15:29:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Дар ҲХДТ Э.Раҳмон алтернатива надорад ва буданаш низ мумкин нест"

Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Ин барои бори чорум аст, ки президент Раҳмон дар интихобот ба унвони номзад ширкат мекунад ва дар се интихоботи пешини раёсатҷумҳурӣ бо аксарияти оро пирӯз шудааст. Ҳарчанд аз қабл маълум буд, ки номзади ҳизби ҳоким ба интихоботи қарибулвуқуи президентӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва раҳбари ин ҳизб хоҳад буд, аммо анҷумани ҳизб ин амрро ҷомаи расмӣ пӯшонид.

janobi-rahmon 54963Ҳарчанд ҷаноби Раҳмон, дар анҷумани рӯзи ҷумъаи ҳизби худ ширкат надошт, аммо бидуни алтернатива ва ба истилоҳ "якдилона" зери қарсақзаниҳои беш аз ҳазор вакил ва меҳмонон, номзади интихоботи президентии 6 ноябр шуд. Аз ин пеш Иттиҳоди ҷавонон ва Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ ҷаноби Раҳмонро номзад пешбарӣ карданд.

Раёсати ҲХДТ ҳанӯз авоили соли ҷорӣ эълон карда буд, ки номзади интихоботии онҳо Эмомалӣ Раҳмон аст. Аммо худи раиси ҷумҳур моҳи апрел дар сафар ба Аврупо зимни нишасти хабарии муштарак бо Мартин Шултс, раиси парлумони Аврупо дар Бруссел гуфт, ки "ҳанӯз дар бобати ширкаташ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ тасмими ниҳоӣ нагирифтааст."

Бо ин ҳам ҷаноби Раҳмон афзуд, “ҳамчун президент, ки кафили амали конститутсия аст, кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистодаи соли 2013 дар Тоҷикистон шаффоф ва озоду демократӣ гузаронида мешавад.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 22-умин солгарди истиқлоли кишвар дар таърихи 7 сентябр низ дигарбора қавл дод, ки интихобот дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор мешавад, аммо таъкид кард, ки ин маърака «набояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ табдил дода шавад.»

Аммо панҷшанбеи 3-ми октябр, як рӯз қабл аз баргузории анҷумани ҳизбаш, ҷаноби Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Ваҳдат, тасмимаш барои ширкат дар интихоботро эълон накард, вале гуфт, ки "дар сурати пешниҳод шудан ҳам мардуми тоҷик медонанд, киро интихоб намоянд." Ба гуфтаи президент Раҳмон, "агар аз боварию эътиқоди мардуми тоҷик набаромада ва барои онҳо хидмате карда бошам, шаҳрвандони Тоҷикистон қадр хоҳанд кард."

Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ ва айни авҷгирии ҷанги дохилӣ дар симати раиси Шӯрои Олӣ амалан раҳбарии Тоҷикистонро ба зимма гирифт. Дар ин муддат се маротиба - солҳои 1994, 1999, 2006 - президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Таҷриба нишон додааст, ки дар ҳар интихобот номзадии ҷаноби Раҳмон бидуни алтернатива аз ҷониби ҳизби халқии демократӣ ва Иттиҳоди ҷавонону Иттифоқи касаба пешбарӣ мешавад. Чаро бидуни алтернатива?

Дар посухи ин суол, Ҷӯрахон Буриев, раҳбари дастгоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон низ мегӯяд, ин ҳизб дигар алтернатива дар баробари президент Раҳмон надорад, "дар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзади ягона аст, алтернатива надорад ва буданаш низ мумкин нест. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки 230 ҳазор узв дорад, ҳама тарафдори номзади ягона буданд. Ягона нафаре, ки мо аз номи ҳизб пешниҳод мекунем, ин Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо ҳама аз самими қалб ӯро дастгирӣ мекунем ва талош хоҳем кард, то пирӯз шавад."

Аммо соҳибназарон иддаои онро доранд, ки пас ҳизби ҳоким дар муддати 17 соли фаъолияташ бо доштани даҳҳо ҳазор узв, магар натавонистааст, ки дар баробари ҷаноби Раҳмон, фарди дигареро низ тарбия кунад, то сазовори номзадӣ ба мақоми президентӣ бошад?

Масъулону аъзои ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити феълӣ боз ҳам ниёз ба Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳарчанд Раҷабмад Амиров, раиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва узви ҲХДТ муътақид аст, ки афроди сазовор барои пешбарии номзадӣ ҳастанд, аммо, "намояндагони дигар, кадрҳои ҷавони дигар ҳам ҳастанд, локин имрӯз, дар шароити феълӣ, ки фаъолияти пурсамари Эмомалӣ Раҳмон эҳсос карда мешавад, ба ин далел ӯро арзандатар ва сазовортар донистанд."

Ҳарчанд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006, бо Эмомалӣ Раҳмон, Олим Бобоев, Амир Қарақулов, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбарони аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалист ва Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби коммунист рақобат карданд, вале ҷаноби Раҳмон бо касби 79, 3 дар сади раъйи интихобкунандагон пирӯз шуд. Аммо дар интихоботи соли 1999, Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо Давлати Усмон, аз ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ширкат дошт ва 95 дарсади раъйро соҳиб гардид ва рақибаш танҳо 2 дарсади раъй гирифт.

Ҳамакнун барои интихоботи 6 ноябр, дар канори раиси ҷумҳури феълӣ шаш нафари дигар, аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Саъидҷаъфар Исмонов,Олим Бобоев ва Абдуҳаллим Ғаффорров, раҳбарони ҳизбҳои Демократ, Ислоҳоти иқтисодӣ ва Сотсиалист, Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунист ва вакили порлумон ва Толиббек Бухориев, муовини раҳбари Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ муаррифӣ шудаанд.

Ҳарчанд ҳар як номзад худро рақиби Эмомалӣ Раҳмон медонад, соҳибназарон мегӯянд, дар сурати сабти ном шудан, танҳо Ойниҳол Бобоназарова метавонад рақиби аслии ҷаноби Раҳмон бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки то ду рӯзи дигар марҳалаи ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ ба поён мерасад ва танҳо Ойниҳол Бобоназарова ва ситоди интихоботии вай аз вуҷуди фишору маҳдудиятҳо дар ин амр ва то ба ҳол ҷамъ нашудани имзо ба тарафдориаш бонги изтироб задааст.

Дар ин сурат суоле, дар зеҳнҳо ҳак мешавад, ин аст, ки оё номзади мухолифон вориди корзори интихоботӣ хоҳад шуд ё хайр ва интихобот ба таври демократӣ баргузор мешавад?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi