17:57:59 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЛИИ СОЛЕҲӢ: «МО БА ҲАМААШ ТАЙЁРЕМ»

Дитер Беднартс, Der Spiegel

Дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Der Spiegel" вазири 62-солаи умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ иттиҳомро перомуни он, ки Эрон барои сохтани бомбаи ҳастаӣ талош дорад, рад кард ва инро таблиғоти Ғарб номида, душманони Теҳронро бар он гунаҳкор кард, ки зидди он ҷанги пинҳонӣ роҳандозӣ намудаанд.

-Ҳар одаме, ки бо гузориши охирини Ожонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) шинос шудааст, ҳатман суол мекунад, ки то соҳиби аввалин силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон боз чӣ қадар вақт монда бошад.

/images/stories/2011/11/28_ali-salehi_281111.jpg-Лидери инқилоби мо Оятуллоҳ Хоманаӣ мувофиқи қонунҳои дин фатво додаанд ва дар он силоҳи ҳастаӣ силоҳи ғайриисломӣ номида шудааст. Вай ҳаром, яъне мамнӯъ аст ва ин маънои онро дорад, ки силоҳи ҳастаӣ дар стратегияи мудофиавии мо ягон нақше намебозад. Ана ҳамин аст ҳақиқат ва боқимонда ҳама таблиғот.

-Дар гузориш далелҳои зиёде оварда шудаанд, ки аз мавҷудияти барномаи махфии ҳастаӣ гувоҳӣ медиҳанд. Гузориши МАГАТЭ дар ҳаҷми 12 саҳифа замима дорад ва дар он далелҳои зиёде оварда шудаанд. Баъди шиносоӣ бо ин далелҳо шубҳае намемонад, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ доштан мехоҳад.

-Ин иттиҳомҳо ноодилона ва беасос мебошанд. Чанд бор гуфтан мумкин, ки дар ин гузориш бисёр чизҳо таҳриф шудаанд ва ин хатарнок аст. МАГАТЭ ба чунин таҳрифҳо роҳ дода, аз боварӣ баромаданаш мумкин аст.

-Директори кулли МАГАТЭ Юлия Амано дар ин гузориш аз эҳтимоли ҳадафи ҳарбӣ доштани барномаи ҳастаии Эрон нигаронии ҷиддӣ кардааст.

-МАГАТЭ таҳти фишори кишварҳои муайян фаъолият мекунад...

-Шумо Исроил ва Иттифоқчии он Иёлоти Муттахидаро дар назар доред...

-Бале, ва аз ҳамн сабаб мо ба ҳама чиз тайёрем. Вале аз баҳсу мунозира ба МАГАТЭ доир ба ин ҳуҷҷат наметарсем. Ҷаноби Аманоро рӯзҳои душвор интизоранд. Мо чунин меҳисобем, ки вай ва МАГАТЭ барои хулосаҳои баровардаашон ҷавобгаранд.

-Дар гузориш гуфта мешавад, ки маълумотҳо аз манбаъҳои гуногуни мустақил гирифта шудаанд. Минҷумла аз маълумоти пешниҳоднамудаи зиёда аз даҳ кишвари узви ин созмон ва маълумоти худи МАГАТЭ истифода шудаанд.

-Дар ин ба ном далелҳо ягон чизи нав нест. Пешгузаштаи Амано Муҳаммад ал-Барадай ҳам дар ихтиёри худ далелҳои асосӣ дошт. Пештар мо ҷавобҳои худро дар изҳороти 117-саҳифавӣ пешниҳод карда будем, вале ҳамон вақт ал-Барадай хулосаҳое бароварда буд, ки аз хулосаҳои Амано фарқ доранд. МАГАТЭ аз объективияти қаблии худ дур рафтааст.

-Ҷомеаи байналмилалӣ сабабҳои асоснок дорад то ба Эрон бовар накунад, бо назардошти он, ки ҳукумати ин кишвар дар бораи барномаи ҳастаии худ борҳо маълумоти бардурӯғ пешниҳод намудааст.

-Мо ҳеҷ вақт маълумоти дурӯғ пешниҳод накардаем. Мо ҳама вақт шартҳои созишномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва ҳамчунин шартномаи МАГАТЭ-ро риоя намудаем. Лекин аз мо бештар аз он чизе, ки созишномаҳои байналмилалӣ муайян кардаанд, талаб кунанд, мо розӣ нахоҳем шуд.

-Бо вуҷуди танқиди шумо дар ин гузориш таҳдиди истифодаи таҳримҳои нав вуҷуд дорад. Шумо дар ҳақиқат гумон доред, ки мардуми кишваратон омодаи таҳаммули бойкоти беҳад пурзӯри иқтисодиянд?

-Ин ҳамон вазъияти нобобест, ки мо ба қабулаш тайёрем. Мо таърихи сеҳазорсола дорем ва аз ҳамин сабаб 30 ё 50 соле, ки дар шароити амали эмбарго зиндагӣ мекунем, ҳамагӣ эзоҳи поварақ мебошанду халос. Мо аз истиқлолияти худ даст намекашем ва корро дар бахши барномаи ҳастаии мулкии худ идома медиҳем. Доир ба ин масъала ҳам дар дохили роҳбарияти мо ва ҳам байни халқ ҳамфикрии калон вуҷуд дорад.

-Ба ҷойи танқиди гузориши бозрасҳо оид ба силоҳи ҳастаӣ шумо метавонистед вариантҳои ҳаллу фасли зиддияти мавҷударо пешниҳод намоед.

-Якчанд кишвар, аз ҷумла Эрон, роҳҳоеро пешниҳод карданд, ки метавонистанд боиси ҳаллу фасли қаноатбахши ин масъала шаванд. Масалан,  буданд ташаббусҳои Туркия ва Бразилия дар бораи содироти ашёҳои ғанишуда, ки дар аввал аз тарафи раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама мусбат пазироӣ шуд, вале он амалӣ нагардид.

Пешниҳоди Русия ҳам ба назари эътибор гирифта нашуд. Ғайри ин мо раванди ғанисозии уранро қатъ кардем, лекин ҳеҷ кас миннатдор нашуд. Шумо дар ҳақиқат гумон доред, ки таҳримҳои нав ягон натиҷае медиҳанд? Ман гумон мекунам, ки гузаштҳои иловагӣ аз тарафи мо дигар ягон маънӣ надорад. Масъалаи барномаи ҳастаӣ ин танҳо баҳонаест барои бо ҳар роҳи дастрас заиф кардани мо.

-Шумо ҳам мехоҳед барои бурд кардани вақт аз ҳамаи роҳу воситаҳои дастрас истифода баред ва ғанисозии уранро идома диҳед ва ҳамин тариқ дар роҳи сохтани бомбаи ҳастаӣ боз як қадами дигар ба пеш гузоред.

-Ҳамчун олими ядрошинос ман тасаввур карда наметавонам, ки ғанисозии уран бо мақсадҳои мулкӣ ин маънои онро дошта бошад, ки сухан перомуни сохтани силоҳи ҳастаӣ меравад. Шартнома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ба мо иҷозат медиҳад, ки бо ғанисозии уран машғул шавем. Мо ҳатто Протоколи иловагиро ба ин шартнома имзо намудем, то шаккокҳоро қаноатманд карда бошем.

-Ба шумо муяссар намешавад аз байн бурдани шубҳа дар бораи он, ки аз ҳуқуқҳоятон перомуни ғанисозии уран сӯиистифода мекунед.

-Ин хуб аст, ки мо сӯҳбатро дар бораи сӯиистифодаҳо оғоз кардем. Дар асоси чӣ баъзе давлатҳо зидди мо вирусҳои компютериро истифода мебаранд, олимони ҳастаишиноси моро мекушанд ва ҳамзамон бо ин изҳор мекунанд, ки дар бораи ҳуқуқҳои инсон ғамхорӣ менамоянд?

-Роҳбарияти Исроил бештар аз ҳама аз он дар хавотир аст, ки бомбаи ҳастаӣ мумкин бо дасти ҳукумати шумо меафтад ва эҳтимол меравад, ки Тел-Авив ҳуҷумро бо иншоотҳои ҳастаии шумо тайёр мекунад.

-Мо ҳуҷумро ба иншоотҳои ҳастаиямон интизор нестем- Исроил мефаҳмад, ки вазъият то чӣ андоза нозук аст. Барои исботи характери осоишта доштани барномаи ҳастаии худ мо шартҳоеро муайян кардем, ки барои баргузории мониторинг бо иштироки коршиносони МАГАТЭ заруранд. Мехоҳам ин ҷой қайд кунам, ки ҳеҷ як кишвари дигар дар ин соҳа мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон бо МАГАТЭ ин қадар фаъолона ҳамкорӣ намекунад.

-Шумо чунин меҳисобед?

-Ҳангоми сафари охирини Херман Накертс -сарвари бозрасии МАГАТЭ мо  доираи ҳамкориҳоро бо бозрасҳо густариш додем ва аз ҳудуди он, ки аз мо талаб карда мешавад, берун баромадем. Ҷаноби Накертс ва роҳбари ӯ ҷаноби Амано ҳатто барои ҳамкориҳо ба мо арзи миннатдорӣ намуданд.

-Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо нияти қатъӣ доранд ва намехоҳанд роҳ диҳанд, ки Эрон ба ғанисозии уран идома диҳад. Шумо ягон вақт маҷбур мешавед, ки ба ин розӣ шавед?

-Не, чунин зарурият вуҷуд надорад ва ман мехоҳам барои исботи ин таваҷҷӯҳи шуморо ба таърих ҷалб намоям. Аз лаҳзаи ташкил шуданаш то ба имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ ба онҳое гузашт накардааст, ки бо зӯрӣ онро ба ягон кор маҷбур карданӣ мешуданд. Вале ҳар касе, ки ба ин кишвар аз рӯйи мантиқ ва бидуни нияти нопок муносибат мекард, на аз мавқеи стандартҳои дугуна, ҳамавақт метавонист ба ҳамкорӣ бо Эрон умед бандад.

-Баръакс -хоҳиш надоштани шумо ба ҳамкорӣ маънои онро дорад, ки худи шумо бисёр хоҳони тезутунд шудани вазъият мебошед. Дар Эрон, бидуни шубҳа, унсурҳои бунёдгарое ҳастанд, ки барои эшон ҳуҷум ба кишвари онҳо варианти муносиби инкишофи ҳодисаҳо аст.

-Он одамоне, ки табли ҷанг мезананд, суст шудани рушди моро мехоҳанд. Ироқ дар замони ҳукмронии Саддом Ҳусейн моро маҷбур кард вориди ҷанге шавем, ки ҳашт сол идома ёфт. Мо ҷанги навро намехоҳем. Тамоми сиёсатмадорон дар кишвари мо аз ин нуқтаи назар ҷонибдорӣ мекунанд. Вале агар мо мавриди ҳамла қарор гирем, медонем, ки худро чӣ хел муҳофизат кунем. Ҳар як ҳуҷум боиси интиқом мешавад. Фавран ва бидуни ягон дудилагӣ.

-Боз шуморо ҳамчун давлате гунаҳкор медонанд, ки терроризмро сарпарастӣ мекунад. Ҳамагӣ якчанд ҳафта пеш Иёлоти Муттаҳида ҷузъу томи махсуси "Қудс" -қисми баргузидаи Сипоси посдорони инқилобро дар банақшагирии куштори сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон Одил ал-Ҷубайра муттаҳам кард.

-Ягон ҳуҷҷате вуҷуд надорад, ки тавонад ин иттиҳомро тасдиқ намояд. Ҳамаи инро Вашингтон тарҳрезӣ кардааст. Ин масхарабозиест, ки дар он як нафар бекори бетолеъ бояд нақши қотили зархаридро бозӣ мекард ва Иёлоти Муттаҳида бояд таваҷҷӯҳи одамонро аз бӯҳрони молиявӣ дур менамуд. Эҳтимол, маъмурияти Иёлоти муттаҳида ба вайрон кардани муносибатҳои байни Эрон ва Араистони Саудӣ, байни ду кишвари бародари исломӣ, умед мебандад. Фаромӯш накунед, ки Иёлоти Муттаҳида ҷанги зидди Ироқро бо кӯмаки маълумотҳои қалбакӣ сафед карда буд.

-Баъди он, ки миёнаҳои моҳи октябр ин сӯиқасд ошкор шуд, шумо ваъда додед, ки тафтиши иттиҳомҳои пешниҳодшударо баргузор менамоед. Натиҷаҳои онҳо чӣ гунаанд?

-Алҳол тафтишоти баргузоршуда нишон медиҳад, ҳамаи ин ҳодисаи бофтаю сохта аст. Гумонбари асосӣ дар ин кор ҳамаи гуноҳҳои ба ӯ аз тарафи додгоҳи амрикоӣ пешниҳодшударо рад мекунад. Ба мо чӣ лозим даст задан ба чунин иқдоми бемаънӣ? Дар асл бар он исрор мекунем, ки Иёлоти Муттаҳида аз мо узр пурсад.

-Муттаҳамкунии Эрон ҳамчун давлати сарпарасти терроризм гапи нав ҳам нест. Хадамоти иктишофии шумо дар якчанд куштори берун аз кишваратон содиршуда даст доштанд…

-Худи Ҷумҳурии исломии Эрон давоми се даҳсолаи охир қурбони терроризм шудааст ва дар мубориза зидди он талафоти калон додааст. Чанде пеш мо дар Теҳрон конфронсе доир намудем, ки мавзӯи он мубориза бо терроризм буд. Ҳамаи иттиҳомҳо ба унвони мо беасос мебошанд.

-Обама ва котиби давлатии ИМА борҳо дурустии иттиҳомро дар бораи ба нақшагирии куштор таъкид кардаанд. Ба фикри шумо ҳардуи онҳоро кормандони разведкаи худашон ба кӯйи гумроҳӣ даровардаанд?

-Ҳамаи инҳо як қисми стратегияи амрикоӣ дар баргузории ҷанги пинҳонӣ зидди Эрон мебошанд. Онҳо мехоҳанд моро ба олами боқимонда ҳамчун бадкирдорҳо муаррифӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин таваҷҷӯҳи одамонро дар Ғарб аз фаъолияти террористии худ, аз куштори олимони мо ва аз баргузории киберҷанг дур созанд. Мо ба СММ перомуни иттиҳомҳои беасоси зидди давлатамон пешниҳодшуда шикаоят равон кардем.

-Раисҷумҳури Амрико ба лидерҳои эронӣ нома равон намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки Ғулом Шакурӣ- афсари ҷузъу томи махсуси "Қудс"-ро, ки эҳтимол дар сӯиқасд даст дошт ва ҳамчунин гумонбари дигарреро, ки дар Эрон зиндагӣ мекунад, ба ИМА интиқол диҳанд.

-Мо аз Иёлоти Муттаҳида дар бораи шахсияти гумонбари тахминшаванда маълумоти кофӣ нагирифтаем. Умуман вай барои чӣ дар Эрон бошад? Ва дар кадом ҷойи Эрон ба сар мебарад? Дар Эрон ҳазорҳо одам худро Шакурӣ меноманд. Ғайри ин байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи экстрадитсия шартнома вуҷуд надорад. Чунин шартномаҳо танҳо байни кишварҳои дӯст ба имзо мерасанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi