23:58:56 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Бародарони мусалмон» дар дуроҳаи интихоб: бошад ё набошад?

Таснифи Бобоҷони Шафеъ

Бо гузашти ҳудудан як моҳ аз табаддулоти низомӣ дар Миср ба назар мерасад ҳукумати низомии ин кишвар даст ба як амали нангини дигар: саркӯбии ваҳшатбори “Бародарони мусалмон”, ин ҳаракати пуровозаи исломӣ мезанад.

1.mursi august-2013“Бародароне”, ки тӯли ин як сол баъди пирӯзӣ дар интихоботи демократӣ ҳокимияти ин кишвари паҳновари исломиро ба даст гирифта буд, ҳамакнун дар маърази имтиҳони дигари таърих қарор дорад. Дар тазоҳуроти осоиштаи рӯзи ҷумъаи гузашта, ки аз ҷониби ҳукумати низомӣ тирборон шуд, ҳудудан 100 кушта дод ва садҳо тани дигар захмӣ гаштанд. Як саҳнаи мудҳиши хунин пеши чашми сокинони ин кишвар ҳувайдо мегардад.

Ҳукумати низомӣ дигар таҳаммули гирдиҳамоиҳои осоиштаро ҳам надорад, вай роҳи дигар, тарс андохтан дар қалби ҷонибдорони «Бародарони мусалмон»-ро пеш гирифтааст. Ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ ҳам шармандавор ин амалҳои мудҳишро тамошо мекунад. Амрикои демократӣ то ҳол мавзеъгирӣ накардааст, ҳатто намояндагонаш сареҳан эълон доштанд, ки Вашингтон ҳозир нест ин рӯйдодро табаддулот хонад.

Дар Ғарб хуб медонанад, ки исломиён бо интихоби озоду демократӣ ба қудрат расиданд, вале имрӯз, ки ҳукуматашонро вожгун мебинанд, забони эътироз надоранд. Зеро онҳо наметавонанд таҳаммул кунанд, ки Ислом қудрати минтақа бошад. Онҳо намехоҳад бо исломиён, ки ҳатман аз арзишҳои башарӣ ҳарф хоҳанд зад, сари мизи гуфтушунид барои ояндаи минтақа биншинанд.

Барои онҳо ҳамон шайхҳои араб басандаанд, ки парвои сиёсати ғализи саҳюнистмаобон надоранд. Муҳим он аст, ки сари қудрат бошанд, кишварашон ғорат шавад, вале онҳо бошанд. Амрико шояд аз рафтани Муборак, ки он замон истиқбол карда буд, пушаймон аст ва анун мехоҳад Мубораки дигарро сари қудрат нишонад.

Ҳукумати низомӣ аллакай собит кард, ки исроилипараст аст, хадамоти ҷосусии ин кишвар дар сарнагунии Мурсӣ даст доштанд ва ҳоло низомиёни мисрӣҷавобан ба ин накукории давлати яҳудӣ “Ҳамос”-и Фаластинро зери фишори равонӣ қарор додаанд, нақбҳои раванда ба навори Ғаззаро валангор сохтанд, ки ҳамон маводи озуқаворӣ, ки аз ин тариқ ба ин минтақаи дар муҳосирамонда ворид мешуд, наравад.

Амрико мегӯяд сиёсаташ дар қиболи Миср дуруст аст

Энн-Мари Слотер, собиқ директори Шӯъбаи тарҳрезиҳои стратегии Депаратменти давлатии ИМА, ҳоло профессори сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар донишгоҳи Пристони штати Ню-Ҷерӣ дар таҳлили фарогир аз вазъи имрӯзаи Миср ва хомӯши Амрикову муттаҳидонаш менависад ва мегӯяд ин сиёсатҳо олудагиҳои зиёде доранд, ки ҳарчанд таҳлил мекунӣ ба умқаш намерасӣ. Аммо ҳоло вазъ ба гунаест, ки наметавон мавзеъгирии ояндаи Вашингтонро сареҳан ба риштаи таҳлил кашид.

Вай аз ҷумла менависад: “Ҳаракати «Бародарони мусалмон» ва мухолифони либералии Миср аз ИМА ва бахусус сафири ин кишвар дар Қоҳира Энн Паттерсон, вазири корҳои хориҷӣҶон Керрӣ ва ҷонишини вай Уилям Берс, ки ахиран аз пойтахти ин кишвар дидан карда буд, шадидан интиқод мекунанд. Вале Амрико мегӯяд сиёсаташ дар қиболи Миср дуруст аст”.

Ба ақидаи муаллиф «ИМА ҳар кори мумкинро анҷом медиҳад, то дар Миср на ки кадом ҳизби ҷудогона, балки аз консепсияи либералӣ-демократӣ, ки роҳандозии интихоботи озод ва одилона, барқарор намудани режими идории мӯҳтарамро пуштибонӣ кунад. Аммо барои он ки инро дар амал татбиқ намояд, бояд ба Исроил ва Арабистони Саудӣ зарба занад.

2.mursi august-2013Энн-Мари Слотер мегӯяд “ҷавононе, ки дар Миср дувуним сол пеш инқилоб карданд, ба ИМА ба назари шубҳа менигаранд ва сабаби ин басо оддист. Вашингтон муддати сӣ соли охир аз режими Ҳуснӣ Муборак пуштибонӣ мекард. Аз нуқтаи назари ИМА Барак Обама басо зуд аз Муборак рӯ гардонд ва аз мардум тарафдорӣ кард.

Вале дар кӯчаҳои Қоҳира чунин ба назар намерасид. Соли 2012, вақте узви «Бародарони мусалмон» Муҳаммад Мурсӣ президент интихоб гардид, аксари сокинони Миср гумон мекарданд, ки Амрико зоҳиран ӯро пуштибонӣ намуд, зеро онҳо ҳатто тасаввур ҳам намекарданд, ки ИМА ба натиҷаи интихоботро, ки хоҳиши онро надошт, бипазирад.

Ҳамзамон бо ин аз назари муаллифи шарҳ либералҳо ҳам аз Вашингтон гумонбар буданд ва ба Кохи Сафед бовар надоштанд. “Вақте хонум Петтерсон кӯшиш мекард бо ҳукумати Мурсӣ кор кунад ва манфиатҳои ИМА-ро дар миён мегузошт, мухолифони либералӣ бар ин назар буданд, ки Вашингтон дар ҳақиқат Мурсӣ ва «Бародарони мусалмон»-ро ҷонибдорӣ мекунад. Аммо чун ИМА рӯйдоди охирро табаддулоти ҳарбӣ эълон накард, ҷонибдорони «Бародарони мусалмон» ба хулоса омаданд, ки Амрико аз иқдоми артиш пуштибонӣ намуд”,-менависад муаллиф. 

Шабоҳатҳо ба Алҷазоиру Туркия

Инак, табаддулот сурат гирифт ва дигар баъид аст, ки Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат баргардад. Яқинан, ӯро муддати дурудароз ҳабс мекунанд ва бо ин васила бо саркӯбии ҳизбаш як диктатори нимаҳарбиву нимадемократиро, ки боз ҳам аз ҷониби Ғарб пуштибонӣ хоҳад шуд, рӯи кор меоранд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки ИМА ва дигар кишварҳои манфиатдоре, ки аз аҳзоби либералӣ ҳоло пуштибонӣ карданд, чӣ бояд кунанд? Посухи ин савол метавонад ба сиёсати ояндаи Миср ва ҳамаи давлатҳои минтақа таъсир расонад. 

Энн-Мари Слотер  менависад, ки ҳамчуноне бисёре аз шореҳон қайд мекунанд, аз нуқтаи назари исломиён барканории Мурсӣ шабоҳатҳои зиёде ба рӯйдодҳои соли 1992 Алҷазоир дорад. Он замон ҳарбиёни он кишвар бо пуштибонии ИМА ҳукумати қонунан рӯи кор омадаи исломиёнро сарнагун карданд. Ҳамин гуна ҳодиса соли 1997 дар Туркия рух дода буд, ки низомиён ҳукумати исломгарои дар асоси интихоботи озоду демократӣ рӯи кор омадаро маҷбур ба истеъфо карда буданд.

Вале нуктаи боз ҳам рушантар ба нақши Амрико дар минтақа ишорат мекунад. Аз соли 2006 ба баъд давлати Амрико даст аз пуштибонии «демократияи арабӣ» бардошт, чун дид, ки ҳамин демократия дар Фаластин «Ҳамос»-ро пирӯз намуд. Агар барои исломиён чун пештара интихоб миёни интихобот ва тирандозӣ гузошта шавад, онҳо ҳамон тирзаниро мепазиранд. Дар маҷмӯъ дахолати ҳарбӣ дар сиёсат бо ҳар сабабе ҳам набошад, равандҳои демократӣ ва назорати давлатиро заъиф мекунад”.

Аммо нуктаи дигар он аст, ки дар Миср “Бародарони мусалмон” аз маҳбубияти хоса бархӯрдор аст ва ҷонибдоронаш камтар аз тарафторони либералҳо нестанд. Оморҳо шаҳодат медиҳанд, ки бар зидди ҳукумати Мурсӣ ҳудудан 17 миллион сокинони Миср қиём карданд ва бештари онҳо одамони оддӣ буданд, ки аз тариқи матбуот даъват шуда буданд.

Мурсӣ ва ҳизби ӯ ягон нишоне аз муросо ва муколамаву гузашт надоданд, то тазоҳуркунандагон ором гиранд. Ҳатто дар охирин лаҳзаҳо мушоҳида мешуд, ки Мурсӣ нерӯҳои вафодор ба худро даъват ба майдон кард ва бо сохтани баррикада ба як хунрезии пешгӯинашаванда омодагӣ гирифт. Ва ҳадаф боқӣ мондан дар сари қудрат буд. 

Табаддулот ё на?

3.mursi august-2013Энн-Мари Слотер бар ин назар аст, ки акнун ИМА-ро лозим меояд корро аз он оғоз кунанд, ки рӯйдодҳои баъди 30 июни Мисрро табаддулот эълон кунад, вале на табаддулоти ҳарбӣ, зеро бар асари табаддулоти ҳарбӣ ҳукумати амалкунанда пурра ба ҳукумати низомӣ иваз карда мешавад, вале дар Миср чунин нашуд.

Ва шояд агар то ним соли дигар интихобот баргузор шавад, табаддулоти комили ҳарбӣ рух надиҳад. Аз ин рӯ ИМА сареҳан бояд эълон кунад, ки ба ҳарбиёни Миср то санаи мушаххасе кӯмак намерасонад ва шарт бояд он бошад, ки онҳо ба баргузории интихоботи озоду демократӣ бо ширкати ҳамаи ҳизбҳо мусоидат кунанд.

Вале ин қарор ҳам ба муносибати Амрикову Миср ва ҳам Амрикову Исроил дахл дорад, зеро як сабаби кӯмаки Вашингтон ба ҳарбиёни Миср риояи муоҳадаи сулҳ миёни Исроил ва ин кишвар мебошад. Ҳатто давлати яҳудии нигарон аз қудрати исломиён муддати чандин рӯз аст, ки ба ҳарбиёни Миср ҳамкорӣ мекунад, то исломгароёнро дар нимҷазираҳои Синай пайдо ва ба дасти онҳо биспорад. 

Вале аз сӯи дигар, менависад муаллиф, Амрико ва кишварҳои ҳампаймонаш ба ҳарбиёни Миср бо ҳар васила бояд фаҳмонанд, ки даст аз боздошту шиканҷаи «Бародарони мусалмон» бардоранд. Ва басо мантиқӣ мебуд агар «Бародарон» ҳизби ошкор боқӣ мемонд, на ки даст ба пинҳонкорӣ мезад. Интихоботи Миср ҳеҷ вақт озод ва адолатнок нахоҳад буд, агар  табъизу фишор болои аҳзоб идома ёбад. 

Муаллифи мақола диққати хонандагонашро ба нуктаи муҳими дигар ҷалб мекунад. Барои он ки фишори ҳарбиён бар «Бародарони мусалмон» боздошта шавад, ба кӯмаки Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ниёз ҳаст, зеро маҳз ин ду кишвар баъди сарнагунии Мурсӣ 8 миллиард доллар ба Миср ваъдаи кӯмак карданд ва ҳадаф он аст, ки «Бародарон» комилан нобуд ва аз байн бурда шавад.

Албатта, ин гуна тадбирҳо на ҳамеша корсозанд ва зиёда аз якчанд моҳ наметавонанд идома кунанд. Аз ин рӯ тӯли чанд моҳи оянда ва умуман баъди интихобот ҳукумати навро лозим меояд, ки барои ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталиф ҷиҳати бунёди Мисри орому осуда ва дур аз террору ғасбу куштор корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Ва таъкид мекунад, ки ба ҳошия рондани «Бародарони мусалмон» бо дастони худ идома бахшидан ба ноамнии бештар дар кишвар аст, на чизи дигар.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi