01:19:57 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОЛЛАРИ АМРИКО МУҚОВИМАТИ ХУДРО ДАР ҶАҲОН АЗ ДАСТ ДОДААСТ

Имрӯз ҷумъа, 28-уми июл дар ҷамъи хабарнигорон Гаргин Тувсунян раиси Иттиҳоди бонкҳои Русия бо ишора ба бӯҳрони қарзи Амрико ва иқдоми пешгирифтаи ин кишвар эълон кард, ки доллари амрикоӣ мавқеияти худро дар арсаи ҷаҳонӣ аз даст додааст, хабар медиҳад хабаргузории «Ирно».

/images/stories/2011/07/29_gargin_29.07.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно» дар Маскав Гаргин дар ҳузури хабарнигорон хотирнишон кард, ки ин масоил бо далели равнақу ривоҷ ёфтани бӯҳрони иқтисодии шадид дар Амрико дар иртибот бо қарзи давлати ин кишвар мебошад.

Вай бо баёни ин ки ихтилофи Конгреси Амрико ва раиси ҷумҳури ин кишвар дар хусуси афзоиши сатҳи қарзи миллӣ, Амрикоро дар остонаи варшикастагӣ қарор додааст, меафзояд: «Ҳатто бидуни ҳар гуна эълони варшикастагӣ ҳам вазъияти душвор боис мешавад, ки мавқеияти доллари Амрико заифтар ва ҷойгоҳи Амрико дар иқтисоди ҷаҳон коҳиш ёбад».

Раиси иттиҳоди бонкҳои Русия хотир нишон кард: «Нуфузи доллари Амрико дар сохторҳои миллии ҷаҳонӣ ба тадриҷ коҳиш ва нузул меёбад, ки ин амр метавонад зарарҳои ҷуброннопазир бар иқтисоди Амрико ва ҷаҳон дошта бошад».

Тувсунян мегӯяд, ки Амрико дигар наметавонад шароити худро бар ҷаҳон таҳмил кунад ва дарвоқеъ инҳисори иқтисоди ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поёни худ наздик мешавад. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки Амрико дар остонаи варшикаста шудан аст, агар сиёсатмадорон дар Вашингтон ба манзури боло бурдани сатҳи қарз ба тавофуқ нарасанд, баъд аз чанд рӯз барои аввалинбор дар таърихи кишвар чунин ҳодиса таҳқиқ хоҳад ёфт.

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi