08:57:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ходими давлатӣ ва сиёсатмадори варзида

«Тоҷикон қобилияти бузурги ташкилотчигии сиёсӣ доранд. Қобилияти ташкилотчигии сиёсии онҳо дар гузашта аз ҳеҷ кас пӯшида нест».

И.В. СТАЛИН    

Усмон Юсупов 1 марти соли 1900 милодӣ дар деҳаи Кафтархонаи наздикии шаҳри Фарғонаи генерал-губернатории Туркистони империяи Русияи подшоҳӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Юсуф ва модараш Ойнисо ҳар ду тоҷиктаборанд. Мардуми деҳаи Кафтархона ба мисли сокинони даҳҳо деҳаҳои дигари водии Фарғона аз мулки Қаротегин (Раштонзамин) дар охири асри нуздаҳи милодӣ ва аввали асри бисти милодӣ ба ин сарзамини ҳосилхез муҳоҷир шуда рафтаанд.

1 usman-yusupov 1          Хушбахтона, мардуми сарбаланди деҳаи Кафтархона ва рустоҳои атрофи он то ба ҳол расму ойини бобоӣ ва лафзи ширини тоҷикиро ҳифз кардаанд ва бо лаҳҷаи қаротегинӣ озоду зебо ҳарф мезананд. Муаллифи ин сатрҳо зимни ҷустуҷӯйи мавод доир ба рӯзгор ва осори шоир ва драматурги маъруф Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ меҳмони бошандагони деҳаи мазкур гардида, дар бораи ҳамшаҳриёни барӯмандашон: собиқ роҳбари аввали РСС Ӯзбекистон Усмон Юсупов ва ду карат Қаҳрамони Меҳнати СотсиалистӣҲамроқул Турсунқулов нақлҳои куҳансолони деҳкадаи мазкурро сабт намудааст.

Соли 1916 аҳли хонаводаи домулло Юсуф ба ноҳияи Қовунчи (алҳол шаҳри Янгиюл)-и вилояти Тошканд кӯчида, сокин мешаванд. Усмон Юсупов маълумоти ибтидоиро дар назди падараш фаро мегирад ва бо сабаби тангдастӣ таҳсили худро идома дода наметавонад. Соли 1918 ба заводи пахта ба ҳайси коргари одӣ ба кор медарояд, ки аксари коргарони онро мардикорони тоҷики қаротегинӣ ташкил медоданд, ки асосан ба кашондан ва бор кардани тойҳои пахта машғул буданд ва корҳои вазнинтаринро иҷро мекарданд. Усмон худро дар муҳити ҳамзабонон ва ҳамшаҳриёни худ хеле озод ҳис мекард. Коргарони кирояи заводҳои пахтаи генерал-губернатории Туркистон, ки муздурони камбағал буданд, пас аз як ҳафта ғалабаи Инқилоби Октябр дар Петроград пирӯзии Инқилоби болшевикиро дар Тошканд таъмин намуданд.

Онҳо инқилобро бо ҳамовозии гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. Дар қатори онҳо Усмони ҷавон низ ба ҷунбиши инқилобии болшевекӣ пайваст ва ба ҳайси ташкилотчии моҳир дар як муддати кӯтоҳ ном баровард. Дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият ӯро ҳамшаҳриёни қаротегиниаш дастгирӣ ва пуштибонӣ мекарданд ва ба вазифаҳои масъул пешниҳодаш менамуданд, зеро Усмон ба ғайр аз забони модариаш–тоҷикӣ боз забонҳои ӯзбекӣ ва русиро хуб медонист. Ӯро мардикорони тоҷики заводи пахтаи Янгиюл саркори худ интихоб намуданд. Усмон ҳамеша манфиатҳои коргаронро ҳимоя мекард, музди корашонро сари вақт гирифта медод ва барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва истироҳати онҳо кӯшиш ба харҷ медод.

Соли 1926 қобилияи ташкилотчигӣ ва саводи сиёсиии Усмон Юсуповро ба эътибор гирифта, ӯро Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи бинокорони округи Тошканд интихоб намуданд. Усмон Юсупов дар ин вазифаи масъул то соли 1928 фаъолият кард ва барои беҳтар гардидани шароити кор ва истироҳати коргарон дар заводу комбинатҳо саҳм гузошт. Соли 1928 ӯро котиби Кумитаи Ҳизби Коммунисти округи Тошканд интихоб карданд ва ҳамин тавр роҳи ин ҷавонмарди тоҷик ба сӯйи мансабҳои баланди давлатӣ ва ҳизбӣ кушода гардид.

Солҳои 1929 дар синни бистунуҳсолагияш Усмон Юсуповро котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон пешбарӣ ва интихоб намуданд ва ӯ дар ин вазифаи баланд то соли 1931 бенуқсон кор кард. Солҳои 1931–1934 вазифаи раиси Бюрои Осиёмиёнагии Иттифоқи касабаи Иттиҳоди Шӯравиро ба уҳда дошт. Соли 1936 Комиссари халқии саноати хӯроквории РСС Ӯзбекистон таъин гардид ва баъди як сол котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон пешниҳод ва интихоб шуд. Усмон Юсупов муддати 13 сол, аз соли 1937 то соли 1950 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистонро ба ҳайси роҳбари аввал моҳирона сарварӣ кард ва дар назди сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ И.В.Сталин ва соҳибмансабони баландмақоми Кремли Маскав соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардид.

12478

Солҳои 1950 барои рушди ҳаматарафи соҳаи пахтакорӣ ва боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли «тиллои сафед» дар Иттиҳоди Шӯравӣ Вазорати пахтаи СССР таъсис дода шуд ва таҷрибаи кор ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назари эътибор гирифта, ӯро Вазири пахтаи Иттиҳоди Шӯравӣ таъин намуданд. Усмон Юсупов дар ин вазифаи масъулиятнок то соли 1953-ум кор кард ва дар рушду пешрафти ин соҳа саҳми арзанда гузошт. Солҳои 1953–1955 ба ҳайси Раиси Совети Вазирони РСС Ӯзбекистон ифои вазифа намуд.

Соли баъди вафоти И.В.Сталин, Усмон Юсуповро, ки аз ҷумлаи ҳамсафону ҳампешагон содиқ ва муқаррабони наздики ӯ буд, соли 1955 бо иттиҳоми «гуноҳони зиёд» аз вазифа сабудӯш карданд ва ин шахсияти барҷастаи давлатию ҳизбиро директори совхози №4-уми ноҳияи Боятуми вилояти Тошканд таъин намуданд. Соли 1959 ӯ ба нафақа баромад, вале фаъолияти кории худро ба ҳайси директори комбинати «Халқобод»-и ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд (солҳои 1962–1966) идома дод. Соли 1966 дар айни камолот, дар синни шастушашсолагӣ вафот кард. Ӯро дар қабристони Ҷиғатойи шаҳри Тошканд ба хок супориданд.

Усмон Юсупов чун ходими барҷастаи давлатӣ ва ҳизбӣ барои хизматҳои шоёнаш бо 6 ордени Ленин, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи аввал) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Узви Ҳизби Коммунист аз соли 1926, вакили Съездҳои 16–19-и Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Кумитаи Марказии КПСС аз соли 1939 то соли 1956 депутати Шӯрои Олии СССР (солҳои 1938– 1950) буд.                        

Усмон Юсупов тибқи расми маъмули он давра ду бор бо занони славянитабор издивоҷ намудааст. Бори аввал бо зани рус Анастасия Болшакова соли 1923 хонадор гардид, вале издивоҷи ӯ дер напоид. Аз завҷаи аввали худ соҳиби як писар гардид. Бори дуюм соли 1929 бо украиндухтар Юлия Степаненко ақди никоҳ мебандад ва аз ин издивоҷ се фарзанд ба дунё меояд.                             

Қайд кардан лозим аст, ки Усмон Юсупов мансубияти миллии худро ҳеҷ гоҳ пинҳон намекард ва ҳама инро медонистанд, ки ӯ тоҷики асил аст, агарчи дар шиноснома миллаташ ӯзбек сабт шуда буд. Тибқи талабот намояндаи ҳамон халқе, ки давлат ба номаш гузошта шудааст, бояд роҳбари аввали он бошад, вале ҳама роҳбарони баландмақоми Иттиҳоди Шӯравӣ медонистанд, ки Усмон Юсупов тоҷик аст. Муаллифони русу ӯзбек дар навиштаҳои худ гоҳе падарашро тоҷик ва модарашро ӯзбек ва гоҳе пурра тоҷик ба қалам додаанд.

Аз ҷумла шогирди вафодораш собиқ раиси Шӯрои Вазирони РСС Ӯзбекистон, котиби КМ КПСС Нуриддин Акрамович Муҳиддинов дар мақолаи худ падари Усмон Юсуповро тоҷик ва модарашро ӯзбек ҳисобидааст: «Унинг онаси Ойнисо опа–ӯзбек, тошлоқлик ҳунарманд-туқувчининг қизи бӯлган. Отаси Юсуф ака эса–тожик, Каптархонадаги вақф ерда батраклик қилган. Усмон Юсупов 1900 йилда туғилган».

Усмон Юсупов ҳамеша ба тоҷикон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Аз ҳамин ҷо буд, ки кадрҳои болаёқат ва боистеъдоди тоҷикро ба вазифаҳои баланд ва калидии РСС Ӯзбекистон пешбарӣ ва таъйин менамуд. Дар ин бораи мисолҳои зиёде овардан мумкин аст.     

4587Аз дафтари хотироти муаллифи ин сатрҳо. Соли 1988 бо ташаббуси ҷамъияти «Дӯстдорони китоб»-и вилояти Қӯрғонтеппа ба муносибати 110-солагии устод Садриддин Айнӣ нишасти адабие баргузор гардид, ки камина барандагии он маҳфилро ба уҳда доштам. Ба нишасти адабӣ писари устод Садриддин Айнӣ–Камол Айнӣ ва завҷаи ӯ доктори улуми санъатшиносӣ, профессор Муқаддама Ашрафӣ даъват шуда буданд. Маҳфил хеле пуршукӯҳ ва хотирмон доир гардид. Камол Айнӣ хотироти худро дар бораи падараш устод Садриддин Айнӣ нақл кард.

Баъд аз маҳфил дар тарабхонаи «Бунафша» барои меҳмонони арҷманд як пиёла чой ташкил кардем, ки дар он нишаст сарвари маҳфили адабии «Гулбарг»-и Вахшонзамин, шоир ва журналисти маъруф Пиримқул Сатторӣ, раиси ҷамъияти «Дӯстдорони китоб»-и вилояти Қӯрғонтеппа Исроил Баротов ва банда Қиёмиддин Сатторӣ ширкат доштем. Камол Айнӣ дар он нишаст аз ҷумла дар бораи Усмон Юсупов чунин хотироти худро нақл кард:

–Падари Усмон Юсупов–домулло Юсуф дастпарвари мадрасаҳои Бухорои Шариф ва шарикдарси устод Садриддин Айнӣ буд. Муносибати ин ду нафар то ба охири умрашон дӯстонаву самимона боқӣ монд. Домулло Юсуф ва завҷаашон аслан аз тоҷикони қаротегинӣ буданд, ки дар водии Фарғона ба воя расидаанд. Азбаски домулло Юсуф ба устод Садриддин Айнӣ эҳтироми зиёд дошт, аз писараш Усмон хоҳиш карда буд, ки ҳар гаҳе гузораш ба тарафҳои Самарқанд афтад, ӯро ба назди устод Айнӣ барад.

Аз ин рӯ, Усмон Юсупов, ки дар он давра Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон буд, ҳар сари чанд вақт падари бузургвори худро ба хонаи мо меоварду худ аз пайи санҷиши корҳои ҳизбӣ ва давлатӣ дар вилояти Самарқанд мешуд. Домулло Юсуф бо устод Айнӣ се-чор рӯз суҳбат меоростанд. Усмон Юсупов баъди анҷом додани корҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ба манзили мо омада, ба суҳбати онҳо ҳамроҳ мешуд ва сипас қиблагоҳи худро гирифта мебурд. Боре Усмон Юсупов ҳамроҳи падарашон ба хонаи мо ташриф оварда, меҳмон шуданд. Камина ба онҳо хизмат мерасондам ва ноаён ба суҳбати онҳо гӯш меандохтам. Зимни суҳбат устод Садриддин Айнӣ гуфтанд:

–Усмонҷон, аз рӯйи шунидам дар Ӯзбекистон баъзе роҳбарони баландмақоми давлатию ҳизбӣ мехоҳанд, ки сиёсати зиддитоҷикиро пиёда созанду мактабу маориф ва забони тоҷикиро аз байн баранд. Ба ҳамин масъала диққат диҳед, ки мабодо теша ба решаи миллати тоҷик зада шавад.

Усмон Юсупов чунин ҷавоб дод:

5656– Устоди гиромӣ, шумо хуб медонед, ки ин масъаларо ман ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накардаам. Шумо бинед, дар мансабҳои олӣ ва калидии Ӯзбекистон тоҷиконро таъйин кардаам. Масалан, баъди аз Тоҷикистон қаҳр карда омадани Комил Ёрматови тоҷики конибодомӣ барои ӯ манзилу шароити мусоиди кори эҷодӣ муҳайё намудам ва ҳоло раиси Иттифоқи кинематографистони Ӯзбекистон мебошад. Мухтор Ашрафӣ–тоҷики бухороиро ба Тошканд даъват намуда, ӯро Раиси Иттифоқи оҳангсозони Ӯзбекистон таъйин намудам ва ба гирифтани унвони олӣ–«Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» пешниҳод кардам.

Академик Қорӣ Ниёзии тоҷики хуҷандӣ Президенти Академияи улуми Ӯзбекистон бо тавсияи камина интихоб гардид. Устод Абулқосим Лоҳутиро дар Душанбе ранҷонданд, он касро ба Тошканд даъват намуда, дилбардорӣ кардам ва барояш манзили панҷҳуҷрагӣ додам. Хостам, ки Раиси Итифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳодаш кунам, «забони ӯзбекиро хуб намедонам» гуфта қабул накарданд. Мисоли равшан худи Шуморо, домуллои муҳтарам, чанд маротиба ба вазифаҳои баланд пешбарӣ кардам, бо сад баҳона даст кашидед ва ғайра ва ҳоказо. Дигар чӣ кор кунам, устоди азиз, ин ҷумҳурӣӮзбекистон ном дорад ва ман онро наметавонам Тоҷикистон ном кунам.

Мо, тоҷикон, пас аз Инқилоб шанси таърихиро бо сабаби фориғболӣ, мансабдӯстӣ, надоштани ҳувият ва ифтихори миллӣ аз даст додем. Ҳангоми тақсимоти миллию ҳудудӣ намояндагони халқи тоҷик Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷаев, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдурраҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов ва дигарон ба хиёнату миллатфурӯшӣ даст намезаданд, имрӯз кор ранги дигар мегирифт. Ду шаҳри бузурги тоҷикон –Бухорову Самарқанд низ аз даст намерафт. Баъдтар фарзандони барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур хостанд, ки ин хатои таърихро ислоҳ кунанд, ба унвони И.В.Сталин мактубҳо навиштанд, талаб карданд, вале ҳайҳот, онҳоро бо иттиҳоми сохтаи «миллатчигӣ» айбдор намуда, аз байн бурданд. Чӣ кунем, ки аз мост, ки бар мост. Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.

Ҳақ асту рост, вале боз ҳам ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед, ки вазъи тоҷикони Ӯзбекистон харобтар гардад. Усмонҷон, кӯшиш мекардед, ки ақаллан ба тоҷикони Бухорову Самарқанд мухторияти фарҳангӣ дода мешуд,–гуфт устод Садриддин Айнӣ.

–Ба чашм, домуллои муҳтарам, мо ин гуфтаҳои Шуморо ҳатман ба инобат мегирем, – гуфт дастҳо пеши бар ва бо тавозӯъ Усмон Юсупов.

Камол Айнӣ дар ин бора зимни мусоҳибаи худ ба хабарнигори ҳафтаномаи «Рӯзгор» низ ишора намудааст: «Соли 1949 ба шаҳри Тошканд ба кор рафтани Шароф Рашидов, домулло Айнӣ каме танҳоиро эҳсос кард, вале Усмон Юсуфов дар ҳама ҳолат пушту паноҳ ва мутаккои домулло Айнӣ буданд. Ман фикр мекунам, ки ба вазифаи баландтар рафтани Шароф Рашидов қиблагоҳ, домулло Айнӣ ва худи Усмон Юсуфов, ки вазифаи Раиси Президуми Шӯрои Олии РСС Ӯзбекистонро ишғол дошт, кумаку дастгирӣ карданд. Ногуфта намонад, Усмон Юсуфов ба Ӯзбекистону Тоҷикистон хидматҳои бузурге кардааст. Бо дастгирии ин марди шуҷоъ ва хеле далер Комил Ёрматов ба Тошканд омада, чун ҳунарманди кино машҳур шуд, ба вай унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» ҳам доданд.

Бо пешниҳоди Усмон Юсуфов Қориниёзии тоҷики хуҷандӣ, олими математик, нахустин президенти Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон интихоб мешавад. Ба ин вазифа, аввал, домулло Садриддин Айниро пешниҳод карда буданд, вале домулло инро рад кард. Қиссаи чаро домулло Айнӣ ин вазифаи баландро дар Ӯзбекистон рад кард ва бо дастгирии қиблагоҳ ба шаш нафар бухориёни тоҷик додани унвони «Артисти Халқии СССР» суҳбати алоҳидаро тақозо мекунанд. (Ниг.: Камол Айнӣ. Шароф Рашидов ва устод Садриддин Айнӣ, ҳафтаномаи «Рӯзгор», 2013, №20, 16 октябр)

Оре, ин марди шариф ҳангоми роҳбари аввали Ҷумҳурии Ӯзбекистон буданаш нисбати тоҷикони кишвари худ ба қадри имкон ғамхорӣ мекард, ки фарҳангу забони онҳо аз байн наравад ва онҳоро бо ӯзбекон махлут насозанд.

Усмон Юсупов ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва бо роҳбарони он робитаи хубу самимӣ дошт. Аз ҳамин ҷо буд, ки муносибатҳои байни ду ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи баланд қарор гирифта буд, на чуноне ки имрӯз аст. Ҳар сари чанд вақт рӯзҳои фарҳанг ва адабиёти ду халқи бародар дар ҳар ду ҷумҳурӣ бо навбат баргузор мегардид. Тавассути ин чорабинӣ халқҳои бародари тоҷику ӯзбек бо фарҳанг ва адабиёти ҳамдигар ошноӣ пайдо мекарданд ва риштаҳои дӯстию бародарии онҳо беш аз пеш мустаҳкамтар мегардид. Усмон Юсупов адабиёт ва санъати тоҷикро дӯст медошт. Аз байни адибони тоҷик ба Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ ва аз байни мутрибону овозхонон ба Акашариф Ҷӯраев ва Туҳфа Фозилова ихлоси самимӣ дошт ва онҳоро иззату эҳтиром мекард.

Аз хотироти Муқим Ҷӯраев: Падарам Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев барномаи ғанию рангин дошт. Соли 1954 дар ҷашни 25-солагии РСС Тоҷикистон ҳамроҳи сарвазири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Н.И.Косигин сарварони тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ иштирок доштанд. Баъди маҷлиси тантанавӣ бегоҳӣ дар Бӯстонсаройи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон шабнишинӣ баргузор гардид. Баъди як чанд нафар Бобоҷон Ғафуров ба падарам сухан доданд. Мо бо падарамон пайи ҳам се суруд хондем. Сардори Ҳукумати РСС Ӯзбекистон Усмон Юсупов аз тариқи Бобоҷон Ғафуров хоҳиш карданд, ки Акашариф ягон суруди ӯзбекӣ хонад.

Бобоҷон Ғафуров ҳоло дархостро изҳор накарда буд, ки падарам Акашариф Ҷӯраев якбора бо танбӯр як оҳанги тамоман ба ман номаълумро навохта, бо забони ӯзбекӣ суруд сар кард. Ӯ пайи ҳам ду суруди ӯзбекӣ бо оҳангҳои тоза сароид, ки тамоми аҳли нишастро ба тааҷҷуб овард. Сипас Бобоҷон Ғафуров дар навбати худ аз Усмон Юсупов хоҳиш карданд, ки ҳофизи номдори Ӯзбекистон Маъмурҷон Узоқов низ ягон суруди тоҷикӣ сарояд. Маъмурҷон Узоқов дар ҷавоб гуфтанд, ки вай бори аввал ин оҳангҳои дилошӯби ӯзбекиро бо ғазалҳои Алишери Навоӣ аз Акашарариф шунидаанд ва ваъда медиҳад, ки бо устод Акашариф дар ҷашни 30-солагии Тоҷикистон якҷоя сурудҳои тоҷикию ӯзбекӣ месароянд. Ҳама хандида, кафкӯбӣ карданд». (Ниг. Маҷмӯаи «Маҳбуби ҳар хонадон». Душанбе: «Адиб», 1994, саҳ. 183-184).                         

Яке аз ҳамдеҳагони Усмон Юсупов–Зокирҷон Эгамов ки алҳол дар деҳаи Кафтархона зиндагӣ ба сар мебарад ва синнаш ба 82 расидааст. Ӯ зимни суҳбат изҳор дошт, ки муддати панҷ сол ронандаи Усмон Юсупов шуда кор карда, ба шахсияту рӯзгори ин арбоби маъруфи давлатӣ аз наздик шинос аст.

«–Аксари кулли деҳаи мо–Кафтархонаро тоҷикони қаротегинӣ ташкил медиҳанд. Аз деҳаи мо шахсиятҳои бузург ва машҳур баромадаанд, ки яке аз онҳо Усмон Юсупов мебошанд, –мегӯяд ӯ. –Усмон-ака бисёр инсони шариф ва хоксор буданд. Бо ҳама хурду калон самимона муносибат карда, калонгарӣ ва такаббурро бад медиданд. Дар либоспӯшӣ ва рӯзгор ҳадди эътидолро риоя менамуданд. Бо камина бародарвор муомила мекарданд ва маро «додари қиёматӣ» хонда буданд. Робитаи дӯстии мо то охири умрашон давом кард.

Он кас фарзандонашро дар рӯҳияи хоксориву инсондӯстӣ тарбия намуда, ба камол расонданд. Аз зани якумашон ду писар: Аскар, Фарҳод ва аз завҷаи дувумаш як духтар бо номи Инесса ва як писар бо номи Вадлен доштанд. Писаронаш умри дароз надиданд ва дар айни камолот вафот намуданд. Танҳо духтараш Инесса Юсупова дар қайди ҳаёт аст, ки алҳол дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Усмон Юсупов дар пешрафту ободонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хизматҳои бузургеро анҷом додаанд. Дар давраи роҳбарии вай даҳҳо шаҳру деҳоти ободу зебо бунёд карда шуда, ҳазорон гектар заминҳои бекорхобидаи вилоятҳои Ҷиззах, Сирдарё, Андиҷону Намангон, Фарғонаву Тошканд обшору сарсабз гардонида шуданд. Танҳо бо сарварии бевоситаи ӯ 96 канали хурду калон сохта шуд, ки калонтарин ва машҳуртаринашон Канали калони Фарғона мебошад, то ба ҳол як қисми заминҳои Тоҷикистони Шимолӣ низ тавассути он обёрӣ карда мешаванд.

Умуман, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсмон Юсуповро ба ҳайси арбоби бузурги давлатӣ эътироф ва хизматҳои ӯро қадр мекунанд. Барои поси хотираш дар зодгоҳи ӯ–деҳаи Кафтархонаи Фарғона хона-музейи он кас бунёд карда шуда, дар пеши он нимпайкараи Усмон Юсупов гузошта шудааст. Директори осорхонаи мазкур писари камина–Эркинҷон Эгамов мебошад. Бисёр муассисаву корхонаҳои давлатӣ номи Усмон Юсуповро доранд. Аз ҷумла ҷамоати деҳоти мо Усмонобод номгузорӣ шудааст. Мо, ҳамдиёрон, бо ин арбоби бузурги давлатӣ ифтихор дорем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хотираи ӯро ҳамеша ба некӣ пос дорем».                                                                           

Оре, Усмон Юсупов чун роҳбари ботадбир ва сиёсатмадори варзида дар пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон саҳми бузург гузоштааст. Мо, тоҷикон, аз он ифтихор дорем, ки як ҷавонмарди тоҷики кӯҳистонӣ солиёни зиёд ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ ва сиёсатмадори варзида давлати Ӯзбекистонро сарварӣ намуд ва аз худ ободию сарсабзӣ ва ному хотираи нек гузоштааст.

Қиёмиддин Сатторӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi