06:33:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТРИЛЛЕРИ ҲАСТАИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Игор Панкратенко, Иран.ру

Вақтҳои охир тасаввуроте пайдо мешавад, ҳуҷчатҳое, ки доир ба проблематикаи Эрон аз тарафи муассисаҳои расмии ИМА иншо мегарданд, гӯё ҳарф ба ҳарф аз асарҳои муаллифони амрикоие рӯбардор шудаанд, ки дар жанри триллер, чӣ сиёсӣ ва чӣ техникӣ эҷод мекунанд.

/images/stories/2011/12/19_flag-iran_1812.jpgАгар ҳамаи он баёнияҳои вақтҳои охир аз тарафи кормандони идораи мадам Клинтон дар ҳаққи Эрон садо додаро бодиққат хонед, чунин тасаввуроте пайдо мешавад, ки ходимони департаменти давлатӣ дар вақтҳои фориғ аз кор, яъне наҷот додани ҷаҳон, саросемавор асарҳои Стивен Кинг, Том Клэнс ва Фредрик Форсайтро дубораю себора мехонанд. Ва дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҳам ғайриихтиёр ба ин эҷодкорони суханҳои даҳшатнок ва ҳодисаҳои ваҳмангез тақлид мекунанд.

Албатта, истеъдод ба ҳар кас насиб намекунад ва ин ходимони идоранишин алҳол дар тасвири бадеӣ ба нависандагони касбӣ баробар шуда наметавонанд. Лекин зӯр задаву тамоми ғайраташонро сарф намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар суханофарӣ мисли онҳо бошанд. Масалан, аз яке ҳуҷҷатҳо бармеояд, гуноҳи майпараст -фурӯшандаи мошинҳои кӯҳна Арбобсияр аз он иборат будааст, ки вай эронтабор мебошад ва хеше доштааст бо номи Ғулом Шакурӣ.

Рӯзе Ғулом Шакурӣ баъди нӯшидани шишаи дуюми "Sim Beam" бо тамғакоғази сафед (барои тамғакоғази сиёҳ пулаш нарасидааст) ба Арбобсияр эътироф кардаас, ки вай генерали махфии хадамоти махсуси махфии Эрон мебошад. Дар ҷавоб ба саволи ҳамқадаҳ…, мебахшед, ҳамсӯҳбаташ: "агар ин хел бошад, чаро бе мундири генералӣ мегардӣ?", гуфтааст, ки мундири бар ивази бадкориҳои гуногун гирифтаашро пӯшидан душвор аст…

Ин шарҳи ҳамсӯҳбаташ Арбобсиярро пурра қонеъ гардонид ва аз ҳамин сабаб дарҳол ба пешниҳоди хешаш дар бораи тарконидани сафири Арабистони Саудӣ розӣ шуд. Агар ба ин сюжет шубҳа дошта бошед, метавонед ба ҳисоботҳои расмӣ доир ба ин кор муроҷиат кунед. Дар онҳо боз бисёр чизҳои аҷоибро пайдо карда метавонед.

Вале зиёда аз ин шавқу рағбати сартосарии кормандони департаменти давлатӣ сирояткунанда будааст ва ин беморӣ ба кормандони созмонҳои байналмиллалие, ки таҳти контроли Кохи Сафеданд, гузашт. Ба ҳайси яке аз аввалинҳо МАГАТЭ гирифтори ин беморӣ гардид. Вай дар замимаи махфии худ ба гузориш оид ба барномаи ҳастаии Эрон изҳор намуд, ки нақши калидиро дар амалисозии барномаи ҳастаии Эрон олими физикаи ҳастаии рус бозидааст, ки номаш маълум нест.

Ҷумлаи мазкур ба баъзе шарҳу тавзеҳ ниёз дорад. Таҳлилкунандагони ҳуҷҷат моро бовар кунондан мехоҳанд, ки гузориш ин "натиҷаи кӯшишҳои даҳсолаҳои ба маълумотҳои муътамад асосёфта мебошад, ки аз манбаъҳои зиёд ба даст омадаанд, минҷумла аз ҳазор саҳифа ҳуҷҷатҳои аз Эрон гирифташуда". Бо худ тасаввур мекунам, ки 999 саҳифаи боқимонда чӣ мазмуне доранду то чӣ андоза мӯътаманд, агар ҳатто номи олими русро муайян кардан муяссар нашуда бошад. екин падари рустабори ҳастаии Эрон муддати дароз беном намонд.

"Вашингтон пост"-и дар ҳама ҷой ҳозир хабар дод, ки манзур Вечеслав Даниленко будааст, ки миёнаҳои солҳои 1990 дар Теҳрон лексия хондааст. "Institute For Science and International Security", бо истинод ба "замимаи махфӣ" ба гузориши МАГАТЭ (рости гап чунин тасаввуроте пайдо мешавад, ки ин ҳуҷҷат танҳо барои тартибдиҳандагони он махфӣ будааст) дере нагузашта хабар дод, ки сухан дар бораи доктори улуми техникӣ, ходими собиқи Маркази федеролии ҳастаии Русия (Институти илмӣ-тадқиқотии физикаи техникии умумирусиягии ба номи Забабхин) дар Снежинск (вилояти Челябинск) меравад.

Дар ин институт -яке аз ду маркази силоҳи ҳастаии дар Русия амалкунандаи сатҳи ҷаҳонӣ, олими 76-сола аз солҳои 1950 то ба нафақа баромадан кор кардааст. Вай ҳоло ҳам бо вуҷуди пиронсолиаш (Худо ба вай умри дароз диҳад) дар корҳои илмӣ иштирок мекунад ва соли гузашта монографияи худ "Таркиш: фириса, техника ва технология"-ро муаррифӣ намуд.

Ин ҷой як ҷиҳати хеле аҷиб ҳаст, ки раванди маълумотҷамъкунии коршиносони МАГАТЭ-ро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон муайян мекунад. Онҳо ҳам бо худи Вячеслав Василевич ва ҳам роҳбари ӯ, директори ширкатҳои истеҳсоли наноалмос "Алит" дар Украина ва "Nanog roup" дар Чехия Владимир Падалко сӯҳбат кардаанд. Онҳо ба эшон бо ду забон фаҳмондаанд, ки наноалмосҳо (Даниленко тамоми умр бо он машғул буд) ба силоҳи ҳастаӣ ягон иртиботе надоранд.

Ва дар Теҳрон ҳам Даниленко танҳо бо технологияи ҳосил кардани алмос машғул шудааст. Вале "коршиносҳо" танҳо ба он далел часпидаанд, ки Даниленко дар Эрон кор кардааст. Ва танҳо ҳамин далели дар Теҳрон кор кардани ӯ дар замима инъикос ёфтааст, бидуни нишон додани мавзӯи фаъолияти ӯ!

Зимнан, чанде пеш дар матбуоти Русия ишораҳое пайдо шуданд, ки мавзӯи илмии Даналенко (ҳосил кардани алмоси техникӣ бо усули таркиши равонашуда) барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шуданаш мумкин аст: "Илова бар ин истеҳсоли наноалмосҳо дар ҳақиқат тахассуси маҳдуд мебошад. Як қисми донишҳои Даниленко- масалан, оид ба динамикаи газӣ ва мавҷи зарбавӣ, бидуни шубҳа, мумкин аст ҳангоми сохтани кулоҳакҳои ҳастаӣ истифода шаванд", -менависад "Коммерсант".

Дарҳол мегӯем, агар ба журналистҳои "Коммерсант" саволе набошад ҳам, манбаъи беномро аз "Росатом" бо ташхиси "маъюби рӯҳӣ" аз кор бо қамчин зада пеш кардан лозим ва бигзор ислоҳотхоҳи таълиму тарбия Фурсенко ӯо бо нафақа таъмин кунад. Зеро аз барномаи мактабии замони ман, аз барномаи мактабии пеш аз Фурсенко, ҳар як одами чаласавод дар хотир дорад, ки алмосҳои техникӣ танҳо бо усули таркиши равонашуда ҳосил мешаванд ва он аз таркиши ҳастаӣ фарқи калоне дораду бо он силоҳи ҳастаӣ сохта намешавад.

Моҷарои бо Вячеслав Василевич Даниленко рухдода ҳамагӣ як мисоли қаллобии "коршиносони байналмиллалӣ" нисбати барномаи ҳастаӣ мебошад. Ҳамагӣ сад сол пеш барои чунин ғиромбозие, ки "коршиносони байналмилалӣ" ба худ раво дидаанд, шармандаи ду ҷаҳон мекарданд, аз ҷумла дар худи Амрико.

Вале замона дигар шудааст, сиёсатмадорон боназокат шудаанд ва акнун дар созмонҳои байналмилалӣ дурӯғгӯйҳову қаллобҳо ва ё ғирромҳо нестанд, балки мутахассисоне ҳастанд бо нигоҳҳои алтернативӣ ва қоидаҳои алтернативии бозӣ. Зиёда аз ин ба суханҳои ин мутахассисон гӯш меандозанд ва дар асоси хулосаҳои онҳо изҳоротҳои сиёсӣ тайёр мекунанд.

Дар омади гап, перомуни изҳоротҳо. Бо навиштаҳои матбуот, ки гузориши МАГАТЭ-ро инъикос мекунанд, шинос шуда, бо баъзе коршиносони ғарбгаро сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ намуда, ман борҳо бо ақидае вохӯрдаам, ки чунин таваҷҷӯҳи баланд ва дарднок ба барномаи ҳастаии Эронро сабаб гӯё "лаҳни таҳдидомези роҳбарияти Эрон", "Таркиби луғавии агрессивии Аҳмадинажод ва Оятуллоҳ (Алии Хоманаӣ, -"Дунё") бошад. Вақте ман хоҳиш кардам, ки аз ҳамин таҳдидҳо ягон мисол оваранд, гуфтанд, ки кадом як изҳороти Аҳмадинажодро дар бораи Исроил шунидаанд. Ва тамом!!!

Лекин мисоли лаҳни "сулҳомез", ки чанде пеш номзад ба мақоми раисҷумҳури ИМА ҷумҳурихоҳ Рик Санторум ҳангоми баҳсу мунозираи номзадҳо ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дар Иёлоти Каролинаи Ҷанубӣ баён дошт. Онро ширкати телевизионии СВS мустақим намоиш дод:

-Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Ва мо ҳамаи кори аз дастамон меомадаро мекунем, ки чунин нашавад. Ман боварӣ дорам… Мо ин ҷой дар бораи амалиётҳои махфӣ (амалиётҳои хадамоти махсуси амрикоӣ) сухан рондем. Аллакай ҷасадҳои мурдаи олимони ҳастаишиносро дар Русия ва Эрон ёфтанд.

Вирусҳои компютерӣ буданд, проблемаҳо дар иншоотҳои ҳастаӣ буданд. Ман боварӣ дорам, ки дар ҳамаи ин амалиётҳо ИМА даст дошт. Ман боварӣ дорам дар ҷараёни амалиётҳои махфӣ мо ҳамаи чораҳои заруриро меандешем, то барномаи ҳастаии Эрон пеш наравад. Ин ҷой шарҳе лозим нест…

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi