10:01:45 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими робитаҳои дустӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон

Пас аз соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ширкаткунандаи фаъоли раванди барқарор намудани сулҳу субот ва ҳалли осоиштаи мушкилотҳои Афғонистон мебошад. Аз рӯзҳои аввали оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар моҳи октябри 2001 Тоҷикистон тамоми имкониятҳои худро барои расидан ба ин мақсад истифода намуд.

peshvoi-millat_9856451.jpg

Вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя зарурияти таъмини шароити мусоид барои расонидани кумакҳои башардӯстонаро аз тариқи хоки Тоҷикистон тақозо менамуд. Бо мақсади осон намудани фаъолияти Неруҳои мусоидати сулҳ дар Афғонистон (ISAF( ва таъмини аҳолии осоиштаи минтақаҳои шимолии Афғонистон, Тоҷикистон фазои ҳавоӣ ва шабакаҳои нақлиётии заминии худро ба ихтиёри созмонҳои байналмилалӣ гузошта, низоми соддаи гумрукӣ ва сарҳадиро барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ҷорӣ намуд.

Пас аз доир гардидани конференсияи сулҳи Бонн оид ба Афғонистон ва ташкили идораи мувақкат, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ҳукумати Ҳомид Карзайро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 2002 сафорати худро дар Кобул ифтитоҳ намуд.

Дар марҳилаи нави рушди таърихии Афғонистон яке аз усулҳои самараноки баррасӣ ва қабули қарорҳо дар мавриди муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мулоқотҳо, боздидҳо, сафарҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои мустақим байни роҳбарони ду давлат - Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсуб меёбад.

Гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз сафари кории Ҳомид Карзай – Раиси Идораи муваққати Афғонистон ба Душанбе дар соли 2002 оғоз ёфтанд. Дар рафти мулоқотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ду кишвар диққати асосиро ба масъалаи мусоидат ба равандҳои сиёсии таҳкими низоми нави давлатдорӣ дар Афғонистон ҷалб намуданд. Тарафҳо таъкид  намуданд, ки гузаронидани Луи Ҷиргаи Афғонистон – ниҳоди олии намояндагии мардуми Афғонистон барои таҳкими раванди сулҳ ва ба ҳаёти осоишта гузаштани кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад намуд.

Дар рафти сафари кории роҳбарияти нави Афғонистон байни ду кишвари ҳамсоя панҷ санади нави давлатӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расид. Роҳбарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар Эъломияи муштарак зарурияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Афғонистонро таъкид намуданд. Бо мақсади ба сатҳи нави рушд боло бурдани ҳамкориҳои дутарафа роҳбарони ниҳодҳои давлатии ду кишвар дар бораи кушода шудани Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф ва Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, дар бораи интиқоли бор аз тариқи нақлиёти автомобилӣ ва барқарор намудани парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе – Кобул ва Кобул – Душанбе созишномаҳо ба имзо расониданд.

Дар давоми солҳои 2003-2004 дар кишвари ҳамсоя воқеаҳои муҳимми сиёсӣ доир гардиданд. Мақомоти қонунгузори намояндагӣ Ҳукумати муваққатиро бо сардории Ҳомид Карзай интихоб намуд. Конститутсияи нави кишвар қабул гардида, дар натиҷаи интихоботи умумихалқӣ парламенти кишвар ба фаъолият оғоз намуд. Дар чунин шароит ҳукумати Афғонистон тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои таъмини сулҳу субот ва пойдор кардани низоми давлатдорӣ равона намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди барпо ва устувор гардонидани низоми давлатдорӣ ва барқарор намудани иқтисоди аз ҷанги тулонӣ осебдидаи Афғонистон пуштибонӣ намуд. Дар самти ҳамоҳанг сохтани робитаҳои дутарафа мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай, ки ба Тоҷикистон барои иштирок дар Мулоқоти ҳаштуми сардорони давлатҳои аъзои созмони ЭКО дар моҳи сентябри соли 2004 ба Душанбе омада буд, аҳамияти калон дошт. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба масъалаҳо ҷанбаҳои амалӣ намудан ва ҳалли мушкилоти барқарорсозии Афғонистон таваҷҷуҳ намуда, таъкид сохтанд, ки робитаҳо байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар асоси усулҳои ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила, боварӣ, дустӣ ва кумаки ҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ рушд меёбанд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон дар таърихи 27-28 апрели соли 2005 барои рушди устувори муносибатҳои дутарафа заминаи мусоид фароҳам овард. Дар мулоқоти сарони ду кишвар доираи васеи масъалаҳои вобаста ба рушди робитаҳои байнидавлатӣ, фароҳам овардаи шароитҳои мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз анъанаҳои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ёдовар гардида, таъкид намуд: «Мардумон ва кишварҳои моро алоқаҳои тӯлонии таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳамдигар наздик намудаанд. Ҳар ду кишвар ва мардумони онҳо таҷрибаи ғании равобити дӯстона ва ҳамкорӣ доранд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳар ду кишвар сатҳи ҳамкориҳои мутақобиларо бо мақсади таъмини ормонҳо ва манфиатҳои олӣ боло мебаранд».

Пас аз анҷом ёфтани гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ ҳайатҳои давлатӣ 11 санади байнидавлатӣ ва байниҳукуматиро ба имзо расониданд, ки самтҳои асосии рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстонаро дар соҳаҳои мухталиф муайян менамуданд. Президентони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай санади муҳим «Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек»-ро ба имзо расониданд. Ҳамзамон созишномаҳо дар бораи сафарҳои дипломатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона ва ғ. ба имзо расонида шуданд.

Ҳангоми сафари худ ба Кобул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо «бобои миллати афғон», шоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ мулоқот намуд. Дар ҳузури М.Зоҳиршоҳ Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон нишони давлатии Афғонистон «Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд»-ро барои саъйю талошаш дар роҳи устувор гардонидани ҳамкорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Афғонистон тақдим намуд. Дар барномаи сафари расмӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷуёни Донишгоҳи Кобул ва зиёрати оромгоҳи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд дар дараи Панҷшер дар назар дошта шуда буд, ки 27-28 апрел доир гардиданд. Бояд зикр намуд, ки аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистони ҳамсоя пас аз давраи ҳукмронии Толибон ва ба имзо расидани санадҳои муҳимми байнидавлатӣ дар бораи ҳамкориҳо барои рушди муносибатҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат намуда, заминаҳои ҳуқуқии онҳоро васеъ карданд.

Сафари навбатии Президенти Тоҷикистон ба Афғонистон моҳи октябри соли 2010 баргузор гардид. Дар муддати панҷ соли гузашта барои амалӣ гардонидани вазифаҳо ва чорабиниҳои муайянгардида дар санадҳои ҳамкорӣ сайъу кушиши зиёд равона гардида буд. Муҳимтарин дастоварди ҳамкориҳои дуҷониба ба вуҷуд омадани муҳити созанда, иродаи қавии роҳбарияти олии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои сиёсӣ буд. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори давлати Афғонистон Ҳомид Карзай зарурияти рушди минбаъдаи робитаҳо дар соҳаи иқтисодиёт ва фарҳанг ва боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои судманд таъкид гардид.

Дар рафти сафари ҳайати олирутбаи Тоҷикистон байни ду кишвар 6 санади нав ба имзо расид: Изҳороти муштарак дар бораи рушди равобити дуҷониба; Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ; Созишнома дар бораи истифодаи муштараки захираҳои обии дарёи Панҷ; Созишнома дар бораи рушди сайёҳӣ ва Тафоҳумнома байни Агентиҳои стандартизатсия ва метрологияи ду кишвар ва ғ. Дар маросими ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор намуд, ки натиҷаҳои сафари навбатӣ саҳифаи навро дар рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ байни ду кишвар боз мекунанд.

Дар рафти сафари худ ба Афғонистон сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси намояндагони парламенти кишвар Муҳаммад Юнус Қонунӣ мулоқот дошт. Дар мулоқот масъалаҳои асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва робитаҳои байнипарламентии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар мулоқот роҳбарони ду кишвар иродаи қавии худро барои рушд ва густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои васеъ изҳор намуданд. Дар суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақши ду кишвари ҳамсоя дар шароити имрузаи байналмиллалӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд: Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳаёти минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Рушди ҳамкориҳои судманд ва созанда дар ҳама соҳаҳо барои ду кишвар аҳамияти калон доранд. Тоҷикистон бо дарки ин воқеият барои рушди минбаъдаи ин робитаҳо талош менамояд.

Ба ақидаи коршиносони Афғонистон Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият тарафдори роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти Афғонистон, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва муттаҳид намудани доираи васеи неруҳои сиёсӣ бо мақсади таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад. Роҳбари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тарафдори ҳалли сиёсии масъалаи Афғонистон буда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз ҷумла минбари Созмони миллали муттаҳид зарурати мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро дар Афғонистон таъкид намуд ва ҷомеаи байналмилалиро барои мусоидат ба сулҳи Афғонистон даъват намуда буд.

Қобили ёдоварӣ аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба, балки дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ аз манфиатҳои Афғонистон ва мардуми он ҳимоя менамояд. Мулоқотҳои сардори давлати Тоҷикистон бо роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар чорчубаи конференсияҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон ва ҷаласаҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар муҳити боварии тарафайн, дустӣ ва якдигарфаҳмӣ доир мегарданд.

Моҳи июни соли 2005 пас аз поён ёфтани маросими расмии оғози сохтмони пули нақлиётӣ аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Панҷи Поён Президенти кишвари мо дар шаҳри Душанбе бо президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот намуда, роҳбарони ду кишвар доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дутарафаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар мулоқот сардори давлати Тоҷикистон аз суръати густариши робитаҳои неки ҳамсоягӣ бо Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ин муносибатҳо сол аз сол мустаҳкам мегарданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар байни се кишвари бародар - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мебошад. Дар мулоқоти сеҷонибаи сардорони се кишвар дар Душанбе дар моҳи июли соли 2006 масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои алоқа, нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, сохтмони бандҳои барқи обӣ, интитқоли нерӯи барқ аз тариқи хоки Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон президентҳои се кишвар зарурати густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи илм, маориф ва фарҳангро таъкид намуда, онҳоро омили муҳимми рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва боло рафтани сатҳи муносибатҳои сеҷониба донистанд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ба амал баровардани лоиҳаҳои бузурги сохтмони бандҳои барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, сохтмони пулҳои автомобилгард ва дигар лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калони минтақавӣ дошта, ба дастгирӣ ва мусоидати байналмилалӣ зарурат доранд. Роҳбарони Эрон ва Афғонистон аз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ ва техникии муштарак пуштибонӣ намуда, онро омили муҳимми рушди муносибатҳои сеҷониба дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва  иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.

Натиҷаи мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба имзо расидани Эъломияи муштарак дар бораи ҳамкории сеҷониба ва тафоҳумномаҳо дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ буд, ки барои таъмини амнияти минтақавӣ мусоидат намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши робитаҳои сеҷонибаро баёнгари умумияти таърихӣ ва фарҳангии мардумони се кишвар номида, нақши онҳоро дар таҳкими мавқеи байналмилалии се кишвар баланд арзёбӣ намуд.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба густариши робитаҳои сиёсӣ бо кишвари ҳамсоя – Афғонистон аҳамияти калон медиҳад. Дар иҷлосияҳои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки Афғонистон ба сифати нозир дар он ширкат менамояд, аз мавқеъ ва манфиати ин кишвари ҳамсоя пуштибонӣ менамояд. Гузаронидани ҷашнвораҳои байналмилалӣ, бухусус ҷашни «Навруз» барои наздикшавии кишвару мардуми ҳамсоя мусоидат менамоянд. Соли 2012 ин ҷашни бостонӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Дар ин рӯзҳо ҳамзамон дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Конференсияи байналмилалӣ оид ба мусоидати байналмилалии иқтисодии рушди Афғонистон (RECCA - 5) доир гардид, ки дар он ҳайатҳои баландпояи давлатӣ аз давлатҳои гуногун ширкат дошта, роҳҳои самараноки густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва расонидани кумакҳои иқтисодиро ба Афғонистон муҳокима намуданд. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии «Навруз» дар Ашқобод дар моҳи марти соли 2013 сардорони се давлат Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон Тафоҳумнома дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро ба имзо расониданд, ки ба истифода додани он метавонад ба манфиати иқтисодии се кишвар бошад.

Ҳамин тариқ пас аз барқарор гардидани робитаҳои дипломатӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон ба вазъияти душвори амниятӣ дар кишвари ҳамсоя нигоҳ накарда, роҳбарияти олии Тоҷикистон тарафдори густариши робитаҳои сиёсӣ буда, онҳоро ҳамчун заминаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт ва фарҳанг маънидод менамояд. Мулоқотҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сардори давлати ҳамсоя омили муҳимми густариши муносибатҳои дустӣ, ҳамсоягии нек ва якдигарфаҳмӣ мебошанд.

Раҳматулло Абдуллоев – ходими калони Шӯъбаи Эрон ва Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi