01:59:39 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

М. Калашников, Российская газета

Самти осиёӣ ҳеҷ вақт тарафи пурзӯри сиёсати хориҷии Русия набудааст

Ҳангоми таҳлили он ташаббусу равандҳои интегратсионӣ, ки байни Русияву ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии Осиёи Марказӣ ҷой доранд, бояд якчанд омилро ба назар гирифт. Бо доштани характери устувор онҳо дар ояндаи наздик ҳам конструктсияи муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсӣ ва ҳам вазъияти умумиро дар минтақа муайян хоҳанд кард.

/images/stories/2011/12/08_rossiy_asia_81211.jpgАввалан, имрӯз Осиёи Марказӣ аз гурӯҳи кишварҳое иборат аст, ки аҳолиашон бо суръати баланд афзоиш меёбанд ва дар онҳо дараҷаи баланди қашшоқӣ ҳукмрон аст. Проблемаҳои тезу тунди истифодаи муштараки захираҳои оби фаромарзӣ, архаизатсияи муносибатҳои иҷтимоӣ, фишори рӯ ба афзоиши демографӣ -ҳамаи инҳо гирдоби ихтилофҳоро ба вуҷуд меоранд ва шиддатнокии сиёсӣ ба зиддиятҳои мусаллаҳ табдил ёфтанаш мумкин аст.

Мо амалан, бо "деге" сару кор дорем, ки алҳол бо кӯшишҳои якҷоя бо сарпӯше даҳонашро бастан ва гузоштани ихтилофҳоро ба марҳилаи тезутунд пешгирӣ кардан мумкин аст. Лекин ҳамаи ин саъю талошҳо танҳо ба қайд гирифтани вазъияти мавҷуда мебошад, на бештар аз ин.

Дуюм, баъди аз Афғонистон рафтан ИМА амалан ҳалли проблемаи ин кишварро бар дӯши кишварҳои ҳамсоя: Эрон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Русия ва давлатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ мегузорад. Ҳамзамон бо ин, чӣ хеле ки изҳоротҳои охирини Вашингтон нишон медиҳанд, ИМА дар асл аз минтақа намеравад, балки сиёсати худро бо дастҳои дигарон роҳандозӣ хоҳад кард. Бо назардошти ҳамин моро лозим меояд, ки фаввораи иттиҳодҳо, блокҳо ва манёврҳои муваққатиро интизор шавем.

Сеюм, имрӯз ҳеҷ кадоме аз бозингарони глобалӣ қодир нест ба шарикҳои геополтикии худ барномаи комплексии "Чи гуна сохтани Осиёи Марказӣ"-ро пешниҳод намояд. Ҳеҷ кас барои амалӣ кардани ин барнома имкониятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ надорад. Ва ҳеҷ кадоме аз элитаҳои ҳукмрони худи Осиёи Марказӣ ҳам ба амалӣ кардани чунин барномаҳо ҳавасманд нест. Яъне, дар ояндаи наздик Осиёи Марказӣ ҳамчун тасмаи бесуботӣ ва майдони бархӯрди манфиатҳои геополитикии бозингарони глобалӣ, аз қабили ИМА ва ҶМЧ ва ҳамчунин бозингарони минтақавӣ- Эрону Русия боқӣ мемонад.

ИМА барои мустаҳкам кардани мавқеи худ талош намуда, якчанд ҳадафро пайгирӣ мекунад. Якум -ташкили платсдарми иловагӣ барои муқобилияти эҳтимолӣ ба Чин, махсусан дар ҳолати ба вуҷуд омадани зиддияти вай бо Ҳиндустон, ки наздик шудан ба он яке аз вазифаҳои стратегии ИМА аст.

Дуюм- таъмини контроли даҳлезҳои нақлиётӣ (дар навбати аввал лӯлаҳои нафту газ).

Сеюм -таъмини "муҳосира"-и Эрон.

Чин, бар хилофи ҳамаи "воҳимаҳо" ба экспансияи ҳудудӣ талош намеварзад. Вазифаи вай дар даҳсолаи наздик таъмини рушди иқтисодиёти худ мебошад. Аз ҳамин ҷой аст ҳавасмандии вай ба даҳлезҳои устувори нақлиётӣ барои интиқоли муттасили нафту газ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ва албатта, Пекин аз суботи ноҳияи Синтзян-Уйғур дар ташвиш аст, ки ҳамчун нуқтаи дардноки Чин боқӣ мондааст ва ба таъсири берунии бунёдгароҳои исломӣ хеле муносибати "меҳрубонона" дорад.

Эрон, маълум аст, ки ба таъмини фурӯши захираҳои сӯзишвориҳояш ба Чин ҳавасманд аст, ки вай дар масъалаи содироти нафт барои Эрон шарики стратегӣ ба шумор меравад. Албатта, роҳбарияти ҷумҳурии исломӣ ҳавасманди Афғонистони босубот аст ва чунин меҳисобад, ки "масъалаи Афғонистон" бояд бидуни бозингарони ғайриминтақавӣ ҳал шаванд. Ғайри ин Эрон ҷиддан хоҳони мусоидат ба Тоҷикистон  дар рушди иқтисодиёти он мебошад, ки танҳо дар ҳолати босубот будани он мумкин аст.

Манфиатҳои Русия бошад имрӯз аз инҳо иборат аст: пешгирӣ кардани наркотрафик ва роҳ надодан ба мавҷи муҳоҷират, ки сабабаш носуботии вазъият дар минтақа мебошад. Суханҳо перомуни он, ки Русия дар минтақа манфиатҳои миқёсан калонтар дорад, ба фикри ман беасос мебошанд. Махсусан, дар ҳоле, ки самти осиёӣ ҳеҷ вақт тарафи пурзӯри сиёсати хориҷии Русия набудааст. Бале, имрӯз манфиатҳо ва фаъолнокии Русия бештар ба "самти Ғарб" равона гардидаанд.

Ман шубҳа надорам, ки шарти рушди босубот ва осоиштаи минтақа таъсири ҳамоҳангшудаи меҳвари Маскав-Теҳрон-Пекин ба он ва ба ин лоиҳа ҷалб намудани Олмон, ҳамчунин "фишурда баровардани бозингарони ғайриминтақавӣ", дар навбати аввал ИМА ва "хилофати нав" дар пеши чашмони мо бо сарварии Арабистони Саудӣ ташаккул ёфта истода мебошад.

Ҳамзамон бо ин ман хаёлпарастӣ будани чунин як лоиҳаро барои ояндаи наздик мефаҳмам. Чин барои муқовимат бо ИМА омода нест. Ташвишҳои дохилӣ ва берунии Эрон ҳам хеле зиёданд. Русия бошад, ғарқи проблемаҳои худ мебошад. Вале захираҳои ИМА ҳам бемаҳдуд нест: вай имконияти роҳандозии сиёсати ҳамлаоварро дар минтақа надорад ва махсусан бо назардошти проблемаҳои рӯ ба афзоиш дар Покистон. Ҳамин тариқ, дар ояндаи наздик сиёсати бозингарони асосӣ характери рефлексивӣ хоҳад дошт, характери эътинои якдаъфагӣ ба хатару таҳдидҳои минтақа, ки муттасил ба вуҷуд меоянд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi