20:11:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бобозода дар бораи Зарифӣ: "Таҷрибаи дипломатии хеле бой доранд"

Ғулом Бобозода, ки наздики шаш сол дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷопон кор кардааст, ният дорад, ки ба Душанбе баргардад. Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири пешини умури хориҷӣ ба Ҷопон меравад.

ghulom-bobozoda-652345.jpgҒулом Бобозода и 58-сола рӯзи даҳуми август, баъди тақрибан шаш соли сафирияш дар Ҷопон аз ин мақом канор рафт. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо мо аз Токио гуфт, ки бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зудӣ ба Ватан бармегардад ва дар сохторҳои давлатӣ ба кор хоҳад пардохт.

"Ҳоло ба анҷоми корҳои расмӣ машғулем ва баъд аз он ният дорем, ки ба Тоҷикистон баргардем," -- гуфт ӯ. Ба қавли Бобозода, вай ҳанӯз дар бораи кори ояндааш хабар надорад, вале афзуд, "Ватан ватан аст. Ман баъд аз хатми донишгоҳ фаъолиятамро дар Вазорати молия оғоз кардам ва як умр дар хизмати системаи давлатӣҳастам."

Бо як фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 10 август ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии кишвар таъин шуд. Зарифӣ баъд аз анҷоми кораш дар вазифаи вазири хориҷӣ (2006-2013), 1 солу 9 моҳ аз корҳои дипломатӣ дур буд. Зарифӣ гуфт, ҳанӯз омода нест, ки дар бораи таъиноташ ба вазифаи нав сӯҳбат кунад.

Зимнан, Зарифӣ моҳи ноябри  соли 2012 дар ҷаласаи чаҳоруми вазирони умури хориҷии ширкатдори музокироти "Осиёи Марказӣ-Ҷопон" ба Ҷопон сафар кардааст.  Айни замон, Ғулом Бобозода аз Зарифӣ ба унвони як дипломати собиқадору кордон ситоиш кард ва гуфт:

"Он кас таҷрибаи дипломатии хеле бой доранд. Дар гузашта дар чанд кишвар сафир буданд, вазир буданд. Проблемаҳои муносибатҳои дуҷонибаро хеле хуб медонанд. Мо, албатта, дар бораи кор худ дар ин ҷо, дар бораи масъалаҳое, ки дар муддати дар ин ҷо будани ман буд, ҳамсӯҳбат мешавем. Ҳатман дар бораи боз ҳам беҳтар шудани равобити ду кишвар машваратҳо хоҳем кард. Ин кор як протсесс аст."

Ғулом Бобозода мегӯяд, Ҷопон аз шарикони муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Равобити дипломатии миёни ду кишвар феврали соли 1992, чанд моҳ баъд аз  касби истиқлолияти Тоҷикистон барқарор шуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва баъди он, Ҷопон ба Тоҷикистон дар барқарорсозии баъдиҷангии кишвар, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкории хурд ёрӣ кардааст. Тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳаҷми умумии кумакҳои Ҷопон ба Тоҷикистон аз соли 1996 то имрӯз ҳудудан 30-40 миллион долларро ташкил додааст.

Ғулом Бобозода гуфт, баъди боз шудани сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар дар соли 2007 равобити миёни ду давлат боз ҳам пешрафт кард, дар ин муддат сафари расмии вазири хориҷии Тоҷикистон ба Ҷопон ва сафарҳои муовинони вазири хориҷии Ҷопон ва аъзои парлумони ин кишвар ба Душанбе анҷом гирифт. Кумакҳои иқтисодии Ҷопон ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ин кишвар барқарорсозии роҳи Қӯрғонтеппа-Панҷи Поёнро ба ӯҳда гирифт, ки иҷрои ин тарҳҳанӯз идома дорад. 

Аз моҳи январи соли 2016, ба гуфтаи Бобозода, қарор аст мақоми сафоратхонаи Ҷопон дар Душанбе тағйир ёфта, дар Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон ба кор пардозад. То имрӯз раҳбари намояндагии дипломатии ин кишвар мақоми кордори сафоратро дорад.

Бобозода мегӯяд, "Ҷопон баъди Амрико ва Чин иқтисоди сеюм дар ҷаҳон ҳисоб мешавад. Ин як кишвари пешрафтаи технологиву истеҳсолӣ аст. Барои Тоҷикистон муносибатҳои хуб доштан бо кишваре, ки потенсиали хуби пешрафтро дорад, хеле муҳим аст. Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, барояш муҳим аст, ки бо кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ равобити хуб дошта бошад ва бо кӯмаки ин  давлатҳо,  дар фикри диверсификатсия ё гуногунсозии иқтисоди худ бошад."

Ба гуфтаи Бобозода, моҳҳои наздик, қарор аст, барои нахустин бор бо як сафари расмӣ сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба Тоҷикистон сафар кунад.

Ғулом Бобозода, номзади илми иқтисод баъди омӯзгорӣ дар факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон, ба кори ҳукумат гузашт. Дар мақомҳои мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ (1996-2002), вазири рушди иқтисод ва савдо (2006-2009) кор карда, соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъйин шуд. Дар саргаҳи барномаҳои ислоҳоти иқтисодиву пулӣ, амалисозии барномаи мубориза бо фақр дар  Тоҷикистон қарор дошт. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.  

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi