20:45:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АЗ АФҒОНИСТОН РАФТАНИ ИМА ИХТИЛОФҲОИ БАЙНИ РУСИЯВУ АМРИКОРО ЗИЁД МЕКУНАД

Ҷошуа Кусера, ИноСМИ

Вақте ки ИМА соли 2014 ба хориҷ кардани нерӯҳои худ аз Афғонистон шурӯъ менамояд, ин маънои поён ёфтани ҳузури зиёда аз даҳсолаи хунини Амрикоро дар ин кишвар ва ҳамчунин ҳавасмандии заифшудаистодаи амрикоиҳоро ба Осиёи Миёна дорад. Лекин барои русиягиҳо соли 2014 танҳо оғози кор мешавад -дар он вақт Афғонистон аз сари нав барои онҳо боз ба проблема табдил меёбад.

/images/stories/2011/12/03_america_russia_21211.jpgМаскав ошкоро ҷалб шудани ИМА-ро ба корҳои Осиёи Миёна танқид мекард ва инро ҳуҷум ба доираи нуфузи худ меномид, вале ин гуфтугузорҳо як сирри нобобро пинҳон мекарданд: ба ақидаи як қатор шореҳон дар паси дарҳои бастаи Кремл русҳо аз он хурсанд мешуданд, ки ИМА ба ҷои онҳо кори ифлосро иҷро мекунад.

Ҳатто баъди соли 1983 Афғонистонро тарк кардани Иттиҳоди Шӯравӣ, Маскав ба ҷойгир кардани нерӯҳои марзбонаш дар Тоҷикистону Туркманистон ва кӯмак ба  эътилофи шимоли Афғонистонро идома дод. Вале бо вуҷуди ин исёнҳои на он қадар калон, лекин доимии бунёдгароҳои исломӣ баъзе давлатҳои Осиёи Миёнаро дар сарҳадҳои ҷанубии Русия азият медоданд.

Аммо давоми даҳ соли охир ин исёнҳо якбора кам шуданд, аз ҷумла ба он хотир, ки шумораи зиёди муҷоҳидони Тоҷикистону Ӯзбакистон ва ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ барои набард бо нерӯҳои НАТО ва ИМА ба Афғонистону Покистон рафтанд. Акнун ин размандагон бо артиши беҳтарин ҷанг карда, таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд ва баъди рафтани нерӯҳои амрикоӣ мумкин дар ҷустуҷӯйи ҳадафҳои нав шаванд. Ҳукуматдорони Русия чанде пеш расман аз оқибатҳои эҳтимолии он ҳушдор доданд ва барои ин онҳоро маҳкум кардан душвор аст.

-Русия баъди аз Ироқу Афғонистон рафтани нерӯҳои эътилоф фаъол шудани амалиётҳои ҳарбиро дар сарҳадҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна бояд интизор шавад, -изҳор дошт генерал-лейтенант Владимир Чиркин, фармондеҳи лашкари округи ҳарбии Марказӣ. -Хатар акнун ба сарҳадҳои ҷанубии мо наздик мешавад.

-Мо намехоҳем, ки нерӯҳои НАТО хонаи занбӯрро вайрон карда раванд ва моро бо ин шағолҳои ҳарбӣ як ба як гузоранд. Баъди рафтани нерӯҳои НАТО онҳо нуфузи худро дар Тоҷикистону Ӯзбакистон паҳн мекунанд ва дар он вақт ин проблема мешавад, -изҳор кард сафири Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин дар мусоҳибааш бо рӯномаи фаронсавии "LeFigaro".

-Маскав ба он хотир аз рафтани НАТО дар хавотир аст, ки кори дар Афғонистон иҷро кардаи нерӯҳои эътилоф ва амрикоиён аз бисёр ҷиҳат доираи манфиатҳои Русияро инъикос мекунад -то ҳадди имкон дуртар нигоҳ доштани толибҳо, -хабар дод Андрей Загарский, коршиноси бахши муносибатҳои Русияву Ғарби Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмиллалии Маскав. Ва акнун, вақте ки ИМА аз ин ҷой меравад, ба қавли ӯ "Маскав дар иртибот ба ин ягон стратегияи коршоям надорад".

Қадами аввалини Кремл васеъ кардани Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), блоки ҳарбӣ-сиёсие шуд, ки таҳти роҳбарии Русия асту ба он давлатҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ дохил мешаванд, бо он умед, ки ин блок метавонад мақомоти коршоями амнияти дастаҷамъӣ гардад. Моҳи сентябр намояндагони кишварҳои блок бо иштироки 12000 сарбоз аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон машқи ҳарбӣ баргузор карданд.

Дабири кулли созмон Николай Бордюжа изҳор намуд, ки машқҳои ҳарбӣ ба омодагӣ ба хориҷ шудани нерӯҳои НАТО дар соли 2014 равона шудаанд. -Мо ҳоло на дар роҳи ҳалли проблемаи Афғонистон, балки дар арафаи бад шудани он ва пайдо шудани вазъияти сифатан дигар дар минтақаи Осиёи Миёна қарор дорем, -қайд кард ӯ. -Афғонистон ҳамчун база барои тайёр кардани террористҳо ва амалҳои экстремистӣ боқӣ мемонад. Мо инро медонем,- афзуд ӯ.

Вале тамоман нофаҳмост, ки Маскав кори ин созмонро чӣ хел тасаввур мекунад. Дар ҳоле, ки машқҳои чанде пеши СПАД бо мақсади мубориза бо хатарҳои анъанавии ҳарбӣ баргузор шуда буд, Маскав қариб тамоман хоҳиши баргузор намудани амалиётҳои ҳарбиро берун аз марзҳои худ надорад. Соли гузашта, вақте ки дар Қирғизистон, яке аз кишварҳои узви СПАД, бетартибиҳо ба ҷанги хунини байниқавмӣ табдил ёфтанд, СПАД аз дахолат саркашӣ кард.

Баъзе ашхоси расмии баландпоя пешниҳод карданд, ки барои саришта кардани ҷунбишҳои мардумӣ кӯшиш шавад. Вале маълум шуд, ки дахолати ҳарбӣ муҳокима карда намешавад. Ашхоси дигари расмӣ тахмин мекунанд, ки СПАД бояд ҳамчун олати мусоидат ба таъмини амният хизмат намояд, аз ҷумла ба хадамоти амнияти заиф барои пурзӯр кардани нерӯҳояш кӯмак расонад, то онҳо тавонанд мустақилона ба хатар аз ҷониби Афғонистон муқовимат кунанд.

Назарияи алтернативӣ ҳам вуҷуд дорад: Русия аслан бовар надорад, ки нерӯҳои ИМА Афғонистонро тарк мекунанд ва кӯшиш менамояд хатарро аз тарафи Афғонистон таҳрик диҳад,  то ҳукуматҳои Осиёи Миёнаро тарсонад ва онҳоро маҷбур созад, ки таҳти васояти Кремл муттаҳид шаванд.

-Хатар вуҷуд дорад, вале эҳтимол мо онро аз будаш зиёд нишон медиҳем, -изҳор кард журналисти Русия ва коршинос оид ба Осиёи Миёна Аркадий Дубнов. -Он чизе, ки мо ҳоло мушоҳида мекунем, ин ҳамагӣ PR- омодагӣ ба лаҳзаи маълум (хориҷ шудани нерӯҳои ИМА) мебошад. Ин PR ба тайёр кардани афкори ҷамъиятӣ, афкори ҷамъиятии дохили Русия ва афкори ҷамъиятии аҳолии Осиёи Миёна ба зарурияти ҷорӣ кардани чораҳои амниятии Русия равона шудааст. Лекин аз рӯи бисёр аломатҳо Кремл дар ҳақиқат тарс дорад.

Хориҷ намудани нерӯҳои ИМА ҳамчунин ба муносибатҳои байни Русияву ИМА ҷиддан таҳдид мекунад. Эҳтимол, дастоварди калонтарини нарм шудани муносибатҳо ҳамкориҳо оид ба масъалаи Афғонистон бошад, махсусан ин ба иҷозати Маскав дар бобати интиқоли борҳои ҳарбии амрикоӣ аз тариқи роҳҳои заминӣ ва ҳавоии Русия дахл дорад. Ҳамкорӣ оид ба Афғонистон мутақобилан судманд буд ва он якчанд ихтилофро байни ҳар ду тараф барҳам дод, аз ҷумла дар масъалаҳои сипари зидди мушакӣ ва Эрон. Инҳо метавонистанд ба душмании ҷиддӣ табдил ёбанд. Ҳамааш метавонад дигар шавад, агар ИМА аз Афғонистон равад.

-Аз Афғонистон рафтани ИМА метавонад боиси аз байн рафтани унсуре шавад, ки ба нарм шудани муносибатҳо мусоидат карда буд. Дар он вақт як қатор душвориҳо ба вуҷуд меояд, -мегӯяд Михаил Троитский, таҳлилгари рус. -Агар масъалаи Афғонистон намебуд, гумон мекунам ҳар ду ҷониб ба ҳамдигар суханҳои тунду тез мегуфтанд.

Имрӯз бо сабаби мавҷуд будани проблемаи Афғонистон Русия зидди ИМА козур дорад, лекин мумкин аст вазъият вақтҳои наздик тағйир ёбад. "Ҳозир мо мегӯем: "Агар шумо дар он ҷой проблема дошта бошед, мо кӯмак мерасонем". Вақте ки эътилоф Афғонистонро тарк кунад, вазъият баръакс мегардад, кӯмак ба Русия лозим мешавад, -гуфт Загорский.

Дар ҳоле, ки ИМА дар он тарафи уқёнус қарор дорад, ба ҳалли проблема аз Русия камтар ҳавасманд хоҳад шуд. Ғайри ин кӯмаки Русия метавонад аз лиҳози сиёсӣ хеле бештар маккорона шавад, вақте ки ба сари қудрат дар Русия Владимир Путини хеле номуросо меояд.

Маҳз Осиёи Миёна хатари асосӣ барои носолим шудани муносибатҳо мебошад. Дар ҳоле, ки Вашингтон ва Маскав машваратҳои пешакиро доир ба ҳамоҳангсозии хурӯҷи нерӯҳо оғоз намуданд, Русия ИМА-ро ба пиёда кардани сиёсаташ дар Осиёи Миёна тела медиҳад ва мехоҳад, ки Амрико мустақиман бо СПАД робита барқарор кунад, на бо кишварҳои алоҳида. Ба ибораи дигар, агар ИМА хоҳад, ки ИМА бо Ӯзбакистон ва ё Тоҷикистон дар иртибот бошад, ӯро лозим аст, ки бо Маскав маслиҳат кунад.

Русия инро чораи муносибсозӣ меномад, яъне ба мақомоти ягонаи хизматрасонӣ ба ИМА дар Осиёи Миёна табдил додани СПАД-ро. Лекин бисёр давлатҳои Осиёи Миёна аз эҳтимол дур нест, ки ба муқобили миёнравии Маскав дар барқарор намудани иртибот бо Вашингтон эътироз баён кунанд ва бидуни шубҳа ИМА ҳам ин талабро рад месозад. (Бино ба маълумоти ҳуҷҷатҳои "Викиликс" аллакай барои вайрон кардани ҳамкориҳои байни СПАД ва НАТО кӯшиш ба харҷ додааст). Ҳамаи ин метавонад боиси муноқишаи ҳалкунанда байни ду давлат барои нуфуз дар Осиёи Миёна гардад.

-Агар Маскав ба барқарор шудани ҳамкориҳои мустақими ИМА ва НАТО бо кишварҳои Осиёи Миёна муқобилият кунад, дар он вақт проблемаҳо пайдо мешаванд, -шарҳ дод Загорский. Хулоса, Афғонистон аз бисёр ҷиҳат тайёр аст ба проблемаи нави Русия табдил ёбад.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi