04:46:21 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯРО БА ТАҚСИМИ «МЕРОСИ ҚАЗЗОФӢ» РОҲ НАМЕДИҲАНД

Нафту гази Либияро Бритониёи Кабир, Фаронса, ИМА, Италия ва Қатар байни худ тақсим мекунанд

Баъди ҳалокати полковник Қаззофӣ кишварҳои иштирокдори ҷанги Либия барои тақсими сарвати табиии кишвар дар навбат саф кашиданд. Ба 29,5 миллиард баррел нафт ва 1,6 триллион метри мукааб гази табиӣ кишварҳое, ки дар амалиёти ҳарбӣ фаъолона ширкат варзиданд: ИМА, Италия, Бритониёи Кабир, Фаронса ва Қатар даъво доранд.

/images/stories/2011/12/21_neftliby_211211.jpgҚисми калони захираҳо (35 %) насиби Фаронса мегардад, зеро ба фикри худаш вай дар ҷанг аз ҳама бештар хароҷот кардааст, тахмин мезананд иқтисоддонҳои Ғарб. Мисле, ки ҳукуматдорони нави Либия аз Русияву Чин барои Қаззофиро дастгирӣ карданашон қасд мегиранд, лекин Маскаву Пекинро лозим меояд, на бо "муҷоҳидон", балки бо иштирокдорони аврупоии ҷанг маслиҳат кунанд.

Қарордодҳои аввалро барои пайдо кардани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок бо ҳукуматдорони нави Либия кишварҳое имзо мекунанд, ки бо иштироки фаъолонаи онҳо Қаззофӣ сарнагун шудааст. Баъзе ширкатҳо ҳанӯз пеш аз анҷоми ҷанги дохилӣ дар мамлакат ба азхудкунии маъданҳои он омодагӣ медиданд.

Вакили парлумони Аврупо аз Бритониёи Кабир Эндрю Бронс дар бораи асрори шартномае нақл кард, ки бо арзиши ду миллиард доллар байни нефтетрейдери "Vitol"-и Лондон ва Шӯрои миллии давраи гузариш ба имзо расидааст. Дар гуфтушунидҳо вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳида Алан Данкан миёнрав будааст. Эндрю Бронс дар асоси ин эълон кард, ки акнун "Vitol" метавонад ҳуқуқи монополиро ба савдои нафти Либия ба даст орад.

Ба ақидаи коршиноси маҷаллаи "Foreign" Ҷон Дали қисми калони "кулчақанди нафтӣ"-и Либия насиби Фаронса мегардад. Ба қавли Дали ҳанӯз моҳи апрел яке аз роҳбарони Шӯрои миллии давраи гузариш ба фаронсавиҳо бар ивази дастгирии мухолифин 35 %-и нафти Либияро ваъда кардааст ва ғайри ин гӯё фаронсавиҳо байни муттаҳидин аз НАТО гӯё дар ҷанг аз ҳама бештар маблағ сарф кардаанд ва ё гӯё маҳз журналистҳои фаронсавӣ дар бораи "хароҷотҳои бемаънӣ" аз ҳама бештар изҳори андеша намудаанд.

Дар байни даъвогарон ба "мероси Қаззофӣ" ширкати итолиёвии "ENI", ширкатҳои амрикоиву канадагии "Marathon", "Conoco Phillips", "Hess", "Occidental" ва "Suncor", ҳамчунин ширкати "Petrobrus"-и Бразилия, ки баъди оғози амалиётҳои ҳарбӣ фаъолиятро дар Либия қатъ карда буд, ҳастанд.

Шурои миллии давраи гузариши Либия пештар ҳам пинҳон намедошт, ки барои дастгирӣ кардани Қаззофӣ аз Русияву Чин қасос мегиранд. Лидери Шӯрои гузариш Мустафо Абдулҷалил ошкоро изҳор мекард, ки режими нав ӯҳдадориҳои байналмилалиро бознигарӣ мекунад. Эҳтимол бо саноати ҳарбӣ ва ширкатҳои нафту гази Русия қарордодҳои пештара тамдид карда нашаванд:

-Мо ҳама қарордодҳоеро, ки бо ҳамаи давлатҳо ба имзо расида буданд, эҳтиром мекунем, лекин ҳамаи онҳо бознигарӣ мешаванд, зеро созишномаҳое ҳастанд, ки бо роҳи коррупсионӣ ба имзо расидаанд. Намояндаи ширкати давлатии нафти Либия "AGOCO" Абдулҷалил Магоф изҳор дошт, "Татнефт" ва "Газпромнефт", ки пештар дар Либия кор мекарданд, мумкин дар замони ҳокимияти нав ба мушкилот мувоҷеҳ шаванд.

-Мо ба Русия, Чин ва Бразилия баъзе саволҳои сиёсӣ дорем, -қайд кард ӯ.

Манфиатҳои Русия дар Либия бо захираҳои сӯзишворӣ маҳдуд намешаванд. "Газпром" дар участкаҳо ва консепсияҳо бо захираи 300 миллиард мукааб газ ва 110 миллион тонна нафт саҳмия дорад. Моҳи январ ширкат бо ширкати "ENI"-и Италия Шартнома имзо кард, ки тибқи он бо 178 миллион доллар 16,5 фоизи кони "Elephant"-ро соҳиб шудааст.

"Татнефт" дар чаҳор участка корҳои иктишофии геологӣ мебурд. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Роҳи оҳани Русия" лоиҳаи арзишаш 2,2 миллиард евроро доир ба сохтмони роҳи Сирт-Бенғозӣ амалӣ мекард. "Россборонэкспорт" соли гузашта барои ба Либия фурӯхтани яроқу аслиҳа ба маблағи 1,8 миллиард доллар шартнома ба имзо расонида буд.

Лекин ҳукуматдорони Русия аввалҳои тирамоҳ ҳокимияти нави Либияро эътироф намуда, худро "страховка" карданд. Ҳатто сафорати ин кишвар дар Маскав парчами Ҷамоҳирияро поён фаровард. Ғайри ин раисҷумҳур Медведев ҳанӯз дар оғози маъракаи НАТО дар Либия дахолати кишварҳои аврупоиро ба ҷанги дохилии ин мамлакат "пассивона дастгирӣ кард". Ҳарчанд ин ба ВАО-и Ғарб халал нарасонд, ки перомуни мавҷудияти "инструкторҳо"-и Русия дар Триполи хабар диҳанд.

Ин чораҳо ба Маскав шонси на он қадар калоне додаанд барои муваффақият дар гуфтушунидҳо бо Шӯрои миллии давраи гузариш. Лекин ба ақидаи коршиносон ба Маскав лозим меояд, ки на бо ҳукуматдорони Либия, балки бо он кишварҳое маслиҳат кунанд, ки туфайли онҳо Шӯрои миллии давраи гузариш ба сари қудрат омадааст.

Инро пештар худи лидерҳои исёнгарон низ тасдиқ кардаанд. Масалан, яке аз қӯмондонҳои бонуфузи Шӯрои миллии давраи гузариш Фатҳи Баҷа ба журналистони Русия ошкоро изҳор дошт, ки вай ва муттаҳиддинаш "ҳуқуқи тасдиқ ва ё бекор кардани қарордодҳоро надоранд".

Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳузури иқтисодии Русия дар Либия ҳаҷман калон нахоҳад буд. Ба фикри онҳо дар бехатарии ҳолат ширкатҳои Ғарб ширкатҳои Русияро ҳамчун шарик даъват карданашон мумкин аст: "Бритониҳо, фаронсавиҳо, итолиёиҳо на барои он пулҳояшон, обрӯяшон ва ғайраҳоро зери хатар гузоштанд, ки баъд бозори Либияро бо ширкатҳои кишварҳои дар амалиётҳо иштирок накарда бо ҳам бинанд".

Ба андешаи иқтисоддонҳои аврупоӣ аз кишварҳое, ки ба онҳо Шӯрои миллии давраи гузариш нисбати мавқеи сиёсии онҳо "саволҳо дорад", шонси нисбатан бештарро Чин дорад. "Чиноиҳо ҳатто пеш аз аъзои НАТО омодагии хешро дар таҷдиди кишвар ба ҳукуматдорони нави Либия хабар доданд. Онҳо дар Либия ҳеҷ вақт мустамликадорӣ накардаанд, лекин пули зиёд доранд", -қайд кард Ҷон Дали.

Танҳо ояндаи қарордодҳо доир ба яроқу аслиҳа пурра рӯшан аст. Исёнгарони Шӯрои миллии давраи гузариш, ки силоҳҳои стандарти НАТО-ро гирифтаанд, мисли Қазофӣ ба силоҳҳои сохти Русия мароқ зоҳир нахоҳанд кард. "Либия дар оянда ба яроқу аслиҳа эҳтиёҷ нахоҳад дошт", -изҳор намуд лидери Шӯрои миллии давраи гузариш Мустафо Абдулҷалил.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi