16:20:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

КӢ ВА БАРОИ ЧӢ АСАДРО МЕСУПОРАД?

Mignews.com

Баъди ғалабаи исёнгарон дар Либия таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба Сурия нигаронида шуд ва илова бар ин омили асосии фишор ба Димишқ кишварҳои арабӣ шудаанд. Лигаи давлатҳои араб (ЛДА) муваққатан Сурияро аз сафҳои худ берун кард ва аз Башар Асад иҷрои як қатор шартҳоро талаб намуд: аз кӯчаҳо хориҷ кардани артиш ва техникаи зиреҳпӯш, озод кардани маҳбусони сиёсӣ, додани иҷозати ташрифи матбуоти хориҷӣ ва нозирони ЛДА ба кишвар.

/images/stories/2011/12/15_bashar-asad_1512.jpgҲукуматдорони Сурия ба иҷрои як қисми ин шартҳо розиянд (аз ҷумла ба омадани нозирон), вале бо баъзе маҳдудиятҳо. Дар мавриди саркӯб кардани намоишҳои мардумӣ бошад, иҷро намудани талабҳои ЛДА худи мавҷудияти режими ҳукмронро зери хатар мегузорад. Монархияҳои Халиҷи Форс бо сарварии Қатар ва Арабистони Саудӣ аллакай тайёранд сафирони худро аз Димишқ бозхонанд. Шоҳи Ӯрдун Абдуллои II Асадро ошкоро ба истеъфо даъват кард. Лекин шоҳ тавзеҳ дод, ки гап дар сари шахсияти раисҷумҳур ҳам нест, балки дар сари система аст.

Қарори ЛДА мумкин имконияти дар Шӯрои Амнияти СММ қабул шудани таҳримҳои сахт зидди Сурияро фароҳам оварад. Ин таҳримҳоро Русия ва Чин муҳосира мекунанд, вале ташаббуси кишварҳои арабӣ мумкин аст онҳоро ба қабули қатънома розӣ гардонад.

Намояндагони ИМА ва Аврупо умед доранд, ки маҳз арабҳо ба қабули қатънома исрор мекунанд ва ин имконият намедиҳад, ки Ғарбро бори дигар дар дахолат ба сиёсати минтақа муттаҳам кунанд. Як қатор таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки дар гумон аст самар додани фишорҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иқдоми ҳарбӣ зидди Сурия ногузир аст. Мутаваққиф кардани узвияти он дар Лигаи давлатҳои араб ба ҷомеаи байналмилалӣ амалан барои чунин иқдом "иҷозат медиҳад". Айнан ҳамин хел моҳи феврали соли 2011 Либия аз ЛДА хориҷ карда шуда буд. Барои Башар Асад ронда шудан аз Лига зарбаи ҷиддӣ ва ғайриинтизорӣ шуд.

Сурия на танҳо дар саргаҳи ташкилшавии ЛДА меистод, балки муддати дароз ба лидерӣ дар олами араб даъво дошт ва он хизматҳояшро далел меовард, ки аз байни ҳамаи ҳамсояҳои Исроил танҳо вай ба компромисс бо сионистҳо розӣ намешавад. Асад мисли Анвар Садот бо Исроил сулҳ накардааст, мисли Қаззофӣ худро ба роҳбарони кишварҳои дигари арабӣ муқобил нагузоштааст, пас чаро ӯ сазовори чунин вокуниши бераҳмона шудааст? Чаро олами араб Сурияро "месупорад"? Коршиносон бар он андешаанд, ки дар Лигаи давлатҳои араб давлатҳои суннӣ, дар навбати аввал Арабистони Саудӣ ва Қатар ибрат нишон медиҳанд.

Маҳз онҳо дар натиҷаи амалиёт дар Либия нақши муҳим бозиданд. Алавиҳо, ки ҳокимияти Сурияро дар даст доранд, ҳарчанд як шохаи мазҳаби шиа мебошанд, барои сунниҳо хатар надоранд, зеро хеле камшуморанд. Лекин, чӣ хеле ки маълум аст, Димишқ Эрони шиа- рақиби асосии олами суннимазҳабҳоро дастгирӣ мекунад. Ҳамин тариқ, изолятсияи Сурия ва дар оянда сарнагун кардани режими он ин пеш аз ҳама ҳуҷум ба Эрон аст. Ҳангоми ивази ҳокимият дар Димишқ эҳтимоли роҳбарии онро ба даст гирифтани "Бародарони мусулмон", душмани оштинопазири клани Асадҳо ва содиқ ба монархҳои саудӣ хеле калон аст.

Оппозитсияи Сурия қартаи эрониро фаъолона ба бозӣ медарорад. Сарвазири собиқи Сурия, ҳоло сокини Фаронса Абдулҳалим Хаддам, Ғарбро тарс медиҳад, ки бепарвоӣ нисбати Асад боиси ҳукмронии Эрон дар тамоми минтақа ва зери контроли Теҳрон даромадани нархи ҷаҳонии нафт мешавад. Ҳомиёни Димишқи расмӣ, аз ҷониби худ, ЛДА ва пеш аз ҳама монархияҳои арабиро дар роҳандозии сиёсати амрикогароӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳақиқат ивази режим дар Сурия барои ИМА имконияти фишори боз ҳам бошиддаттарро бар Эрон фароҳам меорад.

Дар ҳамин бобат мақсаду ниятҳои давлатҳои суннӣ ва Ғарб бо ҳам мувофиқат мекунанд. Сабаби дигари муносибати сахти ЛДА кӯшиш барои ором сохтани воҳима дар Ховари Наздик мебошад. Ҷунбиши эътирозии Сурия ба вазъияти умумии ноороми минтақа шиддатнокӣ зам мекунад ва мумкин ба кишварҳои дигаре гузарад, ки алҳол ба "баҳори арабӣ" сироят наёфтаанд. Ин бештар аз ҳама ҳукуматдорони Ӯрдунро ба ҳарос овардааст.

Шоҳигарии ҳошимӣ аллакай аз сабаби омадани ҳазорҳо гурезаи суриягӣ ба мушкилот мувозеҳ шудааст. Шоҳ Абдулло дар муроҷиаташ ба Башар Асад тасодуфан қайд накарадаст, ки агар ба ҷойи ӯ мебуд, ба истеъфо мерафт ва пешакӣ ғами онро мехӯрд, ки ҷойгузинҳои ӯ ислоҳотҳои заруриро амалӣ карда тавонанд. Ин суханҳо он қадар ба Асад не, балки бештар ба ӯрдуниҳо равона гардидаанд, то онҳо ба қадри омодагии шоҳашон ба баргузории дигаргуниҳои демократӣ расанд.

Ҳамчунин ақидае вуҷуд дорад, ки Сурияро аз сафҳои худ хориҷ карда, ЛДА арабӣ мехоҳад ба ин кишвар танҳо таъсири дипломатӣ расонда шавад ва аз дахолати ҳарбии хориҷӣ ҷилавгирӣ шавад. Аз сабаби он, ки авиатсияи Асад бар хилофи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қаззофӣ дар пахши шӯриш иштирок намекунанд, дахолати ҳарбии хориҷӣ метавонад маънои амалиёти заминиро дошта бошад. Дар олами араб он қадар хоҳиши дубора дар сарзаминҳои худ дидани нерӯҳои мустамликадорони собиқи худ -инглисҳо ва фаронсавиҳоро надоранд.

Ин албатта ҷиҳати маънавии масъала аст ва албатта дар назди вазифаҳои муҳими сиёсӣ аз эътибор соқит мешавад. Лекин махфӣ нест, ки кишварҳои арабӣ тарафдори ивазшавии ҳокимият дар Сурия бидуни иштироки НАТО ва ё масалан, Туркия мебошанд. Исроил дар ин бобат мавқеи нозири бетарафро ишғол мекунад ва кӯшиш дорад муносибати худро ба ин ҳодисаҳо ошкор насозад. Лекин дар ҷомеаи Исроил дар атрофи ҳодисаҳои Сурия ақидаҳои якхела вуҷуд надоранд.

Яке аз чунин ақидаҳоро чанде пеш коршинос оид ба Сурия ва Лубнон Эял Зисер иброз дошт. Ба фикри ӯ сарнагун шудани Асад ба фоидаи Исроил аст, зеро "Ҳизбуллоҳ"-ро заиф мегардонад ва боиси изолятсияи бештари сиёсии Эрон мешавад. Лекин ақидаи сарвари ситоди ҳарбӣ-сиёсии вазорати дифоъ ва дар гузашта фармондеҳи округи ҳарбии шимол Амос Гилад бештар маъруф аст. 01.12.2011 вай ҳушдор медиҳад, нерӯҳои исломгарое, ки дар Сурия ба сари ҳокимият меоянд, нисбати Исроил дар муқоиса бо Асади маккор ва эҳтиёткор агрессивонатор хоҳанд шуд.

Хатар бо исломизатсияи ҳамсояҳои дигари Исроил -Миср ва дар оянда Ӯрдун, ки дар остонаи дигаргуниҳои радикалӣ қарор дорад, амиқтар мешавад. Дар асл минтақа ба сӯйи ташкили блоки томи давлатҳои исломӣ ҳаракат дорад, ки дар он нуфузи бештарро "Бародарони мусулмон" ва созмонҳои бунёдгарои ба он наздик хоҳанд дошт. Дар ин ҳолат ҳатто заиф шудани Эрон барои Исроил манфиатбахш нест, зеро ин маънои ба охир расидани муқобилияти байни шиаю суннӣ ва ҷудоии исломро дорад ва мусулмонҳо метавонанд дар як ҷабҳаи муттаҳид ба муқобили Исроил бархезанд.

Ҳамчунин Лубнонро набояд фаромӯш кард, ки дар он ҷонибдорони асосии режими Асад дар симои размандагони "Ҳизбуллоҳ" гирд омадаанд. Чанде пеш пешвои онҳо Ҳасан Насруллоҳ ҳушдор дод, ки "Ҳизби Оллоҳ" дар ҳолати мавриди ҳамла қарор гирифтани Эрон ё Сурия хомӯш нахоҳад истод. ВАО-и арабӣ хабар додаанд, ки размандагони ин созмон дар наздикии сарҳад бо Исроил дар ҳолати омодагии баланди ҷангӣ қарор доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки размандагон фитнаи  навбатӣ барангезанд ва ҳатто ҷанги нави Лубнонро ташкил намоянд, то таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалиро ба худ кашанд ва ба амалиёт зидди Сурия роҳ надиҳанд.

Исроил имрӯз имконияти таъсир расонидан ба вазъиятро надорад, ба ғайр аз тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии худ ва умед бастан ба аз нав барқарор сохтани муносибатҳо бо Туркия. Дар ҳолати имрӯза танҳо як ҷиҳати мусбат ҳаст: ВАҚТ, вақте ки кишварҳои "баҳори арабӣ" ва Сурия бо мушкилоти худ машғуланд, лаҳзаи мувофиқ барои зарба задан ба Эрон мебошад -агар, албатта, Исроил ин зарбаро лозим донад.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi