00:05:40 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эҳтиром ба подшоҳи одил - эҳтиром ба Худост

Ҳамдиёрони азиз, мардуми бофарҳанг ва сарбаланди Тоҷикистон!

peshvoi-millat_455656.jpgДар ривояти Табаронӣ, Байҳақӣ ва Суютӣ омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Подшоҳи одил дар рўи Замин сояи Худо аст. Ҳар кас чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст…». Худованд танҳо ба бандагони меҳрубонаш ҳамин гуна подшоҳро ато мефармояд.

Ин сарчашмаҳои арзишманди таърихӣ, ки ҳадиси мазкурро зикр кардаанд, худ олимони барҷастаи мазҳаби мо мебошанд ва бо як муҳаббати хоса таъкид кардаанд, ки «Подшоҳи одил дар рўи Замин сояи Худост». Имрўз дар сиёсати давлатдории мо маруми Тоҷикистон Президент, муродифи ҳамон мафҳуми «подшоҳ»-и асримиёнагист. Тафовут дар он аст, ки подшоҳ аз насл ба насл ба сари қудрат меомад, аммо Президентро мову шумо дар асоси интихоботи умумихалқӣ интихоб карда, вазифадор ҳастем, ки дар асоси Сарқонуни ҷумҳуриямон ба ў итоат намоем ва дастуру ҳидоятҳояшро, ки баҳри сарҷамъӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони азиз равона шудаанд, иҷро намоем.

Хушбахтона, Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод. Парвардигор ба мо Роҳбареро ато намуд, ки моро муттаҳид сохт. Вай тамоми кўшиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошад.

Ҳар гоҳ корномаи Эмомалӣ Раҳмонро варақ занем, бешак саргузашти набераи Паёмбар (с) Ҳасан ибни Алӣ ба хотир меояд, ки Паёмбар (с) дар шаънашон гуфта буданд: Ин писари ман соҳибмартаба аст, чунки байни ду гурўҳи бузурги бо ҳам ҷанганда сулҳу созиш мекунад. Ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба мисли корнамоии Имом Ҳасан дар саҳифаи таърих сабт гардид.

Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба ўҳда нагирифт, зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркуш роҳбари давлат будан бори сангин ва зиёд дорад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкил ва тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дўш гирифта, дар баромади аввалини худ дар Қасри Арбоб аҳд кард, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоварад ва Худову мардум шоҳиданд, ки Ҷаноби Олӣ ба савганди худ вафо кард.

Фаромўш нашудаанд он рўзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар кард. Ин сафари басо пурхатар буд. Ҳар лаҳза метавонист охирин бошад, зеро касе кафолати бехатариро дода наметавонист. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худодод Ҷаноби Олӣ тоҷиконро сари мизи мудаввар – мизи сулҳ шинонида, заминаи созишро бо  мухолифон эҷод намуд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омўзиш ва корбарӣқарор доданд, зеро дар таърих кам ҳолате аст, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кўтоҳтарин муддат ба сулҳ бирасонд. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад, ки ўро дар назди Худову дар дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистонро аз қумандонсолориву ҷангсолорӣ берун кашида, ваҳдати миллӣ ва ризоияти миллиро таъмин намуд.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 1200 сол бори дигар мардуми тоҷикро бо ҳам муттаҳид сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро эҳё намуда, дар арсаи ҷаҳонӣҳамчун миллати сулҳпарвар ва мутараққӣ муаррифӣ намуд.

Ташаббусҳое, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир пешниҳод менамояд, баёнгари он аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар фикри некўаҳволии мардум аст. Чунонки дар ҳадис омадааст, Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ўст».

Яке аз чунин иқдомоти Сарвари давлати тоҷикон - ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими дунё – Оби тоза нигаронида шуда, инак беш аз 15 сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд, ки ба ин васила миллионҳо мардум аз норасоии об эмин гаштаанд. Таъмин будани инсоният бо об ин ҳам ваҳдат аст.

Солҳои охир душманони дини мубини Ислом аз номи ин дини таҳаммулпазир ва сулҳҷў амалҳои террористӣ анҷом дода, ба ин васила шаъни дини исломро паст ва мусулмононро бадном сохтанд. Дар робита ба ин Президенти кишвар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза дошт, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи исломро аз тамғаи «террор» беолоиш намуд. Ин амалест, ки дар пешгоҳи Парвардигор дорои савоби бениҳоят буда, беҳтарин хизмат барои дини ислом мебошад. Дар ин маврид Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар кас равишеро аз суннати ман эҳё кунад, чунон аст, ки тамоми оламро эҳё сохта бошад».

Солҳои охир бадхоҳон мазҳаби моро мавриди интиқод қарор дода, нисбат ба  пешвои мазҳаб – Имоми Аъзам, Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит суханҳои носазо гуфта, оид ба зарурати мазҳаб тафриқа меандохтанд ва ба ин роҳ заминаро барои низоъҳои мазҳабӣ муҳайё месохтанд.

Беҳтарин иқдоме, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд.

Аввалан, мардум дар бораи Имом Абўҳанифа маълумоти кофӣ пайдо намуда, аз таълимоти аслӣ ва ақидаи саҳеҳи мазҳаби ҳанафӣ огоҳ гаштанд. Сониян, дар симпозиум уламои барҷаста, ходимони дин ва шахсони муътабар аз тамоми кишварҳои мусулмоннишин иштирок намуда, тамоми олимони замон, новобаста аз равияву мазҳабашон бар он иттифоқ намуданд, ки ҳақиқатан Имоми Аъзам бузургтарин нобиғаи ҳар давру замон буда, мазҳаби тадвинкардаи ў дар асоси Китобу суннат аст ва мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби таҳаммулпазир ва инсонпарвар мебошад. Яъне, бо ибтикори ин симпозиум собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абўҳанифа беҳтарин ва саҳеҳтарин манҳаҷи исломӣ буда, даъвои салафия ва бемазҳабонро ботил сохта, бо ин роҳ пеши роҳи фитнаи дигаре баста шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.

Барои таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ барои чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гўшаи фаромўшӣ монда буданд, аз ҷумла “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин”, “Кимиёи саодат”–и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Чунин хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣқадр карда шуда, дар сафи 500 мусулмони соҳибнуфузи  ҷаҳон қарор дода шуд. 

Агар мо дар васфи Роҳбари давлат соатҳо сухан гўем, гўё чизе нагуфтаем. Маҳз чунин пешвоён шоистаи аҳодиси набавианд, ки дар ҳаққи онҳо Паёмбари гиромӣ фармудаанд:

(Паёмбар (с) фармудаанд:) «Ҳоким сояи Худованд дар рўи замин аст. Ҳар кас ҳокимро икром кунад, Парвардигор ўро икром менамояд ва ҳар кас ҳокимро иҳонат (таҳқир) кунад, Худованд ўро иҳонат мекунад».

Аз Абўҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Ҳафт кас аст, ки Худованд ононро дар сояи Аршаш, дар рўзе, ки сояе ҷуз сояи Арши ў вуҷуд надорад, ҷой медиҳад, ки яке аз онҳо роҳбари додгустар аст.

Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ўро бузург дор ва дар ҳузури вай дурўѓ нагў!

 «Ҳокими вақтро кам ва ночиз  нашумор ва касеро таҳқир накун, дар мурувват ва ҷавонмардӣ кўтоҳӣ накун…          

(Пандномаи Имоми Аъзам).

Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки Парвардигор ба миллати тоҷик марҳамат намуда, барояш чунин Пешвои додгустарро ҳадя кард.

Чунонки шумо огаҳӣ доред, аз ҷониби Парлумони кишвар қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тасвиб расид.

Мо мусулмонони кишвар бо тамоми масъулият ва бо ифтихор аз чунин Роҳбар қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, иброз менамоем, ки мо ба Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, зеро дар ҳадис омадааст, ки: “Ҳар кас шукри мардум накунад, шукри Худо накардааст”. 

Эмомалӣ Раҳмон ба ситоиш ниёз надорад: борҳо собит шудааст, ки ў ҳимоятгари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он аст ва Худованд ба ў малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст, зеро Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон дод, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омода аст ҳаёташро бубахшад.

Барои мо мусулмонони кишвар Президенти ҷумҳурӣ – Пешвои миллат мебошад, зеро Пешвои миллат фаротар аз марзу ҳудуд ва давру замон буда, Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон пешво, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошад. Мо ифтихор дорем, ки бо Пешвои миллатамон дар як давру замон зиндагӣ намуда, аз баракаташ баҳравар мегардем.

Ноил гардидан ба ин унвони баланд боз як масъулияти бузургест, ки бояд халқи моро дар атроф сарвараш муттаҳид созад, кишварамонро зафарманд гардонад ва сулҳу салоҳро пойдор нигоҳдорӣ намояд.

Абдураҳмон Мавлонов, Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi