20:35:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«…Тарки ному либоси миллӣ на исломро ғанитар мекунаду на моро мусулмонтар…»

Имрӯз вобаста ба масъалаву мушкилоте, ки ҷомеаи мо ба онҳо рӯ ба рӯ меояд, худи вақт, худи замон аз мо талаб мекунад, ки онҳоро нодида наангорем, дар бораи онҳо, роҳҳои ҳаллашон андеша ронем, тадбирҳо биҷӯем.

libosi-milli_214565654.jpg

Яке аз он масъалаҳое, ки ҳарчи бештар мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад ва аз мо дахолату фаъолияти бештарро тақозо дорад, ҳамин масъалаи гирифтории мардуми мо ба таассуб ва хурофот  аст. Воқеан, таассуб ва хурофот аз бемориҳои дерину куҳансолест, ки мардуми мо ба он гирифторанд ва боиси таассуф аст, ки маҳз мардуми мо бештар дар қайди онҳо дармондаанд.

Маънои хурофот дар луғат-сафсата, гапи бемаънӣ ва фикру мафҳуми беасос омадааст. Таассуб— гирифтории кӯркӯрона ба хурофот аст. Пас, халқи мо ,ки гирфтори хурофот аст, гирифтори сафсата аст? Дар асоси ақида ва фикру мафҳумҳои беасос зиндагӣ мекунад? Яъне ҳастии бемаънӣ ба сар мебарад? Агар ин хел аст, онҳое, ки гирифтори хурофотанд,гирифтори беморианд бо номи ҳарзаву сафсатаву андешаҳои беасосу бемаънӣ?!

Оё ин гирифторӣба шаъни миллати мо, миллате, ки даъвои фарҳангӣ будан, соҳибтамаддуниро дорад, иснод намеорад? Дар асри 21, дар замоне, ки зиёну зарар ва бебунёдии хурофот дар ҳама олам маълум аст ва халқҳои гирифтори хурофот ба халқҳои қафомонда мансубанд, айб нест, ки мо ҳанӯз бо ду поямон ба лойи хурофот ғӯтидаем! Инро чӣ гуна метавон маънидод кард? Ҳатто он миллатҳову халқҳое, ки дар таърих хеле баъдтар аз мо соҳиби тамаддун шуданд, имрӯз ба хурофот ва мардуми хурофотӣ бо истеҳзо менигаранд.

Биёед, як андеша кунем. Чаро мо, тоҷикон бештар гирифтори хурофотем? Инсони донишманд, соҳиби ақлу идроки баланд ва соҳибмаърифат ҳеҷ вақт гирифтори хурофот намешавад. Ақли солим намегузорад, ки побанди хурофот бошад. Чашми бино роҳ намедиҳад, ки роҳи тозаро канор монда, ба ин лойоба дарояд ва худро бероҳа созад. Яъне мо қафо мондаем? Бо ҳама даъвоямон аз соҳибтамаддунӣ дур аз тамаддунем?!

Банда дар ин мавзӯъ бори аввал нест, ки ибрози андеша мекунам. Дар мақолаи “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро” ин масъаларо мавриди баррасӣқарор дода, баъзе андешаҳоямро баён карда будам. Ва дар ҳамон ҷо баён доштаам, ки масъалаи мубориза бо таассуб ва хурофот барои адабиёти куҳансоли мо нав нест. Бузургони илму адаби оламшумули мо, аз ҷумла: Носири Хусрав, Умари Хайём, Абӯалӣ Сино, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъору навиштаҳои худ муборизаи беамон бо он бурдаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва имрӯз ҳам дар фош сохтани макру дурӯғи хурофот метавон аз онҳо истифода намуд.

Дин ва хурофот

Нахуст мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин ва “Қуръон” баромад мекунанд ва симои аслии худро дар паси дини мубин пинҳон медоранд. Ҳол он ки хурофот душмани дин аст ва обрӯи онро мерезонад. Зеро, чунон, ки гуфтем, маънои хурофот сафсата, яъне дурӯғ, найранг аст. Яке аз ҳадафҳои “Қуръон”-ро ба тоҷикӣ гардонидану ба теъдоди зиёд нашр намуда, дар  байни мардум ба таври маҷҷонӣ паҳн намудани ин китоби муқаддас аз ҷониби Сарвари кишварамон ҳамин ҳадафро дошт, ки мардум худашон хондаву чӣ будани дини мубини Исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд. Имрӯз хеле даркор аст, ки мутахассисони мо, ҷомеашиносони мо, донишмандони мо пайваста таҳқиқоту пажӯҳишҳое интишор кунанд, ки дар онҳо ҳамин тафриқаҳо нишон дода шаванд. Мардум оқибат дарк кунанд, ки дин чисту хурофот чист. Зеро як сабаби гирифторӣ ба хурофот ана ҳамин ноогаҳӣ аз асли дин мебошад.

Дар ҳамин ҷо овардани ҳодисае дар яке аз деҳоти Тоҷикистон, ки чанде пеш дар ҳамин рӯзгори истиқлолияти созандаи мо рух додааст, ба маврид аст. Ин ҳодиса далели собит кунандаест, ки хурофот ва муллоҳои мутаассиби мо чи андоза метавонанд мардумро роҳгум занонанд ва корҳое кунанд, ки шоистаи суннатҳои неки миллати башардӯсти мо нестанд.

Чанде пеш дар яке аз деҳоти Тоҷикистон як зани рус, ки шавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худ овардаву солиёни зиёд-қариб як умр дар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳиби фарзандҳо гардиданд, вафот кард. Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шуда буд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт, либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳама одобу суннати тоҷикӣ ва шариати исломиро риоя мекард ва дар ҳамин руҳия фарзандонашро низ парваридаву ба воя расонида буд. Шавҳари ӯ пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе, ки ин зан фавтид, муллои деҳа ба иллати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозат надод, ӯро дар қабристони деҳа бигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфт нашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беадолатонаи муллоро бигирад. Маҷбур шуданд он занро дар қабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд.

Оё ба ахлоқи кадом дину кадом суннати кадом халқ мегунҷад ин рафтор?! Ин аст, далели он, ки хурофот ва таассуб мардуми моро то куҷо гумроҳу гирифтор кардааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳатто аз сарҳади инсонигарӣ убур мекунанд. Ин аст далел ва натиҷаи эътиқоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот ва муллоҳои ифротгаро.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз пешвоёни дину тариқати ислом буд, вақте аз дунё даргузашт, аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насрониву буддоиву мусулмон бо ҳам мерафтанд ва тафриқаи динӣ садди роҳи эътиқоду инсонигарии онҳо нагардида буд. Ва аслан Худо яктост ва ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Дар дунё шояд кам оромгоҳи бузурге  ёфт шавад, ки дар он намояндагони адёни мухталиф манзили охират наёфта бошанд.

Тарс, нобоварӣ

Аммо сабаби гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот фақат ноогаҳӣ нест, балки ин ҷо сабаби дигару бештар таъсиргузоре ҳаст, ки бе муайян кардану рафъ намудани он, мо наметавонем халқамонро аз банду зиёни хурофот раҳо кунем.

Миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин борҳо зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳои истилогарон қарор гирифтааст. Садсолаҳо ӯро ғорат мекарданд, сар мебуриданд, хунаш мерехтанд. Тамоми шаҳрҳои замоне ободи он борҳо қатли ом дидаву бар хок яксон шудаанд. Ин ҳама даҳшатҳо ин халқро то ҷое ба ҷонаш расонд ва тарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар тафаккури ӯҷо намуд. Ана ҳамин тарс, тарс дар пеши фардо , дар пеши тақдир, дар пеши мушкилоту масъалаҳои чигил халқи моро сахт тарсу кард ва боварӣ ба фардоро аз ӯ даррабурд. Имрӯз як сабаби гирифторӣ ба хурофот ана ҳамин тарси ботин дар пешорӯи мушкилот, ана ҳамин бовар надоштан ба худ, ба нерӯи созандаи  худ ва ба фардои худ аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот, даст ба гиребон шудан бо он, аз сари роҳ бардоштани ин монеаҳо боис мешаванд, ки роҳи осони ҳалли мушкилро дар хурофот ҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро аз ниҳоду сиришти халқамон бизудоем.

Хурофот суннати миллӣ нест

Манбаи дигаре, ки мардуми хурофотпеша ва онҳое,ки хурофотро доми тазвир кардаанд, аз он истифода мебаранд ва дар паси пардаи он пинҳон шудан мехоҳанд, суннату анъанаву маросимҳои волои моянд. Дар сурате, ки суннатҳои баланди миллии мо ҳеҷ муносибате ба хурофот надоранд. Суннату маросимҳои халқии мо ҳадафҳои баланди миллӣ аҳамияти баланди тарбиявӣ, ҳунаромӯзӣ, зебоипарастӣ, бунёдкорӣ, хайрхоҳиву некманишӣ доранд. Аммо онҳое, ки таассуб ва хурофот манбаи даромадашон шудааст, бисёре аз ин падидаҳоро нишонаҳои суннату одоби миллӣ нишон доданӣ мешаванд, ки ҳаргиз ба онҳо тааллуқ надошта, балки хилофи онҳо мебошанд.

Масалан, суннатҳои миллие, мисли гаҳворабандон, мӯйсаргирон, рӯйбинон ва даҳҳои дигар суннатҳои миллие мебошанд, ки бо ҳадафҳои неку мақсадҳои наҷиб  амалӣ мегарданд. Дар онҳо озодагиву покӣ, гигиенаи миллӣ зоҳир шуда, ҳар яке дар тарбияи кӯдак саҳме дошта, ӯро дар рӯҳияи одобу суннатҳои солим тарбият менамоянд. Аммо падидаҳои номатлубе чун қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо, ки аслашон муғуливу туркӣ буда аз замони тороҷи чингизиҳо боқӣ мондаанд, ягон муносибате ба суннатҳои волои мо надошта, ҳама фиребу макру дурӯғанд ва бар ваҳшонияту бефарҳангӣ бунёд ёфтаанд.

Либоси миллӣ симои миллии мост

Яке аз масъалаҳои  ҷиддие, ки  ҳамчунон ба таомулу суннату адаби миллии мо зиён меораду моро ба ташвиш овардааст, дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад. Солҳои охир аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд симои халқи моро таҳриф кунанд, суннатҳои волои либоспӯшии моро аз байн бубаранд, боз ҳам дар зери ниқоби гӯиё дину шариат кӯшишҳои фаъолона шуд ва мардуми содабовари мо қариб буд ба он гирифтор шаванд. Теъдоди онҳое, ки аз баҳри либосҳои миллӣ баромадаву саропо сияҳпӯш гардидаанд ва симову хулқу атвор ва ҳатто рафторҳои ношоистаи худро дар паси ин ниқобҳо пинҳон карданӣ шуданд, зуд афзуданд ва ҳамин тавр зуд фош ҳам гардиданд.

Мо ҳаргиз муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нестем. Аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо, маънавиёт, симои миллии мост. Ва агар либоси миллии мо аз байн равад, симои миллии мо аз байн хоҳад рафт. Ва ҳадафи ин кӯшишҳо ҳам ҳамин аст: аз байн бурдани махсусиятҳои миллии халқи мо. Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро боз ҳам мо, мардуми мо зуд ба он дода мешаванд. Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллӣ? Дар ҳоле, ки либоси миллии тоҷикӣ шояд аз зеботарин либосҳои дунёст, ки завқи оламиёнро тасхир кардааст ва шояд дар дунё кам кишвареро тавон ёфт, ки бо ин қадар рангорангӣ, гуногунии интихобу фаровонии намунаҳо либос дошта бошад. Тамоми ноҳияҳо ва гӯшаҳои мухталифи кишвари мо либоси миллии нотакрор ва хоси худро доранд, ки кам халқе бо чунин рангорангии либоси миллӣ метавонад ифтихор кунад. Аммо чаро боз ҳам ин гирифторӣ ва ноустуворӣ хоси мардуми мост?

Бубинед, мардуми кишварҳои зиёде дини насрониро қабул кардаанд. Аммо ин боиси он нашудааст, ки онҳо ба хотири эътиқоди динии худ як хел либос пӯшанд. Ҳар халқ либоси хоси худро дорад ва онро бо ифтихор сарвати миллии худ меҳисобад. Дунё ҳам бо ҳамин гуногунрангӣ зебост. Бисёре аз мардумони оламро аз рӯи либос ва ҳатто кулоҳашон мешиносанд ва ҳар яки онҳо либоси миллии худро бо эҳтироми баланд маҳфуз медоранд,зеро ин симои онҳо, маънои онҳо, фарҳанги таърихии онҳост. Аз даст додани либоси миллии худ, аз даст додани фарҳанги милии худ аст.

Дар кишварҳои мусулмонӣҳам халқи ҳар кишвар, бо вуҷуди ягонагии дину мазҳаб, фарҳанги хоси либоспӯшии худро дорад. Масалан, мусулмонони Ҳинду Покистон тарзи хоси либоспӯшии худро доранд, мусулмонони Индонезӣ низ либосҳои ба худ хос мепӯшанд. Тарзи либоспӯшии мусулмонони араб низ аз мусулмонони Эрон ва Афғонистон, ки ҳар яке либоси хоси худро доранд, фарқ мекунад. Мусулмон будани онҳо садди роҳи либоси миллӣ доштани онҳо нест.

Ном симои маънавии тоҷикон аст

Ба д-ин тариқ, ҳар миллат тарзи хоси номгузории худро дорад. Имрӯз бо иваз кардани номҳои тоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо на афзун мешавад, на кам. Ва аслан ягон миллати дигаре ба хотири мусулмон будан аз баҳри номҳои миллии худ баромадаву номҳои арабӣқабул накардааст. Аммо боз ҳам мо — тоҷикон ҳар корро бояд ба ифрот расонем. Бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист.

Ҳол он ки мусулмон будан маънои араб буданро надорад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дини мубини Исломро қабул кардаанд,аммо фарҳанги миллии номгузории худро маҳфуз медоранд. Чаро боз ҳам мо нопойдорем? Асолати миллии худро фаромӯш мекунем? Чун об ба ҳар сӯ равон мешавем. Албатта, гурӯҳе ҳастанд, ки бо мақсадҳои аз байн бурдани фарҳанги миллии мо тарғиботро мебаранд ва фаъолият доранд. Вагарна мақсад чист? Худи ҳамон арабҳо ягон эҳтиёҷе надоранд, ки мо тоҷикон ҳама номҳои арабӣ гузорем ё либосҳои арабӣ пӯшем, ки хоси ҳамон халқ, дар ҳамон муҳит аст.

Баръакс, Ислом бо он зебост, ки симо, урфу анъана ва суннатҳову фарҳангҳои халқҳои гуногунро муттаҳид мекунад, зинда медорад ва таҷассум месозад. Дар ягон китоби муқаддас гуфта нашудааст, ки барои эътиқоди динӣ бояд аз баҳри ном ва либоси миллӣ гузаранд . Ана ҳамин зиёдаравӣ низ таассуб аст, таассуби динӣ. На дини воқеъиву Исломи воқеъӣ. Афсӯс, ки ин ифротгароӣ, ноустуворӣ боиси коҳиши фарҳанги миллии мо мегардад. Ҳол он ки либосҳои тоҷикӣ, ки ҳар яке асари волои санъату ҳунаранд , маъно, ҳадаф ва расолати худро доранд.

Онҳо ғанӣ аз ранг, аз маъно, аз ҳунар мебошанд ва мо бояд аз онҳо ифтихор кунем. Айни ҳамин суханро дар бораи номҳои тоҷикӣ метавон гуфт. Кам халқеро метавон ёфт, ки аз ҷиҳати теъдоди ном, мазмун, талаффуз ва рангорангӣ дар забону маъно он қадар ғанӣбошанд. Номҳои тоҷикӣ номҳои маънидор ва ҳадафноканд, баъзан баёни як тасвир, як образи бадеӣ, як ҳадафи нек ҳастанд. Дар онҳо орзуву армони мардуми мо, ниятҳои некашон, ҳадафҳои волояшон, хайрхоҳиву инсонигариву завқашон ифода ёфтааст. Баръакс, мардуми дигари олам бояд ҳасад ба фарогирии маъниву зебоиҳо, талаффузу садонокии номҳои тоҷикӣ баранд.

Номҳои занонаи тоҷикӣ аксар нуру ҷилои хос, шукуфову дурахши нотакрори худро доранд. Ҷилои андешаву орзуҳо ва армонҳо ҳастанд. Дилро, чашмро, хотирро, табъро равшану гарм мекунанд. Дар куҷо дидаед, ки ном нур дошта бошад, ном накҳат дошта бошад, ном ин қадар рангину зебо бошад? Бо шунидани номҳои тоҷикӣ табъ равшану хотир болида мегардад. Номи гулҳо, номи ситораҳо, номе, ки сафои чашмаву рудҳо ва шукуҳи осмонҳоро дошта бошад.

Номҳои мардонаи тоҷикӣ низ некиву шуҷоъату хайрхоҳӣ ва армонҳои баланди инсониро таҷассум мекунанд. Мисол, номҳои занона: Нилуфар, Бунафша, Зуҳро, Сафо, Сабо, Нозанин, Сапеда, Зулола…; номҳои мардона: Рустам, Ҳумоюн, Доро, Неру, Фирӯз, Фаршед.., албатта, мо номҳои зебо ва маънидори зиёдеро аз забонҳои дигар низ қабул кардаем, хусусан аз арабӣ. Ва онҳо кайҳост, ки тоҷикӣ шудаанд. Аммо сухан дар бораи он шахсони ғаразпеша ва мутаассибе меравад, ки имрӯз тарғибот мебаранд, то мо бояд аз номҳои тоҷикии миллии худ рӯ тобем, бояд номҳои мо, азбаски мо мусулмонем, арабӣ бошанд. Ба хотири чӣ? Аз ин кӣ бурд мекунад? Ё айни ҳамин тарғиботро барои рӯй гардонидан аз либосҳои миллии зебову рангоранги мо ва пӯшидани либосҳои якнавохту якранги ҳиҷобмонанд тарғиб мекунанд. Аммо ҳамин таҷрибаи замони кӯтоҳи мо нишон дод,ки ҳиҷобҳои сиёҳи зоҳиран исломӣ на танҳо соҳибони онҳоро мусулмон намекунанд, балки, баръакс, агар инсон покният набошад, дар паси пардаи онҳо метавон симову маънову рафтори ношоистаи ғайриисломиро пинҳон кард.

Хулоса, пӯшидани либосҳои арабӣ ва гузоштани номҳои арабӣҳанӯз маънои мусулмон шуданро надорад. Аммо, чунон ки гуфтем, вақте либоси миллии худро аз даст медиҳем, симои маънавии худро аз даст медиҳем, вақте номҳои тоҷикии худро аз байн мебарем, мо маънавиёти худро аз байн мебарем. Ҳар миллат, ҳар халқ бо фарҳанги таърихиву хоси худ бояд арзи вуҷуд кунад ва бохтани ин фарҳанг, бохтани асолати хеш аст. Зиёда аз ин, халал ворид овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳанги номгузорӣ зиён овардан ба маънавиёти миллист. Ва зиён овардан ба маънавиёти миллӣ зарба задан ба асолати миллӣ ва ҳувияти миллист.

Ҳувияти миллӣ чист?

Биёед, бубинем, ки асолати миллӣ, ҳувияти миллӣ чӣ маънӣ дорад. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст. Асолат— асилӣ, наҷобат ва асилзодагист. Ҳувият – моҳияти шахсе ва ё чизе, яъне шинохти моҳияти худ, шинохти худ аст. Яъне, шинохти ҳувияти миллӣ — шинохти моҳияти миллист. Ва онҳое, ки мехоҳанд моро аз асолати худ, аз ҳувияти худ, аз маънавиёти худ дур кунанд, кори хайре на барои ислом мекунанду на барои инсоният. Зеро фарҳанги тоҷикӣ, адаби тоҷикӣ яке аз дастовардҳои наҷибу эътироф -гардидаи инсоният аст. Ва, баръакс, бузургони илму адаби тоҷик бо ҳамин фарҳанги оламшумул саҳми бузурге дар бунёду рушду ҳимояи дини мубини ислом гузоштаанд ва аз ин, ки онҳо тарки номҳои зебо ва либосҳои суннатиашон мекунанд, на  ислом ғанитар мегардаду на онҳо мусулмонтар мешаванд. Ва ин ҳақиқатест мусаллам.

Он чи мардумро ба он бероҳа бурдааст, ҳамон таассуб ва хурофот аст. Зеро то имрӯз таассуб ва хурофот ҳеҷҷомеа ва халқеро ба ҷуз аз гумроҳиву гирифториву қафомониву кулфатзадагӣ ба ҷое нарасонидааст.

Вақте мо асолати миллӣ мегӯем, халқу миллати худро даъват ба асилзодагӣ ба наҷобати воқеии таърихии худаш мехонем. Вақте мо дар бораи ҳувият мегӯем, ин даъват ба шинохти худ, шинохти имрӯзу дирӯзи худ, шинохти наҷобату хуҷастагиҳои миллии хеш аст, ки дар бисоту сиришти миллати мо таърихан вуҷуд дорад.

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон

АМИТ “Ховар”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi