02:26:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шӯрои Хуросон: 'Давлати исломӣ' дар ҷавори Осиёи Миёна?

Хабари таъсиси "Шӯрои Хуросон" аз сӯи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (ё Доъиш) дар маҳофили сиёсию коршиносии Тоҷикистон ба ин нигарониҳо доман зада, ки ин гурӯҳ беш аз пеш ба марзҳои Осиёи Миёна наздиктар мешавад.

portavoz ei 124545Ҳарчанд мақомоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, то ҳол ба ин хабар ҳеч вокунише накардаанд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои кишварҳои Осиёи Миёна, бавижа пас аз хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ва заъфи рӯзафзуни давлати ваҳдати миллӣ дар он кишвар ҷиддитару воқеъитар аз гузашта аст.

Абӯмуҳаммади Аднонӣ, сухангӯйи "Давлати исломӣ" ё Доъиш ҳафтаи гузашта бо пахши баёнияе савтӣ аз таъсиси "Шӯрои Хуросон" муташаккил аз 12 нафар хабар дод. Ба бовари коршиносон, минтақаи Хуросон шомили қаламрави кишварҳои Покистон, Афғонистон ва бахшҳое аз Тоҷикистон аст.

Сухангӯи Доъиш эълом кард, ки Ҳофиз Саъид Хон, фармондеҳи пешиниҷунбиши Толибони Покистон, "ба унвони ҳокими ин минтақаи ҷуғрофиёии Давлати исломӣ фаъъолият хоҳад кард."

Ҳафтаи гузашта маҷаллаи омрикоии “The Long War Journal”, ки ахбор ва таҳлилҳои марбут ба раванди “Ҷанг бо терурисм”-ро мунташир мекунад, асомии аъзои Шӯрои Хуросонро мунташир кардааст.

Ин маҷалла менависад таъсиси "Шӯрои Хуросон", ки як воҳиди бар шавоҳиди мавҷуда дар мавриди ин ки Давлати исломӣҷиддан қасди тавсеъаи қаламрави нуфузи худ ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ бо тамаркузи вижа ба Афғонистону Покистонро дорад, изофа шудааст.

Эъломи Ҳофиз Саъид Хон ба унвони фармондори "иёлати Хуросон" дар ҳолест, ки авосити моҳи гузашта мақомоти Афғонистон аз ҳузур ва фаъъолияти Давлати исломӣ дар ҷануби ин кишвар хабар дода буданд.

Се моҳ пештар аносири аршаде аз Толибон дар Покистону Афғонистон низ аз байъати худ бо гурӯҳи Давлати исломӣ хабар дода буданд, ҳарчанд ахиран гузоришҳо ҳокӣ аз даргириҳои маргбор миёни аъзои ин ду гурӯҳ дар ҷануби Афғонистон аст.

Яке аз нукоти нигаронкунандаи ҳузури Доъиш дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Миёна ин аст, ки садҳо нафар аз атбоъи ин кишварҳо дар суфуфи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Бо наздиктар шудани ҳузури ин гурӯҳ ба марзҳои Осиёи Миёна эҳтимоли ҷалби афроди бештаре ба он вуҷуд дорад.

Ҳарчанд давлатҳои Осиёи Миёна ҳузури садҳо шаҳрвандонашон дар суфуфи Доъишро эътироф кардаанд, аммо Гурӯҳи Байналмилалии Буҳрон, як созмони пажӯҳишии омрикоӣ, ҳафтае қабл бо интишори мақолае иддиъо кард, ки аз 2000 то 4000 нафар аз атбоъи ин кишварҳо дар миёни пайкорҷӯёни Ироқу Сурия ҳастанд.

Ба гуфтаи ин созмон, аксари ин афрод шаҳрвандони Узбакистон ва сокинони водии Фарғона будаанд. Манобеъи расмии Тоҷикистон ширкати ҳудуди 300 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро дар ҷангҳои Ироқу Сурия таъйид кардаанд, ҳарчанд манобеъи мустақил мегӯянд теъдоди онҳо наздик ба ҳазор нафар аст.

Ташдиди амнияти марзҳо

Таҳдидҳои эҳтимолии пайкорҷӯёни исломӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон мавзӯъест, ки раҳбарони кишварҳои минтақа аз тобистони соли гузашта онро дар меҳвари ҳамаи нишасту кунфаронсҳои худ ба сурати ҷиддӣ баррасӣ мекунанд.

Ин таҳдидҳо бо таваҷҷуҳ ба хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар поёни соли гузашта бештар шуда ва кишварҳои минтақа сенориёҳои вокуниши муштарак ва ҳамоҳангии фаъъолиятҳои худ дар муқобала бо таҳдидҳои эҳтимолиро дар чорчӯби созмонҳо ва паймонҳои мухталиф тарҳрезӣ мекунанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар моҳи январи гузашта бо ибрози нигаронӣ аз вазъият дар марз бо Афғонистон гуфта буд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯи марбут ба Толибон ва Ҷунбиши исломии Узбакистон, ки қаблан ҳамбастагии худро бо Доъиш изҳор доштанд, дар наздикии марз ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар моҳи январи соли 2014 марзбонони тоҷик аз чаҳор маврид талоши убури гурӯҳҳои мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Фаъъолияти ин гурӯҳҳо зоҳиран густохонатар мешавад, чун 19-уми январи соли ҷорӣ пайкорҷӯён дар манотиқи марзӣ чаҳор марзбони тоҷикро ба гаравгон гирифтанд, ки музокира барои озодии онҳо то ҳол натиҷае надодааст.

Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда аз 28-уми январи соли ҷорӣ марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз пеш тақвият ёфта ва ин яке аз тасмимоти мақомот барои муқобала бо таҳдиди Доъиш ва ташдиди фаъъолияти пайкорҷӯён дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон будааст.

"Вокуниш на танҳо низомӣ бошад"

maitdinova 621565656Гузел Майитдинова, раиси Маркази пажӯҳишҳои жиюпулитики Донишгоҳи исловии Русияву Тоҷикистон, мегӯяд ин таҳдидҳо воқеъӣ аст: "Пайкорҷӯён дар минтақаи Кундуз дар шимоли Афғонистон фаъъол шудаанд ва мо хуб медонем, ки марзҳои мо дар самти Помир заъифанд. Мо ҳамчунин медонем, ки дар водии Фарғона барои вуруди идеулужии бегона ба далели мушкилоти ҳалношудаи қавмӣиёсӣ заминаи хубе барои фаъъолияти шӯришиён фароҳам шудааст."

Хонуми Майитдинова афзуд, ки дар баробари тадбирҳои низомӣ ва дифоъӣ дар муқобала бо таҳдидҳои ношӣ аз густариши нуфузи Давлати исломӣ ё Доъиш дар минтақа андешидани тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ низ зарурист.

Ӯ мегӯяд: "Ин таҳдид ҷиддӣ ва воқеъӣ аст, аммо ба худи мо вобаста аст, ки чи гуна ба ин таҳдидҳо вокуниш мекунем. Ниёзе нест, ки барои он мо ягон чизи нав ихтироъ кунем. Вокуниш бояд на танҳо дар сатҳи низомӣ бошад. Мо бояд барои беҳбуди вазъи ҷомеъа корҳои воқеъӣ анҷом бидиҳем."

"Ин ҳам мудернизаи системи сиёсиро дар бар мегирад, ҳам ҳалли мушкилоти иҷтимоъиро ва ҳам мубориза бо фасодро дар бар мегирад. Зеро медонем, ки муҳоҷирон баргаштаанд ва бекориву фақр метавонад бархеҳоро бо интихоби пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро рӯбарӯ кунад."

Гурӯҳи Давлати исломӣ ё Доъиш (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) тобистони соли гузашта раҳбари худ Абӯбакри Бағдодиро "халифа" ва "раҳбари ҳамаи мусалмонони" ҷаҳон эълом кард.

Он замон дар як видиюи кӯтоҳ, ки бар рӯйи интернет мунташир шуд, Абӯмуҳаммади Аднонӣ, сухангӯйи Доъиш, эълом кард, ки аъзои "шӯрои" ин гурӯҳ ташкили ҷаласа дода ва тасмим ба ташкили "хилофати исломӣ" ва таъйини халифа барои мусалмонон гирифтаанд.

Вай дар идома аз Абӯбакри Бағдодӣ ба унвони халифаи интихобии шӯрои Доъиш ном бурд. Ин дар ҳолест, ки Абӯбакри Бағдодӣ низ ин интихобро "қабул" карда ва худро раҳбари мусалмонони ҷаҳон донистааст.

Абӯмуҳаммади Аднонӣ, сухангӯйи Давлати исломӣ дар он видию ки "Шикастани марзҳо" унвон дорад, эълом кард, ки хилофати исломӣ барпо шуда ва марзҳое, ки Бритониё пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Аввал дар Ховари Миёна тарсим карда буд, аз миён рафтаанд.

Ӯҳамаи мусалмонони ҷаҳонро фаро хонд, ки ҳар ҷо ки ҳастанд, байъати худро бо Абӯбакри Бағдодӣ ба унвони халифаи муслимин эълом кунанд. Бархе аз гурӯҳҳои тундраву ифротӣ бо Давлати исломӣ байъат кардаанд, вале бисёре аз созмонҳои муътабари исломӣ ин гурӯҳро ба махдуш кардани чеҳраи ислом дар ҷаҳон муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки терурисм бо таълимоти ислом дар тазод аст.

Шамсияи Қосим, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi