ҚАРЗОВӢ ФАТВОИ ҚАТЛИ ҚАЗЗОФИРО ЭЪЛОН КАРД
Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, шайх Юсуф Қарзовӣ, рехтани хуни Муъаммар Қаззофӣ, раисҷумҳури Либияро мубоҳ донист.
Ба гузориши расонаҳои хабарӣ,19-уми феврал, Сайфулислом писари Муъаммар Қаззофӣ, сухангӯи расмии Либия, тариқи телевизиони кишвараш баромад кард ва хезишҳои мардумиро дар ин кишвар шадидан маҳкум намуд. Вай ҳушдор дод, ки ин тазоҳурот ба сарзадани ҷанги таҳмилӣ ва ё ҷанги шаҳрвандӣ оварда мерасонад. Сухангӯи расмии Либия, дар баромади худ таъкид кард: «Мо то охирин нафар аз марду зан ва то охирин тир ҷанг хоҳем кард ва тамомии тазоҳуротгарони мухолифи давлатро аз по меафтонем то дигар касе ҷуръат накунад, ки сарашро боло кунад».
Ин ҳарфҳои ӯ миёни қабилаҳои Либия ихтилофи назарро ба вуҷуд овард. Бо ин вуҷуд, эътирозгарон дасти холӣ ва бесилоҳ барои ибрози норизоиятӣ аз режими худкомаи Қаззофӣ ба хиёбонҳои шаҳрҳояшон рафтанд. Онҳо бо як овоз сарнагунии Қаззофиро талаб карданд. Ин амали эшон ба ҳукуматдорони худкомаашон хуш наомад. Ба ҳамин хотир ба артиш ва нерӯҳои зархарид фармон дода шуд, ки бо силоҳ ва тайёраҳои ҷангии дар ихтиёр доштаашон мардумро аз як сар қатл карда, ҷамъи тазоҳуротчиёнро парешон кунанд. Дар чанд соате, ки низомиён ва зархаридони Қаззофӣ ба сӯи мардум тир холӣ мекарданд, беш аз 520 нафари бегуноҳ кушта ва ҳазорҳои тани дигар ҷароҳат бардошт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алҷазира», Шайх Юсуф Қарзовӣ, куштани тазоҳуротчиёнро маҳкум ва бо далели қатли ом кардани мардуми бегуноҳ, ба василаи муздурони бегона ва бамбаборонҳои ҳавоӣ дар Либия, бо судури фатвое хуни Муъаммар Қаззофиро мубоҳ эълон кард. Қарзовӣ, ки дар барномаи махсус дар бораи таҳаввулоти ахири Либия бо шабакаи «Алҷазира» суҳбат мекард, бо далели он, ки Расули Акрам(с), фардумудааст:
«Дар ҳоли нофармонии Холиқ (Худованд) итоат кардан аз махлуқ (фармонравои замин) ҷоиз нест», аз фармондеҳон, афсарон ва сарбозони артиши Либӣ хост, ба амр ва дастурҳои Қаззофӣ мабнӣ бар куштор ва қатли оми ҳамватанонашон тан надиҳанд. Худованди мутаъол ба ҳеч ваҷҳ розӣ нест, ки мардуми бегуноҳ кушта шаванд: «Аз ин рӯ бар бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар фард каси дигарро на ба қасоси қатли касе ё иртикоби фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад!» (Моида, ояи 32).
Агар аз ин ваҷҳ, инсон аз мансаб, нерӯ ва ё атрофиёну ҳомиёни худ сӯиистифода карда, даст ба хуну мол ва ҷони мардум дароз кунад дар назди Худо таҷовузкор ҳисобида мешавад. Тавре дар ин оя таъкид шудааст, ҳаёт бахшидани як фард ҳаммонанди ҳаёт бахшидани тамоми ҷаҳониён аст ва инсон аз ин кори кардааш беподош намемонад, куштани як фарди бегуноҳ низ дар пешгоҳи Ҳазрати Ҳаққ ба мисли аз ҳаёт маҳрум кардани тамоми ҷаҳониён арзиши камтар надорад. Ҳадаф аз қисоси шаъӣ низ ба хотири фаҳмонидани дигарон аст то донанд, ки қотилонро Худои карим дар ин дунё дар пеш мардум ҷазо таъин кардааст ва дар охират низ барояшон сазои сазовореро лоиқ дидааст.
Куштани мардуми бегуноҳ аз нигоҳи фалсафаи офариниш низ қобили пазириш нест ва табиатан касе ҳам ҳақ надорад, ки ҳамтои худро аз зиндагӣ маҳрум созад. Чун иҷозати зистанро барои инсон худи ҳазрати Парвардгор додаст ва ҳар гоҳе хоҳад инсонро ба назди худ мехонад. Ӯ таъоло ин иҷозаро ба касе дигар надодааст, то ҳар коре, ки хоҳад ва ҳар тавре, ки бихоҳад бо офаридаҳояш муносибат кунад. Худои мутаъол рехтани хуни ба ноҳақро аз гуноҳони кабира дониста, фардмудааст:
«Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучанд) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд, ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо табдил мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!» (Фурқон, ояҳои 66-70).
Ӯ таъоло дар бораи чигунагии подоши қотилон чунин гуфтааст: «Ва ҳар кас мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!» (Нисо, ояи 93).
Қарзовӣ кушта шудани мардуми бегуноҳро дар Либия дида, ба худ иҷоза надодааст, ки сукутро ихтиёр кунад. Вай гуфт: «Ман ҳамчун як мусалмон дар ин ҳолат хомӯш буда наметавонам. Сухани ҳақро гуфтан масъулият ман аст. Бояд тибқи фармудаҳои шариъати ислом мардумро раҳнамоӣ кунам. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки Қаззофӣ мардумро қатли ом карда истодааст, ман бо истинод бо ояҳои қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи Набавӣ чунин фатво медиҳам: «Ман аз ҳамин ҷо фатвои куштани Қаззофиро медиҳам ва ҳар сарбоз, афсар ва ё касе, ки метавонад ба сӯи Қаззофӣ тир холӣ кунад, даст ба ин иқдом бизанад то миллати Либияро аз шарри ин марди девонаву маҷнун ва зулму ситамаш наҷот диҳад».
Қарзовӣ бо ишора ба ин ки Қаззофӣ фарде аз нигоҳи равонӣ ноқисулақл ва маҷнун аст, хитоб ба ӯ гуфт: «Агар ту ҳамон гуна, ки худро хитоб мекунӣ, падари ин миллат ҳастӣ, оё падареро метавон ёфт, ки фарзандони худро ба мисли ту қатли ом кунад ва онҳоро ба хоку хун бикашад?».
Вай таъкид кард: «Ҳатто режими саҳюнистӣ низ ҳангоми ҳамла ба Навори Ғазза ба чунин ҷиноёте даст назада буд».
Номбурда дар идома афзуд: «Дар зарфи чанд соат садҳо бегуноҳ кушта шуд ва дунё ҳама хомӯш аст. Агар чунин коре дар Исроил ва ё Аврупо анҷом дода мешуд, ҳама ба по хеста, ҷои нишастан намеёфтанд».
Раиси анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, Сайфулислом Қаззофӣ, фарзанди Муъаммар Қаззофиро, ки бо хости падараш, ба гунае қатли мардумро тавассути нерӯҳои кишвараш хостор шуд, яке аз шамшерҳои ҷоҳилият номид, ки бо суханони худ мехоҳад миёни миллати Либия тафриқа бияфканад. Вай аз артиши Либия хост ба сони артишҳои ду кишвар Миср ва Тунис аз авомир ва дастуроти фармондеҳони худ, барои куштори мардуми бегуноҳ сарпечӣ кунанд ва ба ҷамъи мардум ба хусус тазоҳуротчиён бипайванданд.
Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, Юсуф Қарзовӣ, дар идомаи суҳбат хитоб ба мардуми Либия гуфт: «Агар воқеан хостори сарнагун кардани режими Қаззофӣ бошанд ва шарофатмандона зиндагӣ кардан хоҳанд, сабр ва бурдбориро пеша намоянд».
Ва аз онҳо хост барои таҳаққуқи озодӣ ва раҳоӣ аз ҳукумати худкома дар истодагарии худ идома диҳанд. Қарзовӣ ҳамчуни аз миллати Тунису Миср ва режимҳои давлатҳои арабӣ, Лигаи кишварҳои арабӣ, Созмони Конфронси исломӣ, Иттиҳодия Африқо ва Созмони Миллали муттаҳид хост дар баробари ҷиноятҳои Қаззофӣ сукут накунанд. Ёдрас мешавем, Қарзовӣ яке аз шахсиятҳои калидии мусалмонон дар сатҳи кишварҳои арабӣ шинохта шудааст ва ӯ бо мавқеъгироҳои шахсиаш дар байни мардум ҷойгоҳи хоса дорад.
Вай аз аввалин рӯзҳои тазоҳурот дар Тунис ва Миср, ба пуштибонӣ аз мардум садо баланд мекард ва фатвои мубоҳ будани хуни як шахс, ба вижа президентро дар шоми душанбе, 21-уми феврали 2011, аввалин маротиба ва он ҳам барои раисҷумҳури Либия, полковник, Муъаммар Қаззофӣ содир кардааст. Қабл аз ин, 14-уми феврали соли 1989, Оятуллоҳ Хумайни, раҳбари инқлоби исломии Эрон, бо судури як фатвои вижа, хуни Аҳмад Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби «Оятҳои шайтонӣ»-ро мубоҳ эълон кард ва барои қотили Салмон Рушдӣ, аз ҷониби Эрон мукофоти гаронарзиш низ пешбинӣ шудааст. Аммо то ба ҳол Рушдӣ дар Ғарб ба сар мебарад ва касе ба куштани он муваффақ нашудааст.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4520-karzofi-fatvoi-katli-kazzofiro-elon-kard.html