15:48:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУНЁ ДАР ЧАНГИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКОСТ

Дар тӯли 50 соли охир Ғарб режимҳои авторитарии Ховари Наздикро дар мубориза алайҳи "таҷовузи шӯравӣ", ки шурӯъ аз солҳои 1990-и ба "бунёдгароии исломӣ" табдил ёфт, дастгирӣ менамуд. Бешубҳа, ғазаби "ҷаҳони арабӣ" қалбакӣ нест.

/images/stories/2011/12/08_usa-flag_81211.jpgОн натиҷаи зулм аз ҷониби худи режимҳои арабӣ, ки аз ҷониби Амрико сари қудрат омада ва дастгирӣ мешуд, маҳсуб меёбад. Ба барномаи саҳнаи муосир таҳти унвони "Баҳори арабӣ" он муаллифоне саҳмгузор буданд, ки нақши хунине дар "инқилобҳои рангаи" Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон доштанд: USAID (оҷонсии рушди байналмиллалӣ) Хазинаи Форд, Хазинаи Сорос, Хазинаи байналмиллалӣ оид ба дастгирии демократия ва ташкилоти ғайридавлатии FreedomHouse.

Ин "инқилобҳо" режимҳоеро сарнагун сохтанд, ки дастнишондаи Амрико буданд, вале ҳангоме, ки нақши худро бозиданду ба доираҳои бонуфуз нолозим гаштанд, ба кунҷи фаромӯшӣ супорида шуданд. Аз таърих мо чунин "қурбониёнро" зиёд медонем, вале кофист номҳои шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ, президенти собиқи Филиппин -Фердинанд Маркос, Индонезия -Сухарто, Ироқ -Саддом Ҳусейнро ба хотир оварем.

ИМА ҳамеша дар дилхоҳ маврид ҳолати баамаломадаро ба манфиати хеш истифода мебарад -тақдири Муборак ва Қаззофӣ шоҳиди ин гуфтаҳост. Мақсади доираҳои бонуфузи бритонӣ-амрикоӣ ва иттифоқчиёни хурди онҳо Ховари Наздикро ба "сектори муташанниҷ" ва "минтақаи тақсимшавӣ" табдил додан аст, то ин ки дар оянда ҳар як кӯшишу имкони муттаҳидӣ зери шиори ягонагиву ваҳдати миллӣ дар минтақа пешгирӣ карда шавад.

Барои Осиёи Марказӣ хатар вуҷуд дорад?

Бояд қайд намуд, ки дар ҷамоҳири Осиёи Миёна таҳкурсӣ барои чунин табаддулотҳо аллакай гузошта шудааст. Чун дар Ховари Наздик, миёни мардумони Осиёи Миёна асосу баҳонаҳо барои эътирози ҷиддӣ хеле зиёданд. Зиёда аз ин, ҳаводиси Қувайт, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Либия возеъ нишон доданд, ки ҳатто кишварҳои аз долларҳои нафтӣ бой, чун Қазоқистон ва Туркманистон, ки сарваронашон халқи худро бо додани "садақа" ором мекунанд, аз чунин "инқилобҳо" дур нестанд.

Ва ба суоли "метавонанд ҳаводиси "баҳори арабӣ" ба Осиёи Миёна паҳн бигарданд?" аллакай пеш аз он, ки онҳо дар ҷаҳони араб рух доданд, ҷавоби тасдиқ гирифта шудааст. "Инқилобҳои рангаи" кишварҳои пасошӯравӣ хеле пеш аз ошӯбҳои арабӣ сурат гирифтанд ва аз ҷониби ҳамон доираҳои бонуфуз тарҳрезӣ шудаанд. Аммо як қатор омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд пеши ин хатарҳоро қадре бошанд ҳам, бигиранд. Масалан, дар ҳоли ҳозир аҳолии ин кишварҳо аз таблиғоти имрӯзаи ғарбӣ, ки "идеалҳои бузург" ва "ҳуқуқҳои башар"-ро васф мекунанд, эмин мондаанд. Чунки ҳукумати ин кишварҳо таъсири "ташкилотҳои ғайридавлатии" ғарбиро, ки "устодони" ин инқилобҳо мебошанд, маҳдуд сохтаанд.

Ховари Наздик ва дурӯягӣ оиди ҳуқуқҳои башар

Далелҳое ошкор гардиданд, ки ҳукуматҳои кишварҳои "баҳори арабӣ" оиди дахолати ин доираҳо ба корҳои дохилии худ тавассути ҳукумати Амрико солиёни дароз эътироз мекарданд. Таърихи сохтори "демократия" ҳамеша аз ҷалб намудани "ташкилотҳои ғайридавлатӣ" бо бедор сохтани майлу хоҳиши одамон ба "озодиҳо ва имкониятҳои бузург" оғоз шуда, бо ҷангҳову парокандагиҳое, ки аз ҷониби доираҳои бонуфузи Ғарб сармоягузорӣ мешуданд, ба анҷом мерасид.

Ҷанги Ироқро аввалин хишт дар роҳи сохтани Ховари Наздики Бузург номиданд, ки тибқи он ИМА бояд ба тамоми кишварҳои мусулмонӣ аз Халиҷи Форс то уқёнуси Атлантик "утопия" -зиндагии сарсабзу хуррам ва бемушкилот меоварданд. Масалан, Вашингтон ваъда дода буд, ки Ироқро ба чунин модели дилкаши демократия табдил медиҳад, ки он боиси ҳасуду ҳавас ва намунаи тамоми Ховари Наздик бошад.

Аммо дар ин "утопия" чизи наве нест. Балки нақшаи ҷадидеоиди ба кишварҳои нави хурд тақсим намудани Ховари Наздик вуҷуд дорад ("Дунё" дар шумораи гузашта муфассал дар бораи муаллифи ин нақша Бернард Луис ва қисматҳои нақшаи барҳам задани ҷаҳони ислом маълумот дода буд). Нуқтаи интиҳоии ин нақша заиф намудани чунин кишварҳои асосии таърихии минтақа чун Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ дар асоси сиёсати қадимаи "ҷудо намо ва ҳукмронӣ бикун" мебошад.

Дар даҳсолаи охир Амрико он унсурҳои ҷудоихоҳи Эронро мусаллаҳ ва сармоягузорӣ мекунад. Дар пеш бурдани сиёсати бузурги ҷаҳонӣ ИМА аз ёрдамчиёну зердастоне, ки худ тавлид сохтааст, масалан "Ал-Қойида истифода мебарад. Аҷиб аст, новобаста аз он, ки  шурӯъ аз миёнаҳои солҳои 1990-ум "Ал-Қойида" дар ИМА гурӯҳи ҷинояткори хатарнок эълон гардид, он дар ҳолати зарурӣ иттифоқчии Амрико ва доираҳои бонуфузи Ғарб мешавад.

Дар Афғонистон, Сербия, Чеченистон, Эрон ва Ӯзбакистон "Ал-Қойида" барои ИМА хизматҳои "хуб" кард. Ҳатто дар мавзеъҳои бархӯрдҳои охирӣ, чун Либия, "Ал-Қойида" тибқи барномаи доираҳои бонуфузи бритониву амрикоӣ дар зери ниқоби "мардуми башӯромада" стратегияи тарҳрезишударо пеш мебарад. Чунин гурӯҳҳои махфии "Ал-Қойида", ки СРУ-и Амрико омода сохтааст, дар гузашта алайҳи ИҶШС солҳои 80-ум ва дар Русияю Балкан солҳои 90-ум хеле хуб фаъолият мекарданд.

Ин қувваҳо аз диаспораҳои осиёию африқоиянд, ки на ҳамеша лӯхтакбозони худро медонанд. Масалан, онҳо гумон мебурданд, ки "зидди кофирон ҷиҳоди бузург" мебаранд ва ба ислом хидмат мекунанд, аммо дар ҳақиқати ҳол ҳиссаи калоне дар нобуд сохтани таъсири Русия дар нимҷазираи Балкан гузоштанд ва бо ин иқдом муҳофизати Ховари Наздик ва умуман дунёи исломро хеле ва хеле заиф сохтанд.

Ин гурӯҳи бесавод, ки худро "муҳофизон ва ҳомиёни дини мубини ислом" мешуморанд, дар асл лӯхтаки дасти Ғарб мебошанд ва ин ҷо маълум мегардад, ки он "демкоартияе", ки Амрикову Ғарб ба кишварҳои исломӣ чун мудели барҷастаи риояи ҳуқуқи башар талқин мекунанд чӣ гуна аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi