафари Эрон як солу панҷ моҳ бекор будам

Сипас моҳи июли 1995 ба Кундуз баргаштем. Аз моҳи июли 1995 то декабри 1996 банда дар Кундуз дар Кампи Боғи Ширкат дар хона бекор будам. Танҳо бо ҳамон хӯрду хӯроке, ки барои дигар муҳоҷирин дар Боғи Ширкат медоданд, мо ҳам иктифо мекардем. Инро ҳам Сайҷалол Сияҳаков медонаду ҳам тамоми муҳоҷирини дар ҳамон вақт дар Кундуз буда. Ҳамин тариқ даъвои он ки баъди сафарҳояш ба Эрон вазъи зиндагияш хуб мешуд, буҳтони маҳз аст. На танҳо зиндагиям хуб нашуд, балки баъди ин сафар қариб 17 моҳ ман дар Афғонистон бекор будам. Моҳи октябри соли 1996 устод Нурӣ маро ба Толуқон даъват кард ва гуфт, ки агар розӣ бошам, марову боз чанд нафари дигарро барои назорат кардан аз болои Созишномаи Оташбас таҳти миёнҷигарии намояндагони СММ ба Тоҷикистон мефиристанд. Гуфтам розиям. Амалӣ шудани ин тасмим бо сабабҳои мухталиф ба дарозо кашид. Ва фақат баъди мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо устод Нурӣ дар 11-12-уми декабри соли 1996 дар Хустдеҳи Афғонистон амалӣ шуд. 16-уми декабри соли 1996 ба Толуқон як чархболи Тоҷикистон бо ҳамроҳии мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон Зафар Икромов омад ва ҳамон ҳайати баландпояи сиёсиву низомии мухолифинро таҳти роҳбарии Давлат Усмон, муовини раҳбари ИНОТ барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ ба Душанбе бурд. Дар ин ҳайат ман ба ҳайси муовини Давлат Усмон будам. Рӯзи дигар аз Душанбе ин ҳайатро ҳамроҳи баъзе аз роҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон ба минтақаи даргириҳои Рашту Вахё бурданд. Ин ҳайати муштарак дар Тоҷикистон барои барқарории сулҳу субот дар кишвар корҳои хеле муҳимеро анҷом дод. Дар ин бора муфассалтар аз силсилаи мақолаҳоям, ки таҳти унвони «Сулҳ ҳадяи Худо буд» дар сомонаи «Рӯзгор» ба нашр расидааст, маълумот дарёфт карда метавонед.

Аҳли хонаводаам мисли дигар муҳоҷирони дар Афғонистон будаи тоҷик моҳи июни соли 1997 аз тариқи Бандари Шерхон ба Ватан баргаштанд.

Имрӯз ҳам дар хидмати ин Ватан ҳастам

Ман ягон вақт узви ҲНИТ набудам ва нестам. Ҳангоме, ки Комиссияи Оштии Миллӣ Созишномаи Умумии сулҳу оштии миллиро ба ҳаёт татбиқ мекард, банда чанд муддат масъулияти раҳбарии Дафтари матбуотии Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиюни Тоҷикро ба уҳда доштам. Баъдан соли 1999 ба ҷои кори пештараам, яъне Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ барқарор шудам. Баъди як соли фаъолият дар он ҷо ба сабаби расидани муҳлати нафақа бо хоҳиши худам ба нафақа баромадам.

Инак 17 сол аст, ки ман аз ҳамин идора нафақапулӣ мегирам.

Аммо тӯли ин муддат ҳамчун журналист ба Ватану давлатам хидматамро идома дода истодаам. Бо чандин нашрияҳои давлативу хусусӣ ҳамкорӣ кардам. Чанд муддат ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» фаъолият намудам. Яке аз муассисон ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Рӯзгор» будам. Сайти хусусиам бо ҳамин номи «Рӯзгор» фаъол аст. Чанд муддат дар Сарредаксияи Илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба ҳайси мудири редаксияи иқтисод ифои вазифа намудам. Барандаи Ҷоизаи Иттиҳодияи Журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ дар соли 2003 ҳастам. Хидматҳоям дар соҳаи журналистика бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадр шудааст. Ширкаткунандаи чандин семинару конференсияҳои байналмилалии журналистон дар хориҷ аз кишвар ҳастам. Ғолиби чандин озмунҳои байналмилалии журналистон низ мебошам. Беш аз 10 китоби илмӣ-оммавӣ, публисистӣ, фарҳангӣ навишта ба нашр расондаам. Китобҳои навиштаи нашрнашудаам боз бештаранд.

Шукри Парвардигори азимушшаънро мекунам, ки то ҳамин лаҳзаҳо бо аҳли хонаводаам зиндагии орому осуда дорам. Ман низ мисли дигар сокинони кишвар сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатро дастгирӣ мекунам. Аммо… Худои бузург ҳидоят кунад онҳоеро, ки ба туҳмату буҳтони инсонҳо машғуланд. Ба онҳо муроҷиат мекунам, ки хатои соли 37-ро такрор накунанд.

Дар бораи Сайҷалол Сияҳаков аз ду лиҳоз дар ин мақола чизе наменависам. Якум ба он хотир, ки ӯ падарарӯси писарам ҳасту намехоҳам навиштаи ман ба ҳаёти оилавии фарзандонам, яъне писару келинам, таъсири манфие бирасонад. Дуввум ба он хотир, ки дар суҳбати телефонӣ бо духтару домодаш Сайҷалол Сияҳаков гуфтааст, ки аз чопи баъзе нуктаҳое, ки ӯ дар суҳбат ба хабарнигор нагуфтааст, лекин илова шудаанд, ибрози нигаронӣ менамояд ва тасмим гирифтааст, ки радия бинависад.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi