02:01:49 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Афғонистон: Бунбаст дар шумориши овозҳо ба куҷо мекашад?

Бо гузашти даҳ рӯз аз даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам пирӯзу мағлуби он эълон нашудааст ва Комиссиюни мустақили интихоботӣ, чуноне дар аксар кишварҳои олам аст, ҳатто пирӯзи эҳтимолиро ҳам аз рӯи шумориши муқаддимотӣ хабар надодааст. Як хомӯшии асроромезе миёни Комиссиюн ва номзадҳову интихобкунандагон ҳоким шудааст, ки аз он то ҳадде бӯи фитнаву нифоқ ба машом мерасад.

doctor-abdulla-abdulla 5858Субҳи рӯзи душанбе, вақте мехостам ба ин мақола нуқта гузорам, расонаҳои электрониро мурур кардам ва ҳатто то қарибиҳои нисфирӯзӣ илова ба таҳаввулоти охири ҳафтаи гузашта матлабе ба чашм нарасид. Аксари маводи роҷеъ ба интихоботи Афғонистон интишоршуда такрори ҳамон навиштаҳои охир буданд.

Ба ҷуз ин ки тими Абдуллоҳи Абдуллоҳ навори аудоиеро паҳн кардааст, ки тахмин меравад шахсе шабеҳи садои Зиёулҳақ Амрихел бо ироаи дастурҳо ба кормандони Комиссияи мустақили интихобот ошкоро ба тақаллуб ба нафъи номзадии Ашрафғанӣ Аҳмадзай даъват мекунад. Дар яке аз ин садоҳои сабтшуда Амрихел ба раиси минтақавии Комиссияи интихоботи вилояти Форёб гуфтааст, ки ҳамаи кормандонашро барканор ва бо кормандони паштун ва узбак табдил ва таъйир диҳад.

Алҳол маълум нашудааст, ки ҷонибдорони тими Абдуллоҳ ин ҳама наворҳоро чӣ гуна дастрас кардаанд, вале гуфтаанд, ки ин ҳоло аввали кор аст ва баъдан наворхои дигар ҳам пешкаш мешавад.

Эътирози аввалин

Охири ҳафтаи гузашта доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади муваффақ дар аввалин даври интихоботи президентии Афғонистон эълон кард, ки натиҷаи шумориши овозҳоро аз ҷониби Комиссиёни мустақили интихоботӣ қабул надорад ва ҳама намояндагони худро фаро хонд. Гуфт шумориши оро бидуни ширкати намояндагони ваколатдори тими ӯ ғайриқонунӣ аст ва ҳаргиз қобили пазириш нест. Доктор Абдуллоҳ ҳамзамон хостори он шуд, ки овози интихобкунандагони Афғонистон аз ҷониби намояндагони СММ шумурда шавад. 

Тими доктори Абдуллоҳ қаблан ҳам талаб карда буд, ки раиси дастгоҳи иҷроия Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Зиёулҳақ Амрихел аз вазифа  барканор шавад ва сабаби пеш гузоштани ин даъво ҳам он буд, ки дар рӯзи интихобот пулиси Кобул  ду мошини борбарро боздошт кард, ки варақаҳои раъдиҳӣ мекашиданд.

Тими Абдуллоҳ мегӯяд ин масъули Комиссияи мустақили интихобот мехост ин варақаҳоро ба минтақаи Сурубӣ дар атрофи Кобул интиқол бидиҳад ва ба нафъи рақиби ӯ истифода кунад. Яъне, амалан доктори Абдуллоҳи Абдуллоҳ раиси дастгоҳи иҷроияи комиссиюни интихоботиро ба тақаллуби овозҳо муттаҳам мекунад ва мегӯяд ҳузури ин шахс дар раъси шумориши овози интихобкунандагон ба нафъи миллати Афғонистон нест.

Гузашта за ин тими оқои Абдуллоҳ мегӯяд то ин замон ба дархосташ дар мавриди мизони ширкати мардум дар даври дуюми интихобот посух нагирифтааст, ҳарчанд дар аввалин дақиқаҳои анҷоми райъдиҳӣ эълон шуда буд, ки дар дуввумин давр 7 миллион нафар сокинони кишвар райъ додаанд.

Ва ҳамон замон тими доктори Абдуллоҳ ин рақамро шубҳаовар хонд, зеро ҳанӯз маълумоти расмӣ аз маҳалҳо нарасида буданд ва гумони ғолиб он буд, ки ширкати мардум дар даври дуюми интихобот камтар аз даври аввал буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд ба нафъи номзаде кор намекунад ва шумориши овозҳо ба ширкати намояндагони байналмилалӣ идома дорад ва хеле зуд аст, ки натиҷа эълон гардад.

Мавзеъгирии Ҳомид Карзай

Ҷолиб он аст, ки президенти амалкунанда Ҳомид Карзай аз талаби доктори Абдуллоҳ дар мавриди дахолати СММ дар шумориши овози интихобкунандагон пуштибонӣ кардааст ва ҳатто дар ин бора бо намояндагони ин созмони байналмилалӣ гуфтугӯ анҷом додааст.

"Доктор Абдуллоҳ дар конфронси хабарии худ фармуданд, ки мехоҳад аз тариқи Созмони Миллали Муттаҳид ба ин мушкили интихобот расидагӣ шавад. Иттифоқан ҳамон рӯз бо Созмони Миллаи Муттаҳид мулоқот доштам ва инро на танҳо пазируфтам, ки як кори хуб аст, балки инро як амали нек донистам",-иқтибос оварданд хабаргузориҳо аз суханони Карзай.

Аммо комиссияи интихобот мегӯяд вуруди намояндагони СММ ва ширкаташон дар шумориши овозҳо дуруст аст ва муғойир ба қонун нест, вале он бояд на ба ҳадди дахолат дар кори комиссия бошад. Агар мизони ин ширкат ба гунае бошад, ки фаъолияти Комиссияи мустақил комилан нодида гирифта шавад, пас ин ҳаргиз ба манфиати мардум нест ва ҳатто мухолифи арзишҳои демократӣ дар Афғонистон мебошад.

Албатта, ҳоло маълум нест, ки СММ ба комиссияи интихобот чӣ гуна метавонад дахолат кунад, вале нуктаи муҳим он аст, ки афкори доктори Абдуллоҳ ва тими ӯ расонаӣ ва мардумӣ мешавад. Рӯзи шанбеи гузашта даҳҳо ҳазор нафар сокинони Кобул аз ҷумлаи ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ даст ба тазоҳурот заданд ва хостори шумориши мунсифонаи овозҳо ва дахолати созмонҳои байналмилалӣ дар қазия шуданд.

Аввалу охири райъдиҳӣ

Аввалин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 5 апрели соли равон баргузор шуда буд ва аз миёни ҳашт номзад танҳо ду нафар: доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо дарёфти 45 дар сади овозҳо ва  Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо гирифтани ҳудудан 31 дарсади орои мардум ба даври дуюм роҳ ёфтанд. 

Доктор Абдуллоҳ аз матраҳтарин чеҳраҳои сиёсии Афғонистон аст ва акнун бори дуюм аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар иштирок мекунад. Дар интихоботи гузашта, ки рақибаш дар даври дуюм президенти амалкунанда Ҳомид Карзай буд, аз иштирок даст кашид, чун пай бурд, ки аз ду сар низом бо Карзай аст ва пирӯзии ӯ таъмин мегардад. Аз сӯи дигар ҳомиёни хориҷӣ низ атрофи номзадии Ҳомид Карзай муттаҳид шуда буданд ва ширкати Абдуллоҳ дар дуюмин давр амалан маъно надошт.

hamid-karzay 215521Аммо имсол вазъ дигар буд. Ҳомид Карзай конститутсияро эҳтиром кард, ба манфиати худ онро нақз нанамуд, ё ба он тағйироти иловаҳо ворид насохт, то расм нашавад ва боиси вайронии аз ин бештари Афғонистон нагардад. Ва барои ҳамаи номзадҳо шонси санҷидани имконот  ба вуҷуд омад ва доктор Абдуллоҳ бо истифода аз ин номзадии худро гузошт ва дар аввалин даври он соҳиби 45 дар сади орои мардум шуд. Тафовут миёни номзади рақиб аллакай 14 дар сад буд.

Дар ҷараёни омодагӣ дар даври дуюм ба тими доктор Абдуллоҳ муяссар гардид, ки матраҳтарин чеҳраҳо, ҳатто касоне, ки ба элитаи имрӯзи ҳоким наздиканд, ба худ ҷалб намояд.

Аммо ба назар мерасад пирӯзии эҳтимолии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ барои доираҳое дар ин кишвар пазируфта нест ва номзаде, ки бо фосилаи овозии ҳаддиақал 14 дар сад бо рақибаш дар сабқат шуд ва аксари нухбагони сиёсӣ ва номзадҳои маъруфи шикастхӯрда дар даври аввали интихоботро ба ҷониби худ кашид ва боварии комил ба интихоб дошт, ҳоло бар ин назар аст, ки тақаллуб дар шумориши орои мардум метавонад ӯро ҳатто ноком гардонад. Доктор Абдуллоҳ дар ин қазия ҳатто дасти президент Карзайро мебинад, ҳарчанд охирӣ чунин вонамуд мекунад, ки мавқеъи бетарафӣ дорад.

Аммо чиро метавон интизор буд? Албатта ҳар маъракаи сиёсӣ ва мушкили он оқибатҳоеро ба дунбол дорад, ки таҳлили коршиносона мехоҳад. Ин суолро барои як посухи хеле кутоҳ ба таҳлилгари тоҷик Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода дар миён гузоштем. Ишон бар ин назаранд, ки аслан баъзе ба ҳам омаданҳо бо тими доктор Абдуллоҳ аз қадим сунъӣ ва боварнокарданӣ буд.

Вале ҳоло аз он чӣ мегузарад ба ин натиҷа метавон расид, ки "раванди феълии баҳсҳо атрофи интихоботи мазкурро на танҳо дар мавриди ҷой доштани дахолату пиёда кардани фитна натиҷагирӣ бояд кард, балки масъала сангинтар аз ҳамаи инҳост. Суоли матраҳ ин аст, ки оё ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз кадом аз масъалагузориҳо пуштибонӣ мекунад: бозшумории раъйи мардум аз сӯи комиссияи босалоҳияти байналмиллалӣ ё таъкид аз эҳтиромгузорӣ бар пояи қонугузории Афғонистон"?

Бале, пас интизор мемонем, то вокуниши байналмилалӣ дар ҳоле, ки неруҳояшро ҳамоно дар Афғонистон нигоҳ медорад, чӣ хоҳад буд. Аз сӯи дигар як нукта ҳам рушан мешавад: кадоме аз ин ду номзад бо Амрико сари боқӣ монданаш ва ба кадом сурат тавофуқ кардааст. Зеро пуштибонии Вашингтон хеле муҳим ва гузинаи асосист.

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi