ИТТИҲОДИ ЭРОН, ПОКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН НУРИ УМЕДИ ҶАДИД ДАР МИНТАҚА
Дар яке аз рӯзномаҳои урдузабони Ҳиндустон, дар мақолае навиштаанд, ки: «Иттиҳоди Эрон, Покистон ва Афғонистон дар баробари дасисаҳои Амрико нури умеди ҷадид дар минтақа аст», - омадааст, дар сомонаи хабаргузории «Ирно».
Бо гузориши «Ирно» ин рӯзномаи ҳиндӣ дар ин мақола ба қалами Амир Рауф, ба таҳлили воқеии амнияти минтақа пардохта ва навиштааст: «Расонаҳои ғарбӣ бо дастури созмони иттилооти маркази Амрико ва дигар созмонҳои иттилоотии ғарбӣ, ҷангҳои расонаии мухталифро ба ҳадафи доманзадан ба ихтилофоти байни кишварҳои исломӣ ва дар муқобили ҳам қарор додани онҳо ба роҳ меандозанд».
Дар ин мақола омадааст: «Наполеони Бонапарт гуфта буд, ки мусалмононро ҳамчун шерҳои гурусна ба ҷони ҳам бияндозед, то хуни якдигарро бирезанд».
Амир Рауф, нависандаи ин мақола идома дода, дидорҳои Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон, бо раисҷумҳурӣ Эрон ва Арабистони Саудиро бисёр муҳим арзёбӣ кард. Бархе ин иқдоми Зардориро паёми маҳкум ба Амрико ва бархе сиёсати роҳбари Исломобод дониста, ба ҳар ҳол Покистон тасмим гирифтааст, ки равобити худ бо Эронро густариш диҳад.
Дар бахши дигари ин мақола омадааст, ки Покистон, Афғонистон ва Эрон дар ин минтақа, ки аз назари сиёсӣ бисёр муҳим ва роҳбурдӣ аст, ба як блоги қудратӣ табдил шудаанд.
Эрон амалиёти сохтмони хатлулаи судури газ ба Покистонро дар хоки худ шурӯъ кардааст ва Покистон ба рағми мухолифати Амрико, ин пешниҳодро аз даст нахоҳад дод.
Муаллиф ҳамчунин дар ин рӯзнома навиштааст, ки акнун Амрико ба рағми иддаои мубориза бо терроризм, дар мавзӯи Толибон кишварҳои Покистон ва Афғонистонро фиреб дода ва дар ҳоли гуфтугӯи мустақим бо Толибон аст.
Дар ин рӯзномаи ҳиндӣ омадааст, ки сиёсати дугона ва методи мунофиқонаи Амрико барои кишварҳои минтақа хатарнок аст ва Эрон, Покистон ва Афғонистон аз иқдомоти сиёсии Амрико нигаронанд. Ва ҳамин амр ин се кишварро ба ҳамкорӣ бо якдигар тарғиб мекунад.
Дар давоми матлаб омадааст, ки Ҳинд мехоҳад, ки Афғонистон бар асоси хат ва марзҳои забонӣ таҷзия шавад, аммо Эрон ва Покистон чунин таҷзияеро намепазиранд.
Роберт Блейк, мушовири амнияти миллии Амрико, тарроҳ ва ҳомии ин тарҳ аст ва агар роҳбарони Эрон, Покистон ва Афғонистон дар муқобили ин тарҳ истодагарӣ кунанд, нақшаи Амрикои абарқудрат хунсо хоҳад шуд.
Аммо дар ин ҷо нодида гирифтани нақши Арабистони Саудӣ имконпазир нест. Байни Покистон ва Арабистони Саудӣ ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад ва подшоҳони Арабистон дар ҳар мушкилӣ ба Покистон кӯмак кардаанд.
Амрико мехоҳад ба ихтилофоти минтақавӣ доман бизанад, дар чунин шароити ҳасос иттиҳод ва ҳамкории байни Покистон, Эрон ва Афғонистон метавонад иллати роҳҳои минтақа аз навкорӣ ва хашми Амрико ва афзоиши обрӯи уммати ислом шавад ва ин ҳамкорӣ нури умед аст ва торикӣ рӯ ба завол аст.
Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»