02:54:15 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОЛИБОН ЯРОҚИ АРАБИCТОНИ САУДИСТ?

Андрей Серенко, мутахассиси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир

Бархӯрди мусаллаҳона миёни шиаҳо ва сунниҳо дар Ховари Миёна метавонад давраи дуввуми "дигаргунсозии бузурги исломӣ", киаз табаддулотҳои сиёсии "баҳори арабӣ" оғоз гаштааст, бошад. Баъди изҳоротҳои аз Вашингтон садошуда оиди даст доштани хадамоти махсуси эронӣ ба омодасозии сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар ИМА Одил ал-Ҷубайр, пешбинии сараввал "ҷанги сард", баъдан "ҷанги тафсон" миёни Теҳрону Ар-Риёз метавонад шакли воқеӣ бигирад.

Ногаҳониҳои инқилобӣ

/images/stories/2011/12/03_taliban_21211.jpgИнқилобҳо дар кишварҳои Шарқи арабӣ, ки баҳори соли 2011 оғоз гаштанд, дар нигоҳи аввал таҳдиду хатарҳои зуҳурёбии режимҳои ифротии исломиро дар Африқои Шимолӣ ва минтақаи Ховари Наздик "рӯйи об" оварданд. Нисбати чунин эҳтимолият, аз ҷумла иштироки фаъоли ташкилотҳои ифротии исломӣ дар ҳаводиси "баҳори арабӣ" далолат медод. Аммо инқилобҳо барои худи исломиҳо низ ногаҳонӣ буданд.

Аввалан, табаддулотҳои давлатӣ аз ҷониби бунёдгарони динӣ тарҳрезӣ нашуданд -ин ҳаводис барои онҳо, чун аксари оламиён ногаҳонӣ буд. Онҳо чораидигаре надоштанд, ба ҷуз иштирок намудан дар амалҳои мусаллаҳонаи инқилобӣ ва умедвор шуданд, ки баъди табаддулотҳои сиёсӣ ба онҳо муяссар мегардад, то қудратро ба дасти худ бигиранд. Раванди селмонанди "баҳори арабӣ" ба омодагирии созмонҳои исломӣ ба тағйиротҳои сиёсӣ халал расонд ва тактикаи онҳо хосияти маҷбурӣ -қафо намонданро дошт.

Сониян, қисми зиёди инқилобҳои ҷадиди арабӣ хусусияти баанҷомнарасидаро доранд: ивазшавии қишри сиёсӣ дар онҳо ҷузъан ба вуҷуд омад, мӯътадилият дар платформаи исломизми бунёдгарои сарсахт дастрас нагардид ва раванди селмонанди ин инқилобҳо мавҷуд набудани "ҷабҳаи инқилобӣ" ва "ақибгоҳи инқилобӣ"-ро собит сохт. Дар чунин вазъият захираҳои исломиҳо дар ҳаводиси сиёсии минтақаҳои инқилобӣ чашмрас набуданд. Баъдан онҳо ба самти либиёӣ кашида шуданд, ки он ҷо ҷангиёни "Ал-Қойида"-ву "Бародарони мусалмон" дар пружаҳои ба онҳо бегонаи элитаҳои амрикоӣ,фаронсавӣ ва саудиҳову қатарӣ барои "таҷдидсозии" режими Муаммар Қаззофӣ ширкат варзиданд.

Баъдан, дар қисми зиёди "кишварҳои инқилобӣ" баъди сарнагун сохтани диктаторҳои дарозумр, муқобилияти дохилисиёсӣ ба анҷом нарасиданд (дар Либия умуман рақобат ба ҷанги шаҳрвандии оқибаташ номаълум расид) ва дар ин муқобилистӣ ба исломиёни ифротӣ, ки қисми "ҳизби ғолиб"-ро ташкил медиҳанд, бомуваффақ эшелонҳои дуввум ва саввуми клосси анъанавии сиёсӣ, ки воқеан сари қудрати кишварҳои шимолиафриқоӣ омадаанд, рақобат мекунанд.

"Баҳори арабӣ" то ҳол ормонҳои ифротиёни исломиро нашикастааст: онҳо идоракунандаи дигаргунсозиҳои сиёсиву иқтисодӣ дар минтақаи инқилобӣ нагаштанд. Баръакс, захираи "исломи мусаллаҳ" ба асбобе барои бозиҳои стратегӣ дар минтақаи Ховари Наздик табдил мегардад.

Аз инқилоби исломӣ то ҷанги дохилиисломӣ

Таконҳои инқилобии миёнаи аввали соли 2011 барои кишварҳои боқимондаи мӯътадили минтақа масъалаи аз нав дидани тақсимоти таъсиррасониро дар Африқои Шимолӣ ва Ховари Наздик ба миён гузошт. Аллакай тобистон рақобат миёни Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ (дар эътилоф бо Қатар) барои назорат аз болои ҳудуди пасоинқилобии Мағриб ошкоро гардид. Дар як вақт муборизаи Теҳрон ва Ар-Риёз дар ҳудуди Яман тезутунд гашт.

Рақобати минтақавии режимҳои мӯътадил барои "ром кардани" кишварҳои номӯътадил муқобилияти дохилиисломии мазҳабии шиаву сунниро  пурқувват сохт, ки муборизаи геосиёсии Эрону Арабистони Саудиро вусъати тоза бахшид. Ҳамин тариқ, "тирамоҳи эронӣ-саудӣ" метавонад идомаи мантиқии "баҳори арабӣ" бошад.

То 12 октябр, ҳангоме ки аввалин айбдорсозии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ва гурӯҳи махсуси "Ал-қудс" бо ҷурми кӯшиши сӯиқасд ба ҷони дипломати саудӣ дар Вашингтон садо дод, ҳудуди эҳтимолӣ барои моҷарои калон ва бевоситаи эрониву саудӣ майдони Яман маҳсуб меёфт. Маҳз дар Яман "хатти ҷабҳа" миёни рақобати геосиёсии Теҳрону Ар-Риёз мегузарад.

Аммо баъди 12 октябр вазъ ба куллӣ тағйир ёфт: ба ивази "миёнаравии яманӣ" дар муборизаи эронӣ-саудӣ "майдони амрикоӣ" рӯи кор омад. Ин омил имкони онро медиҳад, ки ҳадс зада бишавад -Вашингтон на танҳо дар моҷарои Эрон ва Арабистони Саудӣ "оператори" пешбаранда мегардад, балки ИМА ният дорад баъди муддати муайяне нақши довари асосиро дар рақобати минтақавии ин ду кишвар бибозад.

Барои Вашингтон ҷанги дохилиисломӣ дар ҳошияи бархӯрди шиаву сунниҳо механизми комили анҷоми "перезагрузкаи бузурги исломӣ", ки баҳори соли 2011 дар Африқои Шимолӣ оғоз ёфтааст, маҳсуб мегардад. Ин барнома кишварҳои исломии Ховари Наздик ва Миёнаро маҷбур месозад миёни  худ бархӯрд намоянд ва бо ин аз иқдомҳои душманонаву хатарзо нисбати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо даст бикашанд.

Хуллас, Амрико тавассути муборизаи эрониву саудӣ метавонад энергияи инқилобии минтақавиеро, ки "баҳори арабӣ" тавлид сохтааст, ба маҷрои дилхоҳ равона бисозад.

"Ҷанги ҷаҳонии исломӣ" натиҷаи асосии инқилобҳои охирии исломӣ хоҳад буд.

Захираи афғонӣ барои Ар-Риёз

Табдилёбии инқилобҳои арабӣ ба ҷангҳои шаҳрвандии арабӣ ва моҷарои эронӣ-саудӣ маҷбур месозад ба бӯҳрони афғонӣ бо нигоҳи нав назар кунем. Ҷанг миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ метавонад механизми роҳи ҳалли деринтизори "Толибон" бошад -қазияи бисёрсолаи байналмиллалие, ки бе ҳалли он мӯътадил сохтани Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна номумкин аст.

Дар ҳолати оғозшавии бархӯрди мусаллаҳонаи Эрону Арабистони Саудӣ, ба Ар-Риёз имконият пайдо хоҳад шуд, ки зарбаи қавӣ аз самти афғонҳо алайҳи Теҳрон бизанад. Бар хилофи интизории бисёр мутахассисон, ҳамла баҳудудҳои Эрон на бо қувваҳои ИМА ва НАТО, ки дар Афғонистон мустақаранд, балки аз ҷониби гурӯҳҳои ҳаракати "Толибон" сурат хоҳад гирифт.

"Толибон" ҳаракати пурқуввати исломи суннимазҳаби мусаллаҳ мебошад. Беҳуда нест, ки толибон дар доктринаи бехатарии миллии Эрон ба ҳайси "душмани рақами як" қайд шудааст. Вақте толибон дар банди резерватсияи афғонӣ маҳкам буданд, онҳо ба Теҳрон хатар эҷод намекарданд (дар ин радиф қувваҳои НАТО дар Афғонистон ҳифзи манфиатҳои миллии Эронро дар минтақа таъмин месохтанд).

Вале бархӯди кушоди Эрону Арабистони Саудӣ эҳтимолияти зада даромадани гурӯҳҳои толибони афғонро ба ҳудудҳои Эрон хеле зиёд мекунад. Маълум аст, ки Ар-Риёз ба "Толибон" таъсири бузург дорад ва дар нақши миёнарав дар гуфтушкнидҳои "муллоҳои девонаавзоъ" бо ҳукумати Карзай ва намояндагони Ғарб баромад мекунад. Арабистони Саудӣ, тибқи ҳисоботи як қатор таҳлилгарони байналмиллалӣ то ҳол сармоягузори асосии толибони Афғонистону Покистон мебошад.

Ҳамаи ин омилҳо эҳтимол доранд ивазшавии амалиётҳои "Толибон"-ро, ки дар Афғонистони Ҷанубиву Шарқӣ ва шимолу ғарби Покистон сурат мегиранд,ба Ғарб, ҷониби Эрон барад ва дар чунин тағйирёбиҳо на танҳо ҳукуматдорони саудӣ, балки ИМА низ манфиатдор хоҳад буд. Вашингтон имкони нодири равона сохтани қувва ва ғазаби як душмани худро (толибон) алайҳи дигар душманаш (режими Маҳмуди Аҳмадинажод) ба даст меорад. Бар замми ин, бевосита дар бархӯрди мусаллаҳона иштирок нахоҳад кард.

Баъд аз анҷом ёфтани кампанияи эронӣ, "Толибон", эҳтимол меравад имкони воридшавӣ ба сохтори сиёсии афғониро ба даст хоҳад овард ва ин интегратсия аллакай ба Кобул ва шарикони ғарбии ӯ он қадар "дарди сар"-и зиёд нахоҳад шуд, чунки ба гумон аст, ки унсурҳои ифротии "муллоҳои девонаавзоъ" аз ҷанги Эрон зинда баргарданд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi