18:21:00 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУРИЯ: ДАР КУШТОРИ 120 САРБОЗИ АМНИЯТӢ ДАСТИ СЕЮМ ДИДА МЕШАВАД!

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия «www.sana.sy», рӯзи гузашта гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Ҷисруш-Шуғур ва Ҷабалуз-Зовия  беш аз 120 нафар аз кормандани полис ва амниятии ин кишварро, дар марзҳои Сурия ва Туркия, қатли ом карданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ ба қатли онҳо иктифо накарда, ба ҷасадҳои беҷони эшон низ таҳқирро раво дониста, гӯшӯ бинӣ, дасту по ва… мурдаҳоро аз тан ҷудо намуданд, баъзе аз ҷасадҳоро дар роҳ ва оби рӯдхонае ҳам партофтанд.

1_suri_1.jpgБа иттилоъи манбаъ, мардуми ин минтақа аз тарси он, ки ҳадафи ҳамла қарор нагиранд, ба дидбонгоҳҳои полис панаҳ оварданд ва қисме дигар аз диёри худ кӯч баста, авзоъ дар минтақаашонро хеле ноором арзёбӣ кардаанд. Дирӯз дар маросими ҷанозаи кушташудагон ҳазорон нафар ширкат кард ва қатли оми низомиён ва мардуми осоиштаро маҳкум карданд.

Вазири умури дохилаи Сурия Алливо Иброҳим Аш-Шаъор, гуфт: ӯзҳои гузашта низ Сурия нооромиҳои зиёдеро пушти сар кардааст, ки силоҳбадастон ҳамвора биноҳои ҳукумат, хонаҳои мардум ва шӯъбаҳои нозирони минтақавиро ҳадаф қарор додаанду ҳамакнун дар Ҷисруш-Шаъор ба бетартибиҳои худ идома медиҳанд…Масъулияти давлат, ҳифзи оромӣ, ҳаёти мардуми осоишта, сарбозон ва ҳимояти иншооти ҳукумат ва моликияти ҷамъиятист. Мо бо ҷаҳду талош ва бар асоси қонун амал хоҳем кард, мо дар баробари ҳар ҳамлаи мусаллаҳонае, ки амнияти ватан ва шаҳрвандонро ҳадаф қарор медиҳад, сукут нахоҳем кард."

Ҳамзамон низомиёни исроилӣ рӯзи якшанбе (06-06-2011) ба сӯи тазоҳӯроткунандагоне, ки дар дохили марзҳои Сурия  ба сӯи баландиҳои ишғолии минтақаи Ҷулон дар ҳоли  пешравӣ буданд, тирандозӣ карданд ва дар натиҷа 23 кушта ва беш аз 350 захмӣ барҷо гузошт. Дар байни шаҳидон як зан як кӯдак низ  буданд. Дафтари Мишал Сулаймон, раиси ҷумҳури Лубнон рӯзи Душанбе (07-06-2011) бо интишори байнияе иқдоми нерӯҳои ишғолгари Исроилиро дар қатли омми тазоҳуроткунандагон ғайри мусаллаҳ дар минтақаи Ҷулони ишғолӣ, маҳкум кард.

1_suri_2.jpgСулаймон дар ин баёния тасреҳ кард, ки таҷовузгарии нерӯҳои ислроилӣ, ҳаргиз мардуми фаластин ва кишварҳои арабиро аз дархост барои бозпасгирии тамомии ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳаққи бозгашт ба сарзаминҳояшон, ки дар ҷанги шаш рӯзаи соли 1967 ишғол шудааст, боз нахоҳад дошт. Ин тазоҳуроткунадагон ба муносибати солгарди рӯзи накиса (сарозер) тазоҳурот карда буданд. Мардуми ҷаҳони араб нахустин рӯзи ҷанги шашрӯзаи Исроил алайҳи алайҳи аъроб дар соли 1967-ро, ки бо шикасти арабҳо анҷомид, рӯзи накиса меноманд.

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, дар ин баёния ба ҳаққи табиӣ ва қонунии фаластиниён ба манзури озодии сарзамин ва ҳаққи бозгашт таъкид шуда ва омадааст: Ҷинояти рӯзи гузашта (05.06.2011)-и душмани саҳюнистӣ нишонаи хӯи таҷовузкории “Исроил” алайҳи миллати мо аст.”

Баёния, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тарафҳои мудофеи ҳуқуқи башар амал ба масъулияти хеш дар қиболи нақзи ҳуқуқи машрӯи арабӣ тавассути режими саҳюнистиро хост. Ба иттилоъи манобеъи хабарӣ нооромии Сурия дар ҳоли шиддат гирифтан аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳ афроди таълимдида ва тирандозони таҷрибадоранд, ки аз хориҷ ба молу силоҳ таъмин мешаванд. Эшон мардумро бо зӯри силоҳ тарсонида, онҳоро ба сафҳои худ даъват мекунанд ва дар ҳолати қабул накардан, мухолифони худ саркӯб ва ҷасадашон барои «ибрати дигарон» таҳқир, гӯшу бинӣ ва.. онҳоро аз тан ҷудо мекунанд.

1_suri_3.jpgТазоҳуроти мардум дар Сурия беш аз ду моҳ аст, ки идома дорад. Эътирозгарон талаб доранд, ки бояд дар ҳукумати кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ворид карда шавад ва канор рафтани Башшор Асад, раисҷумҳури Сурияро низ талаб доранд. Ба гузориши Ал-Олам, доктор Бассом Абдуллоҳ дар гуфтугӯи бо ин шабака гуфт: Мардуми Сурия худ сарнавишташонро таъин хоҳанд кард ва аз Британия ва Амрико хост, ки дар умури дохилии Сурия дахолат накунанд. Абӯабдуллоҳ афзуд: Сурия аз ибтидои нооромиҳо дар ин кишвар, тазоҳуроткунандагонро аз қотилон ва терорристон ташхис дод ва чунин афроде дар сурате, ки дар хиёбонҳои Аврупо ҳозир шаванд, қатъан бо истиқрори танкҳо дар хиёбонҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Вай бо ишора ба кушта шудани 120 нафар аз нерӯҳои амниятии Сурия дар рустое дар марзҳои Сурия ва Туркия гуфт: анвоъи аслиҳа ба дохили Сурия қочоқ мешавад ва бархе афрод, ки омӯзишҳои вижа дидаанд, вориди хоки Сурия мешаванд ва ба иҷрои амалиёти мусаллаҳона иқдом мекунанд. Аз сӯи дигар сухангӯи вазорати умури хориҷаи Британия мудаъӣ шуд, ки кишвараш намехоҳад, ки дар Сурия дахолат кунад ва намехоҳад, ки назари худро дар бораи навъи низом ва интихоби раис ҷумҳури ин кишвар таҳмил кунад. Вай афзуд: «Британия аз Сурия интизор дорад, ки ба ваъдаҳои худ барои ислоҳот амал кунад ва барои ҳалли буҳрони ин кишвар талош кунад».

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi