15:47:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БУНКЕРИ МАХФИИ ГОРБАЧЕВРО ХИШТБАНД КАРДАНД

КП

Хабарнигорон кӯшиш карданд ба хонаи зеризаминии асрорангез дар Белоруссияи Ғарбӣ- пункти фармондеҳии нотамоми нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Паймони Варшава дохил шаванд.

/images/stories/2011/12/25_bunker-gorbachev_2011.jpgҲанӯз як сол пеш ба он фаромадан мумкин буд. Ва "экскурсия" чунин буд. Аз ҷангал мебароем ва ба ангари калони металлӣ рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин ҷой сокинони маҳаллӣ аллакай кори худро кардаанд: дар бисёр ҷойҳо тунукаҳои оҳанин канда шудаанд ва дар баъзе ҷойҳои дигар овезонанду садоҳои нохуш мебароранд. Ба ангар дохил мешавем ва мебинем, ки дар ин ҷой замоне сохтмони азиме идома доштааст.

Арматураҳо, релсҳо, крани борбардор, кабинаи сурхи лифт ва ниҳоят ковокҳои калони бетонӣ, чоҳҳое, ки зери замин мебаранд. Бо зинапояи металии лиққонак, ки зери пой ғиҷиррос мезананд, қабат ба қабат поён мефароем. Дарҳоро мекушоем, ки баъзеҳояшон ҳоло ҳам наванд ва равғанҳояшон нарафтааст. Дар баъзеи онҳо санаҳоро дидан мумкин аст: соли 1978.

Дар даҳлезҳо ва ҳуҷраҳо тонна-тонна таҷҳизоти чангзада ба чашм мерасанд, ки насбашон накардаанд. 9 қабат (ошёна) қафо монд. Зери пой -қурбоқаҳои мурдаю шахшуда. Вале ин қабати аз ҳама поён нест, ду ошёнаи дигар…

Мо одат кардаем фикр кунем, ки яхбастагии абадӣ-ин танҳо дар Сибир, Антрактида ё Гренландия аст. Вале бисёриҳо намедонанд, ки дар наздикии Волковиск -шаҳраке дар Белоруссияи Ғарбӣ -ҷое ҳаст ва дар он ҳатто тобистони гарм ҳам ях об намешавад. Ана дар ҳамин ҷой пункти фармондеҳии нотамоммондаи қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи кишварҳои Паймони Варшава ҷойгир аст.

Дар бункер ду бинои нӯҳқабата ҷойгир мешавад

Бинои зеризаминӣ дар атрофи Волковиск, дар ҷануби шарқии вилояти Гроденский, яке аз иншоотҳои ҳарбии асрорангези шӯравии замони ҷанги сард ба шумор меравад. Перомуни он, ки ин бункер барои чӣ лозим аст, ривоятҳои гуногун паҳн шудаанд. Тибқи баъзе аз онҳо ин ҷой дар ҳолати сар задани Ҷанги ҷаҳонии сеюм тамоми фармондеҳиҳои олии Блоки Шарқӣ ҷойгир мешуданд: гӯё бункер ба зарбаи мустақими кулоҳаки ҳастаӣ тоб меовардааст.

Ба фикри баъзе дигарон ин як нишони хушку холиест, ки барои гумроҳ кардани душмани эҳтимолӣ сохта шудааст. Душман мушакҳои зиёдеро сар медиҳад, гӯё сарфармондеҳи олии шӯравиро ҳадафи худ қарор медиҳад, мушакҳояш ба пункти фармондеҳӣ мерасанд, вале дар он ҷой ҳеҷ кас нест!..

Соли 1984 дар ҳудуди Шадилкаи ноҳияи Свислочский сохтмони азим оғоз гардид. Ба ин ҷой мунтазам вагонҳои сершумор бо маводи гуногуни сохтмон меомаданд. Барои одамон ҳам кор бисёр буд, -нақл мекунад муовини раиси кумитаи иҷроияи ҳамонвақтаи вилоят Александр Колодко.

Дар деҳаҳои гирду атроф овозаҳо паҳн шуданд: дар Шадилка иншооти махфии ҳарбӣ месозанд. Овозаи мардум дурӯғ набуд -ангори калони металлии андозааш 160 бар 40 метр ва баландиаш 24 метр сохтмони бункери азимро пинҳон мекард. Ба умқи замин ду чоҳи вертикалии диаметраш 32 ва чуқуриаш 62 метр мерафт (ин ду бинои даҳқабата).

Бункер 11 даромадгоҳ -баромадгоҳ дорад, ки бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд -барои гузаштани одамон, барои қабул ва ихроҷи ҳаво, барои хатҳои гармидеҳ ва каналҳои кабелӣ. Албатта, дар ҳолати сар задани ҳуҷум мухторияти пурра ба назар гирифта шудааст: дар дохил истгоҳи  барқии дизелӣ гузоштан мехостанд ва дар паҳлӯяш амбори нигоҳдории сӯзишворӣ сохтанӣ буданд. На он қадар дуртар аз бункер чоҳе кофтанд барои антеннаи калони телескопии кашидашаванда.

-Вақте ки ман он ҷойро дидам, танҳо одамҳое, ки иҷозатномаи махсус доштанд, ба ин иншоот даромада метавонистанд, -мегӯяд Александр Колодко. То қабати охирин мо поён нафаромада будем -ин хеле хатарнок аст. Бештар аз ҳама даре бо лавҳачае бо навиштаҷоти "Горбачёв" дар хотир мондааст -ба фикрам пункти сарфармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ошёнаи сеюм ҷойгир буд. Ғайри ин дар он ҷой ҳуҷраҳои зиёди дигаре буданд барои роҳбарони дигар.

-Барои ин иншоот пул аз ҳад зиёд сарф шудааст, -мегӯяд сохтмончие аз Вилковский. Бо ин пулҳо як шаҳраки томи истиқоматӣ сохтан мумкин буд.

Аввалҳои солҳои 90-ум ҳоло ҳам дар сохтмон кор меҷӯшид ва боз ягон соли дигаре лозим буд, ки пункти фармондеҳӣ мавриди истифода қарор гирад. Аллакай таҷҳизоти махфиро оварда буданд, насб кардани онҳо оғоз гардида буд. Вале балвои моҳи август оғоз гардид ва баъдтар Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафту сохтмон нотамом монд.

Қисми ҳарбие, ки бо иншооти мазкур хизмат мекард, пароканда шуд, посбонии се ҳалқагиро гирифтанд ва акнун иншоотро кормандони идораи муҳофизатии мулкӣ, мӯйсафедону кампиракҳо бо туфанги "Мосин" посбонӣ мекарданд. Чунин посбонӣ иншоотро аз ғорат наҷот дода натавонист.

Ба қавли сокинони маҳаллӣ ҳамаи чизи гаронбаҳои иншоотро давоми солҳои аввал ғорат карданд. Аз якуми январи соли 2009 бо сабаби набудани маблағ бункер тамоман бе посбон монд. Аҳолии маҳаллӣ ба бункери бадбахт бо қувваи нав ҳуҷум овард: ҳамаи он чизеро, ки каму беш барои рӯзгор лозим буд, бурданд.

Дӯстдорони саёҳати зеризаминӣ барои ҳукуматдорон боз як дарди сари дигар шуданд. Ба чуқурӣ фаромаданро ҳам сокинони маҳаллӣ дӯст медоштанд ва ҳам сайёҳон аз Русия. Мегӯянд, ки соли 2010 дар бункер якчанд одам майда-майда шудаанд.

Баъди чанде бункерро барои бегонаҳо тамоман бастанд. Коргарон чоҳҳоро бо плитаҳои бетонӣ пӯшиданд ва ҳама даромадгоҳҳоро хиштбанд карданд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi