13:53:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зарурати густариши робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

25-уми январ дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов  бо муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Иброҳим Раҳимпур ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣқарор ёфта, зарурати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сармоягузориҳои муштарак дар арсаҳои энергетика, зерсохторҳои нақлиётӣ, кишоварзӣ ва саноат таъкид гардид.

iran-tajikistan 895645421

Пайвандҳои таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Эрон - ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг таърихи тулонӣ доранд. Муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Исломии Эрон  пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, бахусус пас аз баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ  ба марҳилаи нав ворид гардиданд. Ҳанӯз дар рафти иҷлосия Раиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Нотиқи Нурӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданаш  барқияи табрикӣ ирсол намуда, таъкид намуд, ки мардуми Эрон ба равандҳои сиёсии дар Тоҷикистон идомаёбанда, таваҷҷуҳи зиёд дорад ва давлату роҳбарияти Эрон омодаанд ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ба амаломада дасти ёрӣ дароз намоянд.

Дар пайи амали намудани равобити дӯстона байни ду кишвар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳанӯз дар соли 1991 дар қатори нахустин кишварҳо истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард.

Муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давоми  25 соли истиқлолият сарфи назар аз мушкилотҳои зиёд, ки аз ҷанбаи сиёсӣ доштанд, тадриҷан рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Азҷумла дар ҳама ин давра муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор доштанд. Сафарҳои расмии раҳбарони ду кишвар, ки аз соли 1992 то ба имрӯз ба идома доранд,  дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи дуҷониба ва бисёрҷониба такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 140 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расиданд, ки дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян сохта, дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунанда доштанд.

Заминаи рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нимаи дуввуми моҳи июли соли 1995 гузошта шуд. Дар мулоқоти роҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва президенти вақти Эрон Ҳошими Рафсанҷонӣ зарурати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиёт ва фарҳанг таъкид ёфта, самтҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян гардиданд. Дар рафти сафари расмӣ маросими кушода шудани Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор гардид, ки фаъолияти он барои васеъ гардидани ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Натиҷаи муҳимми сафари сардори давлати Тоҷикистон ба имзо расидани 8 санади байнидавлатӣ дар бораи ҳамкориҳои буҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум перомуни густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида, дар соҳаи фарҳанг, садо ва симо, илму маориф ва ғ. созишномаҳо ба имзо расиданд.

Тоҷикистон ва Эрон ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба, ки бар усули шарики стратегӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба роҳҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амалӣ намудани тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо равона гардида буд. Пас аз мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, тарафҳо омодагии худро барои иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳои дигар дар Тоҷикистон, сохтмони хати интиқоли нерӯи барқ ба самти ҷануб, пайваст намудани роҳҳои оҳани ду кишвар иброз намуданд. Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва сайёҳӣҳамчун самтҳои асосии рушди муносибатҳои дуҷониба  дониста  шуданд.

Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш меёбанд. Миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррас дорад. Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бузург мебошад. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳашт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шудаанд. Ин аст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 150 ширкати эронӣ, аз ҷумла корхонаи тракторсозии ҶМСП "ТоҷИрон" ва корхонаҳои зиёди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

Дар шароити имрӯзаи рушди муносибатҳои байналмилалӣ, бахусус бо дарназардошти  рафъи мушкилоти муносибатҳои Эрон ба Ғарб пас аз ҳалли мушкилоти барномаи ҳастаӣ ва аз байн рафтани таҳримҳои иқтисодӣ имконияти рушди иқтисодии Эрон афзоиш ҳоҳад ёфт. Дар натиҷа Эрон метавонад бо ширкати давлатҳои пешрафта, аз чумла бо Хитой барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нави иқтисодӣ иқдом намояд. Дар ин самт интиқоли захираҳои энергетики Эрон аз масири Осиёи Миёна метавонад ба Хитой яке аз сарчашмаҳои сармоягузорӣ гардад.

Дар баробари ин  шиддат гирифтани вазъият дар аксари кишварҳои Шарқи Наздик, боло рафтани нуфузи ҷунбишҳои ифротгароии исломӣ зарурати густариши ҳамкориҳои кишварҳои ҷаҳонро бо Эрон дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ ба миён гузорад. Дар ин самт ҳам имконияти васеи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои амниятӣ, бахусус дар мубориза ба муқобили пайомадҳои манфӣ ва таҳдидҳо аз Афғонистон ба вуҷуд меояд.

Бояд таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа миёни Тоҷикстон ва Эрон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар буда, дар шароити ҳозира аз фурсат ва имкониятҳои нав бояд истифода намоем.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АУ ҶТ 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi