11:16:25 01-уми Июли 2025 сол

ТУНИС: АЗ ИНҚИЛОБИ НОНУ ОЗОДӢ ТО ФИРОРИ ПРЕЗИДЕНТ

Ба иттило расонаҳои хабарӣ то шоми дирӯз полиси Тунис беш аз 50 тан аз афроде, ки амнияти раиси ҷумҳури фирории Тунис Зайнулобиддин бин Алиро таъмин мекарданд ва чанде аз хешовандонашро, ки қасди фирор ба Либиёро доштанд, дастгир намуда онҳоро ба ҷои собиқ зиндониёни сиёсӣ роҳии маҳбас намуданд.

 

ОҒОЗИ ИНҚИЛОБ

 

protestРӯзи ҷумъа, 17-ум декабри соли 2010 Муҳаммад Бӯ Алӣ, ки болои як аробаи дучарха мевафурӯшӣ мекард, аз ҷониби полис аробааш мусодира шуд ва бар замми гирифтани сармояи рӯзгораш як силӣ низ аз ҷониби марди интизомӣ бар рӯяш хӯрд. Бӯ Алӣ бо ҳамроҳи 22 нафар аз «ҳамкоронаш» ба назди ҳукумати шаҳр омад ва аз шаҳрдорӣ хост бар ивази мусодираи сармояаш ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҷои кор таъмин намояд. Аммо шаҳрдорӣ дар ҷавоб ба ин суол гуфт, ки наметавонад касе аз ин афродро ҷои кор бидиҳад.

 

Бӯ Алӣ афзуд, ки агар хостааш иҷро нашавад, худро дар ҷамъи мардум оташ мезанад. Шаҳрдор ба вай гуфт: «Агар ҷуръат ва ҷасорат дошта бошӣ, худро оташ бизан!». Бӯ Алӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар зарфе бензин оварду худро дар назди ҳукумати шаҳр оташ зад. Ин чиз ҳамроҳонашро бетараф гузошта натавонист ва онҳо дастҷамъона ба эътирозҳои худ бо номи инқилоби «нону озодӣ» шурӯъ карданд ва дигарон дар ҷамъи онҳо зам мешуданд то ин ки президенти Тунис ба қасди Ҷадда кишварашро тарк кард.

 

Замоне, ки Муҳаммад Бӯ Алӣ дар вокуниш ба сиёсати саркӯбкунандаи бистусесола, ки боиси боло рафтани сатҳи бекорӣ ва густариши фақр дар Тунис гардида буд, дар шаҳри Сайиди Бӯзайд, дар ғарби Тунис, худро ба оташ зад, намедонист, ки шӯълаҳои он ба зудӣ тамоми кишварро ба коми худ мекашанд. Кушта шудани ин ҷавони тунисӣ тавонист, мардумро ба хиёбонҳо бирезад ва «инқилоби нон ва озодӣ»-ро дар Тунис мардумӣ созад.

 

Ба гузориши хабаргузории «Форс», 7 ноябри соли 1987 нахуствазир ва вазири дохилии вақти Тунис Зайнулобидин бин Алӣ, қабзаи зимоми қудрат ва сарнагунии ҳукумати Ҳабиб Бӯ Рақибаро эълом кард, ки он шурӯъ аз замони истиқлоли Тунис дар соли 1956 беш аз сӣ сол қурдатро дар Тунис бадаст дошт. Дар он замон гуфта шуд, ки инқилоби Бин Алӣ, ки ёрон ва пайравонаш онро таҳаввулоти ҳафтуми ноябр номида буданд, дар воқеъ сирқати ҳушёронаи қудрат тавассути вай аз пирамарди бемор  Бӯ Рақиба буд.

 

Ба гузориши Ал-ҷазира, нерӯҳои исломгаро ва чапгарои вақти Тунис  аз ин тағйир ва таҳаввулот ва дар воқеъ инқилобе, ки аҳдоф ва ниятҳояш то ҳанӯз мушаххас набуд, истиқбол карданд. Аммо, ҳанӯз муддате нагузашта буд, ки чун моҳият ин аҳдоф ва ниятҳо мушаххас шуданд, ихтилофи назарҳо ва хусуматҳо миёни исломгароён, чапгароён ва миллигароён бо давлат буруз ёфт ва дар ин миён бархе аз раҳбарони чапгаро ба давлати Бин Алӣ пайваста буданд, фурсатро барои муқобилаи рӯёрӯӣ бо миллигароён, исломгароён ва ҳатто бархе аз чапгароён тавъам муносиб диданд.

 

БАРНОМАИ «МУШТИ ОҲАНИН»-И БИН АЛӢ БО УЛГУБАРДОРӢ АЗ ҒАРБ

Бар ин асос Бин Алӣ бо улгӯ қарор додани барномаи «мушти оҳанин» дар буъди иқтисодӣ ва эҷоди тағйир ва таҳаввулоти сиёсӣ бо улгӯ қарор додани кишварҳои ғарбӣ ба вижа Фаронса, беш аз пеш ради мазҳаб, ба хусус ислом, ва саркӯби ҷунбишҳои исломгаро ва шиъорҳои арабӣ, чапгаро ва миллигаро таъкид намуд. Интихоботе, ки нерӯҳои мӯътариз ва мухолиф онро ғайриқонунӣ талаққӣ мекарданд, борҳо такрор шуданд, то пояҳои қудрат ва ҳокимияти Бин Алӣ барои беш аз 23 сол бар парлумон ва шӯроҳои Тунис ҳокимият дошта бошад ва ҳар гуна мушорикати сиёсӣ аз ҳар гурӯҳ ва ҳизбу ҷараёнеро напазирад ва рад кунад.

 

ҲИЗБИ ҲОКИМ ҲАР ГУНА ЭЪТИРОЗРО САРКӯБ МЕКАРД

Ҳокимияти Бин Алӣ дар ин муддат бар Тунис тамоми умур ва масоилро дар бар мегирифт ва ҳаргуна эътироз ҳатто агар бисёр сода ва кӯчак аз сӯи нерӯҳои лоик ва мувофиқ низ сурат мегирифт бо шиддат саркӯб мешуд. Бинобар ин аҷиб набуд агар дар ин давра шоҳиди таҳти пайгард қарор гирифтан ва озору шиканҷаи рӯзноманигорон, вакилон ва ҳуқуқдонони тунисӣ бошем ва ҳамин фишорҳо муҷиб гардид то саранҷом садои эътирози ҳуқуқдонони дохилӣ ва хориҷии тунисӣ алайҳи зулму ситами Бин Алӣ авҷ гирад ва он қадар шиддат ёбад, ки тамоми қишрҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаи Тунис аз исломгаро гирифта то миллигаро, лебирол ва чапгароро дар бар бигирад.

 

ШӮЪЛАИ ЭЪТИРОЗОТИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРИ САЙИДИ БӮЗАЙД ЗАДА ШУД

 Як моҳ пеш аз ҳаводиси ҷорӣ аввалин гомҳои тағйир ва таҳаввул дар шаҳри Сайиди Бӯзайд бардошта шуд, ки он аз ҷумлаи шаҳрҳое буд, ки сокинони он дар эътироз ба наҳваи тақсими сарват  ба хиёбонҳо рехтанд. То он замон ҳеҷ шиори сиёсӣ сар дода нашуда буд. Эътирозҳо ба суръат ба манотиқи ҷанубиву марказӣ ва шимолу ғарбии пайтахт кашида шуд, ки он бар зидди сиёсатҳои иқтисодии Бин Алӣ унвон шуда буд.

 

Мардуми дорои Тунис низ ба ҷамъи  эътирозҳои мардумӣ пайвастанд. Эътирозҳо якбора он қадар густариш ёфтанд то эътирозҳои иқтисодӣ ва сиёсиро дар бар гиранд ва мардум бо рехтан ба хиёбонҳо хостори барканории Бин Алӣ шаванд. Ҳатто манотиқи мураффаҳ низ аз ин мақула барканор намонданд ва бо рехтан ба хиёбонҳои шимолу шарқии пойтахт шиъори «нону об моро бас аст.. Бин Алӣ моро бас аст»-ро сар доданд.

 

ВАЪДАИ ИҚТИСОДИИ БИН АЛӢ КОРСОЗ НАШУД

Рӯзҳои аввал Бин Алӣ, тазоҳуроткунандагонро гурӯҳи террорист хонд, ки бо нуфӯз дар манотиқи дар боло зикр шуда қасди эҷоди ошӯб ва балво дар кишварро доранд. Бо додани ваъдаи 15 миллион доллар барои ободонӣ ва тавсеаи ин манотиқ саъй намуд, эътирозкунандаҳои тазоҳуротгарро ором кунад.  Чун ба ҳадафи худ даст наёфт, ин маблағро ба 5-панҷ миллиаро доллар афзоиш дод. Ҳамзамон тирандозони худро бар болои боми хонаҳо мустаққар намуд то бо ҳадаф қарор додани мӯътаризон ва истифода аз сиёсати ваъда ва таҳдид бар нооромиҳо ғалаба кунад. Аммо бо вуҷуди кушта шудани беш аз 100 шаҳрванди тунисӣ боз авзоъ ба ҳолати одӣ бознагашт.

 

ВАЪДАҲО МОНЕЪ АЗ ЭЪТИРОЗИ ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН НАШУД

Бин Алӣ дар ибтидо талош кард, аз забони вазирони кобинаи худ ва аз ҷумла нахуствазираш Муҳаммад Алғанушӣ мардумро ором кунад ва ҳатто худ пас аз он бархе аз масъулини баландпоя, аз ҷумла вазири дохиларо барканор кард ва ба мардуми Тунис қавли ислоҳотро дод.  Аз мардум хост, ки ба вай фурсати дигаре диҳанд то ба хушунатҳо поён диҳад. Ҳатто қавл дод, ки худро дигар барои интихоботи давраи баъдӣ дар соли 2014 кондид-номзад нанамояд. Аммо ҳеч як ваъда ва таҳдидҳои фавқ натавонист эътирозгаронро ором кунад. Онҳо дар ин миён вазорати дохилиро, ки намоди қудрат ва ҳокимияти Бин Алӣ ба шумо меомад, ба муҳосираи худ дароварда буданд.

 

ХУРӮҶИ Ӯ БА МАЪНОИ ПОЁНИ ДАВРАИ ҲОКИМИЯТАШ ДАР ТУНИС

Бо ин ки  ояндаи қудрат пас аз эъломи хурӯҷи Бин Алӣ аз Тунис ба маънои суқути давлати вай мебошад, ё хайр, дар пардаи ибҳом аст. Аммо таҳлилгарон ва раҳбарони сиёсии Тунис бар ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки хурӯҷи Бин Алӣ ба маънои поёни давраи ҳокимияти вай бар Тунис аст. Шиорҳое чун мӯъҷизаи «иқтисодӣ» аст, ки аввалин гом дар роҳи исботи адами муваффақияти онҳо дар шаҳри Сайиди Бӯзайд бардошта шуд. Изҳори назарҳои сурат гирифта тавассути Ҳумма ал-Ҳаммомӣ, сухангӯи ҳизби коммунист ва Ҳаммодӣ ал-Ҷиболӣ, сухангӯи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тунис чизе ҷуз иттифоқи назар бар эҷоди тағйир ва таҳаввул дар Тунис наметавонад бошад.

 

ҚАРЗОВӢ  ИНҚИЛОБИ ТУНИСРО СУТУД

 Раиси анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, дуктур Юсуф Қарзовӣ инқилоби мардуми Тунисро, ки мунҷар ба фирори раиси ҷумҳури он Зайнулобидин бин Алӣ гардид, сутуд. Ӯ аз мардуми тунисӣ даъват ба амал овард, ки то поён  ёфтани тамоми аркони давлатдории Бин Алӣ ва шакли низоми ҳукумати вай инқилоби худро давом бидиҳанд. Қарзовӣ гуфт: «Баъд аз суқути бути калон Ҳубал- Зайнулобиддин бин Алӣ, лозим аст, ки бутҳои дигар аз қабили Лот ва Ӯзо, яъне сутунҳои ҳукуматро низ биафкананд ва бақияи ходимон ва касоне, ки солҳои тӯлонӣ ба ин низом майл дошатанд низ аз ҳукумат хориҷ намоянд.

 

Ӯ ҳамчунин таклифи ташкили ҳукумати муваққатиро тавассути сарвазири дар аҳди Бин Алӣ кор мекардагиро интиқод кард ва гуфт: «лозим нест бар касе, ки ҳукуматаш мардуми зиёдеро ба қатл расонидааст, барои раҳонидани кишвар аз бӯҳрон масъулияти ҳукумати муваққатиро бар ӯҳдаи худ бигирад. Қарзовӣ, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо  телевизиони «Алҷазира» гуфт: «Ҳукумати наҷотбахши наверо мехоҳем, ки дар он як нафар ҳам аз собиқ ҳизби ҳоким вуҷуд надошта бошад».

 

Вай аз мардуми муҳоҷири Тунис, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, хост, ки ба ватанашон бозпас биоянд. Ҳукумат тамоми зиндониёни сиёсиро аз маҳбасҳо озод кунад ва мардум ба ҳоли табии худ дубора баргарданд. Чоршабеи гузашта Анҷумани ҷаҳони уламои мусалмон дар баёнияе нигаронии худро аз авзоъи Тунис баён кард ва ҳамдардиашро барои ба ин ҳол гирифтор шудани мардум иброз дошта буд ва зимнан аз мардум хоста буд, ки даст ба ғорат ва валангор кардани хонаҳои мардум ва моликияти ҷамъиятию хусусӣ назананд.

 

Зайнулобидин Бин Алӣ, намунае аз руасои худкомаи кишварҳои арабӣ аст, ки беш аз 23 сол ҳукуматаш давом кард ва дар ин муддат тавассути сарватҳои аз худнамудаи Тунис ба худ ва оилааш, ба вижа зани дуюм ва хешовандони вай, ба яке аз сарватмандтарин руасои ҷумҳури дунё табдил шуда буд. Ӯ ба бераҳмӣ нисбат ба мухолифони сиёсии худ маъруф буд. Зиндонҳои Тунис пур аз зиндониҳои сиёсӣ буд, ки андаке пеш бештарашон озод карда шуданд.

 

Ҳизби Наҳзати Исломии Тунис ба раҳбарии Рошид Ғаннушӣ, аз барҷастатарин аҳзоби тунисӣ аст, ки тарафдорони бештар дорад ва аз пойгоҳи мардумии қавие бархӯрдор аст. Ин мавҷи тазоҳурот то Мағрибу Алҷазоир ва Мисру Урдун низ расидааст, тавре маъмул Лубнон қабл аз Тунис аз мавҷи нооромиҳо осебпазир шуд. Чор  моҳ пеш аз Тунис ҳукумати Лубнон ҳангоми дар сафар будани нахуствазираш он суқут кард. Ин  мардумбедориҳо руасои худкомаи кишварҳои арабиро бо мавҷи пуртӯғёни худ беқарор кардааст.

 

Тунис, кишвари арабиест, ки дар шимоли Африқо ва ҷануби баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст. Аз ғарб бо Алҷазоир ва аз шарқу ҷануб бо Либия ҳаммарз аст. Пойтахти он шаҳри Тунис мебошад. Тунис дар соли 1956 аз Фаронса истиқлол пайдо кард ва Ҳабиб бӯ Рақиба аввалин раиси ҷумҳур ва ҳокими мутлақи ин кишвар буд, ки ба дунболи эътирозҳои маҳдуд ва хиёбонии мардум пас аз 31 соли ҳукмронӣ дар соли 1987 ба дасти Зайнулобидин Бин Алӣ, вазири дохилии вақт сарнагун шуд. Ин кишвар дорои 24 вилоят буда масоҳаташ 163, 610 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4173-2011-01-17-10-11-12.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ