10:34:22 24-уми Майи 2025 сол

ГУФТУГӮЙИ АҲМАДИНАЖОД ВА МЕДВЕДЕВ ДАР БОКУ

Мақомоти Русия мегӯянд, ки гуфтугӯйи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар (баҳри Каспий) шомили мавзӯъоти "нохушоянд" будааст.

 

medvedev_ahmadinejСергей Приходко, мушовири раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи панҷшанбе, 18 ноябр, гуфт, ки оқои Медведев дар дидор бо ҳамтои эронии худ басароҳат сухан гуфта ва ҳеҷ кадом аз ду тараф аз матраҳ кардани "масоили нохушоянд" худдорӣ накардаанд. Ӯ гуфт: "Раиси ҷумҳурии Русия арзёбии усулии худро аз тасмимоти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Эрон матраҳ кард, ки пештар ҳам дар мавориди мутаъаддид баён шуда буд.

 

Русия дар моҳҳои ахир бо ҳимоят аз қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ алайҳи барномаи атомии Эрон ва лағви қарордоди фурӯши системи падофанди ҳавоии С-300 ба ин кишвар хашми мақомоти Эронро барангехтааст. Оқои Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар чанд суханронӣ батундӣ аз тағйири мавзеъи Русия интиқод кард. Мушовири раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, ки мавзӯъи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дар гуфтугӯйи оқои Аҳмадинажод ва Медведев ҳам матраҳ шудааст.

 

Ӯ гуфт: "Ин гуфтугӯ ба зарурати тавсеъаи равобит бо Эрон ҳам кашид, ки ҳамсояи мо аст ва мо моилем равобити иқтисодӣ ва тиҷории худро бо он ҳифз кунем, албатта равшан аст, ки ин амр то ҷое аст, ки шомили таҳримҳои эъмолшуда дар қатъномаҳои Созмони Милал набошад."

 

Ба гуфтаи оқои Приходко, раиси ҷумҳури Русия зимни таъкид бар аҳамияти идомаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон, аз нерӯгоҳи атомии Бушеҳр ба унвони намунае аз ҳамкории ду кишвар ном бурд, ки комилан зери назари Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ идома дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3614-2010-11-19-05-57-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ